×

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997

Санаи амалкуни: 22.07.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси меҳнати ҶТ аз 23.07.2016 № 1329 аз эътибор соқит дониста шуд.

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 718, аз 14.05.1999 № 756, аз 3.05.2002 № 10, 17.05.2004 № 26, аз 3.03.2006 № 158, аз 29.04.2006 № 182, аз 19.05.2009 № 512, аз 21.07.2010 № 612, аз 21.07.2010 № 616, аз 25.03.2011 № 683, аз 26.12.2011 № 778, аз 01.08.2012 № 880, аз 22.07.2013 № 981)

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 718, аз 14.05.1999 № 756, аз 3.05.2002 № 10, 17.05.2004 № 26, аз 3.03.2006 № 158, аз 29.04.2006 № 182, аз 19.05.2009 № 512, аз 21.07.2010 № 612, аз 21.07.2010 № 616, аз 25.03.2011 № 683, аз 26.12.2011 № 778, аз 01.08.2012 № 880, аз 22.07.2013 № 981)

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим менамояд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи шахсони воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин шахсоне, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 2. Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста

Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста инҳо мебошанд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси мазкур;

3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунгузории меҳнат танзим менамояд

Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи ашхоси воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин ашхосе, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрӣ оид ба меҳнат танзим мегардад.

Моддаи 2. Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста

Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста инҳо мебошанд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси мазкур;

3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;

5) Санадҳо , созишномаҳо: созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);

6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар доираи салоҳияти худ мебарорад);

7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

Моддаи 3. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Сатҳи ҳаддӣ ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд. Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба муқарароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд. Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд. Масъалаҳое, ки бо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо тавассути шартномаҳои меҳнатӣ ҳаллу фасл мегарданд. Дар сурати байни онҳо ба даст наомадани созиш тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва ё инфиродӣ мутобиқан муқаррар гардидаанд, ҳаллу фасл мешаванд.

Моддаи 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳақ дорад. Давлат ба ҳар як корманд ҳуқуқро барои инҳо кафолат медиҳад:

1) хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;

3) мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;

4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад;

5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

6) иштирок дар идора намудани ташкилот;

7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон - хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;

8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кӯчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунҳо;

9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё амволи ӯ расидааст;

10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;

11) корпартоӣ;

12) ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ;

13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун;

14) ҳимоя аз бекорӣ;

Корманд вазифадор аст:

1) мутобиқи шартномаи (қарордди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;

2) интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;

3) бо амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд;

Моддаи 5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии корфармо

Корфармо ҳуқуқ дорад:

1) ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намояд;

2) шартномаҳои (қарододҳои) меҳнатӣ бандад ва онҳоро бекор кунад;

3) шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;

4) дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҷузъии ҳуқуқӣ қабул намояд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист;

5) кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;

6) аз кормандон иҷрои қоидаҳои таритиботи дохилии меҳнатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартномаҳои меҳнатиро талаб намояд. Дар сурати вайрон кардани (аз ҷониби корманд роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ) интизоми меҳнатӣ кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;

7) якҷоя бо дигар корфармоён барои ҳимояи манфиатҳои касбии хеш иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил диҳад ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад.

Корфармо ӯҳдадор аст:

1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкури меҳнат, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар ташкилот риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд;

2) ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандро бо шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ташкилот шинос намояд;

3) музди меҳнати кормандро сари вақт пардозад;

4) ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.

Моддаи 6. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон

Амали Кодекси меҳнат ба ҳамаи кормандон татбиқ мегардад.

Меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон вобаста ба шакли моликияти ташкилот, ки корманд бо он муносибати меҳнатӣ дорад, шароит ва характери меҳнат, характери алоқаи меҳнатии корманд бо ташкилот, шароити табиию иқлимӣ ва дигар омилҳои объективӣ метавонад дорои хусусиятҳои хос бошад ва бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Дар айни замон сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳгои меҳнатӣ набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад.

Моддаи 7. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.

Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба ашхосе, ки мӯҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ намебошад.

Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ

Меҳнати маҷбурӣ манъ аст.

Чунин корҳо меҳнати маҷбурӣ намебошанд:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароти ҳолатҳои фавқулодда, ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3) корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.

Дар ин сурат кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида, ширкатҳои хусусӣ гузоштан мумкин нест.

Моддаи 9. Ҳифзи ҳуқуқии меҳнатии кормандон

Ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз тарафи мақомоти назорат ба риояи қонунҳо оид ба меҳнат, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ ва суд ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 10. Идораи давлатӣ дар соҳаи меҳнат

Мақоми давлатӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он идораи давлатии соҳаи меҳнатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда барои таҳия, татбиқ ва ҳамҳангсозии сиёсат дар соҳаи мазкур, ки шароити меҳнат ва шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, ҳиҷрати меҳнатии онҳоро дар бар мегирад, масъулият доранд.

Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нисбат ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҷумҳурӣ оид ба меҳнат қоидаҳои бештар имтиёзнокро барои кормандон муқаррар карда бошанд, дар ин ҳолат қоидаҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

Моддаи 12. Татбиқи қонунҳои меҳнат нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва ташкилотҳои хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, метавонанд, ба сифати коргар ва хизматчӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳо кор кунанд ва ё дар асос ва тибқи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, бо фаъолияти дигари меҳнатӣ машғул шаванд.

Амали қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ба ашхосе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, вале тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегардад.

Дар ташкилотҳое, ки пурра ва ё қисман ба ашхоси ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ мансубанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо илова ва истисноҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст, муқаррар намоянд, татбиқ мегарданд.

Моддаи 13. Баҳисобгирри мӯҳлате, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст

Мӯҳлате, ки Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рӯзи дигари баъди санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешвад.

Мӯҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири мӯҳлат ба охир мерасанд. Ба мӯҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рӯзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рӯзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.

Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рӯзи аввали кории минбаъда рӯзи ба охир расидани мӯҳлат ба ҳисоб меравад.

Моддаи 14. Амали замонии қонунҳо оид ба меҳнат

Санадҳои қонунгузорӣ амали баръакс надоранд ва ба муносибатҳои пас аз ба амал ҷорӣ шудани он ба миён омада татбиқ мегарданд.

Амали Қонун ба муносибатҳое, ки то ҷорӣ гардидани он ба миён омадаанд, танҳо дар ҳолатҳои дар Қонун бевосита пешбинишуда татбиқ мегардад.

Агар баъди бастани шартнома қонуне қабул шавад, ки он барои тарафҳо назар ба шартҳои ҳангоми бастани шартнома мавҷуд буда, шартҳои дигари ҳатмиро муқаррар менамояд, он гоҳ шартҳои шартномаи имзошуда эътибори худро нигоҳ медоранд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонун ба муносибатҳои аз шартномаҳои пештар баста шуда ба миён омада татбиқ гардидани амали он муқаррар шудааст.

Моддаи 15. Истилоҳоти асосӣ

Истилоҳоти асосие, ки дар Кодекси меҳнати мазкур истифода шудаанд, чунин мазмун доранд:

1) корхона-корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ;

2) воҳидҳо - цех, участка, бригада, шӯъба, идора ва дигар бахшҳои таркибии корхона;

3) корфармо - корхона ва ё шаҳрванди алоҳида, ки бо кормандон шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебандад;

4) корманди кироя - шахсе, ки бо корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бастааст;

5) шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, ки дар доираи онҳо меҳнат анҷом дода мешавад. Таҳти мафҳуми омилҳои иҷтимоӣ андозаи музди меҳнат, давомнокии рӯзи корӣ, рухсатӣ ва дигар шартҳое, ки қонунҳо, дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва инчунин созишномаи тарафҳо муқаррар намудаанд, фаҳмида мешавад. Таҳти мафҳуми омилҳои истеҳсолӣ шароитҳои техникӣ, санитарию гигиенӣ истеҳсолии маишӣ ва дигар шароитҳо, ки асноди қонунгузорӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудаанд, фаҳмида мешавад;

6) мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат - аз ҷониби корманд такроран вайрон намудани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар давраи амали ҷазои интизомии ба ӯ додашуда;

7) дағалона вайрон намудани интизоми меҳнат - ба кор омадан дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъамандӣ ва ё токсикӣ, бидуни сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба кор (аз ҷумла беш аз се соати корӣ ҳозир набудан дар ҷои кор), дар ҷои кор қасдан хароб намудан ё дуздидани амволи корфармо, аз ҷониби корманд вайрон кардани техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат, садама ва сӯхтор гаштааст;

8) ашхосе, ки узв ё иштирокчии корхона мебошанд - ҳаммолик ва соҳибони амвол, ки дар ин корхонаҳо бо ҳам муносибатҳои меҳнатӣ доранд;

9) квота - ин як ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тарзи хоҷагидорӣ, барои бо кор таъмин намудани ашхоси эҳтиёҷманди ҳимояи иҷтимоӣ пешниҳод мекунад;

10) бронь аз , ҳисоби ҷойҳои кории мавҷуда бо кор таъмин намудани гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон;

11) мутахассисони ҷавон - ашхосе, ки пас аз хатми донишкадаҳои миёнаи махсус ва олӣ мутобиқи роҳхати ин донишкадаҳо ба корхона ба кор қабул карда шудаанд;

12) шартҳои муҳими кор ,система ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзот ва низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти кории нопурра, ивазкунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгӯи вазифаҳо;

13) асноди меъёрии маҳдуд-асноде, ки корфармоён бо ризояти мақоми намояндагии кормандон қабул мекунанд ва амали он ба корхонаи мушаххас татбиқ карда мешавад.

БОБИ 2. КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ. НАМОЯНДАГИИ МАНФИАТҲОИ КОРМАНДОН

Моддаи 16. Коллективи меҳнатӣ

Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатии ташкилотро ташкил медиҳанд.

Ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онро қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи меҳнатӣ ва Оинномаи (Низомномаи) ташкилот муайян мекунанд.

Моддаи 17. Намояндагии кормандон дар ташкилот

Намояндагони кормандон дар ташкилотҳо ашхосе мебошанд, ки аз тарафи мақомоти меҳнаткашони ташкилотҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.

Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи мнфиатҳои онҳоро иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳо дар ташкилот, дигар мақомоти аз тарафи кормандон интихобшуда ба амал бароварда метавонанд.

Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён Қонун, созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

Кормандон худашон он мақомеро, ки намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.

Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.

Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон оиди амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.

Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои мақомоти намояндагӣ дар ташкилот

Мақомоти намояндагии кормандони ташкилот ҳуқуқ доранд:

1) гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрии меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадро пешниҳод кунанд;

2) дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;

3) ба риояи қонунҳо оид ба меҳнат, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ назорат кунанд;

4) дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;

5) дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ, агар қарор хилофи санади қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

6) тибқи тартиби пешбинамудаи қонунҳо корпартоӣ эълон кунанд;

7) ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амалӣ қонуниро анҷом диҳанд;

Ҳамаи мақомоти намояндагии аз тарафи кормандон ваколатдоршуда ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 19. Манъи халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот

Халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар кадом шакле, ки бошад манъ аст. Қатъ намудани фаъолияти мақомоти намояндагии кормандони ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ӯ манъ мебошад.

Корфармо, ашхоси ваколатдори ӯ, ки амали дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нишондодашударо анҷом додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

Моддаи 20. Вазифаи корфармо нисбат ба мақомоти намояндагии кормандон

Корфармо ва ашхоси ваколатдори ӯ вазифадоранд:

1) ба фаъолияти мақомоти намоляндагии кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;

2) қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо мақомоти намояндагии онҳо машварат кунанд;

3) пешниҳоди мақомоти намояндагии кормандонро сари вақт баррасиӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи хеш иттилои асоснок диҳанд;

4) ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон барои бемамониат ба ҷои кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, рафтани онҳо иҷозат диҳанд;

5) ба мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ бепул маълумоти зарури диҳанд;

6) барои иҷрои вазифаҳояшон ба мақомоти намояндагии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;

7) барои фаъолияти мақомоти намояндагии кормандон бино, воситаҳои нақлиётӣ, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;

8) дар муносибат бо мақомоти намояндагии кормандон дигар вазифаҳоро, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд.

Моддаи 21. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон

Ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоят аз ҳар гуна шакли таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки бинобар интихоб шуданашон ба мақомоти намояндагӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷои кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷои кор мавҷуд набошад, ҷои корӣ (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.

Моддаи 22. Мақомоти намояндагии корфармоён

Корфармоён ҳуқуқ доранд дар иттифоқҳо, ассосиасияҳо, конгрессҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён чун созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибони амвол, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо мақомоти намояндагии меҳнаткашон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад.

БОБИ 3. ШАРТНОМАҲО ВА СОЗИШНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

Моддаи 23. Мақсади бастани шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 24. Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ

Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо амалӣ мегардад.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.

Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мӯҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ҳисобот медиҳанд.

Моддаи 25. Масъулият барои иҷро накардани қонунҳо оид ба шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

Масъулиятро барои саркашӣ аз иштирок дар гуфтушунид, барои вайрон намудан ва иҷро накардани шартнома ва созишномаи коллективӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн мекунад.

БОБИ 4. ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 26. Мафуми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ- созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Моддаи 27. Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шаҳрванде, ки ба синни 15 расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, метавонанд тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, қисми дуюм) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ банданд.

Инҳо метавонанд чун корфармо, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошанд:

1) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин намояндагӣ ва филиалҳои он;

2) шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба сифати соҳибкори фардӣ ва ё ба сифати истифодабарандаи меҳнати ашхоси дигар барои эҳтиёҷи хоҷагии истеъмолии худ ба қайд гирифта шудааст.

Моддаи 28. Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд.Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар қонунҳо ва ё ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест.

Рад кардани беасоси бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо кормандоне, ки аз ҷониби хадамоти шуғли давлатӣ аз ҳисоби квота, брон ба кормандон фиристода шудааст, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

Рад кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.

Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

Корманд ҳуқуқ дорад ба шарте дар ду (чанд) ҷой кор кунад, бо якчанд корфармоён шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад, агар он бевосита дар Қонун манъ нашуда бошад.

Пеш аз бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун метавонад шартҳои иловагӣ гузошта шавад (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа).

Моддаи 29. Кафолатҳо ҳангоми қабул кардан ба кор

Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Рад кардани беасоси қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани ашхоси зайл ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:

-ашхосе, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;

-ашхосе, ки корфармо мутобиқи Қонун вазифадор аст бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад (маъюбон ва ашхоси синнашон аз ҳаждаҳ поёнтар, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни сесола доранд, мутаносибан бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо), дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо.

Дар сурати рад кардани қабул ба кор корфармо вазифадор аст бо талаби корманд дар мӯҳлати 3 рӯз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оиди чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 30. Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ

Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ ва шартномаи коллективӣ муайян мекунанд.

