Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 № 71 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1.

Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2001, № 7, мод. 517; соли 2003, № 12, мод. 689) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 4:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад:

1) ҳангоми вафот;

2) истеъфо;

3) ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд;

4) ба қувваи қонуни даромадани ҳукми айбдоркунии суд;

5) қатъи шаҳрвандӣ;

6) тарки доимии ҷумҳурӣ;

7) ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси милли мувофиқ нест;

8) парокандашавии Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон.";

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в конституционный Закон Республики Таджикистан "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан"

Статья 1.

Внести в Конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 год, № 7, ст. 517; 2003 год, № 12, ст. 689) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 4:

часть первую изложить в следующей редакции:

"Полномочия члена Маджлиси милли и депутата Мажлиси намояндагон прекращаются досрочно в случае:

1) их смерти;

2) подачи в отставку;

3) признания их судом недееспособными;

4) вступления в законную силу обвинительного приговора суда;

5) прекращения гражданства;

6) выезда на постоянное место жительства за пределы республики;

7) занятия должности, не совместимой с полномочиями члена Маджлиси милли;

...