×

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997

Санаи амалкуни: 22.07.2013

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси меҳнати ҶТ аз 23.07.2016 № 1329 аз эътибор соқит дониста шуд.

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 718, аз 14.05.1999 № 756, аз 3.05.2002 № 10, 17.05.2004 № 26, аз 3.03.2006 № 158, аз 29.04.2006 № 182, аз 19.05.2009 № 512, аз 21.07.2010 № 612, аз 21.07.2010 № 616, аз 25.03.2011 № 683, аз 26.12.2011 № 778, аз 01.08.2012 № 880, аз 22.07.2013 № 981)

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим менамояд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи шахсони воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин шахсоне, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 2. Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста

Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста инҳо мебошанд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси мазкур;

3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

5) Санадҳо - созишномаҳо: созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);

6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар доираи салоҳияти худ мебарорад);

7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

Моддаи 3. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Сатҳи ҳаддӣ ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд.

Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.

Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба муқарароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд.

Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд

Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳақ дорад. Давлат ба ҳар як корманд ҳуқуқро барои инҳо кафолат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

1) хизматрасонии ройгон барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;

3) мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;

4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад;

5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

6) иштирок дар идора намудани ташкилот;

7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон - хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;

8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кӯчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё молу мулки ӯ расидааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;

11) корпартоӣ;

12) ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

14) ҳимоя аз бекорӣ;

Корманд вазифадор аст:

1) мутобиқи шартномаи (қарордди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;

2) интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;

3) бо молу мулки корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

Моддаи 5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии корфармо

Корфармо ҳуқуқ дорад:

1) ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намояд;

2) шартномаҳои (қарододҳои) меҳнатӣ бандад ва онҳоро бекор кунад;

3) шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;

4) дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) қабул намояд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

5) кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;

6) аз кормандон иҷрои қоидаҳои таритиботи дохилии меҳнатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартномаҳои меҳнатиро талаб намояд. Дар сурати вайрон кардани (аз ҷониби корманд роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ) интизоми меҳнатӣ кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;

7) якҷоя бо дигар корфармоён барои ҳимояи манфиатҳои касбии хеш иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил диҳад ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад.

Корфармо ӯҳдадор аст:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар ташкилот риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

2) ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандро бо шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ташкилот шинос намояд;

3) музди меҳнати кормандро сари вақт пардозад;

4) ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.

Моддаи 6. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон

Амали Кодекси меҳнат ба ҳамаи кормандон татбиқ мегардад.

Меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон вобаста ба шакли моликияти ташкилот, ки корманд бо он муносибати меҳнатӣ дорад, шароит ва характери меҳнат, характери алоқаи меҳнатии корманд бо ташкилот, шароити табиию иқлимӣ ва дигар омилҳои объективӣ метавонад дорои хусусиятҳои хос бошад ва бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Дар айни замон сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳгои меҳнатӣ набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад.

Меъёрҳои Кодекси мазкур нисбат ба корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, низ татбиқ мегарданд. Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Моддаи 7. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.

Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки мӯҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ намебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Шахсоне, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ

Меҳнати маҷбурӣ манъ аст.

Чунин корҳо меҳнати маҷбурӣ намебошанд:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароти ҳолатҳои фавқулодда, ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3) корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.

Дар ин сурат кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида, ширкатҳои хусусӣ гузоштан мумкин нест.

Моддаи 9. Ҳифзи ҳуқуқии меҳнатии кормандон

Ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз тарафи мақомоти назорат ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ ва суд ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 10. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Мақоми давлатӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он идоракунии давлатии соҳаи меҳнатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда барои таҳия, татбиқ ва ҳамҳангсозии сиёсат дар соҳаи мазкур, ки шароити меҳнат ва шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, ҳиҷрати меҳнатии онҳоро дар бар мегирад, масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нисбат ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат қоидаҳои бештар имтиёзнокро барои кормандон муқаррар карда бошанд, дар ин ҳолат қоидаҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 12. Татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва ташкилотҳои хориҷӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, метавонанд, ба сифати коргар ва хизматчӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳо кор кунанд ва ё дар асос ва тибқи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бо фаъолияти дигари меҳнатӣ машғул шаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат нисбат ба шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, вале тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар ташкилотҳое, ки пурра ва ё қисман ба ашхоси ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ мансубанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо илова ва истисноҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст, муқаррар намоянд, татбиқ мегарданд.

Моддаи 13. Баҳисобгирри мӯҳлате, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст

Мӯҳлате, ки Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рӯзи дигари баъди санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешвад.

Мӯҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири мӯҳлат ба охир мерасанд. Ба мӯҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рӯзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рӯзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.

Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рӯзи аввали кории минбаъда рӯзи ба охир расидани мӯҳлат ба ҳисоб меравад.

