Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2011 № 796 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод. 654) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 11. Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:

1) иштирок дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) иштирок дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;

3) иштирок дар кори Шӯро, кумитаҳо, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва дигар мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;

4) иштирок дар робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) иҷрои супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо;

6) пешниҳоди дархости вакилӣ;

7) иштирок дар муҳокимаҳои парламентӣ;

8) таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон;

9) баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон.

...

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРАВОВОМ СТАТУСЕ ЧЛЕНА МАДЖЛИСИ МИЛЛИ И ДЕПУТАТА МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О правовом статусе члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №7, ст.517; 2003 г., №12, ст. 689; 2004 г., №12, ч.1, ст. 698; 2005 г., №7, ст. 397; 2006 г., №3, ст. 145; 2007 г., №7, ст. 654) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 11 изложить в следующей редакции:

"Статья 11. Формы деятельности члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон

Формами деятельности члена Маджлиси милли и депутата Маджлиси намояндагон являются:

1) участие в совместных заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в соответствии с порядком, установленным Регламентом совместных заседаний Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

2) участие в заседаниях Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон в соответствии с порядком, установленным регламентами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон;

3) участие в работе Совета, комитетов и комиссий, в том числе временных комиссий, и других органов Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон в соответствии с порядком, установленным регламентами Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон;

4) участие в международных связях Маджлиси Оли Республики Таджикистан;

5) выполнение поручений Маджлиси милли, Маджлиси намояндагон и их органов;

6) внесение депутатского запроса;

7) участие в парламентских слушаниях;

8) разработка и внесение законопроектов на рассмотрение Маджлиси намояндагон;

9) рассмотрение обращений граждан.

...