ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 342; соли 2005, №12, мод.631) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ
Фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ дар асоси иҷозатнома ба амал бароварда мешавад.
Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" сурат мегирад.".
2. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Боздоштани амал ва ё бекор кардани сертификат
Амали сертификат аз тарафи мақоме, ки сертификатро додааст, мумкин аст боздошта шавад, инчунин бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба амали он маҳдудиятҳо ҷорӣ карда шаванд.
Сертификат аз тарафи мақоме, ки ин ҳуҷҷатро додааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои умумии авиатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бекор карда шавад.".
3. Ҷумлаи дуюми қисми якум ва қисми дуюми моддаи 58 хориҷ карда шавад.
4. Дар моддаҳои 55, 56 ва 93 калимаҳои "лицензияҳои", "лицензияҳо", "лицензияи" ва "лицензия" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозатномаи" ва "иҷозатнома" иваз карда шаванд.
5. Дар қисми шашуми моддаи 56 ва моддаҳои 60, 63, 72 ва 77 калимаҳои "иҷозатномаи", "иҷозатномаҳои", "иҷозатнома", "иҷозатномаи", "иҷозатномаҳое" ва "иҷозатдиҳии" мутаносибан ба калимаҳои "иҷозати", "иҷозатҳои", "иҷозат", "иҷозатҳое" ва "иҷозатии" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...