Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997, № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули ташкили боркашониҳои байналмиллалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 02.10.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тадбирҳои рушду такомули ташкили боркашониҳои байналмиллалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарорҳои Ҳукумати ҶТ аз 08.12.1998с. №498, аз 16.07.1997с. № 321, аз 10.08.1999 с. № 370, аз 07.09.2006 с. № 423, аз 26.01.2008с № 47, аз 2.10.2010 № 527)

Бо мақсади ба тартиб даровардани низоми ташкили боркашониҳои автомобилӣ, танзими тартиби дохил ва хориҷ шудан, транзит ва ҳаракати боркашонҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили пардохти музд барои хизматрасонӣ, хизматҳои роҳу маишӣ, таҷҳизонидани шоҳроҳҳои автомобильгард, назорат аз болои риояи мӯҳлатҳои будубоши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527):

1. Номгуй роҳҳои автомобильгард, ки ҷиҳати рафтуомади транзитии боркашониҳои воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд, параметрҳои имконпазири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, номгӯи гузаргоҳҳои гумрукии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, номгӯи санадҳои асосие, ки барои анҷом додани боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд (замимаҳои № 1-4), тасдиқ карда шаванд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

2. Низоми рухсатдиҳии дохил ва хориҷ шудан, рафтуомади транзитӣ ба воситаи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар асноди ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи байналмилалии автомобилӣ дар байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои хориҷӣ муайян карда мешавад.

3. Санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома", ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад, барои воридоту содирот ва гузариши транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

Мақоми ваколатдори давдатии назорат ва танзим дар соҳаи иақлиёт дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ нуқтаҳои додани санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома"-ро барои боркашонҳои автомобилии хориҷӣ таъсис медиҳад.

Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додани варақаҳои "Рухсатнома"-ро ба боркашонҳои автомобилии хориҷӣ дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти аз ҷониби нуқтаҳои қабули пардохт ва боҷу хироҷи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ додашуда, мутобиқи мизони бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

4. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ваколатдори ҷумҳури хоҳиш карда шавад, ки дар пунктҳои гумрукии наздисарҳадии дар банди 16 ҳамин қарор зикргардида оид ба қабули пардохт ва боҷ инчунин мубодилаи асъор пунктҳо таъсис диҳанд (қарор Ҳукумати ҶТ аз 2.10.2010 № 527).

Пунктҳои зикргардида дар гузаргоҳҳои наздисарҳади маблағҳои аз ворид, убури нақлиёт, сафари транзити, истифодаи роҳҳои автомобилгард ва дигар боҷи ба даст овардаашонро ба буҷети ҷумҳури гузаронанд(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.08.1999 с. № 370).

5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои будубоши воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон боркашониҳои байналмилалиро анҷом медиҳанд (мувофиқи варақаҳои хатсайре, ки ба варақаи "Рухсатнома" замима мегарданд) назорат намуда, хориҷ шудани онҳоро дар давоми 15 рӯз таъмин созад. Дар айни замон ба хатти сайр ва даромадани ҳатмии боркашонҳои автомобилии хориҷӣ ба "Истгоҳ" таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ба ҳаракати онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода нашавад. (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 07.09.2006 с. № 423, аз 2.10.2010 № 527).

6. Муқаррар карда шавад, ки дохил шудан ва будубош дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла ба таври транзит) барои ашхоси хориҷие, ки боркашониҳои байналмилалиро бо вайрон кардани қоидаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои зикршуда, Конвенцияи Вена (оид ба санадҳои ронандагӣ) ва вайрон кардани созишномаҳои байниҳукуматӣ, ҳамчунин асноди меъёрии амалкунандаи ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд, боиси он мегардад, ки воситаи нақлиёт ба мақомоти минтақавии гумрук ё мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати чораандешӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бурда шавад.

...

Ставки за оформление въездных и выездных документов Приложение №5 утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№546

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О МЕРАХ ПО РАЗВИТИЮ И СОВЕРШЕНСТВОВАНИЮ ОРГАНИЗАЦИИ МЕЖДУНАРОДНЫХ АВТОМОБИЛЬНЫХ ПЕРЕВОЗОК В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 16.07.1997г.№321, от 10.08.1999г.№370, от 7.09.2006г.№423, от 26.01.2008г.№47, от 2.10.2010г.№527)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 16.07.1997г.№321, от 10.08.1999г.№370, от 7.09.2006г.№423, от 26.01.2008г.№47, от 2.10.2010г.№527)

В целях упорядочения системы организации международных автомобильных перевозок, регулирования порядка въезда и выезда, транзита и передвижения иностранных перевозчиков по территории Республики Таджикистан, организации уплаты платежей за сервисное обслуживание, дорожно-бытовые услуги, переоборудование автомагистралей, контроля за соблюдением сроков их пребывания на территории республики согласно законодательства Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить перечень автомобильных дорог, предназначенных для пропуска транзитных автомобильных перевозок иностранного автотранспорта через территорию Республики Таджикистан, допустимые параметры автотранспортных средств, перечень таможенных автопереходов Республики Таджикистан, граничащих с Республикой Узбекистан, Кыргызской Республикой, Исламской Республикой Афганистан и Китайской Народной Республикой, перечень основных документов, необходимых для выполнения международных автомобильных перевозок на территории Республики Таджикистан (приложения №1-4) (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.20107.№527).

2. Разрешительная система въезда, выезда и транзитного проезда через территорию Республики Таджикистан определяется Законом Республики Таджикистан "О правовом положении иностранных граждан в Республике Таджикистан" и иными актами законодательства Республики Таджикистан, межправительственными соглашениями о международном автомобильном сообщении между Республикой Таджикистан и иностранными государствами.

3.Правом въезда, выезда и транзитного проезда по территории Республики Таджикистан служит документ установленного образца -"Разрешение", которое выдаётся государственным уполномоченным органом по надзору и регулированию в области транспорта.

Государственный уполномоченный орган по надзору и регулированию в области транспорта организует на приграничных таможенных постах пункты по выдаче документа установленного образца "Разрешение" иностранным грузовым автоперевозчикам.

Государственный уполномоченный орган по надзору и регулированию в области транспорта производит выдачу бланков "Разрешений" иностранным грузовым автомобильным перевозчикам при наличии подтверждающих документов об оплате, выдаваемых пунктами по приему платежей и сборов на пограничных переходах, согласий ставкам, установленным законодательством Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.10.20107.№527)

4. Просить Национальный банк Таджикистана и уполномоченные коммерческие банки республики организовать на указанных в пункте 16 настоящего постановления пограничных таможенных постах пункты по приему платежей и сборов, а также пункты обмена валют.

Указанным пунктам на пограничных переходах полученные средства за въезд, выезд, транзитный проезд, эксплуатацию автомобильных дорог перечислить в Республиканский бюджет (в редакции Постановления Правительства РТ от 10.08.99г., №370)

5. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан установить контроль за пребыванием иностранных автотранспортных средств, осуществляющих международные перевозки на территории Республики. Таджикистан (согласно маршрутным листам, прилагаемым к "Разрешительному" бланку), обеспечив их выезд в течение 15 дней. При этом обратить особое внимание на маршрут движения и обязательный заезд иностранных автоперевозчиков в "Терминал", не допуская их движение по городу Душанбе и другим крупным городам Республики Таджикистан. (в редакции Постановления Правительства РТ от 16.07.97г., .№321)(в редакции постановления Правительства РТ от 7.09.2006г.№423)

...