Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар сархати дуюми банди 3 калимаи "мотордор" ба калимаҳои ", ба гурӯҳи мотосиклҳо мансуббуда, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад" иваз карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 5 баъд аз калимаи "дар" калимаҳои "мақомоти иҷозатномадиҳанда ва" илова карда шавад;
- дар сархати дуюми банди 5, сархати якуми банди 6, банди 14, сархати якуми банди 20, сархати якуми банди 22, сархати якуми банди 23, сархати якуми банди 43, банди 47, сархати дуюми банди 58 ва сархати дуюми банди 60 баъд аз калимаҳои "воҳидҳои" ва "воҳиди" калимаҳои "бақайдгирию имтиҳонотии" илова карда шаванд;
- ба банди 5 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Бақайдгирии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, ки барои тайёр ва бозомӯзии (баланд бардоштани савияи касбии) ронандагон машғуланд, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ба роҳ монда шуда, назорат аз болои фаъолияти онҳо ва бақайдгирии гурӯҳҳои таълимӣ дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.";
- дар банди 6 баъд аз калимаҳои "руйхати хонандагон" калимаҳои ", ки бо қайдҳои Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли истиқоматашон дар мавриди дар рӯйхат ҷой надоштани хонандаи аз ҳуқуқи идора намудани воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта," илова карда шавад;
- сархати якуми банди 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"9. Ба супоридани имтиҳонот дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ шахсоне, ки мустақилона омодагӣ дидаанд, барои идоракунии воситаҳои нақлиёти мансуб ба категорияи "А" баъди ба синни 16 расидан, категорияи "В" (бе ҳукуқи кори кироя) баъди ба синни 18 расидан ва пардохти боҷи муқарраршуда роҳ дода мешаванд.";
- аз сархати дуюми банди 9 калимаҳои "ҳамчунин Шӯъбаи бақайдгирию имтиҳонотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилоятҳо" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати якуми банди 10 баъд аз калима ва ҳарфҳои "категорияҳои "А", "В", "С" калимаҳои "баъди пешниҳоди маълумотнома оид ба гузаштани дарсҳои амалии малакаи ронандагӣ, вобаста ба категорияи дархостшаванда" илова карда шаванд;
...