×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 № 258 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни: 25.06.2021

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, №7, мод.554; с.2013, №3, мод.202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963; с.2019, №1, мод.22)

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 384, аз 21.07.2010 № 621, аз 19.03.2013 № 962, аз 8.08.2015 № 1210, аз 23.11.2015 № 1242, аз 2.01.2019 № 1575, аз 25.06.2021 № 1801)

(Қонуни ҶТ аз 20.03.2008 № 384, аз 21.07.2010 № 621, аз 19.03.2013 № 962, аз 8.08.2015 № 1210, аз 23.11.2015 № 1242, аз 2.01.2019 № 1575, аз 25.06.2021 № 1801)

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки Қонуни мазкур танзим мекунад

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис додан, фаъолият намудан, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Моддаи 2. Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, ки бо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1801).

Моддаи 4. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ

1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ҳуқуқи дар асоси ихтиёрӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ноил гардидан ба мақсадҳои умумӣ таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии мавҷуда ё худдорӣ кардан аз шомилшавӣ ба онҳо, инчунин аз ин иттиҳодияҳо бе мамониат баромаданро дар бар мегирад.

2. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона, бе иҷозати пешакии мақомоти давлатӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ОБ ОБЩЕСТВЕННЫХ ОБЪЕДИНЕНИЯХ

(в редакции Закона РТ от 20.03.2008г.№384, от 21.07.2010г.№621, от 19.03.2013г.№962, от 08.08.2015г. №1210, от 23.11.2015г.№1242, от 02.01.2019г.№1575, от 25.06.2021г. №1801)

(в редакции Закона РТ от 20.03.2008г.№384, от 21.07.2010г.№621, от 19.03.2013г.№962, от 08.08.2015г. №1210, от 23.11.2015г.№1242, от 02.01.2019г.№1575, от 25.06.2021г. №1801)

Глава 1. Общие положения

Статья 1. Отношения, регулируемые настоящим Законом

Настоящий Закон регулирует общественные отношения, связанные с реализацией гражданами права на объединение в общественные объединения, создание, деятельность, реорганизацию и ликвидацию общественных объединений.

Статья 2. Сфера действия настоящего Закона

Действие настоящего Закона распространяется на все общественные объединения, созданные в установленном порядке, за исключением общественных объединений (религиозных организаций, политических партий, профсоюзов и других общественных объединений), порядок создания и действия которых регулируются отдельными законами.

Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан об общественных объединениях

Законодательство Республики Таджикистан об общественных объединениях основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международно-правовых актов, признанных Таджикистаном.

Статья 4. Право граждан на объединение

1. Право граждан на объединение включает в себя право создавать на добровольной основе общественные объединения для защиты общих интересов и достижения общих целей, вступать в существующие общественные объединения или воздерживаться от вступления в них, а также беспрепятственно выходить из этих объединений.

2. Граждане имеют право создавать общественные объединения самостоятельно, без предварительного разрешения государственных органов, а также вступать в такие общественные объединения на условиях соблюдения норм их уставов.

Статья 5. Общественное объединение
...