ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 363; с. 2008, №3, мод. 202; с.2010, №7, мод. 554) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд.
1.Дар матни Қонун калимаҳои "филиал ва намояндагии", "филиалҳо ва намояндагиҳо", "филиалу намояндагиҳои", "Филиалҳо ва намояндагиҳои", "филиал ё намояндагӣ" ва "филиалҳо ва намояндагиҳо" мувофиқан ба калимаҳои "намояндагӣ ва филиали", "намояндагиҳо ва филиалҳо", "намояндагиву филиалҳои", "Намояндагиҳо ва филиалҳои", "намояндагӣ ё филиали" ва "намояндагиҳо ва филиалҳо" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 22:
- ба номи модда пас аз калимаҳои "иттиҳодияи ҷамъиятӣ" калимаҳои "ё рад кардани қайди баҳисобгирии онҳо" илова карда шаванд;
- ба модда қисмҳои 7-12 бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"7.Қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- агар низомномаи намояндагиҳо ё филиалҳои иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти моддаи 14 Қонуни мазкур ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад;
- агар ҳуҷҷатҳои барои қайди баҳисобгирӣ зарур, ки номгӯи онҳоро Қонуни мазкур муайян кардааст, пурра пешниҳод нашуда бошанд ё маълумот дар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида нашуда бошад ё ба мақоми номувофиқ пешниҳод гардида бошад;
- агар муқаррар гардад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии пешниҳодшуда маълумоти носаҳеҳ мавҷуд бошад.
8. Дар сурати гум шудани Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва дигар ҳолатҳои зарурӣ мақоми бақайдгиранда бояд дар асоси ариза дар давоми 10 рӯз нусхаи (дубликати) онро диҳад.
9. Дар сурати рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба аризадиҳанда дар ин бора дар шакли хаттӣ бо нишон додани муқаррароти мушаххаси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риоя накардани он боиси рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ шудааст, хабар дода мешавад.
10. Дар бораи рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ, инчунин дар бораи саркашӣ аз ин гуна баҳисобгирӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.
11. Рад кардани қайди баҳисобгирии намояндагӣ ё филиали иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои такроран пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қайди баҳисобгирӣ монеъ намешавад, ба шарте, агар асосҳое, ки боиси раддия шудаанд, бартараф карда шуда бошанд.
...