Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2006 № 186 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоқикистон, с.2001, №4 мод. 194) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 2:

- сархати чордаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо - ҳосил кардани металлҳои қиматбаҳо аз маъданҳои истихроҷшуда, маҷмӯи маъданҳо, хокаҳои ғанишуда (консентратҳо) ва дигар ниммаҳсулотҳо, инчунин шикасталораҳо ва партовҳое, ки дорои металлҳои қиматбаҳо мебошанд;";

- сархати нуздаҳум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо -фаъолияти вобаста ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуперсатсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чакана, инчунин гузаронидани амалиёти бонкӣ бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;".

2. Дар моддаи 3:

- дар қисми 3 калимаҳои "иҷозатномаи (литсензияи)" ба калимаи "иҷозатномаи" ва калимаҳои "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" дода шудааст" ба калимаҳои "дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода шудаанд" иваз карда шаванд;

- аз қисми 4 калимаҳои "дар литсензияҳо барои истихроҷи онҳо," хориҷ карда шаванд;

- ҷумлаи якуми сархати дуюми қисми 5 дар таҳрири зайл ифода карда шавад;

"мақомоту ташкилотҳои дорои ваколати махсус барои хариди металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои киматбаҳо танҳо ба шарти пешакӣ бастани қарордодҳои хариду фурӯш бо субъектҳои истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз се моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва бо субъектҳои истихроҷи сангҳои қиматбаҳо (дар мӯҳлати на камтар аз панҷ моҳ то рӯзи пешбинишудаи харид) ва додани пешпардохт (байона) аз ҳисоби пардохтпулии шартномавӣ аз ҳуқуқи имтиёзноки харид истифода бурда метавонанд. Ҳуқуқи хариди имтиёзнок ба мақомои ташкилотҳои зикрёфта дар доираи маблағе, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҳар сол муайян мекунад, дода мешавад."

3. Дар моддаи 4:

- дар қисми 1 калимаҳои "ҳамин конун ва қонунҳои дигар" ба калимахои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" иваз карда шаванд калимаи "(литсензия)" хориҷ карда шавад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., № 4, ст. 194) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 2:

- абзац четырнадцатый изложить в следующей редакции:

"производство драгоценных металлов - извлечение драгоценных металлов из добытых руд, комплексных руд, концентратов и других полупродуктов, а также лома и отходов, содержащих драгоценные металлы;";

- дополнить девятнадцатый абзац следующего содержания:

"оборот драгоценных металлов и драгоценных камней - деятельность, связанная с получением конечной продукции, аффинажем драгоценных металлов и рекуперацией драгоценных камней, скупкой у населения ювелирных и других бытовых изделий из драгоценных металлов и драгоценных камней и их лома, оптовой и розничной торговлей, а также с осуществлением банковских операций с драгоценными металлами и драгоценными камнями;".

2. В статье 3:

- в части 3 слова "на основании выданных в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О недрах" лицензий" заменить на слова "на основании выданных в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности" лицензий";

- из части 4 исключить слова "лицензиями на их добычу";

-первое предложение второго абзаца части 5 изложить в следующей редакции:

"специально уполномоченные органы и организации пользуются преимущественным правом покупки драгоценных металлов и драгоценных камней только при условии предварительного заключения с субъектами производства и добычи драгоценных металлов (не менее чем за три месяца до предполагаемой даты покупки) и с субъектами добычи драгоценных камней (не менее чем за пять месяцев до предполагаемой даты покупки), договоров купли - продажи и авансирования (выдачи задатка) в счет договорных платежей. Преимущественным правом покупки указанные органы и организации пользуются в пределах денежных сумм, устанавливаемых ежегодно Законом Республики Таджикистан "О государственном бюджете Республики Таджикистан".

3. В статье 4:

- в части 1 слова "настоящим Законом и другими законами" заменить словами "Законом Республики Таджикистан "О лицензировании отдельных видов деятельности";

...