ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба қисми дуюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, №12, мод. 323; с. 2002, №4, қ. 1, мод, 170; с. 2006, №4, мод. 194) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 882:
- дар қисми 1 пас аз калимаи "аст" калимаҳои ", агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад" илова карда шаванд;
- дар қисми 2 пас аз калимаи "бошад" калимаҳои ", агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад" илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 883 пас аз калимаи "шавад" калимаҳои ", агар дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нашуда бошад" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
аз 3 декабри соли 2009 № 569
ш.Душанбе
аз 3 декабри соли 2009 № 569
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
...