Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2000, № 466 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳи барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998 № 306 тасдиқ шудааст, банди 34.1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"34.1 Аснодии ронандаги ба шахсоне, ки аз ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт ба мқҳлати як ё аз як сол зиёд маҳрум карда шу.даанд, пас аз супоридани имтиҳонҳои назарияви ва амали баргардонида мешавад, ба ронандагоне, ки барои дар ҳолати масти идора кардани воситаи нақлиёт дастгир шудаанд, новобаста аз навъи чораи ҷазои маъмурии нисбати онҳо андешидашуда, баъди муоинаи такрории тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳои назариявию амали баргардонида мешавад".

II. Ба тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ карда шудааст тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Аз сархати дуюми банди 5 калимаҳои "дар давоми даҳ шабонарӯз" хориҷ карда шаванд.

2. Ба банди 11 зербанди "д" бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"д) дар нуқтаҳои гумрукии мошингузар (истгоҳҳои роҳи оҳан, майдонҳои ҳавои ҳангоми интиқоли воситаҳои нақлиёт ба роҳи оҳан ва нақ лиёти ҳавои) аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан оварда мешаванд, ғайр аз воситаҳои нақлиёте, ки дар ҳаракати байналхалқи иштирок намекунад, гирифта мешаванд ва бар ивазашон аломатҳои транзити дода мешаванд.

Аломатҳои бақайдгирии дигар давлатҳо минбаъд ба мақоми гумрукие, ки онҳоро ба қайди муваққати гирифтааст, фиристонида мешаванд ва онҳо то ба охир расидани мқҳлати қайди муваққати, содирот, е худ аризаи ба низоми дигари гумруки гузаронидани воситаи нақлиёт, нигоҳ дошта мешаванд. Тартиби фиристонидан, нигоҳ доштан ва баргардондани аломатҳои бақайдгирии давлатҳои дигар ба соҳибонашон ва пешбурди коргузори аз тарафи Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад".

3. Қисми дуюми банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар шаҳодатномаи гумруки дар ҷадвали "Қайдҳои гумрук" ба маълумоти БДА, вобаста ба шартҳои иҷозат додани воситаҳои нақлиет бояд яке аз қайдҳои зерин гузошта шавад:

"Боҷи гумруки ба андозаи 100 фоиз пардохта шудааст. Барои дигар шудани молик иҷозати гумрук тақозо намешавад".

"Бе ситонидани боҷ иҷозат дода шуд. Барои дигар шудани молик дар давоми як сол иҷозати гумрук тақозо мешавад".

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В НЕКОТОРЫЕ РЕШЕНИЯ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

I. Положение о порядке допуска к управлению транспортными средствами и выдачи гражданам водительских документов, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306, дополнить пунктом 34.1 следующего содержания:

"34.1. Возврат водительских документов лицам, лишенным за управление транспортными средствами сроком на один и более года, производится после сдачи теоретических и практических экзаменов, а задержанным лицам за управление транспортными средствами в состоянии опьянения, независимо от вида принятых мер административного взыскания, производится после прохождения медицинского переосвидетельствования и сдачи теоретических и практических экзаменов".

II. Внести в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441, следующие изменения и дополнения:

1. В части второй пункта 5 слова "и в течение десяти суток"исключить.

2. Пункт 11 дополнить подпунктом "д" следующего содержания:

"д) на пунктах таможенного автоперехода (на железнодорожных станциях и аэропортах при доставке транспортного средства не своим ходом) регистрационные знаки временно ввозимых транспортных средств, кроме транспортных средств, участвующих в международном движении, изымают и взамен выдают транзитные номера.

Регистрационные знаки других государств в последующем направляются в таможенный орган, который произвел временную регистрацию, где они хранятся до окончания срока временного пребывания, вывоза или заявления транспортного средства в другой таможенный режим. Порядок пересылки, хранения и возврата регистрационных знаков других государств их владельцам и ведение делопроизводства устанавливается Таможенным Комитетом при Правительстве Республики Таджикистан".

3. Часть вторую пункта 13 изложить в следующей редакции:

"В удостоверении таможни, в графе "Отметки таможни" для сведения ГАИ, в зависимости от условий пропуска транспортных средств должна быть одна из следующих отметок:

"Таможенная пошлина уплачена в размере 100 процентов. На отчуждение разрешение таможни не требуется".

"Пропущено беспошлинно. На отчуждение в течение одного года требуется разрешение таможни".

...