ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884; с.2019, №4, мод.230; с.2019, №6, мод.324, мод.325)
(Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 520, аз 9.01.2010 № 578, аз 26.12.2011 № 784, аз 19.03.2013 № 948, аз 23.11.2015 № 1250, аз 23.07.2016 № 1351, аз 28.07.2016 № 1368, аз 4.04.2019 № 1602, аз 20.06.2019 № 1622, № 1623, аз 25.06.2021 № 1796, аз 13.11.2023 № 2005, аз 27.12.2023 № 2014, аз 20.06.2024, № 2067, аз 15.04.2025 № 2165, № 2166, аз 17.12.2025 № 2217)

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мавзӯи танзими Қонуни мазкур
Қонуни мазкур намудҳои дигари пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, супорандагон, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти онҳоро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- дигар пардохтҳои ҳатмӣ - пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ (минбаъд - буҷет), ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад;
- хироҷ - пардохти ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ, ки барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ситонида мешавад;
- пардохт - пардохти ҳатмӣ, ки барои иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда ситонида мешавад;
- супорандагон - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонуни мазкур ӯҳдадорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет гузошта шудааст;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рӯи иҷрои дигар ӯҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад ();
...