ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӣ БА БУҶЕТ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати панҷуми моддаи 2, қисми 2 моддаи 22, қисми 7 моддаи 29, ҷумлаи дуюми қисми 3 моддаи 54 ва ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 63 калимаи "мақомоти" ба калимаи "мақоми" иваз карда шавад.
2. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;".
3. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаи "ҳисоб" ба калимаҳои "бевосита пардохт" иваз карда шавад.
4. Моддаи 5(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 5(1). Назорати андоз
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ масъалаҳои ҳисоби дуруст ва бевосита ба буҷети дахлдор пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат менамояд.
2. Маъмурикунонии дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар асоси Қонуни мазкур ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шаклҳои ҳисоботи мақомоти ваколатдор ва мӯҳлатҳои пешниҳоди онҳо доир ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.".
5. Дар қисми 4 моддаи 46, қисми 3 моддаи 51, ҷумлаи дуюми қисми 3 ва қисми 4 моддаи 55, қисми 2 моддаи 60 калимаҳои "мақомоти андози" ба калимаҳои "мақоми андози", калимаҳои "мақомоти давлатии ваколатдор" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
6. Боби 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"БОБИ 21. ПАРДОХТ БАРОИ РЕКЛАМАҲОИ БЕРУНӢ
...