Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 784 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод.345; с. 2009, №5, мод.327; с. 2010, №1, мод.3) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Қисми 1 моддаи 41 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Пардохт барои амалҳои зерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд - пардохт) ситонида мешавад:

- пешниҳоди арзнома;

- бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

- ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ;

- нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ва намунаи саноатӣ;

- тамдид намудани мӯҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ ва мӯҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол;

- барқароркунии амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

- тамдид ва барқарор намудани мӯҳлати гузашта.".

2. Дар моддаи 42 калимаҳои "ҳуҷҷатҳои ҳифзкунандаро мегиранд" ба калимаҳои "амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба манфиати онҳо иҷро карда мешаванд" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 1 моддаи 44 калимаҳои "ихтирои" ва "патенти ихтирои" мутобиқан ба калимаҳои "ихтироъ ва" ва "патенти ихтироъ ва" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 45:

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" от 28 июля 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст.345; 2009 г., №5, ст.327; 2010 г., №1, ст.З) следующие изменения:

1. Часть 1 статьи 41 изложить в следующей редакции:

"1. Плата взимается за следующие действия, связанные с правовой охраной объектов промышленной собственности (далее - плата):

- подачу заявки;

- регистрацию и выдачу охранного документа;

- внесение изменений в Государственный реестр и в свидетельство товарного знака;

- поддержание в силе охранного документа на изобретение и промышленные образцы;

- продление срока действия регистрации товарного знака и срока действия свидетельства на право пользования наименованием места происхождения товара;

- восстановление действий охранного документа;

- продление и восстановление пропущенных сроков.".

2. В статье 42 слова "получающие охранные документы" заменить словами "в пользу которых выполняются действия, связанные с правовой охраной объектов промышленной собственности".

3. В части 1 статьи 44 слова "изобретения" и "патента на изобретение" соответственно заменить словами "изобретения и" и "патента на изобретение и".

4. В статье 45:

...