ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112; мод. 113; с. 1998, №23-24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152; №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545; мод. 549; с. 2011, №3, мод. 151), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар ном ва матни моддаи 1 калимаҳои "қонунгузории", "ашхоси", "ашхосе" ва "санади меъёрӣ" мувофиқан ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба", "шахсони", "шахсоне" ва "санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
2. Дар банди 4) моддаи 2 калимаҳои "ҳуқуқии" ва "ҳокимияти маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони" ва "маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми чоруми моддаи 3 калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 4:
- дар қисми якум:
- баъди калимаи "Конститутсияи" калимаи "(Сарқонуни)" илова карда шавад;
- дар банди 1) калимаи "бепул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шавад;
- дар банди 8) калимаи "қонунҳо" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар банди 9) калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу мулки" иваз карда шавад;
- дар банди 12) калимаи "аз" ба калимаи "ва" иваз карда шавад;
- дар банди 13) калимаи "қонун" ба калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
- дар банди 3) қисми дуюм калимаи "амволи" ба калимаҳои "молу- мулки" иваз карда шавад.
...