Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1124 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ГУРЕЗАҲО"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи гурезаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ.1, мод.305; с. 2010, №1, мод.14; с. 2012, №12, мод.1013) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- сархати сеюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- ҷойи зисти муваққатӣ - ҷойи сукунати муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар хусуси гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод намудаанд ё гуреза дониста шудаанд";

- дар сархати чорум калимаҳои "шаҳодатномаи муваққатии бақайдгирии дархост" ба калимаҳои "шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда" иваз карда шаванд;

- сархатҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- маркази ҷойгиркунии муваққатӣ - Маркази махсусгардонидашудаи мақомоти корҳои дохилӣ барои ҷойгиркунии муваққатии шахсони паноҳҷӯянда ва аъзои оилаи онҳо, ки дар бораи гирифтани мақоми гуреза дар давраи гузаронидани чорабиниҳои ибтидоии айнияткунонӣ ва бақайдгирии пешбинигардида дархост пешниҳод намудаанд;

- ҳуҷҷати сафарӣ - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахсони гуреза донисташуда барои аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баромадан ва ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан дода мешавад;".

2. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 3. Шахсони ба ҳимояи байналмилалӣ сазовор набуда ё эҳтиёҷ надошта

1. Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шахсони паноҳҷӯянда ва гурезаҳо дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол ҷиноятҳои ҳарбӣ ё ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ ва амнияти инсониятро содир намудаанд, ки онҳоро санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

- агар асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки онҳо эҳтимол пеш аз ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он ҷинояти вазнини хусусияти сиёсидошта содир кардаанд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О БЕЖЕНЦАХ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 10 мая 2002 года "О беженцах" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2002 г., №4, ч.1, ст.305; 2010 г., №1, ст. 14; 2012 г., №12, ст. 1013) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 2:

- абзац третий изложить в следующей редакции:

"- место временного проживания - место временного расселения лиц, ищущих убежище, и членов их семей, ходатайствующих о признании их беженцами или признанных беженцами;";

- в абзаце четвертом слова "временное свидетельство о регистрации ходатайства" заменить словами "временное удостоверение лица, ищущего убежище";

- дополнить абзацами пятым и шестым следующего содержания:

"- центр временного размещения - Специализированный центр органов внутренних дел для временного размещения лиц, ищущих убежище, и членов их семей, ходатайствующих о получении статуса беженца, на период проведения предусмотренных первичных мероприятий по идентификации и регистрации;

- проездной документ - документ, выдаваемый органом внутренних дел, лицам, признанным беженцами, для выезда за пределы Республики Таджикистан и въезда на территорию Республики Таджикистан;".

2. Статью 3 изложить в следующей редакции:

"Статья 3. Лица, не заслуживающие международной защиты, либо не нуждающиеся в ней

1. Положения настоящего Закона не применяются в отношении лиц, ищущих убежище, и беженцев в следующих случаях:

- если имеются достаточные основания предполагать, что они совершили военные преступления или преступления против мира и безопасности человечества, предусмотренные международными правовыми актами, признанными Таджикистаном;

- если имеются достаточные основания предполагать, что они совершили тяжкие преступления неполитического характера за пределами Республики Таджикистан до прибытия на ее территорию;

...