ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 342; с. 2005, № 12, мод. 631; с. 2007, №7, мод. 685; с. 2008, №10, мод. 806) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддима ва қисми якуми моддаи 54 калимаҳои "Ин Кодекс" ва "ин Кодекс" ба калимаҳои "Кодекси мазкур" иваз карда шаванд.
2. Номи бобҳо бо ҳарфҳои калон навишта шуда, рақамҳои римӣ дар бобҳо ба рақамҳои арабӣ иваз карда шаванд.
3. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Вазифаҳои Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои Кодекси мазкур танзими таъмини ҳамлу нақли ҳавоӣ, корҳои авиатсионӣ, мудофиа ва амнияти давлат, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, бехатарии парвози ҳавопаймоҳо, амнияти авиатсионӣ ва муҳити зист мебошад.".
4. Дар қисми якуми моддаи 9, бандҳои 9) ва 10) моддаи 14, қисми дуюми моддаи 22, қисми якуми моддаи 29, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 43, қисми якуми моддаи 54, қисми дуюм, сархатҳои якум ва дуюми қисми шашуми моддаи 56, ном ва матни моддаи 57, банди 3) қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 77, қисми панҷуми моддаи 78, номи боби XV, ном ва матни моддаҳои 93, 94, 95, 96, матни моддаи 97, ном ва қисми якуми моддаи 98, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 99, ном ва матни моддаи 100, ном ва матни моддаи 101, матни моддаи 102, ном ва матни моддаи 103, қисми якуми моддаи 104, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 105, ном ва матни моддаи 106, номи боби XVII, қисмҳои якум ва сеюми моддаи 109, ном ва матни моддаи 110, ном ва матни моддаи 111, ном ва қисмҳои якум ва сеюми моддаи 112, ном ва матни моддаи 113, матни моддаи 114, ном ва матни моддаҳои 115, 116, 117, 118, 119, 120, матни моддаи 121, ном ва матни моддаи 123, ном, қисмҳои якум ва панҷуми моддаи 126, ном ва матни моддаи 127 калимаҳои "интиқолоти", "интиқоли", "интиқолот" "интиқолӣ", "интиқолоте", "интиқолотдиҳандагон", "Интиқолоти", "Интиқолдиҳанда", "Интиқоли", "Интиқолдиҳандагон", "интиқолдиҳанда", "интиқолиро", "интиқол" ва "интиқолдиҳандаро" мутаносибан ба калимаҳои "ҳамлу нақли", "ҳамлу нақди", "ҳамлу нақл", "ҳамлу Нақлӣ", "ҳамлу нақле", "ҳамлу нақлдиҳандагон", "Ҳамлу нақли", "Ҳамлу нақлдиҳанда", "Ҳамлу нақли", "Ҳамлу нақлдиҳандагон", "ҳамлу нақлдиҳанда" "ҳамлу нақлиро", "ҳамлу нақл" ва "ҳамлу нақлдиҳандаро" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
6. Моддаи 5 хориҷ карда шавад.
7. Ном ва матни моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Кодекси мазкур Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
...