ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 1. Дар сархати якуми қисми панҷуми моддаи 83 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 9, мод. 112; с. 1998, №23 - 24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; № 4, мод. 195; с. 2009, № 5, мод. 320), калимаҳои "22 июл-Рӯзи забони тоҷикӣ" ба калимаҳои "5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 июли соли 2010 № 616
ш. Душанбе
21 июли соли 2010 № 616
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
...