ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, №7, мод.554; с.2013, №3, мод.202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963; с.2019, №1, мод.22)
(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 384, аз 21.07.2010 № 621, аз 19.03.2013 № 962, аз 8.08.2015 № 1210, аз 23.11.2015 № 1242, аз 2.01.2019 № 1575, аз 25.06.2021 № 1801)
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим мекунад
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки бо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад .
Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ
1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.
2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.
...