Қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 552 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441

Мувофиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати хизматрасонӣ ба ҳайати дипломатӣ ва намояндагони хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Бандҳои 50 ва 51 Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999 № 441 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"50. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, намояндагони муассисаҳои консулӣ, офиси созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, ки дорои шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон ва дигар вазорату макомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, инчунин кормандони онхо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд, танҳо бо пешниҳоди расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Феҳристи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

51. Барои воситаҳои нақлиёти намояндагони дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ, офисҳои созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, бонкҳо ва ширкатҳои хориҷӣ рақамҳои қайди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силсилаҳои зерин дода мешаванд:

а) "CMD" барои воситаҳои нақлиёти сабукрави сардорони намояндагиҳои дипломатӣ.

Тагранги ракамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошад. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

б) "D" - барои воситаҳои нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ муассисаҳои консулӣ, сардорони офисҳои созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд. Барои судури рақамхои қайди давлатии силсилаи "D" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ҳатман бояд корти дипломатии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

в) "S" - барои воситаҳои нақлиёти кормандони маъмурӣ-техникӣ ва хизматрасонӣ намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва кормандони созмонҳои байналмилалии (байниҳукуматии) ба онҳо баробаркардашуда, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "S" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ ва хизматӣ ҳатман бояд корти хидматии аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

Тагранги рақамҳои қайди давлатӣ сурх буда, ранги ҳарф ва рақамҳо сафед мебошанд. Се рақами аввал - рақамҳои идентификатсионии намояндагии дипломатӣ ва се рақами охир - рақами қайди воситаҳои нақлиёт маҳсуб мешаванд.

г) "UN" - барои воситаҳои нақлиёти Намояндагиҳои муассисаҳои махсусгардонидашудаи Созмони Миллали Муттаҳид ва кормандони онҳо, ки дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузаштаанд. Барои судури рақамҳои қайди давлатии силсилаи "UN" барои воситаҳои нақлиёти шахсӣ хатман бояд корти аккредитатсионии Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар асноди зарурӣ пешниҳод шаванд.

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года № 441

В соответствии со статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и в целях повышения эффективности и качества обслуживания дипломатического корпуса и иностранных представительств, аккредитованных в Республике Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункты 50 и 51 Порядка государственной регистрации механических транспортных средств и прицепов, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года № 441 изложить в следующей редакции:

"50. Регистрация транспортных средств, принадлежащих дипломатическим миссиям, консульским учреждениям, офисам международных организаций, представительствам зарубежных средств массовой информации, иностранным банкам и компаниям, получившим свидетельство о регистрации в Министерстве юстиции Республики Таджикистан и других соответствующих министерствах и ведомствах Республики Таджикистан, а также их сотрудникам, аккредитованным в Республике Таджикистан на основании требований законодательства Республики Таджикистан осуществляется только после официального представления Министерства иностранных дел Республики Таджикистан.

Перечень необходимых документов для регистрации и учета транспортных средств определяются Министерством иностранных дел Республики Таджикистан по согласованию с Министерством внутренних дел Республики Таджикистан;

51. На транспортные средства аккредитованных дипломатических представительств, консульских учреждений, офисов международных организаций, представительств зарубежных средств массовой информации, иностранных банков и компаний выдаются государственные регистрационные знаки Республики Таджикистан следующих серий:

а) "СМD" - для легковых автомобилей глав дипломатических представительств.

Цвет фона государственных регистрационных знаков красный,буквы и цифры белого цвета. Первые три цифры - идентификационные цифры дипломатического представительства, последние три цифры номерной знак автомобиля.

б) "D" - для транспортных средств дипломатических представительств, консульских учреждений и приравненных к ним глав офисов международных (межправительственных) организаций и их сотрудников, аккредитованных при Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан. Для выдачи регистрационных знаков серии ,D, на личные транспортные средства должны предъявляться дипломатические карточки, выдаваемые Управлением Государственного протокола Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и другие необходимые документы.

Цвет фона государственных номерных знаков красный, буквы и цифры белого цвета. Первые три цифры - идентификационные цифры дипломатического представительства, последние три цифры - номерной знак автомобиля.

в) "S" - для транспортных средств административно-технического и обсуживающего персонала дипломатических представительств, консульских учреждений и приравненных к ним персоналу международных (межправительственных) организаций, аккредитованных при Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан. Основанием для выдачи регистрационных знаков серии ,S, на личные и служебные транспортные средства являются служебные аккредитационные карточки, выданные Управлением государственного протокола Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и другие необходимые документы.

Цвет фона государственных номерных знаков красный, буквы и цифры белого цвета. Первые три цифры - идентификационные цифры дипломатического представительства, последние три цифры - номерной знак автомобиля.

г) "UN" - для транспортных средств Представительств специализированных учреждений Организации Объединенных Наций и их сотрудников, аккредитованных при Министерстве иностранных дел Республики Таджикистан. Для выдачи регистрационных знаков сери: "UN" на личные транспортные средства должны предъявляться дипломатические карточки, выдаваемые Управлением Государственно протокола Министерства иностранных дел Республики Таджикистан другие необходимые документы.

...