Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2010 № 578 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7; мод. 345; с. 2009, № 5; мод. 237) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 2 моддаи 4 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира.".

2. Боби 16(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Боби 16(1). Пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира

Моддаи 63(1). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира

1. Пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ба истиснои оинаи пеш), ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи давлатӣ (ГОСТ) ҷавобгӯ нестанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Моддаи 63(2). Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохти муқаррарнамудаи моддаи 63(1) Қонуни мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

Моддаи 63(3). Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 63(4). Озодкунӣ

Озодкунӣ аз пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира тибқи рӯйхати тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июля 2006 года "Об иных обязательных платежах в бюджет" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., № 7, ст. 345; 2009 г., № 5, ст. 237) следующие дополнения:

1. Часть 2 статьи 4 дополнить новым абзацем следующего содержания:

"- плата за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами.".

2. Дополнить главой 16(1) следующего содержания:

"Глава 16(1). Плата за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами

Статья 63(1). Положение о взимании платы за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами

1. Плата за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами (за исключением лобового стекла), светопропускаемость которых не соответствует установленным государственным нормам (ГОСТу), взимается в соответствии с порядком, установленным Правительством Республики Таджикистан.

Статья 63(2). Плательщики сбора

Плательщиками сбора, установленного статьей 631 настоящего Закона, на территории Республики Таджикистан являются физические и юридические лица.

Статья 63(3). Размер платы

Размер платы за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами устанавливается Правительством Республики Таджикистан.

Статья 63(4). Освобождение

Освобождение от платы за выдачу разрешения на эксплуатацию транспортных средств с тонированными стеклами осуществляется в соответствии со списком, утвержденным Правительством Республики Таджикистан.".

...