ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 апрели соли 2021, № 358
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7 апрели соли 2021, № 358
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 172
ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 июни соли 2021, № 172
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" аз 12 майи соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, №7, мод.554; с.2013, №3, мод.202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963; с.2019, №1, мод.22) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Аз моддаҳои 3, 13, 22, 23, 25, 35 ва 37 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаҳои 12, 17, 35 ва 39 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
...