Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 № 296 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар бандҳои 3, 36, 46, 49, ҷумлаи сеюми банди 50, бандҳои 77, 85, 95 ва сархати якуми банди 96 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюми банди 6 калимаҳои "Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии берунии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия" ба калимаҳои "номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- зербандҳои "б", "в" ва "г" банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"б) воситаҳои нақлиётеро, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, таҳти низомҳои гумрукии дахлдор ба расмият медароранд;

в) воситаҳои нақлиётеро, ки ба ҷумҳурӣ бо шарти содироти бозпас, аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд, ба қайди муваққати гирифта, муҳлати онро назорат мекунанд;

г) супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мебаранд.

Пардохти андоз ва боҷу хироҷҳо бо квитансия (супоришномаи пардохт) ва (ё) пойгири квитансия ба ордери даромад тасдиқ карда мешавад. Ҳуқуқи озод шудан аз пардохти гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ бо ҳуҷҷатҳои дахлдори дар санадҳои қонунӣ зикршуда тасдиқ карда мешавад. Дар бораи пардохти андоз ва боҷу хироҷи муқарраргардида дар декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ, ки бо имзо ва муҳри корманди гумрук тасдиқ шудааст, қайд гузошта мешавад;";

- дар сархати якуми зербанди "д" банди 11 пас аз калимаҳои "муваққатан оварда мешаванд," калимаҳои "аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд," илова карда шаванд;

- сархати сеюми зербанди "д" банди 11 хориҷ карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Порядок государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441 "Об утверждении Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов", следующие изменения и дополнения:

- в третьем абзаце пункта 6 слова "товарной номенклатуры внешнеэкономической деятельности "ЕврАзЭс" заменить словами "товарной номенклатуры внешнеэкономической деятельности Республики Таджикистан"; .

- подпункты "б", "в" и "г" пункта 11 изложить в следующей редакции:

"б) оформляют транспортные средства, выбывающие за пределы Республики Таджикистан под соответствующими таможенными режимами;

в) производят временную регистрацию транспортных средств, ввезенных в республику с условием обратного вывоза, в том числе на лизинговых условиях и контролируют её срок;

г) осуществляют контроль за уплатой владельцами транспортных средств таможенных выплат и налогов, установленных законодательством Республики Таджикистан.

Уплата налогов, пошлин и сборов подтверждаются квитанцией (платежными поручениями) и (или) корешками квитанций к приходному ордеру. Право на освобождение от уплаты таможенных платежей и сборов подтверждается соответствующими документами, оговоренными законодательными актами. Об уплате установленных налогов, пошлин и сборов производится отметка в таможенной декларации и удостоверении, заверенной подписью и печатью сотрудника таможни;";

- первый абзац подпункта "д" пункта 11 после слов "временно ввозимых транспортных средств," дополнить словами "в том числе ввезенных на лизинговых условиях,";

- в пункте 12 слова "соответствующего таможенного удостоверения на транспортное средство (Приложение №1)" заменить словами "таможенной декларации и удостоверении, которые являются бланками строгой отчётности, имеют не менее трех степеней защиты (Приложение №1)";

- в подпунктах "б" и "г" пункта 13 слова "таможенном удостоверении" заменить словами "таможенной декларации и удостоверении";

- в пункте 15 слова "регистрационные номера и технические документы" заменить словами "номера и регистрационные документы";

...