Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2014 № 1156 "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО"

Моддаи 1. Ба моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006.,№4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454; с.2013, №12, мод.893) қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"7. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тибқи Қонуни мазкур ба истифода ва муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо машғуланд, ӯҳдадоранд оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок бо металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1156

ш.Душанбе

27 ноябри соли 2014 № 1156

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" қабул карда шавад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ДРАГОЦЕННЫХ МЕТАЛЛАХ И ДРАГОЦЕННЫХ КАМНЯХ"

Статья 1. Статью 19 Закона Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О драгоценных металлах и драгоценных камнях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №4, ст. 194; 2006г., №4, ст.199; 2007г., №7, ст.673; 2008г., №12, ч.2, ст.999; 2009г., №9-10, ст.545; 2011г., №6, ст.454; 2013г., №12, ст. 893) дополнить частью 7 следующего содержания:

"7. Физические и юридические лица, занятые в соответствии с настоящим Законом деятельностью по использованию и обращению драгоценных металлов и драгоценных камней обязаны предоставлять информацию обо всех подозрительных операциях и сделках с драгоценными металлами и драгоценными камнями в порядке, предусмотренном Законом Республики Таджикистан "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма" в уполномоченный орган по противодействию легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 27 ноября 2014 года, № 1156

г. Душанбе,

от 27 ноября 2014 года, № 1156

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнения в Закон Республики Таджикистан "О драгоценных металлах и драгоценных камнях".

...