ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 517; с. 2003, № 12, мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, № 7, мод. 654; с. 2011, № 12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812; с. 2016, № 7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564)
(Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 61, аз 9.12.2004 № 71, аз 25.07.2005 № 106, аз 3.03.2006 № 163, аз 30.07.2007 № 304, аз 26.12.2011 № 795, аз 26.12.2011 № 796, аз 01.08.2012 № 897, аз 23.07.2016 № 1324, аз 18.07.2017 № 1454, аз 17.12.2020 № 1749, аз 25.06.2021 № 1799, аз 08.06.2022 № 1871, аз 19.07.2022 № 1889, аз 01.10.2025 № 2183)

Қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон салоҳияти қонунгузори ва дигар салоҳияте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳо муқаррар намудаанд, амали мекунанд .
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304)
Қонунгузори дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Мӯҳлати ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
...