Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009 № 507 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 №441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) ба банди 2 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- "маълумоти бақайдгирӣ" - рақами бақайдгирӣ, вин код, тамға, навъ, соли барориш, рақамӣ муҳаррик, рақами бордон, рақами шассӣ, ранг, қувваи муҳаррик, миқдори борбардорӣ, вазни холис, соҳиб, суроға, асоси бақайдгирӣ, маҳали бақайдгирӣ, қайдҳои махсус";

б) ба сархати дуюми банди 5 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Соҳибони воситаҳои нақлиёт ё намояндагони онҳо ҳамчунин вазифадоранд, дар мавриди боварӣ намудани воситаи нақлиёт ба шахси дигар, ки боиси тағйир ёфтани маълумоти бақайдгирӣ оид ба маҳали нигоҳ доштани воситаи нақлиёт мегардад, ваколатномаро дар давоми даҳ шабонарӯз дар шӯъбаи (зершӯъбаи) Бозрасии давлатии автомобилии маҳали қайди воситаи нақлиёт бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаронанд.";

в) дар сархати сеюми зербанди в) банди 23 баъд аз калимаи "шудаанд" калимаҳои "аз ҷумла, шартномаи хариду фурӯши бо тариқи нотариалӣ тасдиқшуда" илова карда шаванд;

г) банди 34 ҳамчун сархати дуюм ва сеюми банди 33 ҳисобида шуда, банди 34 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"34. Барои нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум рақамҳои қайди давлатии силсилаи "ТТ" дода мешаванд. Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" илова ба банди 23 Тартиби мазкур асноди зерин пешниҳод карда мешаванд:

- нусхаи иҷозатномаи шахси ҳуқуқӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ;

- санади муоинаи техникии воситаи нақлиёт, ки аз ҷониби Бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст.

Барои додани рақамҳои силсилаи "ТТ" барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки тибқи шартнома дар бораи иҷора аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ истифода мегарданд, асноди зерин асос шуда метавонанд:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые Постановления Правительства Республики Таджикистан

В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) В Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441 "0б утверждении Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", внести следующие изменения и дополнения:

а) пункт 2 дополнить новым абзацем следующего содержания:

" - "сведения о регистрации" - регистрационный номер, вин код, тип, марка, год выпуска, номер двигателя, номер кузова, номер шасси, цвет, мощность двигателя, объем грузоподъемности, масса без нагрузки, владелец, адрес, основания регистрации, место регистрации, специальные отметки.";

б) второй абзац пункта 5 дополнить новым предложением следующего содержания:

"Владельцы транспортных средств или их представители также обязаны в случаях доверия транспортного средства другому лицу, влекущие изменение регистрационных данных о месте стоянки транспортных средств, доверенность в течение десяти суток регистрируется в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан, в подразделениях Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по месту учета транспортных средств.";

в) в пункте 23, в третьем абзаце подпункта в) после слов "законодательством" дополнить словами "в том числе договор купли продажи, удостоверенный нотариусом.";

г) пункт 34 считать абзацем вторым и третьим пункта 33 и дополнить пунктом 34 в следующей редакции:

"34. На транспортные средства общего пользования, занимающиеся перевозкой пассажиров, выдаются регистрационные знаки серии "ТТ". Для выдачи регистрационных знаков серии "ТТ" дополнительно к пункту 23 настоящего Порядка предоставляются следующие документы: копии лицензии юридического лица, осуществляющего деятельность по перевозке пассажиров автомобильным транспортом;

- акт технического осмотра транспортного средства, выданное Госавтоинспекции.

Основанием для выдачи регистрационных знаков серии "ТТ" транспортным средствам, используемым юридическими лицами на основании договора об аренды могут быть следующие документы:

- письмо юридического лица;

...