КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, №12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806; с. 2011, №12, мод. 839; с.2013, №7, мод. 506; с. 2015, №3, мод. 203)
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 116, аз 30.07.2007 № 323, аз 6.10.2008 № 425, аз 26.12.2011 № 775, аз 22.07.2013 № 978, аз 18.03.2015 № 1181, аз 14.05.2016 № 1315, аз 24.12.2022 № 1933)
Кодекси мазкур муносибатҳои вобаста ба истифодаи фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти авиатсияро ба тартиб дароварда, асосҳои амали намудани сиёсати давлатиро дар ин соҳа муқаррар менамояд ).
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Истиқлолияти фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат мебошад ().
Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти пурра ва истисноиро нисбати фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Кодекси мазкур танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист мебошад .
Моддаи 3. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи фазои ҳавоӣ ва фаъолият дар соҳаи авиатсия
...