×

Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ аз 23 октябри соли 1999, № 441

Санаи амалкуни: 18.08.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 октябри соли 1999 № 441

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 октябри соли 1999 № 441

тасдиқ шудааст

Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ 

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000с. № 466, аз 11.06.2001с. № 254, аз 31.08.2004с. № 370, аз 2.11.2007с. № 552, аз 30.12.2007с. № 662, аз 26.01.2008с. № 47, аз 1.04.2008с. № 179, аз 31.08.2009с. № 507, аз 02.02.2011с. № 30, аз 30.03.2013 № 161, аз 23.08.2016 № 382, аз 3.05.2017 № 226, аз 31.05.2018 № 296, аз 31.10.2018 № 531, аз 18.08.2023 № 361, аз 31.10.2025 № 564)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 9.11.2000с. № 466, аз 11.06.2001с. № 254, аз 31.08.2004с. № 370, аз 2.11.2007с. № 552, аз 30.12.2007с. № 662, аз 26.01.2008с. № 47, аз 1.04.2008с. № 179, аз 31.08.2009с. № 507, аз 02.02.2011с. № 30, аз 30.03.2013 № 161, аз 23.08.2016 № 382, аз 3.05.2017 № 226, аз 31.05.2018 № 296, аз 31.10.2018 № 531, аз 18.08.2023 № 361, аз 31.10.2025 № 564)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025 № 564)

1. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт (минбаъд воситаҳои нақлиёт) дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва дигар асноди меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад ва тадбири иҷозати давлатӣ барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракат дар роҳ аз ҷумла дар роҳҳои байналмилалӣ мебошад. Бақайдгирӣ бо мақсади таъмини назорат аз болои мутобиқати сохтмон, ҳолати техникӣ ва таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт бо талаботи бехатарӣ, риояи тартиби харидорӣ, гирифтан, истифодабарӣ, фурӯш, аз ҳисоб баровардани воситаҳои нақлиёт, иҷрои лозимаи (қонунҳо дар бораи ӯҳдадории ҳарбии нақлиётӣ, аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт пардохта шудани андозҳо ва боҷҳои дахлдор, таъмини баҳисобгирии марказонидашуда ва минтақавии нақлиёти автомобилӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳо ва қонуншиканиҳои дигар анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025 № 564).

2. Мафҳумҳое, ки дар ҳамин Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ (минбаъд - Тартиб) истифода мешаванд, дорои мазмуни зайл мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161аз 31.10.2025 № 564):

- "бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт" - фаъолияти мақомоти гумрук ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар бобати баҳисобгирӣ, додани асноди расмӣ ва аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт (минбаъд - аломатҳои бақайдгирӣ), ки иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд ва фаъолияти мазкур мутобиқи асноди қонунӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 161);

- "тағйироти бақайдгирӣ" - ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба маълумоти баҳисобгирӣ ва асноди воситаҳои нақлиёт дар сурати мавҷуд будани асосҳои дахлдори ҳуқуқӣ;

- "соҳиби (намояндаи соҳиби) воситаҳои нақлиёт" - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад ё воситаи нақлиётро мувофиқи дигар асосҳои қонунӣ соҳибӣ ё истифода ё ки ихтиёрдорӣ мекунад;

- "асноди бақайдгирӣ" - гувоҳномаҳои гумрукии воситаҳои нақлиёт, шаҳодатномаҳои миллии бақайдгирии намунаи ягона, паспортҳои техникӣ, талонҳои техникӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирии намунаи муқарраршуда барои ҳаракати байналмилалӣ, ки асноди расмии воситаҳои нақлиёт буда, иҷозат дода шудани онҳоро барои иштирок дар ҳаракат дар роҳ тасдиқ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2025 № 564);

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 октября 1999 года № 441

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 23 октября 1999 года № 441

Порядок регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров 

(в редакции пост. Правительства РТ от 31.10.2025 №564)


(в редакции Постановления Правительства РТ от 9.11.2000г. №466, от 11.06.2001г. №254, от 31.08.2004 №370, от 2.11.2007г.№552 от 30.12.2007г.№662, от 26.01.2008г.№47, от 1.04.2008г.№179, от 31.08.2009г.№507, от 03.02.2011г.№30, от 30.03.2013г.№161, от 23.08.2016г.№382, от 03.05.2017г.№226, от 31.05.2018г.№296, от 31.10.2018г.№531, от 18.08.2023 №361, от 31.10.2025 №564)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 9.11.2000г. №466, от 11.06.2001г. №254, от 31.08.2004 №370, от 2.11.2007г.№552 от 30.12.2007г.№662, от 26.01.2008г.№47, от 1.04.2008г.№179, от 31.08.2009г.№507, от 03.02.2011г.№30, от 30.03.2013г.№161, от 23.08.2016г.№382, от 03.05.2017г.№226, от 31.05.2018г.№296, от 31.10.2018г.№531, от 18.08.2023 №361, от 31.10.2025 №564)

1. Регистрации и учета транспортных средств (далее - транспортные средства) производится на основании действующего законодательства Республики Таджикистан, постановлений и других нормативно-правовых актов Правительства Республики Таджикистан и является мерой государственного разрешения на участие транспортных средств в дорожном движении, в том числе международном. Она осуществляется в целях обеспечения надзора за соответствием конструкции, технического состояния и оборудования транспортных средств установленным требованиям безопасности, соблюдения порядка приобретения, получения, пользования, отчуждения, списания транспортных средств, надлежащего исполнения таможенного законодательства и о военно-транспортной обязанности, уплате соответствующих налогов и сборов владельцами транспортных средств, обеспечения централизованного и регионального учета автомототранспорта, борьбы с преступлениями и другими правонарушениями(в редакции пост. Правительства РТ от 31.10.2025 №564).

2. Используемые в настоящем Порядке регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров (далее - Порядок) понятия, имеют следующие значения(в редакции пост. Правительства РТ от 31.10.2025 №564):

- "государственная регистрация транспортных средств" деятельность таможенных органов и Госавтоинспекции по учету, выдаче официальных документов и государственных регистрационных знаков (далее - номерные знаки) на транспортные средства, подтверждающие их допуск к участию в дорожном движении, осуществляемая в соответствии с законодательными актами;

- "изменение в регистрации" внесение изменений и дополнений в учетные данные и документы на транспортные средства при наличии соответствующих правовых оснований:

- "владелец (представитель владельца) транспортного средства"физическое и юридическое лицо, являющееся собственником транспортного средства, либо владеющее или пользующееся, или распоряжающееся транспортным средством на иных законных основаниях:

...