ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 майи соли 2022, № 728
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 майи соли 2022, № 728
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 309
ҷонибдорӣ гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 309
ҷонибдорӣ гардидааст
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба моддаи 3(1) Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 6 августи соли 2001 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654; с. 2011, №12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, №8, мод. 812; с. 2016, №7, мод. 601; с. 2017, № 7-9, мод. 564; с. 2020, № 12, мод. 899; с. 2021, № 6, мод. 381) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар матни модда калимаи "Ҳамчун" ба калимаҳои "Ман (насаб, ном ва номи падар), ҳамчун" иваз карда шавад;
...