ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 4, мод. 194; соли 2006, № 4, мод. 199) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 12:
- банди 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;";
- банди 10 хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 2 моддаи 25:
- банди 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор доир ба истихроҷ, истеҳсол, ҷудо карда гирифтан, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;";
- банди 2 хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3 ва 4 мутаносибан бандҳои 2 ва 3 ҳисобида шаванд.
3. Дар моддаи 26:
- қисми 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. Назорати давлатӣ ва тадқиқу ҷустуҷӯи геологии конҳои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, истихроҷ, истеҳсол, истифода ва муомилоти онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.";
...