Дар матни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ бояд ҷои кор ( ташкилот ва ё воҳидҳои муайян), вазифаи меҳнатии корманд, рӯзи оғози кор мӯҳлати амалӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корӣ, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароитҳои меҳнат нишон дода шавад.

Сатҳи ҳуқуқҳо ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуданд, ҳангоми бастани шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ паст кардан мумкин нест.

Моддаи 31. Мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлатҳои зайл баста мешаванд:

1) ба мӯҳлатҳои номуайян;

2) ба мӯҳлати муайян (на бештар аз 5 сол);

3) барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷои кораш нигоҳ дошта мешавад;

4) ба мӯҳлати иҷрои кори муайян;

5) барои иҷрои корҳои мавсимӣ;

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Агар дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мӯхлати амали он нишон надода шуда бошад, пас шартнома ба мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб гардида, бидуни розигии корманд аз нав барои мӯҳлати муайян баста намешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) фаврии меҳнатӣ дар ҳолатҳое баста мешавнд, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун бастани шартнома барои мӯҳлати муайян имконпазир бошад.

Моддаи 32. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи меҳнатӣ метавонад хаттӣ ва ё шифоҳӣ баста шавад, қарордод бошад танҳо ба шакли хаттӣ баста мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии дар шакли хаттӣ басташуда дар ду нусха тартиб додашуда, ба он тарафҳо имзо мегузоранд. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода мешавад, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;

1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);

3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;

4) барои ӯҳдадорони ҳарбӣ , билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

Корфармо ҳуқуқ надорад, агар дар Қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар санадро талаб кунад.

Ба кор қабул намудан бо фармони (амри) ташкилот ё шахси ваколатдори ӯ ба расмият дароварда мешавад.

Фармон (амр) ба корманд бо гузаштани имзо эълон карда мешавад.

Амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Корманд дар сурати мавҷуд набудани шартномаи (қарордоди) хаттии меҳнатӣ бо огоҳии корфармо амалан ба кор шурӯъ карда бошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози кор баимзорасида ҳисоб шуда, бояд дар давоми се рӯзи оғози кор ба расмият дароварда шавад.

Моддаи 33. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созишномаи тарафайн муқаррар гардида ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.

Дар давраи санҷиш амали санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат ба корманд татбиқ мегардад.

Санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудани ашхоси синнашон ба ҳаждаҳ нарасида, мутахассисони ҷавон, ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар, инчунин ҳангоми тибқи озмун ба кор қабул намудан муқаррар карда намешавад.

Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набуд, ба ҳисоби мӯҳлати санҷиш дохил намегардад.

Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани қайд чунин ҳисоб мешавад, ки корманд бидуни санҷиши пешакӣ ба кор қабул карда шудааст.

Агар пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ изҳороте надиҳанд, пас амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ роҳ дода мешавад.

Моддаи 34. Шартномаи шогирдӣ

Корфармо ҳуқуқ дорад ба ашхосе, ки кор мекобанд, барои мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида барои таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирд бо мақсади омӯхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.

Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома бо ашхосе, ки омӯзишро хатм намудаанд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад.

Музди меҳнат ҳангоми таълим тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 35. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

Ба дигар кори доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.

Розигии корманд барои дар худи ҳамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам, бояд ба таври хаттӣ гирифта шавад.

Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ҳисоб карда ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад.

Агар давом додани кор аз рӯи вазифаи меҳнатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективи, ки Қонун пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ қатъ гардад.

Моддаи 36. Тағйир ёфтани шароити меҳнат

Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.

Дар шартномаҳои коллективӣ метавонад машварати пешакӣ бо мақомоти ҳифзкунандаи манфиати кормандони ташкилот оид ба тағйироти шароити меҳнат барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.

Корфармо вазифадор аст кормандонро оид ба тағйирёбии ояндаи шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ӯ барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона маблағ пардохта шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд арз кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо вазифадор аст исбот кунад, ки нигоҳ доштани шароити пештари меҳнат имконнопазир аст.

Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷои корӣ ҳуқуқ дорад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот, бидуни риояи мӯҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.

Моддаи 37. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати бекористӣ

Дар сурати бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар, бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба мӯҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошд.

Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.

Моддаи 38. Муваққатан боздоштани истеҳсолот

Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро ҳис намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот кори воҳидҳои (цехҳо, участкаҳо, бригадаҳои) алоҳидаро бидуни гузаронидани чораҳои ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боз дорад.

Муваққатан боздоштани ташкилот чун бекористии бидуни гуноҳи корманд ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар дар ҳаҷми маблағи моҳона (маош) ҳақ дода мешавад.

Муваққатан боз доштани кор бидуни додани ҳаққи бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

Моддаи 39. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда кормандони ихтисоснокро бидуни розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

Моддаи 40. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ

Бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ кормандро бидуни розигии ӯ ба мӯҳлати то як моҳ ба кори дигар муваққатан гузаронидан мумкин аст. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ӯ мебошад, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан гузаронидан ба корманд аз рӯи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара ҳақ дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсоли мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин ҳаҷми мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 41. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо ташаббуси ташкилот

Хоҳиши корманд дар бораи гузаронидан ба кори дигар бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонда шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.

Номгӯи сабабҳои узрнокро барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин тартиби пардохти музди меҳнатро ҳангоми гузаронидан ҳамин Кодекс, шартномаи коллективӣ агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.

Моддаи 42. Вазифаи корфармо оиди пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо вазифадор аст, бо розигии мақоми намояндагии кормандони ташкилот ва мақоми дахлдори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, бинанд:

1) маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (чанд) ҷой кор мекунанд;

2) маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақтҳои муқаррарӣ;

3) тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми чоруми моддаи 36 ҳамин Кодекс;

4) муваққатан боз доштани истеҳсолот тибқи моддаи 38 ҳамин Кодекс;

5) давра ба давра озод кардани кормандон;

6) дигар чорабиниҳо, агар онҳоро шартномаи коллективӣ пешбинӣ карда бошад.

Моддаи 43. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани молик ва аз нав ташкил кардани ташкилот

Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин аз нав ташкил кардани (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо шудан ва дигаргун сохтани) он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардидаи онҳо мумкин аст.

Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи молик ҳақ дорад шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатиро, ки молики пештара бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот ба ҷо меоваранд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақом ба тобеияти мақоми дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи (қарордоди) меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

Моддаи 44. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:

1) бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома (қарордод) ҳар вақт қатъ карда шавад;

2) бо ташаббуси корманд;

3) бо ташаббуси корфармо;

4) бо гузаштани мӯҳлат;

5) бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда.

Моддаи 45. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Корманд ҳақ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро, ки ба мӯҳлати номаълум баста шудааст, бекор кунад.

Баъди гузаштани мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро супорида, бо ӯ ҳисобу китобро баробар кунад.

Бо хоҳиш ва розигии корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба итмом расидани мӯҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар мӯҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.

Дар давоми мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пас гашта гирад, агар ба ҷои кори ӯ ба таври гузарондан, корманди дигар даъват нашуда бошад.

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ӯ, ки барои аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.

Корманд ҳақ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома (қарордод) корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷои кор ба ӯ хабари нодуруст дода аст ё ӯҳдадориашро оиди таъмини шароитҳои солим ва бехавфи меҳнат дар ҷои кор вайрон кардааст, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бидуни огоҳии пешакии корфармо бекор кунад.

Моддаи 46. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бояд асоснок бошад. Инҳо асос шуда метавонанд:

1) барҳам хӯрдани ташкилот; қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;

2) ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё кори иҷро мекардагиаш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё аҳволи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад;

3) бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ӯ гузоштааст, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад.

4) прогул (аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор ) бидуни сабабҳои узрнок;

5) ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомила ва таваллуд, агар қонунгузорӣ мӯҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷои корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхӯрии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

6) дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;

7) дуздидани амволи корфармо дар ҷои кор, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст;

8) қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардондани кор дар чанд ҷой;

9) қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;

10) вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;

11) аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳгоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медиҳад;

12) аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;

13) вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун ҳангоми қабул ба кор.

Қонунҳо, оинномаҳо ва низомномаҳои оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 1 (бағайр аз барҳам хӯрдани ташкилот) ва 2 ҳамин модда, банди 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ӯ ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии мувақкатӣ (бағайр аз озодкунӣ аз рӯи банди 5 ҳамин модда) ва дар давраи дар рухсатӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти соҳибкор, роҳ дода намешавад.

Моддаи 47. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дар сурати бекор шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бино бар тағйир ёфтанишумораи (штати) кормандон ё шароити меҳнат

Дар сурати бекор шудан шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми корҳо, ки боиси тағйири шумораи (штати) кормандон ё тағйири хусусияти корҳо гардидааст, ҳуқуқи имтиёзнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.

Дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:

- ба кормандоне, ки ду ва аз ин зиёд хӯранда доранд;

- ба шахсоне, ки дар оилаашон дигар кормандони дорои музди меҳнати мустақилона мавҷуд нестанд;

- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи тӯлонии кор доранд;

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбҳои техникиро ба итмом расондаанд, ба шарте ки баъди хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рӯи ихтисос кор кунанд;

- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

- ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар;

- ба шахсоне, ки ба касалии шуоъ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо паҳншавии нури радиационӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки алоқамандии, маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ муқаррар шудааст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳи зикршуда эвакуация ё кӯчонда шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;

- ихтироъкорон.

Дар шартномаи (қарордоди) коллективӣ метавонад дигар ҳолатҳое, пешбинӣ карда шавад, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

Моддаи 48. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигармақоми намояндагии кормандон

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) баъди пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома ва созишномаи меҳнатӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо танҳо бо розигии пешакии иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон дар бораи қарори қабулшуда доир ба масъалаи ризоят барои бо корманд қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дорад, дар шакли хаттӣ ба корфармо бояд хабар диҳад.

Корфармо ҳақ дорад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қатъ намояд.

Моддаи 49. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, дар мӯҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳонад:

1) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моҳ;

2) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардагиаш мувофиқ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё аҳволи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз ба кор набарояд ва музди кораш нигоҳ дошта шавад.

Бо созишномаи тарафҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад аз рӯи асосҳои зикршуда то ба охир расидани мӯҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи рӯзона барои ҳар рӯзи боқимондаи то ба охир расидани ин мӯҳлат бекор карда шавад.

Корфармо вазифадор аст дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонун дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақоми дахлдори хадамоти шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.

Моддаи 50. Кафолату имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

1) кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

2) нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақоми шуғли аҳолӣ, агар корманд дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақом муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

3) ҳуқуқ барои як сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, бо кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд мӯҳлати аз ин дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи ба кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Моддаи 51. Қатъ кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баробари ба итмом расидани мӯҳлати он қатъ мегардад. Агар баъди гузаштани мӯҳлат муносибатҳои меҳнатӣ давом кунад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мӯҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба мӯҳлати номаълум идомадошта ҳисобида мешавад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ӯ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи ба кор баргаштани ин корманд қатъ мегардад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъди ба охир расидани он қатъ мешавад.

Моддаи 52. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани мӯҳлат

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ, ки дар бандҳои 2 ва 4 моддаи 31 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани мӯҳлат аз рӯи асосҳои пешбиникардаи моддаи 43 ва 44 ҳамин Кодекс бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.

Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар вазифаҳои меҳнатии худро вайрон кардани корманд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад.

Моддаи 53. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд, қатъ карда мешавад:

1) ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмнома, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд;

4) бинобар вафот кардани корманд;

5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

6) дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонун пешбинӣ кардааст.

Моддаи 54. Аз кор дур кардан

Корфармо ӯҳдадор аст бо талаби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории ҷумҳурӣ кормандро аз кор дур кунад.

Корфармо ҳақ надорад, ки корманди дар ҳолати мастӣ аз шароб, моддаҳои нашъаовар ва ё токсикӣ ба кор ҳозиршударо дар ҳамон рӯзи (сменаи) корӣ ба кор роҳ диҳад.

Дар давраи аз кор дур кардан музд дода намешавад.

Моддаи 55. Кӯмакпӯли дар вақти аз кор рафтан

Ба корманд дар сурати қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои аз кор рафтан кӯмакпулӣ дода мешавад:

- бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11, қисми 1 моддаи 46 ҳамин Кодекс;

- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истиснои ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмномаи суд (банди 3 моддаи 53 ҳамн Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 ҳамин Кодекс).

Ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан бо роҳи зарб задани чоряки музди миёнаи моҳона ба шумораи солҳои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз ҳаҷми музди миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Моддаи 56. Дафтарчаи меҳнатӣ

Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамояд. Тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаҳои меҳнатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Корфармо вазифадор аст ба ҳаммаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд.

Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор кайд карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфамо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.

Моддаи 57. Вазифаи корфамо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот

Корфармо вазифадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рӯи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамон ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа, вақти кор ва ҳаҷми музди меҳнат маълумотнома диҳад.

Моддаи 58. Роҳ надодани ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.

Ҳангоми баррасии баҳс дар суд ба зиммаи корфармо вазифа гузошта мешавад, ки зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

Агар дар шартномаи коллективӣ пешакӣ гирифтани розигии мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бо ташаббуси корфармо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ суд дар қатори дигар далелҳо розигии мақомоти мазкурро ба ҳисоб мегирад.

Моддаи 59. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Ҳангоми аз ҷониби суд ба кор барқарор намудани корманд ба зиммаи корфармо оиди ҷуброни зарари ба корманд расонидашуда вазифа гузошта мешавад.

Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

1) ҳатман пардохтани вақти прогули маҷбурӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди аз даст дода;

2) ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти бурдани кори парванда);

3) имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи ҳармоҳаи корманд камтар буда наметавонад.

БОБИ 5. ВАҚТИ КОР

Моддаи 60. Мафҳуми вақти кор. Давомнакии мӯътадил вақти кор

Вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд.

Давомнокии мӯтъдили вақти кор дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.

Моддаи 61. Давонокии кӯтоҳии вақти кор

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:

1) ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд (моддаи 17 ҳамин Кодекс);

2) ба кормандони маъюб (моддаи 152 ҳамин Кодекс);

3) ба кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид (моддаи 62 ҳамин Кодекс) машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд (моддаи 63 ҳамин Кодекс).

Моддаи 62. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар ҷараёни меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд. Рӯйихати истеҳсолот, цехҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти кор ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 63. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, педагогҳо ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддатӣ баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии вақти кор дар як ҳафта на бештар аз 35 соат муқаррар карда мешавад.

