ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006, №4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454)
(Қонуни ҶТ аз 29.04.2006 № 186, аз 30.07.2007 № 311, аз 31.12.2008 № 465, аз 5.10.2009 № 552, аз 28.06.2011 № 743, аз 28.12.2013 № 1049, аз 27.11.2014 № 1156, аз 16.02.2026 № 2249)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти онҳоро муайян менамояд (№ 2249).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳоеро танзим менамояд, ки дар соҳаи тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, коркард, истифода ва муомилоти (муомилоти маданӣ) онҳо ба миён меоянд, аз ҷумла (№ 2249):
соҳаи амалиёти инҳисории давлатиро муқаррар менамояд;
мақсад, усулу хусусияти танзими давлатии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар менамояд (№ 2249);
салоҳияти мақомоти Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад;
мақоми давлатии Фонди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва конҳои захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
шароити фаъолияти бозори металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (№ 2249);
мақоми назорати маҳаки давлатӣ ва захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд;
...