Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 № 520 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод.345) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 1 моддаи 5 баъд аз калимаҳои "ҳисоб карда мешаванд" калимаҳои "ба истиснои пардохтҳои ҳатмии зерине, ки ба маблағҳои махсуси мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд:

- пардохтҳое, ки боби 13 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ба истиснои пардохт барои ифлос кардани об ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба об;

- пардохтҳое, ки боби 14 ва боби 16 Қонуни мазкур муқаррар намудаанд;

- пардохтҳое, ки дар сархатҳои якум, сеюм, чорум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 55 Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд" илова карда шаванд".

2. Дар қисми 1 моддаи 54 рақами "20" ба рақами "100" иваз карда шуда, рақам ва калимаҳои "ва 80 фоизи онро аз рӯи воқеан баровардани ҳайвонот аз муҳити табиӣ" хориҷ карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 520

ш.Душанбе

19 майи соли 2009 № 520

...

3АКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнения в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июля 2006 года "Об иных обязательных платежах в бюджет" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006г., №7, ст.345) следующие изменения и дополнение:

1. Часть 1 статьи 5 после слова "бюджетов" дополнить текстом следующего содержания: "за исключением следующих обязательных платежей, направляемых на специальные средства уполномоченного органа в области охраны окружающей среды:

- оплаты, предусмотренной главой 13 настоящего Закона, за исключением платежей за загрязнение воды и других видов вредного воздействия на воду;

- платежей, предусмотренных главами 14 "и 16 настоящего Закона;

- платежей, предусмотренных абзацами первым, третьим, четвёртым и седьмым части 1 статьи 55 настоящего Закона".

2. В части 1 статьи 54 цифру "20" заменить цифрой "100", цифру и слова "и 80 % по факту изъятия из природной среды животного в территориальных подразделениях" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 19 мая 2009 года № 520

г.Душанбе,

 19 мая 2009 года № 520

...