ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МЕТАЛЛҲОИ ҚИМАТБАҲО ВА САНГҲОИ ҚИМАТБАҲО"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2001, №4, мод.194; с.2006, №4, мод.199; с.2007, №7, мод.673; с.2008, №12, қ.2, мод.999; с.2009, №9-10, мод.545; с.2011, №6, мод. 454) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун бо ҳарфҳои калон навишта шавад.
2. Дар тамоми матни Қонун бобҳо бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, номи онҳо бо ҳарфҳои калон навишта шаванд.
3. Сархатҳои ҳафтум ва ҳаштуми моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"канданиҳои фоиданоки пошхӯрда - пайдоишҳои табиии минералӣ, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, қалъагӣ, волфрам, металлҳои нодир, сангҳои зинатӣ ва ғайра, ки дар натиҷаи бодхӯрдашавии физикию химиявии ҷинсҳои кӯҳӣ, зуҳуроту конҳои канданиҳои фоиданоки аслӣ пайдо шудаанд;
усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ - тарзи ташкили истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда, ки тибқи иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар минтақаҳои қаъри замини захираҳояш ҳисобнашуда ва дар тавозуни давлатии захираҳои канданиҳои фоиданоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштанашуда амалӣ карда мешавад;".
4. Дар моддаи 4:
- қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёриро соҳибкоронӣ инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие амалӣ карда метавонанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" иҷозат гирифтаанд. Шартҳои иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.";
- қисми 3 хориҷ карда шавад;
- қисмҳои 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.
5. Ба моддаи 11 банди 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4) қоидаҳои иҷозатро барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифодаи усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ тасдиқ мекунад;".
...