Номгӯи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кори онҳоро ташкилот қонунгузорӣ ва дигар ташкилот мехёрии ҳуқуқии оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 64. Вақти нопурраи кор

Бо созишномаи байни корманд ва корфармо чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ минбъад рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад.

Корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муқаррар намояд.

Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи Қонун камтар бошад.

Кор дар шароити вақти нопурраи кор барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.

Моддаи 65. Навъҳои ҳафтаи кор. Низоми вақти кор

Навъҳои ҳафтаи кор (ҳафтаи кори панҷрӯза бо ду рӯзи истироҳат ё ҳафтаи кори шашрӯза бо як рӯзи истироҳат, ҳафтаи кор бо рӯзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти кор (давомнокии вақти кори ҳамарӯза (смена), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи смена дар як шабонарӯз, иваз намудани рӯзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як смена ба сменаи дигар) дар ташкилот тибқи тартиби дохилии меҳнат, дигар санади маҳдуди меъёрӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо , тибқи созишномаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 66. Кори сменавӣ

Ҳангоми кори сменавӣ давомнокии кори ҳамарӯза (смена) тибқи ҷадвали сменавӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон тасдиқ карда мешавад, муқаррар гардида, дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.

Кормандон якдигарро дар смена баробар иваз мекунанд. Аз як смена ба дигар смена гузаштан мутобиқи ҷадвали кори сменавӣ сурат мегирад.

Паи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду смена манъ аст.

Моддаи 67. Давомнокии вақти кор

Дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кори муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) набояд аз ин зиёд бошад:

- дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи корӣ муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

- барои кормандони синни аз 15 то 16 ,5 соат, аз 16 то 18 - 7 соат;

- барои хонандагони муассисаҳои маълумоти умумӣ (мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд , синни аз 14 то 16 , 2,5 соат, синни аз 16 то 18 , 3,5 соат;

- барои маъюбон ,6 соат.

Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи кор агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

Моддаи 68. Ба қисмҳо тақсим кардани рӯзи кор

Дар корҳои дорои хусусияти хоси меҳнат агар зарур шавад, рӯзи кор бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, ба шарте, ки давомнокии умумии вақти кор аз давомнокии муқарраргардидаи кори ҳаррӯза зиёд набошад.

Намуди корҳое, ки дар онҳо рӯзи кор ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит шартнома ва созишномаи коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 69. Давомноки кор дар арафаи рӯзҳои ид

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар арафаи рӯзҳои ид (ғайрикорӣ, моддаи 83 ҳамин Кодекс) барои ҳамаи кормандон на камтар як соат кӯтоҳ карда мешавад.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) пеш аз рӯзи ид дар ҳолатҳое, ки агар пеш аз рӯзи ид рӯзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кӯтоҳи ҳафтаи кор муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.

Дар истеҳсолоти муттасил ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза дар рӯзҳои пеш аз ид имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ ба мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ прдохта мешавад.

Моддаи 70. Давомнокии вақти кори шабона

Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад.

Давомнокии кори шабона бо мутаносибан кӯтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи кор як соат кӯтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррӯзаи (смена) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.

Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар вақти шабона имкопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёд аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудаст, ҷуброн карда мешавад.

Ба кори шабона ҷалб намудани кормандон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки моддаҳои 152, 161, 181 ҳамин Кодекс муқаррар кардаанд, сурат мегирад.

Моддаи 71. Якҷоя ба ҳисоб гирифтани вақти кор

Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти корро риоя кардан мумкин нест, метавонад баҳисобгирии якҷояи вақти кор ҷорӣ карда шавад, ба шарте, ки давомнокии вақти кор дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи мӯътадили соатҳои кор (моддаҳои 67 - 70 ҳамин Кодекс) зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии кори ҳаррӯза (смена) аз 12 соат зиёд бошад. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти корро шартномаи меҳнатӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфамо баъди маслиҳат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муқаррар менамоянд.

Моддаи 72. Изофакорӣ

Изофакорӣ коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кори давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.

Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 73 ин Кодекс муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.

Корфармо вазифадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити мӯътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.

Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдуддиятҳое, ки моддаҳои 152, 163, 181 ин Кодекс муқаррар намудаанд, сурат мегирад.

Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорӣ манъ аст.

Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ин бошад;

- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

- чор соат дар дигар корҳо.

Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Моддаи 73. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоанд:

а) иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатар зарур аст;

б) иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти мӯътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

в) зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки онро бинобар сабабҳои техникӣ ғайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ иҷро кардан имкон надорад, дар сурате, ки зимнан қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад;

г) иҷрои корҳои муваққатӣ оиди таъсир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайронии онҳо боиси қатъ шудани кори бисёр коркунон мегардад;

д) давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчӣ чораҳои фаврӣ андешад;

е) иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ғуншавии бор дар нуқтаҳои борфиристию боргирӣ ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

Моддаи 74. Ҳисобкунии вақти корӣ

Корфамо вазифадор аст вақти кореро, ки ҳар корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт аниқ ҳисоб кунад.

БОБИ 6. ВАҚТИ ДАМГИРӢ

Моддаи 75. Мафҳуми вақти дамгирӣ ва намудҳои он

Вақти дамгирӣ вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи Қонун аз иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад.

Навъҳои вақти дамгирӣ инҳоянд:

а) танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ;

б) танаффусҳо байни рӯзҳои (сменаи) корӣ;

в) рӯзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);

г) рӯзҳои ид;

д) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;

е) рухсатиҳои таҳсил;

ж) рухсатиҳои иҷтимоӣ.

Моддаи 76. Танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ

Дар давоми рӯзи корӣ (смена) ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус дода шавад.Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори сменаҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Чун қоида танаффус бояд камаш баъди чаҳор соати шурӯи дода шаавад.

Ин гуна танаффусҳо ба вақти кор дохил намешаванд ва ба онҳо музд дода намешавад ва давомнокии онҳо набояд аз ду соат зиёд бошад.

Дар корҳое, ки аз рӯи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироҳат ва таомхӯрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё кунад. Номгӯи чунин корҳо дар қарордодҳои коллективӣ (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муайян мегардад), ҷои истироҳат ва таомхӯрӣ аз тарафи корфамо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 77. Танаффусҳои дохили сменавӣ. Танаффусҳои махсус барои гармшавӣ ва дамгирӣ

Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилисменавӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамояд. Навъи ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар қарордодҳои коллективӣ тасдиқ карда мешавад (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошанд - бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии коркунони ташкилот, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).

Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармшаванда кор мекунанд, борбардороне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурӯҳи коркунон мувофиқи шароит ва тартибе, ки қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳо оид ба меҳнат пешбинӣ намудаанд, барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани тифл (моддаи 166 ҳамин Кодекс) танаффусҳои махсус барои истироҳат дода мешавад.

Чунин танаффусҳо ба ҳисоби вақти кор дохил гардида, музди онҳо пардохта мешаванд. Корфармо вазифадор аст биноҳоеро, ки ҷиҳати гармшавӣ ва ё салқиншавӣ, инчунин истироҳати кормандон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.

Моддаи 78. Давомнокии истироҳати ҳаррӯза

Ба кормандон бояд танаффуси байни рӯзҳои корӣ (сменаҳо) бо давомнокии на камтар аз 12 соат дода шавад.

Моддаи 79. Рӯзҳои истироҳат

Ба ҳамаи кормандон рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад. Дар ҳафтаи панҷрӯзаи кор ба кормандон дар ҳафта ду рӯзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрӯзаи корӣ - як рӯз истироҳат дода мешавад.

Рузӣ истироҳати умумӣ , якшанбе мебошад. Рӯзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ, тибқи ҷадвали кори ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рӯзи истироҳат, чун қоида паи ҳам дода мешавад.

Моддаи 80. Рӯзҳои истироҳат дар ташкилотҳои муттасил амалкунанда ва ташкилотҳое, ки кор дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ қатъ намегардад

Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рӯзҳои истироҳат дар рӯзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурӯҳ кормандон мувофиқи ҷадвали сменаҳо, ки корфармо бо машварати пешакии мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муқаррар кардааст, дода мешавад.

Дар ташкилотҳое, ки фаъолият дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ вобаста ба зарурати таъминоти аҳолӣ (театр, музей, магазин, ташкилотҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ қатъ намегардад, рӯзҳои истироҳат бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 81. Манъи кор дар рӯзҳои истироҳат. Мавридҳои истисноии ҷалби кормандон ба кор дар рӯзҳои истироҳат

Дар рӯзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.

Дар рӯзҳои исироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормадони ташкилот дар ҳолатҳои истисноии зайл иҷозат дода мешавад:

- барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаҳи истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо;

- барои пешгирии ҳодисаҳои фоҷиавӣ, ҳалокат ва нобудшавии амвол;

- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мӯътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи маҳдудиятҳои муайяннамудаи моддаҳои 152, 162, 181 ин Кодекс ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 82. Ҷу брони кори рӯзҳои истироҳат

Кори рӯзҳои истироҳат мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рӯзи истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 105 ин Кодекс ҷуброн мегардад.

Моддаи 83. Рӯзҳои ид

Ташкилотҳо дар рӯзҳои идҳои зерин кор намекунанд:

1 январ - Соли нав;

8 март - Рӯзи байналхалқии занон

21- 22 март - ҷашни Наврӯз

1 май - Рӯзи ҳамраъии байналмилалӣ меҳнаткашон;

9 май - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

9 сентябр - Рӯзи истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6 - ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Иди Рамазон - як рӯз ҳар сол, рӯзе, ки рост меояд;

Иди Қурбон - як рӯз ҳар сол, рӯзе, ки рост меояд.

Дар рӯзҳои ид корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил амалкунанда) номумкин аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.

Кор дар рӯзҳои ид тибқи муқаррароти моддаи 105 ин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали корӣ баъди рӯзи ид гузаронида мешавад.

Рӯзҳои хотиравии зайл бидуни истироҳат ид карда метавонанд:

- 22 июл , Рӯзи забони тоҷикӣ;

- иди Меҳргон;

- иди Сада.

Моддаи 84. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

Ба ҳамаи кормандон рухсатиҳои меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола барои истироҳат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ, ба нигоҳ доштани ҷои кор (вазифа) дода мешавад.

Иваз кардани рухсатӣ бо ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад.

Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсола

Рухсатии асосии ҳарсола ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, собиқаи кор, вазъи саломатӣ, хусусият ва характери вазифаҳои меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳо метавонад мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳои асосии дарозкардашуда дода шавад.

Рухсатии асосии дарозкардашудаи ҳарсола, аз ҷумла, ба инҳо дода мешавад:

-ба кормандоне, ки синнашон ба ҳаждаҳ нарасидааст- на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ, ки метавонанд онро дар мавсими тобистон ё дигар мавсими барояшон муносиби сол истифода баранд;

- ба кормандони маюб- на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ (моддаи 152 ин Кодекс).

Давраи корношоямии муваққатӣ инчунин рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатиҳои ҳарсола ҳамроҳ карда намешаванд.

Моддаи 86. Рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола

Корфармо вазифадор аст ба инҳо рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад;

- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин кор мекунанд (моддаи 87 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки корашон характери махсус дорад (моддаи 88 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки дар шароти номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд (моддаи 89 - уми ин Кодекс);

-дар мавридҳои дигаре, ки дар қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ, шартномаҳои коллективии меҳнатӣ (қарордод) пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 87. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зараноку вазнини меҳнат

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кӯҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кӯҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию химявӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 88. Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор

Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рӯзи тақвимӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои характери махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.

Номгӯи касбу, вазифаи кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои характери махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 89. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Давомнокии мушаххаси рухсатӣ ва шарти додани онро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Моддаи 90. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои ҳарсола

Давомнокии рухсатиҳо бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Рӯзҳои ид, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд ва рӯзи корӣ намебошанд, мувофиқи моддаи 83 ин Кодекс ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки мӯҳлати онро Қонун муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳо мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.

Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рӯзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рӯз ба инобат гирифта намешавад.

Моддаи 91. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад.

Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад инҳо дохил мешаванд:

- вақти кори воқеӣ дар давоми сол;

- вақте, ки корманд амалан кор накардаву вале ҷои кораш (вазифааш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст;

- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;

- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), қарордодҳои коллективӣ ва дигар санадҳои алоҳидаи ташкилот, шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.

Агар дар шартномаи коллективӣ, дигар шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки ба рухсатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:

- вақти бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набудани корманд;

- вақти рухсатиҳои бемаош барои нигоҳубини кӯдак то ба синни муайяннамудаи қонун расидани ӯ;

- вақти рухсатиҳои бемаош, ки ба хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рӯзи тақвимӣ дода шудааст.

Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба меҳнат метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.

Моддаи 92. Тартиби додани рухсатӣ

Рухсатӣ барои соли аввали кор баъди гузаштани 11 моҳи кори бефосила дар ҳамон корхона дода мешавад. То гузаштани 11 моҳи бефосила бо хоҳиши корманд ба инҳо рухсатӣ дода мешавад:

-ба занон - пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ва ё бевосита баъди он;

- ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд;

-дар мавридҳои дигари пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ.

Рухсатӣ барои соли дуюм ва солҳои баъд метавонад дар ҳар вақти соли корӣ мутобиқи ҷадвали навбати рухсатӣ дода шавад.

Рухсатии ҳарсола дар ҳолатҳои зайл бо хоҳиши корманд ба вақти дигар гузаронида мешавад:

-ҳангоми корношоямии муваққатии корманд;

-ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз тарафи корманд;

-дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Агар сабабҳои ба истифодаи рухсатӣ монеъшаванда то оғози он ба миён омада бошанд, пас бо мувофиқи байни корманд ва корфармо мӯҳлати дигари истифодаи рухсатӣ муайян карда мешавад.

Агар музди давраи рухсатӣ сари вақт пардохта нашавад, бо аризаи корманд рухсатӣ ба мӯҳлати дигар гузаронида мешавад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар корманд додани рухсатӣ барои соли равон ба фаъолияти мӯътадили корхона таъсири номатлуб расонад, мумкин аст бо розигии корманд рухсатиаш ба соли ояндаи корӣ гузаронида шавад. Зимнан рухсатӣ бояд дар давоми на дертар аз як соли фаро расидани ҳуқуқи ин рухсатӣ истифода бурда шавад.

Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатӣ, инчунин надодани рухсатии ҳарсола ба кормандони синнашон аз ҳаждаҳсола хурд, ба кормандони дар шароити зарарнок ва вазнини меҳнат коркунанда манъ аст.

Моддаи 93. Додани рухсатии ҳарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд

Рухсатиҳои ҳарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, барои муддати кори воқеӣ дар ҷои кори охирин дода мешавад.

