Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2015 № 419 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи тартиби иҷозатдиҳӣ барои идораи воситаҳои нақлиёт ва ба шаҳрвандон додани асноди ронандагӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1998, № 306 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар бандҳои 2, 4, 7, 8, 20, 22, 48 ва 49 ҳарфи "Е" ба ҳарфҳои "ВЕ", "СЕ" ва "DЕ" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ашхосе, ки шаҳодатномаи ронандагӣ бо сабти иҷозатдиҳанда дар ҷадвалҳои- "А", "В", "С", "D", "ВЕ", "СЕ" ва "DЕ" доранд, метавонанд навъҳои зерини воситаҳои нақлиётро идора кунанд:

"А" - мототсикл, мотороллер, мотонарт ва дигар воситаҳои нақлиёти ба гурӯҳи мототсиклҳо мансуббуда, инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад;

"В" - автомобилҳо (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти ба категорияи "А" тааллуқдошта), ки вазни ниҳоии ҷоизашон1 аз 3500 кг ва шумораи ҷойҳои нишасти онҳо, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда аз ҳашт зиёд нест, ҳамчунин мотоаробаҳо; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст, вале аз вазни автомобили бе бор зиёд нест, вазни ниҳоии ҷоизи умумии чунин ҳайат бошад, аз 3500 кг зиёд нест;

"С" - автомобилҳо ба ғайр аз ба категорияи "Б" тааллуқдошта, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3500 кг зиёд аст; автомобилҳои категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;

"D"- автомобилҳои барои интиқоли мусофирон пешбинигардида ва дорои зиёда аз ҳашт ҷойи нишаст, ба ғайр аз нишастгоҳи ронанда; автомобилҳои категорияи "Б" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд нест;

"ВЕ" - автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва аз вазни автомобили бе бор зиёд аст; автомобилҳои категорияи "В" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст ва вазни пурраи ниҳоии ҷоизи чунин ҳайат аз 3 500 кг зиёд аст;

"СЕ" - автомобили категорияи "С" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;

"DЕ" - автомобилҳои категорияи "D" бо ядакҳое, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 750 кг зиёд аст;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Положение о порядке допуска к управлению транспортными средствами и выдачи гражданам водительских документов, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 августа 1998 года, №306, следующие изменения и дополнения:

1. В пунктах 2, 4, 7, 8, 20, 22, 48 и 49 букву "Е" заменить буквами "BE", "СЕ" и "DE";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3. Лица, имеющие водительское удостоверение с разрешающими отметками в графах "А", "В", "С", "D" и "BE", "СЕ" и "DE" могут управлять:

"А" - мотоциклами, мотороллерами, мотонартами и другими мототранспортными средствами, в том числе приводимые в движение электродвигателями, максимальная конструктивная скорость которых более 40 км/час;

"В" - автомобилями (за исключением транспортных средств, относящихся к категории А) разрешенная максимальная масса1 которых не превышает 3500 кг и число сидячих мест которых, помимо сиденья водителя, не превышает восьми; автомобилями категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг; автомобилями категории "В", сцепленный с прицепом, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг, но не превышает массы автомобиля без нагрузки, а общая разрешенная максимальная масса такого состава не превышает 3 500 кг;

"С" - автомобилями, за исключением относящихся к категории "D", разрешенная максимальная масса которых превышает 3 500 кг; автомобилями категории "С", сцепленных  прицепами, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг;

"D" - автомобилями, предназначенными для перевозки пассажиров и имеющими более восьми сидячих мест, помимо сиденья водителя; автомобилями категории "D", сцепленных  прицепами, разрешенная максимальная масса которых не превышает 750 кг;

"BE" - автомобилями категории "В", сцепленный прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг и превышает массы автомобиля без нагрузки; автомобилями категории "В", сцепленных прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг, а общая разрешенная максимальная масса такого состава превышает 3 500 кг;

"СЕ" - автомобилями категории "С", сцепленными с прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг;

"DE" - автомобилями категории "D", сцепленный с прицепами, разрешенная максимальная масса которых превышает 750 кг;

...