Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 161 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1. Дар тамоми матн калимаҳои "Тартибҳои", "Тартибҳо", "аломатҳои рақамӣ", "аломатҳои рақамии бақайдгирие", "акт", "акти"; "аломатҳои рақамии" "Тартибҳоро" мутобиқан ба калимаҳои "Тартиби", "Тартиб", "аломатҳои бақайдгирӣ", "аломатҳои бақайдгирие", "санад", "санади", "аломатҳои бақайдгирии" иваз карда шаванд.

2. Аз сархати панҷуми банди 2 калимаҳои "рақами муҳаррик" хориҷ карда шуда, калимаи "миқдори" ба калимаи "иқтидори" иваз карда шавад.

3. Дар банди 5:

- дар сархати якум калимаи "аксари" ба калимаи "ниҳоии" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "нимядакҳои онҳо" калимаҳои ", инчунин воситаҳои нақлиёте, ки тавассути муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд ва суръати конструктивиашон беш аз 40 км/соат мебошад" илова карда шавад;

- дар сархати дуюм ҷумлаи якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Соҳибони воситаҳои нақлиёт вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро, сарфи назар аз ҳолати техникиашон, дар давоми панҷ шабонарӯз аз лаҳзаи убури сарҳад дар мақомоти гумрук аз қайд гузаронанд. Дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати амали аломати бақайдгирии "Транзит" ё даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи харидорӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҳисоб хориҷ кардани воситаи нақлиёт ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барои фурӯш пешбинишудаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти савдои воситаҳои нақлиётро анҷом медиҳанд), аз қайд гузаронида мешаванд.";

- дар ҷумлаи дуюм калимаи "қайди" ба калимаи "нигоҳдории" иваз карда шуда, калимаҳои "бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад;

ҷумлаи сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

- "Аз қайд гузаштани воситаи нақлиёт бо навиштаҷоти "Аз қайд гузаронида шуд ________________________ " дар нусхаи аслии

                                                                                (рӯз, моҳ, сол)

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года,№441, следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце пятом пункта 2 слова "номер двигателя" исключить.

2. В пункте 5:

- абзац первый после слов "к ним" дополнить словами ", а также транспортные средства, приводимые в движение электродвигателем, максимальная конструктивная скорость которых более 40 км/час";

- в абзаце втором первое предложение изложить в следующей редакции:

"Владельцы транспортных средств обязаны зарегистрировать принадлежащие им транспортные средства, независимо от их технического состояния, в течение пяти суток с момента пересечения границы в таможенных органах. В регистрационно-экзаменационных подразделениях Государственной автомобильной инспекции транспортные средства регистрируются в течении срока действия регистрационного знака "Транзит" или десяти суток с момента приобретения, таможенного оформления, снятия с учета или возникновения иных обстоятельств, влекущих изменение регистрационных данных (за исключением транспортных средств, предназначенных для продажи индивидуальными предпринимателями и юридическими лицами, осуществляющими реализацию транспортных средств,).";

- во втором предложении слова "месту учета" заменить словами "месту стоянки", а слова "в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан" исключить;

дополнить третьим предложением следующего содержания:

- "Регистрация транспортного средства производится без оплаты записью "Зарегистрировано _____________________ " в оригинале (число, месяц, год)

доверенности заверенной подписью с указанием фамилии, имени и отчества ответственного лица и заверяется печатью Государственной автомобильной инспекцией места стоянки автомобиля.".

3. Абзац второй пункта 6 изложить в следующей редакции: "Транспортные средства, ввезенные в республику, после регистрации в Государственной автомобильной инспекции, в соответствии с перечнем, утвержденном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан, проверяются по специальной информационной базе.".

...