Моддаи 94. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

Вақт ва навбати додани рухсатӣ ба тартиби пешбининамудаи қарордодҳои коллективӣ ва ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони корхона ё байни корфармо ва корманд мувофиқа гардидааст, муайян карда мешавад.

Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати додани рухсатӣ бояд ҳуқуқи кормандоне, ки барои гирифтани рухсатӣ дар вақтҳои муайян имтиёз доранд, таъмин гардад.

Дар бораи вақти додани рухсатӣ корманд бояд на дертар аз 15 рӯз пеш аз рухсатӣ огоҳ карда шавад.

Ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси аз ҷиҳати имтиёз ба онҳо баробаркардашуда рухсатӣ бо хоҳиши онҳо дар мавсими тобистон ва ё вақти барояшон мусоид дода мешавад.

Ба кормандони мард рухсатии ҳарсола мувофиқи хоҳишашон дар давраи рухсатии ҳамсарашон бо сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад.

Моддаи 95. Дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ

Корманд дар ҳолатҳои зайл ба дароз кардани мӯҳлати рухсатӣ ҳуқуқ дорад:

-дар сурати корношоямии муваққатӣ;

-дар сурати фаро расидани мӯҳлати рухсатӣ бо сабаби ҳомила ва таваллуд;

-дар сурати рост омадани рухсатии асосии солона бо рухсатии таҳсил;

-дар сурати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, агар қонунҳо ва ё дигар санадҳои меъёрӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбинӣ карда бошанд.

Дар ҳолатҳое, ки ин гуна сабабҳо дар давраи рухсатӣ ба миён омада бошад, рухсатӣ ба муддати он рӯзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда ба мӯҳлати дигар гузаронида мешавад.

Корманд вазифадор аст корфарморо дар бораи сабабҳое, ки ба гузаронидани рухсатӣ монеъ шудаанд, огоҳ созад.

Моддаи 96. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатӣ. Бозхонд аз рухсатӣ

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо рухсатиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он қисмҳо бояд аз 12 рӯзи тақвимӣ камтар набошад.

Аз рухсатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Ба ин иртибот қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 92 ин Кодекс илова гардад.

Аз рухсатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, мумкин нест.

Моддаи 97. Пардохти рухсатии асосии ҳарсола

Дар давраи рухсатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.

Пардохти рухсатӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале ба ҳар ҳол на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.

Моддаи 98. Рухсатии давраи таҳсил

Барои кормандоне, ки бомуваффақият ҳам меҳнат ва ҳам таҳсил мекунанд, мутобиқи шароити пешбининамудаи моддаҳои 186, 187, 188 ҳамин Кодекс рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ дода мешавад.

Моддаи 99. Рухсатии бемаош

Ба корманд, бинобар вазъӣ оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемаош дода мешавад, ки давомнокии онро шартномаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.

Рухсатии бемаош мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:

1) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда то 14 рӯзи тақвимӣ;

2) ба волидайн ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расонидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд , ҳар сол то 14 рӯзи тақвимӣ;

3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд , соле то 2 моҳ;

4) дар дигар ҳолатҳое, ки дар қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрҳои инчунин қарордодҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 100. Амалкунии ҳуқуқи рухсатӣ ҳангоми аз кор озод намудан

Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ба ӯ ҷуброни пули ҳам рухсатиҳои истифоданушуда дода мешавад. Бо хоҳиши корманд, ҳангоми бекор кардани шартномаи (қардоди) меҳнатӣ бо ташаббуси ӯ рухсатиҳои истифоданашуда бо шарти пас аз хатми рухсатӣ аз кор озод кардан дода шуда метавонанд.

Зимнан охирин рӯзи рухсатӣ таърихи аз кор озод шудан ҳисоб мешавад.

Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар хатми мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъди рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, ки мӯҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то хатми рухсатӣ дароз кардашуда ба ҳисоб меравад.

БОБИ 7. МУЗДИ МЕҲНАТ

Моддаи 101. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнат

Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (моддаи 103 ин Кодекс) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.

Шакл ва системаи пардохти музди меҳнат бо қарордодҳо ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешавад.

Барои ташкилоту муассисаҳо, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, инчунин корхонаҳои давлатӣ, шарту шароити пардохти музди меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Як қисми музди меҳнат, ки бо мувофиқаи тарафайни шартномаи (қарордод) меҳнатӣ муқаррар карда мешавад, дар шакли молӣ пардохта шуда метавонад.

Моддаи 102. Кафолати пардохти музди меҳнат

Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, вазифадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардозад.

Поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо вазифадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш як хел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.

Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи муқаррарнамудаи шартномаҳо камтар буда наметавонад.

Моддаи 103. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

Музди меҳнати моҳонаи корманд, ки меъёри дар ин давра муайшудаи вақти кориро пурра иҷро кардааст ва ӯҳдадории меҳнатиашро ба ҷо овардааст, андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат камтар буда наметавонад.

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат кафолати давлатӣ (меъёри иҷтимоӣ) буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат ба тартиби муқаррарнамудаи қонун бояд индексация шавад.

Ба андозаи ҳадди ақали музи меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандсозӣ, инчунин пардохти иловагӣ, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан (моддаи 106, 107 ин Кодекс) дода мешавад, дохил намегардад.

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффициентҳои ноҳиявӣ, коэффициент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд (моддаи 104 ин Кодекс), андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффициентҳо муайян карда мешавад.

Моддаи 104. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиетҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.

Номгӯи минтақаҳое, дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тариби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 105. Пардохти изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид

Кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид на камтар аз андозаи ду баробари ставка (маош) пардохта мешавад. Андозаҳои мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 106. Пардохти музди кори шабона

Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробаи меъёри муқарраршуда пардохта мешавад.

Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.

Андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва бекористӣ

Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва бекористӣ на бо гуноҳи корманд музди миёнаи меҳнати ӯ нигоҳ дошта мешавад.

Дар сурате, ки маҳсулот бо айби корманд қисман нуқсдор истеҳсол шуда бошад, музди меҳнат бо нархи камтар, ки корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар мекунад, пардохта мешавад

Дар сурати бо айби корманд истеҳсол карда шудани маҳсулоти тамоман нуқсдор ва бекористӣ музди меҳнат пардохта намешавад.

Моддаи 108. Мӯҳлатҳои додани музди меҳнат

Мӯҳлати пардохти музди меҳнатро қарордодҳои коллективӣ ва ё дигар санади ҷузъии меъёрӣ муқаррар менамояд, вале он дар ҳар ниммоҳа камтар аз як маротиба буда наметавонад.

Дар сурати мутобиқ омадани рӯзи пардохти музди меҳнат ба рӯзҳои истироҳат ё ид, маош дар арафаи чунин рӯзҳо пардохта мешавад.

Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи пулҳои ӯ дар рӯзи охирини кор пардохта мешаванд.

Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз мӯҳлати муқарраргардида дертар пардохта шавад, ӯ вазифадор аст ба андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Кормандоне, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат гунаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Моддаи 109. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

Маблағро аз музди меҳнат дар асоси қоидаҳои умумӣ бо розигии хаттии корманд, ҳангоми розӣ набудани корманд бошад, бо қарори суд нигоҳ доштан мумкин аст.

Маблағ аз музди меҳнати корманд, сарфи назар аз розигии ӯ, ба мақсадҳои зайл нигоҳ дошта мешавад:

1) барои додани андоз ва пулгузаронӣ ба фонди нафақа;

2) барои иҷрои қарорҳои суд ва дигар асноди иҷроия;

3) барои ҷуброни аванси додаи корфармо ва истифоданагардида

4) барои ҷуброни зиёне, ки корманд ба корфармо расонидааст, ба шарте, ки андозаи зиён аз моҳонаи корманд зиёд набошад;

5) барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисобу китоби нодуруст барилова дода шудааст;

6) барои рӯзҳои рухсатии ҳангоми аз кор озод гардидан, ки корманд то хатми соли кории аз ҳисоби он рухсатӣ гирифтааш истифода бурдааст.

Агар корманд дар рӯзи аз кор озод шуданаш маблағи мегирифта надошта бошад, аз ӯ барои рӯзҳои рухсатии истифодакардааш маблағ нигоҳ дошта намешавад.

Андозаи умумии маблағе, ки аз музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад, аз 50 фоизи музди меҳнати корманд бештар буда наметавонад. Андозаи музди меҳнати корманд пас аз нигоҳ доштани маблағ набояд аз моҳонаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат камтар бошад.

БОБИ 8. ПАРДОХТҲОИ КАФОЛАТӢ ВА ҶУБРОНӢ

Моддаи 110. Кафолатҳо ҳангоми вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро иҷро кардани кормандон

Корфармо вазифадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонун аз кор рухсат дода, ҷои кораш (вазифааш)-ро нигоҳ дорад.

Мақоми давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ки мутобиқи қонун кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб мекунад, дар ин муддат музди миёнаи меҳнаташро мепардозад.

Моддаи 111. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати кормандони ташкилотанд.

Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилотанд, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат қарордоди коллективӣ муқаррар мекунад.

Моддаи 112. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

Ҳангоми дар ташкилоти худ ба кори дигари доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати собиқаи ӯ дар давоми ду моҳи аз рӯзи гузаронида шуданаш ва ҳангоми гузаронидан мутобиқи хулосаи тиббӣ ба муносибати осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин саломатиаш зиён дидааст , дар тамоми давраи кор ё то муйян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 113. Кафолат барои кормандоне, ки ҷиҳати ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешаванд

Дар давраи ҷиҳати ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани кормандон, ки бояд аз чунин ташхис гузаранд, музди миёнаи меҳнати онҳо дар ҷои корашон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми ташхиси кормандон дар марказҳои бемории касбӣ музди миёнаи меҳнатӣ онҳо дар тамоми давраи дар марказ буданашон нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 114. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идораи ташкилотро ба ҷо меоваранд.

Ҳангоми қатъ намудани қарордод бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идориро дар ташкилот анҷом медиҳанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик вазифадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати шашмоҳа ҷубропулӣ диҳад.

Моддаи 115. Кафолатҳо барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон

Кафолатҳо ба гурӯҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтирокорону навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва дигарон тибқи тартиби муқарранамудаи қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дода мешаванд.

Моддаи 116. Ҳисоби музди меҳнат.

Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди мӯҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ғайра), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 117. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ ҳуқуқ ҳамчунин шартномҳои (қарордоди) меҳнатӣ ҷуброн намояд.

Андозаи ҳадди ақали ҷубронпулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ

Ҳангоми сафари хизматӣ хароҷоти зерин ҷуброн карда мешавад:

1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доимӣ (рӯзмарра);

2) хароҷоти роҳкиро;

3) хароҷоти кирои манзили истиқоматӣ;

4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.

Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.

Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузаврондан ва ба кор фиристонидан

Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаронд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташакилона ё бо мувофиқаи пешакӣ, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд

1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кӯдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарордошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;

2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (истифодаи умумӣ) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хаткардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);

3) хароҷоти шабонарӯзӣ барои ҳар як рӯзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;

4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷои нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.

Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.

Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз мӯҳлат муайн кардан имконапазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.

Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисоби карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омода бошанд.

Моддаи 120. Ҷуброни хароҷоти истифодаи амволи шахсии корманд

Агар амволи шахсии корманд бо иҷозати хаттии корфармо (шартнома, амр, фармоиш) ба манфиати корфармо истифода шавад, бояд:

1) истеҳлоки (фарсудашавии) асбобу афзор;

2) истеҳлоки нақлиёти шахсӣ ва хароҷоти истифодаи он;

3) истеҳлок ва хароҷоти истифодаи воситаҳои дигари техникии корманд ҷуброн карда шаванд.

Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

БОБИ 9. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

Моддаи 121. Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот. Оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат. ӯҳдадориҳои корфармо ва корманд

Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии дахлдори кормандон тасдиқ менамояд муайян карда мешавад.

Барои категорияҳои алоҳидаи кормандон оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат, ки ба тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ карда шудаанд, амал мекунанд.

Ҳар корманд бояд қаблан ба қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат шинос карда шавад.

Корфамо вазифадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намояд, қонунҳои меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки аз ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд нест, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё ашхоси дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шарафи корманд ашхоси дигарро паст мезананд, талаб нанамояд.

Корманд бояд қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои техникии муқарраршуда, талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, амру дастурҳои корфаморо, ки аз вазифаҳои меҳнатии ӯянд, риоя намояд, бо кофармо, бо аъзои коллективи меҳнатӣ, муштариёни ташкилот, дигар ашхосе, ки дар ҷараёни кор бо онҳо тамос мегирад, ҳалимона муносибат намояд.

Моддаи 122. Ҳавасмандгардонии меҳнат

Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

1) эълони раҳматнома;

2) додани мукофот;

3) мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;

5) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор .

Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Кормандон барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Моддаи 123. Муҷозоти интизомӣ

Корфармо ҳақ дорад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне бо гуноҳи корманд иҷро нашудан ё ба таври лозима иҷро нашудани ӯҳдадориҳояш муҷозоти зерини интизомиро истифода намояд.

1) сарзаниш;

2) танбеҳ;

3) аз вазифа озод кардан (бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11 қисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)

Бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон дигар навъҳои муҷозот низ пешбинӣ шуда метавонанд.

Истифодаи чораҳои таъсиррасонии интизомие, ки бо Қонун, оиннома ё низомномаи интизом пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

Моддаи 124. Тартиби истифодаи муҷозоти интизомӣ

Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.

Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содири кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад.

Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рӯи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мӯҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.

Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ӯ дар зераш имзо мегузорад.

Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.

Моддаи 125. Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ

Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ аз рӯи татбиқи он зиёда аз як сол буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба муҷозоти нави интизомӣ гирифтор нашавад. Дар ин сурат ӯ муҷозотногирифта ҳисобида мешавад.

Корфармое, ки муҷозоти итизомиро татбиқ кардааст, ҳақ дорад бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд бо тавсияи мақоми намояндагии дахлдори кормандони ташкилот ё роҳбари бевоситаи корманд муҷозотро пеш аз мӯҳлати яксола беэътибор гардонад.

БОБИ 10.

ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 126. ӯҳдадории тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба тарафи дигар расонида шудааст

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бинобар иҷрои ӯҳдадории соҳаи меҳнат ба тарафи дигар зиён расонидааст, ин зиёнро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё созишномаи хаттии иловагии он басташаванда, ҳамчунин аҳдномаи коллективӣ метавонанд, ки ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро мушаххас намоянд. Ҳамзамон бо ин масъулияти шартномавии корфармо дар назди корманд набояд камтар ва масъулияти корманд дар назди корфармо набояд бештар аз он бошад, ки дар Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қатъи муносибатҳои меҳнатӣ баъди расонидани зиён тарафи шартнома (қарордод)- ро аз ҷавобгарии моддии пешбиникардаи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намесозад.

