Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2007 № 304 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. .2001, № 7, мод. 517; с. 2003, №.12,.мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, №.3, мод. 145) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар номи моддаи 2 калимаи "вақолатҳои" ба калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми сеюми моддаи 3 калимаҳои "Маҷлиси Олии" ба калимаҳои "Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 4:

- қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояидагон ваколати ӯ пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад.";

- қисмҳои дуюм ва сеюм мутобиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд;

- дар қисми дуюм баъд аз калимаҳои "қабул мекунанд" калимаҳои ", ки он аз лаҳзаи қабул шуданаш амалӣ мегардад." илова карда шаванд.

4. Дар моддаи 6:

- дар номи модда калимаҳои "Шароити амалӣ" ба калимаҳои "Шартҳои амалӣ" иваз карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаҳои "касбии доими" ба калимаҳои "доимӣ ва касбӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 10:

- дар сархати сеюми қисми якум ва минбаъд дар тамоми матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаи "оиди" ба калимаҳои "оид ба" иваз карда шавад;

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г,,№7, ст, 517; 2003 г.№12, ст.689:.2004 г., №12, ч. 1,ст.698; 2005г., №7, ст 397; 2006 г.,№3,ст. 145) следующие изменения и дополнения:

1. В названии статьи 2 слово "полномочиях" заменить словами "правовом статусе".

2. В части третьей статьи 3 слова "Маджлиси Оли" заменить словами "Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" ;

3. В статье 4:

- дополнить частью второй следующего содержания:

"В случае назначения депутата Маджлиси намояндагон на другую должность его полномочия прекращаются досрочно.";

- части вторую и третью соответственно считать частями третьей и четвертой;

- в части второй после слов "Маджлиси намояндагон" дополнить словами ",которое вступает в силу с момента его принятия".

4. В части третьей статьи 6 слово "постоянной" заменить словами "постоянной и".

5. В части второй статьи 10 слова "нормативно - правовыми" заменить словами "нормативными правовыми".

6. В части третьей статьи 11 после слова "законами" дополнить словами "регламентами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон,".

7. В части второй статьи 12 слова "об изменениях" заменить словами "о внесении изменений и дополнений", слово "изменений" заменить словами "изменений и дополнений".

8. В статье 20 после слов "принятых мер" дополнить словом "письменно".

...