ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ»
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 июни соли 2024, № 507 ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Дар сархати сеюми қисми 3 моддаи 4, сархатҳои ҳаштум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 28, номи боби 19, моддаҳои 72, 73 ва 74 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с.2021, №6, мод. 396; с. 2023, №11, мод. 477, №12, мод. 576), калимаҳои “ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он”, “амвол”, “ҲУҚУҚ БА АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА АҲДҲО БО ОН” ва “амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он” мувофиқан ба калимаҳои “молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он”, “молу мулк”, “МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН” ва “молу мулки ғайриманқул” иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
...