Моддаи 127. Шартҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар шудани тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои расонидани зиён

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои зиёне, ки ба тарафи дигари ин шартнома дар натиҷаи рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқии худ (амал ё беамалӣ) ва ба алоқаи байни рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқӣ ва зиёни расонидашуда ба тарафи дигар расонидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мешавад.

Агар дар натиҷаи қувваи бартарафнашаванда, таваккали қобили қабули хоҷагидорӣ, зарурати шадид ё муҳофизати зарурӣ ба корфармо зиён расад, дар ин сурат корманд масъулият надорад.

Моддаи 128. Зиёне, ки ба корманд ҷуброн карда мешавад

Корфармо ба корманд ҳама гуна зиён (аз ҷумла зиёни маънавӣ)- ро, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пурра ҷуброн мекунад.

Зиёни маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад, дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.

Моддаи 129. ӯҳдадории корфармо дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ расидааст

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд маоши нагирифтаашро дар ҳама ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ вақте ба миён меояд, ки корманд маоши худро дар натиҷаи:

1) ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, аз кор дур кардан, ба кори дигар гузаронидан, ё аз кор озод кардан;

2) қарори мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатиро дар бораи кори собиқа барқарор намудан сари вақт иҷро накардан;

3) дер додани дафтарчаи меҳнатӣ;

4) бо ҳар роҳ паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, нагирифтааст.

Корфармо дар ин ҳолат вақте ҷавобгар мешавад, ки корманди аз кор озод кардашуда ҳангоми ба кори дигар қабул шудан ба мушкилӣ дучор ояд.

Моддаи 130. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зиёне, ки ба амволи корманд расидааст

Корфармое, ки дар натиҷаи ғайри қобили қабул иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба асбобу анҷоми шахсӣ ё дигар амволи корманд зиён расонидааст, онро пурра ҷуброн мекунад. Андозаи зиён бо нархи бозор, ки дар маҳалли мазкур дар лаҳзаи ҷуброни зиён амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Бо мувофиқаи тарафайн ё бо қарори суд зиён метавонад бо мол ҷуброн карда шавад.

Моддаи 131. Тартиби баррасии парвандаҳо оиди ҷуброни зиёне, ки ба корманд расонида шудааст

Корманд дар бораи ҷуброни зиён ба корфармо ариза менависад. Корфармо вазифадор аст, ки аризаи расидаро баррасӣ намояд ва дар давоми даҳ рӯзи баъди расидани он қарори дахлдор қабул кунад.

Агар корманд бо қарори корфармо розӣ набошад ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҷавоб нагирад, ӯ метавонад ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатиро баррасӣ мекунад, муроҷиат намояд.

Моддаи 132. Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёне, ки ба корфармо расидааст

Корманд вазифадор аст зиёни воқеии бевоситаи ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Зиёни воқеии бевосита маънии кам ё вайрон кардани амволи нақди корфармо (аз ҷумла амволе, ки корфармо аз ашхоси дигар ба киро гирифтааст), ҳамчунин зарурати барои корфармо харидан ё барқарор кардани амвол ва ё пардохти маблағи иловагиро дорад.

Корманд барои зиёни бевоситаи воқеӣ, ки чӣ мустақиман ба корфамо расидааст ва чӣ бо гуноҳи ӯ ба корфармо дар натиҷаи зиёни дигар шахсонро ҷуброн карданаш расидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мебошад.

Моддаи 133. Ҳуқуқи корфармо дар мавриди сарфи назар кардан аз ситонидани товони зиён

Корфармо бо назардошти ҳолатҳои мушаххасе, ки бар асари онҳо ба ӯ зиён расидааст, ҳамчунин бо назардошти аҳволи моддии корманд ҳақ дорад аз пурра ё қисман ситонидани товони зиён даст кашад.

Дар ташкилотҳои давлатӣ қарори мазкурро корфармо бо мувофиқаи мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот қабул мекунад ва товони зиён дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағи ташкилот дода мешавад.

Моддаи 134. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни бевоситаи воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш ҷавобгарии моддӣ дорад.

Ҷавобгарии моддии зиёда аз моҳонаи миёна танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 136 Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.

Моддаи 135. Ҷавобгарии моддии корманд

Мутобиҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҷавобгарии ҷузъии моддӣ доранд:

1) кормандон - ба андозаи зиёни расонидаашон, вале на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон барои аз беэҳтиёти вайрон ё нобуд кардани масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми истеҳсоли онҳо. Барои аз беэҳтиётӣ вайрон ё нобуд кардани афзор, олоти андозагирӣ, либоси махсус ва дигар чизҳое, ки ташкилот ба корманд ҷиҳати истифода додааст, кормандон ба ҳамин андоза ҷавобгарии моддӣ доранд:

2) роҳбарони ташкилотҳо ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони бахшҳои таркибии ташкилотҳо ва муовинони онҳо ба андозаи зиёни расондаашон, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон, ба шарте, ки дар натиҷаи зиён ташкилот ба пардохтҳои иловагӣ маҷбур шавад ё зиён дар натиҷаи пешбурди нодурусти ҳисоб ва сариштаи арзишҳои моддӣ ва пул, наандешидан чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дуздӣ, нобуд ва хароб кардани арзишҳои моддӣ ва пул расонида шавад;

3) ашхоси масабдор - дар ҳолатҳо ва ҳудуде, ки дар моддаи 203юми Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 136. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии кормандон

Ҷавобгарии пурраи моддии корманд аз ӯҳдадории корманд дар мавриди ҷуброни пурраи зиён иборат аст.

Ҷавобгарии моддӣ ба андозаи пурраи зиёни расонидашуда ба зиммаи корманд дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

1) барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсуси хаттӣ супорида шудаанд:

2) барои камомади арзишҳое, чи бо санадҳои якдафъавӣ қабул карда шудаанд:

3) дар асоси санади махсуси қонунӣ;

4) барқасдона расонидани зиён;

5) расондани зиён дар ҳолати мастӣ аз шароб ё аз моддаҳои нашъадор ё токсикӣ;

6) расонидани зиён дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи корманд, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст;

7) расонидани зиён ҳангоми ба ҷо наовардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

8) барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд. Ҳангоми барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ корманд ба кофармо инчунин даромадҳои ба даст наомада (фоидаи аз даст рафта) - ро, ки корфармо дар сурати поймол нашудани ҳуқуқҳояш соҳиб шуда метавонист, ҷуброн мекунад;

9) дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи, зиёни ҳангоми иҷрои вазифа расондаи корманд мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ба зимааш гузошта шудааст.

Ҷавобгарӣ дар ҳаҷми пурраи зиёни расондашуда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар шуда метавонад.

Моддаи 137. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсус супорида шудаанд

Корманде, ки бо пул ё арзишҳои молӣ сарукор дорад, барои камомади онҳо, ки ба ӯ дар асоси шартномаи мхсус супорида шудаанд ҷавобгарии пурраи моддӣ дорад.

Бо корманде, ки ба синнӣ ҳаждаҳ расидаасту бевосита бо пулу арзишҳои молӣ сарукор дорад, ҳам дар вақти ба кор қабул кардан ва ҳам баъдан ба таври илова ба шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ шартномаи махсус баста шуданаш мумкин аст.

Номгӯи категорияҳои кормандоне, ки бо онҳо шартномаи мазкур баста шуданаш мумкин аст, бо шартномаи коллективӣ муқаррар мешавад; агар шартнома, баста нашуда бошад, номгӯи мазкур аз тарафи корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии кормандони ташкилот муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб номгӯи бахшҳои таркибие низ муқаррар карда мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми корҳои бевосита бо пул ё арзишҳои молӣ алоқамандро якҷоя ба ҷо овардани кормандон ҷавобгарии бригадавӣ ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ҷори шуданаш мумкин аст.

Шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ ва ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ӯҳдадориҳои тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро оиди эҳтиёт кардани арзишҳое, ки ба корманд (коллектив) супорида шудаанд, мушаххас месозад ва ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии иловагии онҳоро муқаррар менамояд.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ арзишҳо ба корманди мушаххас, ки барои камомади онҳо шахсан ҷавобгар аст, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ корманде, ки бо ӯ шартномаи мазкур баста шудааст, бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии моддии бригадавӣ (коллективӣ) арзишҳо ба гурӯҳи муқарраршудаи ашхос (бригада), ки барои камомади онҳо ҷавобгарии пурраи моддӣ ба дӯши ин ашхос вогузор мегардад, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ узви алоҳидаи бригада бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Дар ташкилотҳое, ки арзишҳо, сару кор доранд (нигоҳдорӣ, фурӯш, ҳамлу нақл, коркард) корфармо баъди машварат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот фонди таввакал (риск) таъсис карда метавонад, ки аз ҳисоби он камомад ҷуброн карда мешавад.

Ҳангоми ихтиёран ҷуброн кардани зиён (моддаи 14-уми Кодекси мазкур) андозаи гуноҳи ҳар узви бригада бо мувофиқаи ҳамаи аъзои бригада ва корфармо муайян карда мешавад. Ҳангоми бо тартибӣ судӣ ситонидани товони зиён андозаи гуноҳи ҳар узви бригадаро суд муайян мекунад.

Моддаи 138. Муайян кардани андозаи зиён

Андозаи зиёни ба корфармо расонида аз рӯи талафоти воқеӣ, дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибавӣ муайн карда мешавад.

Ҳангоми гум кардан, хароб намудан ва дуздидани амволи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зиён аз рӯи нархи бозории роиҷи маҳалли мазкур дар рӯзи расонидани зиён (аммо на камтар аз арзиши балансӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии амвол) ҳисоб карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар андозаи зиён бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зиён роиҷ аст, ҳисоб карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби махсуси муайян намудани андозаи товони зиён, аз ҷумла ба ҳисоби карати зиёни ба корфармо бо роҳи дуздидан, барқасдона хароб ё гум кардани навъҳои алоҳидаи амвол ва дигар арзишҳо расондаро, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеъии зиён аз андозаи аслии он зиёд аст, муқаррар менамояд.

Моддаи 139. ӯҳдадории корфармо дар мавриди муқаррар намудани андозаи зиён ва сабаби сар задани он

Корфармо вазифадор аст то қабул гардидани қарори товони зиёнро додани кормандони мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зиён ва сабабҳои сар задани он тафтиш гузаронад.

Барои чунин тафтиш корфармо ҳақ дорад бо иштироки мутаххасисони дахлдор комиссия ташкил намояд.

Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зиён ҳатмӣ мебошад.

Корманд ҳақ дорад, ки бо тамоми маводи тафтиш шинос шавад, дар тафтиш иштирок намояд.

Моддаи 140. Товони зиёнро ихтиёран додани корманд

Корманде, ки ба кофармо зиён расондааст, метавонад товони онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.

Зиён дар ҳудуди пешбиникардаи Кодекси мазкур ихтиёран ҷуброн карда мешавад.

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо товони зиёнро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зиён бо зикри мӯҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо ӯҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.

Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зиён ӯҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъи муносибатҳои меҳнатӣ зиёнро ҷуброн накунад, дар ин сурат товони зиён ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зиён ба ӯ амволи баробарқимат диҳад ё амволи харобшударо дуруст намояд.

Моддаи 141. Тартиби ситонидани товони зиён

Маблағи зиёне, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зиён содир шуда метавонад.

Агар маблағи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ӯ зиёд бошад ё аз рӯзи ошкор шудани зиён ду ҳафта гузашта бошад, он ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зиён ӯ ҳақ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 142. Ҷуброни зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ роҳбар расонидааст

Товони зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешавад.

Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани товони зиёнро мақоме, ки ҳаққи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳақ дорад, ки товони зиёнро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.

Моддаи 143. Аз тарафи суд кам кардани андозаи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад

Суд метавонад бо назардошти андоза ва намуди гуноҳ, ҳолатҳои мушаххас ва аҳволи моддии корманд андозаи товони зиёнеро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, кам кунад.

Агар зиён бо ғарази ҷиноят расонида шуда бошад, ба кам кардани товони зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.

БОБИ 11. ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 144. Талаботи ҳифзи меҳнат

Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ аст, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.

Талаботи ҳифзи меҳнат бо қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

Моддаи 145. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бобати ҳифзи меҳнат

Дар вақти бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзот ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳақ дорад, инчунин аз воситаҳои ҳифозати фардӣ маълумот диҳад.

Корфармо вазифадор аст мунтазам (соле на камтар аз як бор) кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатарии меҳнат хабардор созад, ҳамчунин ин хел маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.

Ин талабҳоро риоя накардани корфамо барои ӯро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавогарӣ кашидан асос мешавад.

Моддаи 146. Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон

Корфармо вазифадор аст пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ҷараёни кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар зери замин ва шабона, ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.

Кормандоне, ки дар саноати хӯрокворӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо адои хизмати аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ӯ ҳақ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.

Рӯихати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва мӯҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ӯ корфармо ҳақ дорад ӯро ба иҷрои ӯҳдадорҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.

Кормандон барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ маблағ сарф намекунанд.

Моддаи 147. Имтиёзот ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бепул шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар дода мешавад.

Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, тартиби додани онҳо, номгӯи моддаҳои химиявие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои профилактикӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар тавсия мешавад, бо санади меъёрӣ муқаррар мегарданд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда бепул хӯроки табобатию профилактикӣ дода мешавад.

Рӯйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хӯроки табобатию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳад, вояи чунин хӯрок ва қоидаҳои додани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Корфармо ӯҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзоту ҷубронҳо дигар имтиёзоту ҷубронҳои пешбиникардаи қонунҳоро диҳад.

Моддаи 148. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигенӣ

Корфармо вазифадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқараршуда бепул либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ диҳад.

Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушӯй, дезинфексия, дезактиватсия ва таъмир карда мешаванд.

Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати шахсиро ба корманд надода бошанд ё мӯҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошаду корманд ноилоҷ онҳоро ба пули худ харида гирад, корфармо ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн мекунад. Дар сурати на бо гуноҳи корманд пеш аз мӯҳлат фарсуда шудани воситаҳои ҳифозати фардӣ корфармо вазифадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои ҳифозоти фардӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ӯ хатар таҳдид намояд, вай метавонад корро бас кунад. Барои мӯҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ на бо гуноҳи корманд ҳақ дода мешавад.

Моддаи 149. Дастур додан ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Корфармо вазифадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки онҳоро ба кор мегирад, инчунин ба дигар кор мегузаронад, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехаттари кор дастур диҳад.

Барои кормандони истеҳсолоти шароити корашон хеле хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъди хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карада шаванд.

Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.

Ашхосе, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.

Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

Моддаи 150. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намудани хатар

Агар корманд дар ҷараёни кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳақ дорад аз ҷазои корфармо андеша накарда, корро қатъ намояд.

Корманд вазифадор аст, ки аз вазъияти хатарноки ҷараёни кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақоми ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 151. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Корфармо вазифадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро мувақкатан ё бе маҳдудияти мӯҳлат бо чунин кор гузаронида, ба андозаи зарурат ҷойҳои нави кор, сеху, қитъаҳо ташкил намояд.

Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, ба кори дигар мегузарад ё кӯмакпулии онҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо вазифадор аст барои оқилона ба кор таъмин намудани корманди мӯҳтоҷи такмили ихтисос бозомӯзии ӯро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ дар давраи мазкур, аммо на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.

Агар шароити истеҳсолот ба ташкили оқилонаи бо кор таъмин намудани корманди дар ҷараёи кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолими вобаста бо иҷрои ӯҳдадории меҳнатӣ рӯйдода имкон надиҳад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ӯ катъ карда, кӯмакпулиаш пардохта мешавад.

Андозаи кӯмакпулӣ бо ризояти ҳар ду тараф муайян карда мешавад ва ҳаҷми он набояд аз маоши миёнаи шашмоҳа камтар бошад.

Моддаи 152. Чораҳои иловагӣ дар мавриди ҳифзи меҳнати маъюбон

Корфармо вазифадор аст, маъюбонеро, ки хадамоти шуғлӣ аҳолӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, бо ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Тавсияҳои Комиссияи экспертии тиббии меҳнатро оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбонаро иҷро кардани корфармо ҳатмӣ мебошад.

Барои маъюбони коркунанда рӯзи шашсоатаи кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад. Ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II ба андозаи 36 рӯзи корӣ ва барои маъюбони гурӯҳи III ба андозаи 24 рӯзи корӣ рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.Маъюбонро ба кори шабона, ҳамчунин ба изофакорӣ, ба кори рӯзҳои истироҳат танҳо бо ризояти худашон ва ба шарте ҷалб кардан мумкин аст, ки чунин корҳо бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад.

Моддаи 153. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

Корфармо вазифадор аст вобаста ба навъи фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон онҳоро бо оби нӯшиданӣ таъмин намояд ва хӯроки онҳоро ташкил кунад: дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ: ҷои либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занҳо, пунктҳои расонидани ёрии аввалияи тиббиро дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани кас дар ҷои кор муҷаҳҳаз созад.

Корфармо вазифадор аст, ки хадамот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (пункти тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) - ро бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

Моддаи 154. ӯҳдадориҳои корманд дар мавриди риояи меъёру қоидаҳо ва дастуурамалҳои ҳифзи меҳнат

Корманд вазифадор аст, ки талаботи меъёру қоидаҳо ва дастурамалҳоро оиди ҳифзи меҳнат, ҳамчунин фармоишҳои корфарморо доир ба бехатарии пешбурди корҳо риоя намояд, аз воситаҳои ҳифозати фардӣ истифода кунад, дар бораи ҳар гуна ҳолате, ки ба ақидаи ӯ, ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари бевосита дорад, инчунин дар хусуси ҳар гуна фалокат, ки дар ҷараёни кор ё вобаста ба он рӯй додааст, роҳбари бевоситаи худ (сардори бригада, усто, садори қитъа)- ро зуд хабардор созад.

Барои риоя накардани ӯҳдадориҳои зикршуда корманд ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба ҷавогарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Моддаи 155. Баҳисобгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои фалокат дар истеҳсолот

Корфармо вазифадор аст сабабҳои фалокатро дар истеҳсолот фавран тафтиш намояд, мувофиқи намунааи муқарраршуда акт тартиб диҳад ва фалокатҳои дар истеҳсолот рухдодаро саривақт ба кайд гирад.

Корфармо вазифадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи акти фалокатро на дертар аз се рӯзи баъди хатми тафтиш ба ӯ диҳад.

Агар корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар акти фалокат нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳақ дорад, ки ба мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 156. Ҷуброни зиён бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё ғарази ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зиёнро исбот карда натавонад, бояд ин зиёнро бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

Агар корфармо исбот созад, ки зиён на бо гуноҳи ӯ расидааст, ҳангоми расидани зиён дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ӯ аз ҷуброн кардани зиён озод шуда метавонад.

Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зиёни маънавӣ бояд ҷуброн шавад.

Ҳангми таъин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зиён музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ба корманде, ки дар натиҷаи фалокати истеҳсолӣ маъюб шудааст ва дар сурати фавти ӯ ба ашхосе, ки, таҳти саробонии ӯ мебошанд бар иловаи пардохти зиёни дар чунин ҳолатҳо муқарраршуда инчунин кӯмакпулии якдафъавӣ бо тартиб ва андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани товони зиён ба ашхоси ғайри қобили кор, ки таҳти саробонии маҳрум буданд ё то рӯзи фавти ӯ ва гирифтани маблағ аз ин корманд ҳақ доштанд, ҳамчунин тифли маҳрум, ки баъди марги ӯ таваллуд шудааст, мегузарад.

Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зиён дохил намешавад.

Корфармо зиёни маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зиён ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардиде, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани товони зиён ҳақ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зиёни маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 157. Назорати аз тарафи корманд риоя шудани қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат

Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

Моддаи 158. Назорати ҳолати ҳифзи меҳнат

Ба ҳолати ҳифзи меҳнат мақоми давлатие назорат мекунад, ки дар фаъолияти худ ба корфармо вобаста нест.

Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ба ӯҳда доранд.

БОБИ 12. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ЗАНОН ВА АШХОСЕ, КИ ВАЗИФАҲОИ ОИЛАВӢ ДОРАНД

Моддаи 159. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддории онҳо манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила ё зане, ки тифли то сесола дорад ва модарони яккаву танҳо, ки фарзандони то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, корфармо вазифадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Ашхоси мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

Корфармо вазифадор аст занонеро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Моддаи 160. Корҳое, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст

Занонро дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, ҳамчунин дар корҳои борбардорию боркашии дастии аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд кор фармудан манъ аст.

Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнокро, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст ва ҳадди ниҳонии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 161. Маҳдудияти меҳнати занон дар корҳои шабона

Ба корҳои шабона ҷалб кардани занон, ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ин хеле зарур аст, манъ мебошад.

Ҳангоми ташкили корҳои наздикихтисос ба заноне, ки кӯдакони то 14 , сола (кӯдакони маъюби то 16- сола) доранд, бо назардошти имконияти истеҳсолот имтиёз дода шавад, ки онҳо рӯзона кор кунанд.

Соҳаҳои мушаххаси хоҷагии халқ, истеҳсолот ва намудҳои алоҳидаи коре, ки истифодаи меҳнати шабонаи занон дар онҳо иҷозат дода мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ба изофакориҳо ва кори рӯзҳои истироҳат ва идҳо, фиристодан ба сафари хизматӣ

Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кори рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, иҷозат дода намешавад.

Занони фарзандонашон аз се то чордаҳсола (фарзандони маъюбашон то шонздаҳсола) , ро танҳо бо ризоияти худашон ба изофакориҳо ҷалб кардан ё ба сафари хизматӣ фиристодан мумкин аст.

Моддаи 163. Ба кори сабуктар гузаронидани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то якунимсола доранд

Меъёри коркард, меъёри хизматрасонии занони ҳомила мутобиқи хулосаи тиббӣ кам карда мешавад ё онҳо ба кори сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пешинаашон дода мешавад.

То ҳалли масъалаи гузаронидани зани ҳомила ба кори дигари сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ ӯ бояд аз кор озод карда, моҳонаи миёнааш барои тамоми рӯзҳои кории бо ин сабаб корнакардааш дода шавад.

Занони кӯдаконашон то якунимсола дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон щирмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедиҳад, то ба синни якунимсола расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори собиқаи онҳо дода мешавад.

Моддаи 164. Рухсатии ҳомидадорӣ ва таввалуд

Ба занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил , ҳаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёда тифл , як саду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсати дода, барояшон кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рӯзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.

Моддаи 165. Рухсатии нигоҳубини тифл

Баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва тавллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсола расиданаш рухсатӣ дода, барояш кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зан ҳамчунин барои нигоҳубини тифл то ба синни сесола расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад.

Аз рухсатии нигоҳубини тифл ҳамчунин падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воқеан нигоҳубин мекунанд, пурра ё қисман истифода карда метавонанд.

Бо хоҳиши зан ё ашхосе, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаад, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини тифл буданашон метавонанд рӯзи нопурараи корӣ ё дар хона кор карда, аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд.

Дар давраи рухсатӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

Рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқаи умуми ва бетанаффус, ҳамчунин ба собиқаи кор аз рӯи ихтисос (ғайр аз ҳолатҳои таъини нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат) ҳисоб карада мешавад.

Вақти рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқае, ки ба рухсатии пулии минбаъда ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карад намешавад.

Моддаи 166. Рухсатии ашхосе, ки кӯдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Ба ашхосе, ки кӯдакони навзодро бевосита аз таваллудхона фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод , яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то синни якунимсола ва сесола нигоҳубин кардани кӯдакашон (моддаи 165-уми ҳамин Кодекс) рухсати иловагӣ дода мешавад.

Моддаи 167. Танаффус барои маконидани кӯдак

Ба заноне, ки кӯдаки то якунимсола доранд, ба ғайр аз танаффус бари истироҳат ва хӯрокхӯрӣ барои маконидани кӯдакашон танаффуси иловагӣ дода мешавад.

Ингуна танаффусҳо камаш баъди ҳар се соат ва ба муддати на камтао аз сӣ дақиқа барои ҳар як танаффус дода мешаванд. Ҳангоми ду ё зиёда аз ин будани кӯдаки то якунимсола муддати танаффус на камтар аз як соат муқаррар карда мешавад.

Танаффусҳо барои маконидани кӯдак ба вақти кори дохил карда, музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зани кӯдакдор танаффусҳои ширмаконӣ ба танаффуси истироҳат ва хӯрокхурӣ ё дар шакли ҷаъмбастшуда ба аввал ё ба охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори рӯзи (басти) корӣ илова карда мешаванд.

Моддаи 168. Муқаррар намудани вақти нопурраи корӣ барои занон ва шахсоне, ки вазифаҳои оилавӣ доранд

Ба хоҳиши зани ҳомила, зане, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) дорад, аз ҷумла онҳое, ки таҳти парастории ӯ ҳастанд ё шахсоне, ки аз рӯи хулосаи тиббӣ ба аъзои бемори оила нигоҳубин мекунанд, корфармо вазифадор аст барои онҳо рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд (моддаи 64-уми ҳамин Кодекс).

Моддаи 169. Рӯзи истироҳати иловагӣ

Ба яке аз волидайн (васӣ, сарпараст), ки фарзанди маъюби то шонздаҳсоларо парасторӣ мекунад, моҳе як рӯзи истироҳати иловагӣ дода, музди он ба андозаи музди якрӯза аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Моддаи 170. Имтиёзҳо барои занон ҳангоми муқаррар намудани навбати рухсатии ҳарсола

Ба занҳои ҳомила ва таваллудкарда рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоҳубини кӯдак, сарфи назар аз собиқаи кории онон дар ташкилоти мазкур дода мешавад.

Ба занҳое, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.

Моддаи 171. Рухсатии бепул барои заноне, ки фарзандони то чордаҳсола доранд

Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола (ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, бо хоҳиши онҳо, ҳар сол ба муддатӣ на камтар аз чордаҳ рӯз рухсатии бепул дода мешавад. Ин рухсатиро ба рухсатии ҳарсола илова карда ё дар даврае, ки бо мувофиқаи корфармо муқаррар шудааст, алоҳида (пурра ё қисм ба қисм) истифода кардан ммкин аст.

Моддаи 172. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола (модарони танҳо , ҳангоми доштани фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хӯрдани ташкилот, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баъди ҳатман ба кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Занони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхӯрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кӯмакпулиҳои муқарраркардаи қонун таъмин менамояд.

Корфармо ин занонро ҳамчунин дар ҳолати қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар гузаштани мӯҳлати он ҳатман бо кор таъмин мекунад. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи хатми мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 173. Кафолату имтиёзот ба ашхосе, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд

Кафолату имтиёзоти зани кӯдакёфта (маҳдуд кардаи кори шабона ва изофакориҳо, ба кори рӯзҳои истироҳат ҷалб накардан ва ба сафари хизмати нафиристодан, додани рухсатии иловагӣ, муқаррар намудани низоми имтиёзноки меҳнат ва дигар кафолату имтиёзоте, ки бо қонунҳо ва дигар санади меъёри оид ба меҳнат муқаррар шудаанд) ба падароне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), ҳамчунин ба васиёни (сарпарасторони) ноболиғон татбиқ мешаванд.

БОБИ 13. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Моддаи 174. Синни қабул кардан ба кор

Ашхоси аз понздаҳсола хурд ба кор қабул карада намешавад. Барои омода кардани ҷавонон ба кори истеҳсолот талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро ҷиҳати иҷрои кори сабуке, ки ба салоиматӣ зарар намерасонад ва ҷараёни таълимро халалдор намесозад, дар вақти холӣ, пас аз расидан аз синни чордаҳсолагӣ бо мувофиқаи яке аз волидан ё шахси ивазкунандаи онҳо ба кор қабул карадан мумкин аст.

Тамоми ашхоси аз синни бисту яксола хурд ба кор танҳо баъди муоинанаи пешакии тиббӣ (моддаи 146 , уми ҳамин Кодекс) қабул карда мешаванд.

Моддаи 175. Кафолатҳои бо кор таъминкунӣ барои ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд

Корфармо вазифадор аст хатмкардагони мактабҳои маълумоти умумӣ ва дигар ашхоси аз ҳаждаҳсола хурдро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳиссоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Мувофиқи квота ба кор қабул накардан манъ аст ва барои ҳалли ин кор ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқи меҳнатии ноболиғон

Ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо болиғон баробарҳуқуқ мебошанд, аммо дар соҳаи ҳифзи меҳнат, вақти кор, рухсатиҳо ва баъзе шароити дигари меҳнат аз имтиёзоти барои онҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Моддаи 177. Корҳое, ки иҷрои онҳо барои ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд манъ аст

Корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминиро иҷро кардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд ҳамчунин корҳое, ки ба саломати ё рушди маънавии онҳо зиён расонида метавонад, манъ аст. Барои аз ҳадди барояшон муқарраршуда вазнинро бардоштан ва дастӣ кашондани ин ашхос мумкин нест.

