Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 683 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112; мод. 113; с. 1998, №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4, қисми 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 6 қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Меъёрҳои Кодекси мазкур нисбат ба корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, низ татбиқ мегарданд. Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".

2. Ба қисми чоруми моддаи 32 ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба кор қабул намудани кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад.".

3. Дар банди 3) моддаи 53 калимаи "ҳукмнома" ва дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 55 калимаҳои "ҳукмномаи суд" ба калимаҳои "ҳукми суд" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 56:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 56. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд";

- қисми якуми модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.";

- ба қисми дуюм ҷумлаи нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТРУДОВОЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Трудовой кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 15 мая 1997 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997 г., №9, ст. 112; ст. 113; 1998 г., №23-24, ст. 340; 1999 г., №5, ст. 69; 2002 г., №4, часть 1, ст. 185; 2004 г., №5, ст. 337; 2006 г., №3, ст. 152; №4, ст. 195; 2009 г., №5, ст. 320; 2010 г., №7, ст. 545; ст. 549), следующие изменения и дополнения:

1. Статью 6 дополнить частью третьей следующего содержания:

"Нормы настоящего Кодекса также применяются к домашним работам работников (надомников), работающих у отдельных физических лиц. Виды домашних работ работников (надомников), работающих у отдельных физических лиц, определяются Правительством Республики Таджикистан.".

2. Часть четвёртую статьи 32 дополнить новым предложением следующего содержания:

"Приём на работу работников (надомников), работающих у отдельных физических лиц, оформляется трудовым договором (соглашением), образец которого утверждается уполномоченным государственным органом.".

3. В пункте 3) статьи 53 слово "приговора" заменить словами "приговора суда".

4. В статье 56:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 56. Документы, подтверждающие трудовой стаж работника";

- часть первую статьи изложить в следующей редакции:

"Трудовая книжка установленного образца и другие документы о трудовом стаже работника являются основными документами трудовой деятельности, подтверждающими трудовой стаж работника. Образец и порядок ведения трудовой книжки, а также перечень других документов, подтверждающих трудовой стаж работника, определяются Правительством Республики Таджикистан.";

- часть вторую дополнить новым предложением следующего содержания:

"На работников (надомников), работающих у отдельных физических лиц, трудовая книжка не ведется.".

...