Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 23 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ ВА ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУДОФИА"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мудофиа" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 23-24, мод. 366; соли 1998, № 23-24, мод. 353, соли 1999. № 12, мод. 310) иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар қисми якуми моддаи 2 калимаҳои "мақомоти олии ҳокимияти қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Моддаи 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 6. Салоҳиятҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон):

- паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди масъалаҳои мудофиа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат мешунавад;

- ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ризоият медиҳад;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаҳои ҳарбӣ сарфароз мегардонад;

- Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда, дар бораи истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ дар сурати ба вуҷудоӣ ё таҳдиди бавуҷудоии задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба якпорчагӣ ва асоси конститутсионии давлат таҳдид мекунанд, дар хусуси сафарбаркунии умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи ҷавобшавӣ аз онҳо, дар бораи ташкил ва барҳам додани ҳокимияти маҳаллии давраи ҷанг, қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, дар бораи таъин ва озод намудани Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- Масъалаҳое, ки бо сарҳади давлатӣ вобастаанд, танзим намуда, тартиби онро муқаррар мекунад. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

- қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон дар соҳаи мудофиа қабул мешаванд, ҷонибдорӣ мекунад;

- барои таъин ва озод намудани сарпрокурори ҳарбӣ ризоият медиҳад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об обороне"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года "Об обороне" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995 год, № 23-24, ст. 366; 1998 год, № 23-24, ст. 353; 1999 год, № 12, ст. 310) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 2:

В первой части слова "высшим органом законодательной власти" заменить словом "Президентом".

2. Статью 6 изложить в следующей редакции:

"Статья 6. Полномочия Маджлиси Оли Республики Таджикистан (на совместном заседании Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан).

Полномочия Маджлиси Оли Республики Таджикистан (на совместных заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон):

заслушивает послания Президента Республики Таджикистан по вопросам обороны и основных направлений политики государства в военной области;

даёт согласие на использование Вооруженных Сил Республики Таджикистан за её пределами для выполнения международных обязательств Таджикистана;

присваивает высшие воинские звания Президенту Республики Таджикистан;

утверждает указы Президента Республики Таджикистан о введении военного и чрезвычайного положений, о применении Вооруженных Сил, других воинских формирований при возникновении или угрозе возникновения на территории республики вооруженных конфликтов, посягающих на территориальную целостность и конституционную основу государства, об объявлении состояния войны, о создании и управлении местных органов власти военного времени, о прекращении войны и заключении мира, о назначении Министра обороны Республики Таджикистан;

регулирует вопросы, связанные с государственной границей, устанавливает ее режим.

Полномочия Маджлиси милли:

...