қарори ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон аз 10 августи соли 1999, № 370 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 № 123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули боркашониҳои байналхалқии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шавад:

1. Банди 3 бо сархати дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

"Ассотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистони (АВВАТ) Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани бланкҳои "Рухсатнома"-ро ба боркашонҳои хориҷи дар ҳолати мавҷудияти асноди тасдиқкунандаи пардохти аз ҷониби пунктҳои қабули пардохт ва боҷу хироҷи гузаргоҳҳои наздисарҳади додашуда, мутобиқи ставкаҳои дар замимаи № 5 зикргардида, анҷом диҳад".

2. Банди 4 дар таҳрири нав баён карда шавад:

"Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии ваколатдори ҷумҳурӣ хоҳиш карда шавад, ки дар постҳои гумрукии наздисарҳадии дар банди 16 ҳамин қарор зикргардида оид ба қабули пардохт ва боҷ инчунин мубодилаи асъор пунктҳо таъсис диҳанд.

Пунктҳои зикргардида дар гузаргоҳҳои наздисарҳади маблағҳои аз ворид, убури нақлиёт, сафари транзити, истифодаи роҳҳои автомобилгард ва дигар боҷи ба даст овардаашонро ба буҷети ҷумҳури гузаронанд".

3. Банди 8 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"8. Аосотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистони (АВВАТ) Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои барои додани "Литсензия" ва бланкҳои "Рухсатнома" ба боркашонҳои автомобллии Тоҷикистон гирифтаашонро тибқи тартиби муқарраршуда барои ташкили "Истгоҳҳо" ва рушди боркашониҳои автомобилии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол диҳанд".

4. Сархати дуюми банди 13 дар таҳрири зайл баён карда шавад;

"Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумруки ҳамроҳи намудани боркашонҳои автомобилии хориҷии хориҷаи дур ва наздикро аз маҳалли убури сарҳад то "Истгоҳҳо"-и наздисарҳадии "АВВАТ", бо мақсади таҷаммӯъсози ва ҳамроҳии минбаъдаи онҳоро ба маҳалли таъинот таъмин намояд".

5. Қарор бо банди 16 дорои мазмуни зайл пурра карда шавад:

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОТ 26 МАРТА 1997 ГОДА №123 "О МЕРАХ ПО РАЗВИТИЮ И СОВЕРШЕНСТВОВАНИЮ ОРГАНИЗАЦИИ МЕЖДУНАРОДНЫХ АВТОМОБИЛЬНЫХ ПЕРЕВОЗОК В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 марта 1997 года №123 "О мерах по развитию и совершенствованию организации международных автомобильных перевозок в Республике Таджикистан" следующие изменения и дополнения:

1. Пункт 3 дополнить абзацем следующего содержания:

"Таджикской ассоциации международных автомобильных перевозчиков "АВВАТ" Министерства транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан выдачу бланков "Разрешений" иностранным автомобильным перевозчикам производить при наличии подтверждающих документов об оплате, выдаваемых пунктами по приему платежей и сборов на пограничных переходах по приведенным в Приложении №5 ставкам".

2. Пункт 4 изложить в следующей редакции:

"Просить Национальный банк Таджикистана и уполномоченные коммерческие банки республики организовать на указанных в пункте 16 настоящего постановления пограничных таможенных постах пункты по приему платежей и сборов, а также пункты обмена валют.

Указанным пунктам на пограничных переходах полученные средства за въезд, выезд, транзитный проезд, эксплуатацию автомобильных дорог перечислить в Республиканский бюджет".

3. Пункт 8 изложить в следующей редакции:

"8. Таджикской ассоциации международных автомобильных перевозчиков "АВВАТ" Министерства транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан средства, полученные от выдачи "Лицензий" и бланков "Разрешений" таджикским автоперевозчикам, направлять в установленном порядке на организацию "Терминалов" и развитие международных автомобильных перевозок в Республике Таджикистан".

4. Абзац второй пункта 13 изложить в следующей редакции:

"Таможенному комитету при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить сопровождение иностранных автомобильных перевозчиков дальнего и ближнего зарубежья с мест пересечения границ до приграничных "Терминалов" с целью их накопления и дальнейшего сопровождения к месту назначения".

5. Дополнить постановление пунктом 16 следующего содержания:

...