Рӯихати корҳои шароиташон номусоидро ба ҷо овардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо бо қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 178. Муддати ихтисоршудаи вақти кори ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд

Давомнокии вақти кори кормандони синни аз понздаҳ то ҳаждаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз сиюпанҷ соат ва ашхоси аз чордаҳ то понздаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз бисту чор соат муқаррар карда мешавад.

Давомнокии вақти кори талабагоне, ки дар давоми соли таҳсил дар вақти холӣ аз таҳсил кор мекунанд, аз нисфи давомнокии ниҳоии вақти корӣ дар қисми якуми ҳамин модда барои ашхоси синну соли дахлдор пешбинишуда зиёд буда наметавонад.

Моддаи 179. Додани музди меҳнатӣ кормандони аз ҳаждаҳсола хурд дар сурати кӯтоҳ будани вақти кори ҳаррӯза

Музди кори кормандони аз ҳаждаҳсола хурде, ки муддати кори ҳаррӯзаашон кӯтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори муддати кори ҳаррӯзаашон пурра дода мешавад.

Музди меҳнати талабагоне, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.

Моддаи 180. Рухсатии ҳарсолаи кормандони аз ҳаждаҳсола хурд

Ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳар сол на камтар аз сӣ рӯзи тақвими рухсатии пулакии меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти дигари барои онҳо мувофиқ дода мешавад.

Агар соли кори, ки барои он рухсатӣ дода мешавад, давраи то ба ҳаждаҳсолагӣ расидани корманд ва баъди онро дарбар гирад, давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории то расидан ба ҳаждаҳсолагӣ аз ҳисоби сӣ рӯзи тақвими ва барои собиқаи кории баъди расидан ба ҳаждаҳсолагӣ дар асосҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 181. Манъи ба корҳои шабона, изофакориҳо ва кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодани онҳо

Кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардан, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодан манъ аст

Моддаи 182. Кафолатҳои иловагӣ барои кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо корманди аз ҳаждаҳсола хурд бо ташаббуси корфармо ғайр аз риояи тартиби умумӣ танҳо бо мувофиқаи мақоми маҳалли меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва комиссияи оид ба корҳои ноболиғон қатъ кардан мумкин аст.

Моддаи 183. Қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо талаби волидайн, васиён (сарпарастон) ё мақомоти ваколатдор

Агар идома додани кор ба саломатии ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд зарарнок ё бо зиёни дигар вобаста бшад, волидайн ва васиён (сапарастон), ҳамчунин мақомоти ба ин кор ваколатдор ҳақ доранд, ки қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд.

БОБИ 14.

ИМТИЁЗҲО БАРОИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР БАРОБАРИ КОР ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Моддаи 184. Муҳайё кардани шароит барои пешбурди якҷояи кор ва таҳсил

Корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.

Моддаи 185. Ташкили таҳсили муттасили касбии корманд

Корфармо вазифадор аст, ки касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомӯзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.

Баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурӯҳ, дараҷа, категория) - и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.

Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурӯҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Моддаи 186. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд

Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрӣ ҳақ доранд.

Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санади меъёрии ҷузъии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд.

Моддаи 187. Имтиёзҳо барои талабагони маълумоти умумӣ

Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд ҳафтаи кӯтоҳи кории на камтар аз як рӯзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз сию шаш рӯзи корӣ ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад.

Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мӯҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд.

Моддаи 188. И мтиёзҳо барои талабагони омӯзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ

Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбию-техникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

БОБИ 15. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ

Моддаи 189. Тарафҳо ва мазмуни баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзим нашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст.

Моддаи 190. Мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунанд

Баҳсҳои меҳнатии фардро судҳо баррасӣ мекунанд.

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби пеш аз суд дар ташкилотҳо баррасӣ кардани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пешбинӣ шуда метавонад (моддаи 191 - уми ҳамин Кодекс).

Моддаи 191. Тартибӣ пеш аз суд баррасӣ кардани баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз тарафи комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, ки дар асоси баробарии байни корфармо ва мақомоти ҳимоякунандаи манфиати кормандон таъсис дода мешаванд ё аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ интихоб мегарданд ва ё аз тарафи дигар мақомот пеш аз суд дар ташкилот баррасӣ шудани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пебинӣ шуда метавонад.

Таъсиси ин комиссияҳо бо шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ муайян карда, дар айни замон ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки хоҳ бо комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ муроҷиат кунад ва хоҳ бевосита ба суд. Агар дар шартнома ё созишномаҳои коллективӣ таъсиси комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилот пешбинӣ нашуда бошад, баҳсҳои меҳнатии фардие, ки дар ин ташкилот ба миён меоянд, бояд дар суд баррасӣ карда шаванд.

Моддаи 192. Баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо бо аризаи касони зерин баррасӣ мешаванд:

- корманд, корфармо ё намояндагоне, ки мафиати онҳоро дар сурати розӣ набуданашон бо қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя мекунанд;

- корманд, агар комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ таъсис нашуда бошад ё комиссияи мазкур аризаи ӯро дар давоми даҳ рӯзи муқарраршуда баррасӣ накарда бошад;

- прокурор, агар қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ бо қонунҳо ё дигар санади меъёрӣ ва созишномаҳои оид ба меҳнат мухолиф бошад.

Дар судҳо бевосита чунин баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳаллу фасл мешаванд:

- оид ба барқарор кардан ба кор, сарфи назар аз асоси қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва вазифа; оид ба тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод карадан; оид ба пардохти музд дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд; оид ба ситондани маблағ барои бо гуноҳи корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарори суд дар бораи барқарор кардан ба кор;

- дар бораи аз нав бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои мӯҳлати нав ё мӯҳлати номуайян, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома ҳуқуқи афзалиятноки тамдиди он зикр шуда бошад;

- доир ба ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии корманд ва доир ба ҷуброни зиёди моддӣ ва маънавии ба ин муносибат ба ӯ расонидашуда;

- оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ӯ бад шудааст;

- дар бораи аз тарафи корманд ҷуброн шудани зиёни моддие, ки ба амволи ташкилот расидааст.

Бевосита дар судҳо ҳамчунин баҳсҳои зерини меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор қабул накардани ин касон баррасӣ мешавад.

- ашхосе, ки ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд;

- ашхсе, ки ба кор аз ташкилоти дигар даъват шудаанд;

- ашхоси дигаре, ки корфармо вазифадор аст бо онҳо мутобиқи қонунҳо ё созишномаи меҳнатӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад;

- ашхосе, ки корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кардааст ё онҳо бо мазмуни акт розӣ нестанд.

Судҳо баҳсҳои меҳнати фардиро низ дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо баррасӣ менамоянд.

Моддаи 193. Таъсиси комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ

Комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешаванд. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар маҷлиси умумии (конференсияи) ташкилот интихоб карда мешаванд.

Намояндагони корфармо бо фармони роҳбари ташкилот таъин карда мешаванд.

Моддаи 194. Салоҳияти комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми аввалияест, ки баҳсҳои меҳнатии фардии дар ташкилот рӯйдиҳандаро, ба истиснои ихтилофоте, ки ҷиҳати баррасии онҳо дар Кодекси мазкур ва дигар санади меъёрӣ тартиби дигар муқаррар шудааст, баррасӣ мекунад.

Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, бахшҳои ташкилот баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонанд.

Салоҳият ва тартиби корӣ комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мӯҳлати баррасии баҳсҳо бо Низомномаи тасдиқнамудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 195. Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қабул карда мешавад.

Қарори комиссия бояд далелнок ва ба конунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос ёфта бошад.

Дар қарори комиссия оид ба масъалаҳои пул маблағе, ки корманд ба он ҳақдор аст, бояд аниқ нишон дода шавад.

Қарорро раис ва котиби маҷлис имзо мекунанд. Иҷрои ин ҳатмӣ буда, ба тасдиқи он зарурат нест.

Нусхаи қарор дар давоми се рӯзи қабул шудани он ба корманд, корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон супурда мешавад.

Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рӯз ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 196. Иҷрои қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд аз тарафи корфармо дар муддати се рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати даҳрӯза, ки барои шикоят ба суд пешбинӣ шудааст, иҷро гардад.

Агар корфармо қарори комиссияро дар ин мӯҳлат иҷро накунад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд шаҳодатномае медиҳад, ки эътибори варақаи иҷроияро дорад.

Иҷрокунандаи судӣ қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардиро дар асоси шаҳодатномае, ки комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд додааст ва ӯ ин шаҳодатномаро дар давоми се моҳи гирифтанаш ба суд пешниҳод кардааст, ба тариқи маҷбури ба иҷро мерасонад.

Агар корманд шаҳодатномаро бо сабабҳои узрнок дар муддати се моҳи муқарраршуда пешниҳод карда натавонад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардие, ки шаҳодатномаро додааст, ин мӯҳлатро барқарор карда метавонад.

Моддаи 197. Барқарор кардани корманд ба кори собиқа, ба ҷои собиқаи кор ва шароитҳои асосии собиқа.Ҷуброни пурраи зиёни моддие, ки дар натиҷаи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор расонида шудааст.Ҷуброни зарари маънавӣ

Агар корманд бе асоси қонунӣ ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба кори дигар гузаронида шуда бошад, бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи ихтилофоти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома (қарордод) зикр шудааст, бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба ҷои кори собиқааш барқарор карда шавад. Ҳангоми қабули қарори барқарор кардан ба кор, мақоме, ки баҳси меҳнатиро баррасӣ мекунад, ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии корманд барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё фарқи музди меҳнат дар давраи иҷрои кори каммузд, ҳамчунин оид ба ҷуброни имконпазири зиёни маънавӣ ва дигар хароҷоти иловагии вобаста ба шикоят доир ба гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод кардани ӯ қарор қабул мекунад. Мақоми баррасикунандаи баҳси меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи корманд, бар ивази ба кор барқарор кардан метавонад ба фоидаи ӯ танҳо ҷуброни дар боло нишондодашуда, зиёни моддӣ ва маънавиро ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат ситонад, тасвияи асоси аз кор озод карданро ба тарзи аз кор озод шудан бо хоҳиши худ тағйир диҳад.

Дар сурати эътирофи нодурустии тасвияи аз кор озод кардан ё ба Кодекси мазкур ва ё қонуни дигар мувофиқ набудани он мақомоте, ки баҳси меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, вазифадор аст онро тағйир диҳад ва дар қарор сабаби аз кор озод карданро мутобиқи тасвияи лозима ва истинод ба моддаи марбутаи қонун аниқ нишон диҳад. Агар тсвияи нодурусти аз кор озод кардан, ки дар дафтарчаи меҳнатӣ сабт шудааст, барои ба кори нав қабул шудани корманд монеъа ба вуҷуд оварда бошад, мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии ӯ барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ҷуброни зиёни маънавӣ қарор қабул менамояд.

Моддаи 198. Ҳисоб кардан ва ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор

Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор он бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ мутобиқи қонун индексасия карда шавад.

Ҳангоми ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор дар ҳолати ғайриқонунӣ аз кор озод кардан, аз кор дур намудан, тасвияи нодурусти сабаби аз кор озод кардан, ки барои қабул шудан ба кори дигар монеа ба вуҷуд овардааст, маблағҳои зерини гирифтани корманд ҳисоб карда мешаванд: кӯмакпулии аз кор рафтан, музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи бо кор таъмин шудан нигоҳ дошта мешавад, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, стипендияи давраи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, пардохти музд барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, музди меҳнат барои иҷрои кори нав дар ташкилоти дигар, ки корманд дар ҳудуди мӯҳлати ғайриҳозирии пулакӣ ба он қабул шудааст.

Ҳангоми ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, ба кори дигар гузаронидан, тағйири шартҳои асосии меҳнати корманд бо қарори комиссияи баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ фарқи музди меҳнати тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд пардохта мешавад.

Моддаи 199. Мӯҳлати мурур

Кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешудаанд, ба комиссияи ба баҳсҳои меҳнатӣ фардӣ муроҷиат намоянд.

Барои муроҷиат кардан ба суд мӯҳлатҳои зерин муқаррар мешаванд:

- аз рӯи баҳсҳои ба кор барқарор намудан , як моҳ аз рӯзи ба корманд супорида шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан (ба кори дигар гузаронидан) ё дафтарчаи меҳнатӣ;

- аз рӯи баҳсҳои ҷуброни зиёнии моддие, ки корманд ба ташкилот расонидааст, як сол аз рӯзе, ки корфармо зиёни расонидашударо ошкор сохтааст;

- аз рӯи баҳсҳои дигари меҳнатии фардӣ - се сол аз рӯзе, ки корманд вайрон шудани ҳуқуқи худро фаҳмидааст ё бояд мефаҳмид.

Мӯҳлати мурури даъво ба даъвоҳои зерин дахл надоранд:

- ба даъвоҳо оиди муҳофизати ҳуқуқии шахсии ғайриамволӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

- ба даъво оиди талофии зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонида шудааст. Аммо даъвоҳое, ки баъди се соли ҳуқуқдор шудан ба талофии чунин зиён пешниҳод мешаванд, барои на зиёдтар аз се соли пеш аз пешниҳоди даъво қонеъ мешаванд.

Ҳангоми гузаштани мӯҳлати мурури даъво бо сабабҳои узрнок суд ва ё комиссияи баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ метавонанд мӯҳлати гузаштаро барқарор намоянд.

Моддаи 200. Озод намудани корманд аз хароҷоти суд

Ҳангоми бо масъалаҳои меҳнатӣ ба суд муроҷиат кардан корманд пардохти хароҷоти суд ба фоидаи давлат озод карда мешавад.

Моддаи 201. Иҷрои бетаъхири баъзе қарорҳои суд оид ба парвандаҳои меҳнатӣ

Қарори суд дар бораи ба кор барқарор намудан, ҳамчунин дар бораи тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод кардани корманд бояд бетаъхир иҷро шавад.

Ҳангоми аз тарафи корфармо бо таъхир иҷро шудани чунин қарор суд таъинот мебарорад, ки музди миёнаи меҳнат ё фарқи музди миёнаи меҳнати корманд барои тамоми давраи ба таъхир андохтани иҷрои қарор пардохта шавад. Ҳамчунин қарори суд дар бораи ситонидани музди меҳнат бояд зуд, аммо дар давоми на зиёдтар аз се моҳ иҷро гардад.

Суд метавонад иҷрои бетаъхири пурра ё қисм ба қисми қарроро оиди дигар парвандаҳои меҳнатӣ талаб намояд.

Моддаи 202. Қонеъ сохтани даъвоҳои пулии корманд

Даъвоҳои асосноки пулии кормандро мақоме, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, пурра қонеъ мегардонад.

