Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 № 527 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади таъмини рушди инфрасохторҳое, ки ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд, мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1996 № 286 "Дар бораи ваколати Ассотсиатсияи байналхалқии боркашонии автомобилии Тоҷикистон /АББАТ/" беэътибор дониста шавад.

2) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 1997 №123 "Дар бораи тадбирҳои рушду такомули ташкили боркашониҳои байналмилалии автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар муқаддима калимаи "андохтани" ба калимаи "даровардани" иваз карда шавад;

- дар банди 1 калимаҳои "Давлати Исломии Афғонистон" ба калимаҳои "Ҷумҳурии Исломии Афғонистон" иваз карда шаванд;

- банди 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"3.Санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома", ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дода мешавад, барои воридоту содирот ва гузариши транзитӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ медиҳад.

Мақоми ваколатдори давдатии назорат ва танзим дар соҳаи иақлиёт дар дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ нуқтаҳои додани санади намунаи муқарраршуда "Рухсатнома"-ро барои боркашонҳои автомобилии хориҷӣ таъсис медиҳад.

Мақоми ваколатдори давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт додани варақаҳои "Рухсатнома"-ро ба боркашонҳои автомобилии хориҷӣ дар ҳолати мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти аз ҷониби нуқтаҳои қабули пардохт ва боҷу хироҷи гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ додашуда, мутобиқи мизони бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда анҷом медиҳад";

- дар бандҳои 4, 12 ва 16 калимаҳои "постҳои" ва "дидбонгоҳҳои" мувофиқан ба калимаҳои "пунктҳои" ва "нуқтаҳои" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 калимаҳои "хатти сайр" ба калимаи "хатсайр" мваз карда шаванд;

- дар бандҳои 7 ва 13 калимаи "Истгоҳ" ба калимаҳои "Терминалҳои наздисарҳадии байналмилалии автомобилӣ" иваз карда шуда, калимаҳои "Ассотсиатсияи боркашонҳои байналхалқии автомобилии Тоҷикистон (АВВАТ) Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" хориҷ карда шавад;

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в некоторые постановления Правительства Республики Таджикистан

В целях обеспечения развития инфраструктуры, которое способствует выходу страны из коммуникационной изоляции в соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1) Постановление Правительства Республики Таджикистан от июля 1996 года №286 "О полномочиях Таджикской ассоциации международных автомобильных перевозчиков (АВВАТ)" признать утратившим силу.

2) В постановление Правительства Республики Таджикистан от 26 марта 1997 года №123 "О мерах по развитию и совершенствованию организации международных автомобильных перевозок в Республике Таджикистан" внести нижеследующие изменения и дополнения:

- в пункте 1 слова "Исламским Государством Афганистан" заменить словами "Исламской Республикой Афганистан";

- пункт 3 изложить в следующей редакции:

"3.Правом въезда, выезда и транзитного проезда по территории Республики Таджикистан служит документ установленного образца -"Разрешение", которое выдаётся государственным уполномоченным органом по надзору и регулированию в области транспорта.

Государственный уполномоченный орган по надзору и регулированию в области транспорта организует на приграничных таможенных постах пункты по выдаче документа установленного образца "Разрешение" иностранным грузовым автоперевозчикам.

Государственный уполномоченный орган по надзору и регулированию в области транспорта производит выдачу бланков "Разрешений" иностранным грузовым автомобильным перевозчикам при наличии подтверждающих документов об оплате, выдаваемых пунктами по приему платежей и сборов на пограничных переходах, согласий ставкам, установленным законодательством Республики Таджикистан"

- в пунктах 7 и 13 слова "Терминал" заменить словами "приграничные международные автомобильные терминалы" и исключить из текста слова "Таджикской ассоциацией международных автоперевозчиков (АВВАТ) Министерства транспорта Республики Таджикистан";

- пункт 8 изложить в следующей редакции:

"8.Государственный уполномоченный орган по надзору и регулированию в области транспорта, средства полученные от выдачи бланков "Разрешений" таджикским грузовым автоперевозчикам, направляет в установленном порядке на развитие отрасли международных автомобильных перевозок Республики Таджикистан";

- с первого абзаца пункта 13 исключить слова "Таджикской ассоциаций международных автомобильных перевозчиков (АВВАТ) Министерство транспорта Республики Таджикистан";

...