КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 323; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 170; с. 2006, № 4, мод. 194; с. 2009, № 12, мод. 821; с. 2010, № 7, мод. 540; с. 2012, № 7, мод. 699; с. 2013, № 7, мод. 505)
(Қонуни ҶТ аз 3.05.2002 № 5, аз 29.04.2006 № 181, аз 3.12.2009 № 569, аз 21.07.2010 № 607, аз 03.07.2012 № 849, аз 22.07.2013 № 977, аз 2.01.2019 № 1558)
ҚИСМИ II
ФАСЛИ IV НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ ӯҲДАДОРӢ
БОБИ 29. Хариду фурӯш
1. Муқаррароти умумии хариду фурӯш
Моддаи 488. Шартномаи хариду фурӯш
1. Мутобиқи шартномаи хариду фурӯш як тараф (фурӯшанда) ӯҳдадор мешавад, ки молро ба моликият (ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идораи оперативӣ)-и тарафи дигар (харидор) диҳад ва харидор ӯҳдадор мешавад ин молро қабул карда, бар ивазаш маблағи муайяни пули (арзиши он)-ро супорад.
2. Нисбат ба фурӯши коғазҳои қиматнок ва арзишҳои асъорӣ, агар дар қонун қоидаҳои махсуси фурӯши онҳо муайян нагардида бошад, муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб истифода бурда мешавад.
3. Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин зербоб нисбат ба фурӯши ҳуқуқи амвол, агар аз мӯҳтаво ё хусусияти ин ҳуқуқ тартиби дигаре барнаояд, низ истифода бурда мешавад.
4. Хусусиятҳои намудҳои шартномаи хариду фурӯш (хариду фурӯши чакана, маҳсулотсупорӣ, маҳсулотсупорӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, контрактатсия, таъмини барқ, фурӯши амволи ғайриманқул, фурӯши корхонаҳо)-ро, ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигар муқаррар менамоянд.
Моддаи 489. Шакли шартномаи хариду фурӯш
...