Моддаи 203. Ба ӯҳдаи шахси мансабдор гузоштани ҷавобгарии моддие, ки дар қатъи ғайриқонунии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё ба ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд айбдор аст

Дар сурати аз тарафи шахси мансабдор ба корфармо расонида шудани зиёни марбуд ба пардохти музди меҳнат ба корманде, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст ё ба корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, суд ҷуброни зиёнро ба ӯҳдаи шахси мансабдор мегузорад. Агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳи ошкоро вайрон кардани қонун қатъ шуда, корманд ба кори дигар гузаронда шуда бошад ва ё шахси мансабдор иҷрои қарори судро дар бораи ба кор барқарор кардани корманд ба таъхир андохта бошад, ӯҳдадории ҷуброни зиён ба зиммаи шахси мансабдор вогузор мешавад.

Андозаи ҷуброни зиён аз маоши семоҳаи шахси масабдор зиёд буда наметавонад.

Моддаи 204. Маҳдудият дар мавриди гардонидани иҷрои қарор оиди парвандаҳои меҳнатӣ

Иҷрои қарори судро доир ба парвандаҳои меҳнатӣ (дар бораи ба кор барқарор кардан, қонеъ гардонидани даъвоҳои пулӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳангоми ба тариқи назорати судӣ бекор карда шудани қарори суд танҳо дар ҳолати ба маълумоти бардурӯғи корманд ё санади қалбакии аз тарафи ӯ пешниҳодшуда асос ёфтани қарори бекоркардашуда гардонидан мумкин аст.

БОБИ 16. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЕКТИВӢ

Моддаи 205. Маҳфуми баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва тартиби ҳаллу фасли онҳо

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ - мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқаррароти қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ мебошанд.

Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо ҳамин Кодекс, қонун, шартномаю созишномаҳои коллективӣ танзим мешавад.

Моддаи 206. Пешниҳоди талабҳои кормандон

Ба пешниҳоди талабҳо кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.

Талабҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро таъин мекунанд.

Намояндагони кормандон талабҳояшонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақоми намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.

Талабҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

Моддаи 207. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар мақомоти намояндагие, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон таъсис додааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.

Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассосиасияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.

Моддаи 208. Миёнаравӣ

Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ӯ дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Миёнарав ҳақ дорад барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.

Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд.

Қоидаи миёнаравро тарафҳо бо ризоияти миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъди кӯшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад.

Агар ҳеҷ кадоми тарафҳо дар давоми даҳ рӯз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.

Моддаи 209. Ҳакамияти меҳнатӣ

Агар дар комиссияи оштидиҳӣ тарафҳои баҳси (низои) меҳнатии коллективӣ дар давоми даҳ рӯз созиш намоянд, бо иштироки ҳукумати ноҳия ё шаҳр ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад.

Ҳайати ҳакамияти меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс (низоъ) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси ҳакамяти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумла аъзои ҳамин ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳайати ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомоти оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.

Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунад.

Ҳакамяти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.

Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст.

Тарафҳо ва мақомоти оштидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои меҳнатии коллективӣ гаштаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.

Агар комиссияи оштидеҳ ва ҳакамияти меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим гардонида натавонад, сабабҳои инро ба коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба навишта мефиристад. Дар ин ҳолат коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба ҳақ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 206-уми ҳамин Кодекс дар миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунро то худи пурра ё қисман бас кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани вазифаҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкилот корпартоӣ (коршиканӣ)-ро истифода барад.

Моддаи 210. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо бояд дар суд барраси гардад.

Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин Кодекс барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқарар шудаанд, истифода мегарданд.

Моддаи 211. Корпартоӣ

Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштидиҳӣ ҳаллу фасл нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштидиҳӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти ҳаллу фасли баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳақ доранд, ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс (митинг, намоиш ва иқдомҳои дигари оммавӣ) - ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнатӣ , корпартоиро истифода баранд.

Қарори корпартоӣ кардан дар маҷлиси (конференцияи) колективи меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории ин қарор камаш аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференция намояндагони коллективӣ меҳнатӣ, дар сурати дар маҷлис мавҷуд будани кворуми аз нисф зиёди аъзои коллективи меҳнатӣ (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ва ё аз се ду ҳиссаи вакилони конфиренция овоз дода бошанд, он қабул мегардад.

Корпартоиро як шахс ё гурӯҳи ашхосе, ки аз тарафи коллективӣ меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд.

Корфармо аз оғози корпартоӣ ва мӯҳлати имконпазири он камаш ду ҳафта пеш бояд хатти огоҳ карда шавад.

Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобиляти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, ҳуқуқи корпартоӣ метавонад маҳдуд карда шавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи корпартоӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

Моддаи 212. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд

Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ кас наметавонад ба ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбур карда шавад.

Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат баррасӣ шуда ё барои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад.

Маоши кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз ҳадди ҳолати бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳкор нест, дода мешавад.

Агар дар шартнома оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ барои давраи корпартои музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда дода намешавад.

Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми дахлдори намояндагии кормандон ҳақ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, ҳамчунин фонди махсуси суғурта таъсис диҳад,

Моддаи 213. Ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани қонун дар дар бораи баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Аз корфармое, ки дар комиссияи оштидиҳӣ иштирок кардан намехоҳад ё барои таъхир ёфтани иҷрои қарорҳои мақомоти оштидиҳӣ гунаҳгор аст, барои ҳар рӯз баъди гузаштани мӯҳлати муқарраргардида то даҳ маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Аз корфармое, ки барои иҷро накардани ӯҳдадории созишномаи дар натиҷаи чораи оштидиҳӣ ҳосилгардида ё худ барои ба ҷо наовардани қарори суд оиди баҳси меҳнатии коллективӣ гунаҳкор аст, то сад маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Бо талаби иттифоқи касаба, мақоми дигари намояндагии кормандон мақоми идораи хоҷагӣ вазифадор аст, ки то худи аз вазифа озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ баҳси меҳнатии коллективӣ рӯй додааст, чораи таъсирбахш андешад.

Моддаи 214. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст, ё худ иштирок дар он вайрон кардани интизоми меҳнат буда, боиси андешидани чораҳои муҷозоти интизомии пешбиникардаи қонунгузорӣ шуда метавонад.

Шахсоне, ки мардумро бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур месозанд, тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Зиёни ба мулкдор аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз фонди истеъмолии ташкилот аз тариқи суд ҷуброн карда мешавад.

Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба гузаронида шуда бошад, зиён бо назардошти амволи иттифоқи касаба ба андозаи муайяннамудаи суд аз ҳисоби он ҷуброн карда мешавад.

Шахсоне, ки ҳомии манфиати тарафҳо буда, қоидаҳои дар ин Кодекс пешбинишударо вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

БОБИ 17. СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 215. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар ду шакл сурат мегирад: суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.

Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бидуни истисно ба тамоми ашхосе, ки бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунанд, дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, мадохилот аз буҷети давлатӣ ва дигар мадохилоти муайянкардаи қонун ташаккул меёбад. Кормандон ҳиссаи худро ба фонди суғурта бо тартиб ва андозаи муайянкардаи Қонун мепардозанд.

Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта метавонад, амалӣ мегардад.

Моддаи 216. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кӯмакпулиҳо (кӯмакпулиҳои корношоямии муввақатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кӯмакпулиҳои оилавӣ ва дигар кӯмакпулиҳое, ки қонун ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд) дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе категорияҳои кормандон, барои табобат дар санаторияву курорт, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи полиси суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакарадаи қонун манъ аст.

Аз фонди суғурта қарздор будани корфармо кормандро аз ҳуқуқи таъмини ӯ аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.

Дар созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, ҳамчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Моддаи 217. Кӯмакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ

Ҳангоми беморӣ (ҷароҳат бардоштан), ки бо гум кардани қобилияти корӣ вобаста аст, дар вақти зарурати нигоҳубини узви бемори оила, карантин ва протезгузорӣ кӯмакпулӣ барои корношоями муваққатӣ пардохта мешавад.

Агар корманд дар давраи кор, дар роҳ ҳангоми ба кор омадан ҳамчунин ҳангоми аз кор ба хона рафтан, аз ҷумла рӯзи аз кор озод карда шуданаш муваққатан корношоям гардида бошад, ба гирифтани кӯмакпулӣ ҳақ дорад.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дар ҳамаи ҳолатҳо аз рӯзи авали гумм кардани қобилияти корӣ, ки дар варақаи корношоямии тартибаш муқарраргардида тасдиқ шудааст, то барқарор шудани қобилияти корӣ ё то рӯзи муқаррар намудани маъюбӣ пардохта мешавад.

Андозаи кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ баробари аз шаст то сад фоизи музди миёнаи меҳнат аст. Асосҳои тафриқа тағйири андозаи кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатие, ки дар натиҷаи ҷароҳати меҳнатӣ ё бемории касбӣ ва дар дигар ҳолатҳо ба миён омадааст, ба андозаи музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ то барқарор гардидани қобилияти меҳнатӣ, вале ба муддати на зиёдтар аз чор моҳи касалии пайдарпай ва ҳангоми мубталои касалии сил будан ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад ва баъди ин кормандро барои муқаррар кардани маъюбӣ ба комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ мефиристад.

Кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ аз рӯи ҳисоби якмоҳа назар ба андозаи музди ҳадди ақалли меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда (моддаи 103-юми Кодекси мазкур) кам Буда наметавонад.

Қоидаҳои додани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо қонун муқаррар карда мешавад.

Моддаи 218. Кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд

Кӯмакпулии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба андозаи пурраи музди меҳнат барои тамоми давраи рухсатие, ки ба зан ба сабаби ҳомиладорӣ ва таваллуд дода мешавад (моддаи 164-уми ҳамин Кодекс) сарфи назар аз он ки чанд рӯзи рухсатӣ ба давраи пеш аз таваллуд ва чанд рӯзи он ба давраи пас аз таваллуд рост омадааст, пардохта мешавад.

Моддаи 219. Кӯмакпулиҳои оилавӣ

Кӯмакпулиҳои оилавӣ (кӯмакпулии яквақта ба муносибати таваллуди кӯдак, кӯмакпулии ҳармоҳа барои нигоҳубини кӯдак то якунимсола шудани

ӯ) ба корманд бо тартиби шартҳо ва андозаи муқаррарнамудаи қонун пардохт мешаванд.

Моддаи 220. Кӯмакпулӣ барои дафн

Кӯмакпулӣ барои дафн (кӯмакпулии маросимӣ) дар ҳолати фавти корманди суғурта шуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оилаи ӯ, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад.

Андозаи кӯмакпулӣ барои дафн баробари бист моҳонаи ҳадди ақал аст.

Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиро барои дафн Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 221. Кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ

Тартиби ҳисоб ва пардохти кӯмакпулӣ ба сабаби бекорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 222. Таъмини нафақа

Тартиби муқаррар намудани ҳамаи намудҳои нафақа, таъин, ҳисобу китоб ва пардохти онҳо бо қонун муайян карда мешавад.

Моддаи 223. Тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатиро барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳазӣ ва дигар тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ бевосита дар корхона мақоми дахлдори намояндагии кормандони корхона харҷ мекунад.

Моддаи 224. Фондҳои ғайридавлатии суғурта

Фондҳои ғайридавлатии суғурта на вобаста аз низоми суғуртаи иҷтимоии давлатӣ амал мекунанд.

Андоза, тартиби пардохти ҳиссаҳо ба фондҳои ғайридавлатии суғурта ва пардохт аз онҳо бо созишномаҳои байни мақомоти намояндагии фондҳои мазкур ва суғурташавандагон муайян карда мешаванд.

БОБИ 18. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ МЕҲНАТ

Моддаи 225. Мақомоти назорати риоя шудани қонунҳои меҳнат

Назорати давлатии риоя шудани қонуҳои меҳнат ба зиммаи мақомоти зерин аст:

1.Мақомоти давлатии махсус ваколатдор ва инспекцияҳои дар фаъолияти худ ба корфармо тобеънабуда;

2.Иттифоқҳои касаба, ҳамчунин инспекцияҳои техникӣ ва ҳуқуқии меҳнатӣ, ки дар ихтиёрашон ҳастанд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва тамоми ҳукуматҳо риоя шудани қонунҳои меҳнатро бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

Вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ риоя шудани қонунҳои меҳнатро дар ташкилотҳои тобеашон бо мақомоти худ назорат мекунанд.

Аниқ ва якхела иҷро гардидани қонунҳои меҳнатро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои поёнии тобеи ӯ мукаммал назорат мекунанд.

Моддаи 226. Назорати давлатии пешбурди бехатарии кор дар саноат

Ба риоя шудани қоидаҳои пешбурди бехатарии кор дар соҳаҳои алоҳидаи саноат ва баъзе объектҳо (дар баробари инспекцияи техникии иттифоқҳои касаба) Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати пешбурди бехатарии кор дар саноат ва назорати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он назорати давлатӣ мекунад.

Ин назорат дар соҳаҳо ва корҳои ҷудогона бо муқаррароти муайяннамуда дар бораи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати пешбурди бехатарии кор дар саноат ва назорати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Моддаи 227. Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунҳои меҳнат

Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунҳои меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат бар зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин бар души инспекторон ва комиссияҳои мақоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё мақоми дигари намояндагии кормандон аст.

Назорати ҷамъиятии санитарӣ ба зиммаи инспекторони ҷамъятии санитарии ташкилот мебошад.

Моддаи 228. Масъулияти риоя накардани қонунхои меҳнат

Шахсони мансабдоре, ки ба риоя накардани қонунҳои меҳнат гунаҳкоранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

113. Дар бораи қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Аз 15 маи соли 1997 беэътибор дониста шаванд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1972 "Дар бораи тсдиқ кардани Кодекси Қоунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1972, № 12, моддаи 90);

Моддаи 3 Фасли II Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "Дар бораи ҷавогарӣ барои ноустувор гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии республика" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 150);

Фасли IV Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);

Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 18, моддаи 244);

Фасли II Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1992 ,Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 2, моддаи 12);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 141);

Фасли I Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Моддаи 1 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1993 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"; (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 536);

Моддаи 1 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 1994 "Дар бораи даровардани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"; (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, моддаи 50);

Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 9-12, моддаи 184);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 "Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 270);

Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 1994 "Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1944, № 19-20, моддаи 415);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 ,Оиди тасдиқи фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24, моддаи 466).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 15 маи соли 1997, № 417

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. То мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси мазкур санадҳои қонунгузорию меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хилофи Кодекси мазкур нестанд, амал мекунанд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:

а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барраси ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад;

в) аз тарафи вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кардани санадҳои меъёриашонро, ки хилофи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таъми намоянд;

г) Низомномаро "Дар бори комиссияҳо оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ" барои баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов

ш. Душанбе, 15 маи соли 1997, № 418