Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 августи соли 1998 № 306
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 августи соли 1998 № 306
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.06.2007 № 359, аз 30.12.2009 № 697, аз 02.03.2013 № 103, аз 1.07.2015 № 419, аз 15.12.2015 № 756, аз 1.07.2016 № 291, аз 28.04.2017 № 220)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳамин Низомнома барои тамоми ашхоси ҳуқуқи ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будубош ё истиқомат мекунанд, ягона ва иҷрои он аз тарафи ашхоси мазкур ҳатми мебошад, категорияи воситаҳои нақлиёт, тартиби қабули имтиҳонот, ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаҳои ронандаги, талонҳои баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба шаҳодатномаҳои мазкур ва ба идора кардани воситаҳои нақлиёти категорияҳои гуногун иҷозат доданро муқаррар мекунад
2. Тамоми воситаҳои нақлиёт вобаста ба навъҳо, таъинот ва мушаххасоти идоракунии онҳо ба категорияҳои: "А", "В", "С", "D", "BE" "CE" ва "DE", трамвай, троллейбус, мотоароба ҷудо мешаванд, ки барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи ягонаи ронандагӣ ва талони баҳисобгирии вайрон кардани қоидаҳо ба он дода мешавад ва дар ҷадвали дахлдори он сабти иҷозатдиҳанда ё мӯҳр бо номи категорияи воситаи нақлиёт гузошта мешавад .
...