ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод.305; с. 2010, №1, мод.14; с. 2012, №12, мод.1013)
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 590, аз 28.12.2012 № 919, аз 26.07.2014 № 1124)
(Қонуни ҶТ аз 12.01.2010 № 590, аз 28.12.2012 № 919, аз 26.07.2014 № 1124)
Қонуни мазкур асосҳо ва тартиби дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донистани шахсони паноҳҷӯянда, инчунин мақоми ҳуқуқии гурезаҳоро муайян намуда, кафолатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва манфиатҳои онҳоро муқаррар мекунад.
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 919)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гурезаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад ().
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ ()
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- гуреза - шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, дар қаламрави он қарор дорад ва бинобар сабабҳои комилан асосноки дар давлати мансубияти шаҳрвандии худ бо аломатҳои нажодӣ, эътиқоди динӣ, шаҳрвандӣ, мансубият ба гурӯҳи муайяни иҷтимоӣ ё эътиқоди сиёсӣ дучори таъқиб гашта, аз таъсири ин сабабҳо наметавонад ё намехоҳад аз ҳимояи он давлат истифода намояд, ё шахсе, ки шаҳрвандии муайян надошта, бинобар чунин ҳолатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо сабаби мавҷуд будани ҳамин гуна хавф наметавонад ё намехоҳад ба давлати истиқомати доимии худ баргардад;
- шахси паноҳҷӯянда - шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванде, ки давлати шаҳрвандии худ ё ҷои истиқомати пештараашро бо мақсади пешниҳод намудани дархост барои гирифтани мақоми гуреза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарк намудааст;
- ҷойи зисти муваққатӣ - ҷойи сукунати муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намудаанд ё гуреза дониста шудаанд ;
...