ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №23-24, мод. 366; с. 1998, №23-24, мод. 353; с. 1999, №12, мод. 310; с. 2000, №11, мод. 537; мод. 549; с. 2003, №4, мод. 144; с. 2004, №2, мод. 36; с. 2005, №3, мод. 119; №12, мод. 659; с. 2007, №5, мод. 357; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 804; с. 2013, №7, мод. 515) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми шашуми моддаи 1 калимаҳои "полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
3. Дар моддаи 7:
- дар қисми якум калимаи "Сафармондеҳи" ба калимаҳои "Сарфармондеҳи Олии" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳаждаҳуми қисми дуюм калимаҳои "менамояд ва фармони инро ба тасдиқи" ба калимаҳои "намуда, фармонро барои тасдиқ ба" иваз карда шаванд.
4. Дар сархати якуми моддаи 13 калимаҳои "қонунҳои оиди мудофиа" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиа" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми сеюми моддаи 19 калимаи "бинанд" ба калимаи "андешанд" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...