ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз 15.05.1997 № 421, аз 22.05.1998 № 622, аз 6.08.2001 № 33, аз 1.08.2003 № 29, аз 26.03.2009 № 500, аз 3.12.2009 № 565, аз 26.12.2011 № 769, аз 03.07.2012 № 863, аз 14.03.2014 № 1071)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXIII; с. 1998, №10, мод. 119, фасли XII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 93; №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713)
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои онҳоро бо мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки аз будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд .
I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебощанд ва хуччате доранд, ки мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад.
Шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти онҳоро ба шаҳрвандии давлати дигар надоранд, шахсони бешаҳрванд эътироф карда мешаванд .
Мутобиқи Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
...