Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 35 Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Ҳангоми иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар хироҷ барои хизматрасонии консулӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ситонида мешавад. Андозаи хироҷ барои амалҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 июли соли 2016 № 291
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнений в постановление Правительства Республики
Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан
"О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан
постановляет:
Дополнить пункт 35 Положения о порядке допуска к управлению транспортными
средствами и выдачи гражданам водительских документов, утвержденного
постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306, новым абзацем следующего содержания:
"При замене водительского удостоверения в дипломатических представительствах
и консульских учреждениях Республики Таджикистан за рубежом, взимаются сборы за
консульские услуги в соответствии с действующим законодательством. Размер сборов
за действия Государственной автомобильной инспекции определяется Министерством
иностранных дел Республики Таджикистан и Министерством внутренних дел Республики
Таджикистан по согласованию с Министерством финансов и Антимонопольной службой,
при Правительстве Республики Таджикистан в установленном порядке.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 июля 2016 года, № 291