ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод. 305) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои "мақомоти давлатии муҳоҷират", "мақомоти муҳоҷират", "мақомоти муҳоҷиратро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ", "мақомоти корҳои дохилиро", калимаҳои "мақомоти минтақавии муҳоҷират" ба калимаҳои "мақомоти дахлдори корҳои дохилӣ", калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда, қисмҳо рақамгузорӣ ва сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд.
2. Дар матни Қонун баъд аз калимаҳои "мақомоти амнияти" калимаи "миллии" илова карда, калимаҳои "мақомоти амният", "мақомоти амниятро" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти амнияти миллӣ", "мақомоти амнияти миллиро" иваз карда шаванд.
3. Аз матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "мақомоти ҳифзи Сарҳади давлатӣ" хориҷ карда шаванд.
4. Матни моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Мақомоти идораи давлатӣ, ки татбиқи сиёсатро нисбати гурезаҳо таъмин мекунанд, инҳоянд:
- мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.".
5. Дар моддаи 5:
1) дар қисми якум:
-аз сархати нӯҳум калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" хориҷ намуда, калимаҳои "(шӯъбаҳои раводид ва бақайдгирӣ)" берун аз қавсайн ифода карда шаванд;
...