Моддаи 14. Амали санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат дар замон

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат қувваи бозгашт надоранд ва ба муносибатҳои пас аз ба амал ҷорӣ шудани онҳо ба миён омада татбиқ мегарданд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Амали санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ба муносибатҳое, ки то ҷорӣ гардидани онҳо" ба миён омадаанд, танҳо дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита пешбинишуда татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар баъди бастани шартнома санади қонунгузорие қабул шавад, ки он барои тарафҳо назар ба шартҳои ҳангоми бастани шартнома мавҷуд буда, шартҳои дигари ҳатмиро муқаррар менамояд, он гоҳ шартҳои шартномаи имзошуда эътибори худро нигоҳ медоранд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар санади қонунгузорӣ ба муносибатҳои аз шартномаҳои пештар баста шуда ба миён омада татбиқ гардидани амали он муқаррар шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 15. Мафҳумҳои асоси

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

1) санадҳои меъёрии дохили (локали) - санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунанд;

2) тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати - корфармо ва корманди кироя;

3) корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати, шахси ҳуқуқи, ҳамчунин намояндаги ва филиалҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузори дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнати мебошанд;

4) корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнати бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад:

5) намояндаи ваколатдори шахси корфармо - роҳбари (муовинони ӯ) ташкилот (воҳиди таркиби), усто, мутахассис ё корманди дигаре, ки қонунгузори ё корфармо ба ӯ ҳуқуқи қабули ҳамаи қарорҳо ё қарорҳои ҷудогонаро, ки аз муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо вобаста бармеоянд. додааст;

6) ташкилот - шахси ҳуқуқи, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидори;

7) воҳидҳо - коргоҳ, қитъа, бригада, шӯъба, идора ва дигар бахшҳои таркибии ташкилот;

8) омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнати - андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти кори, рухсати ва дигар шартҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин созишномаи тарафҳо муқаррар намудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

9) омилҳои истеҳсолии меҳнати - шароитҳои техники, санитарию гигиени, истеҳсолию маиши ва дигар шароитҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муайян намудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

10) шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсоли дар ҷараёни фаъолияти меҳнати;

11) шартҳои муҳими кор - низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи кори, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгӯи вазифаҳо;

12) касб - навъи фаъолияти меҳнати, ки донишу малакаи тавассути омӯзиш ва таҷриба андӯхтаро тақозо менамояд;

13) дараҷаи тахассус - сатҳи омодагии умуми ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузори муқарраргардида (номаи камол, диплом, шаҳодатнома ва ғайра) тасдиқ мешавад;

14) ихтисос - маҷмӯи дониш, кордони ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кори андӯхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнати дар доираи касби мазкур зарур аст;

15) вазифа - мавқеи хизматии корманд буда, ба доираи ӯҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифави ва хусусиятҳои масъулияти ӯ вобастаги дорад;

16) кормандони мавсими - кормандоне, ки вобаста ба шароити табиию иқлими дар тамоми давраи соли тақвими корро иҷро карда наметавонанд ва фақат дар давоми давраи (мавсими) муайян корро иҷро мекунанд;

17) мутахассисони ҷавон - шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабҳои оли ва миёнаи махсус аз рӯи роҳхати муассисаҳои мазкур ба кор қабул шудаанд;

18) брон (ҷудо карда мондан) - таъмини кор аз ҳисоби ҷойҳои холии кор барои гурӯҳи муайяни кормандон;

19) квота - ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидори барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳимояи иҷтимои эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;

20) шахсоне, ки аъзо ё иштирокчии ташкилот мебошанд - ҳаммолик ва соҳибони молу мулк, ки бо ин ташкилот муносибатҳои меҳнати доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

21) мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат - аз тарафи корманд такроран гунаҳкорона вайрон кардани ӯҳдадориҳои меҳнати дар давраи амали ҷазои интизомии ба ӯ додашуда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

22) дағалона вайрон кардани интизоми меҳнати - ба ҷои кор дар ҳолати масти, нашъаманди ё токсикомани ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар ҷои кор набудан (аз ҷумла. зиёда аз 3 соати рӯзи кори набудан), дар ҷои кор қасдан вайрон намудан ва дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатари, бехатари аз сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла ҷароҳат, садама ё сӯхтор гаштааст;

23) иттифоқи касаба - ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфнатҳои умумиашон ҳам дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсоли ва ҳам ғайриистеҳсоли барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд;

24) иттиҳодияи корфармоён - ташкилоти ғайритиҷоратии ихтиёрона созмондодаи корфармоён баҳри намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни он дар доираи шарикии иҷтимои (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 2. КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ. НАМОЯНДАГИИ МАНФИАТҲОИ КОРМАНДОН

Моддаи 16. Коллективи меҳнатӣ

Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатии ташкилотро ташкил медиҳанд.

Ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва Оинномаи (Низомномаи) ташкилот муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 17. Намояндагии кормандон дар ташкилот

Намояндагони кормандон дар ташкилотҳо шахсоне мебошанд, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи мнфиатҳои онҳоро иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳо дар ташкилот, дигар мақомоти аз тарафи кормандон интихобшуда ба амал бароварда метавонанд.

Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Кормандон худашон он мақомеро, ки намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.

Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.

Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон оиди амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.

Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои мақомоти намояндагӣ дар ташкилот

Мақомоти намояндагии кормандони ташкилот ҳуқуқ доранд:

1) гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрии меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадро пешниҳод кунанд;

2) дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;

3) ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ назорат кунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

4) дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;

5) дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ, агар қарор хилофи санади қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

6) тибқи тартиби пешбинамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корпартоӣ эълон кунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

7) ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амалӣ қонуниро анҷом диҳанд.

Ҳамаи мақомоти намояндагии аз тарафи кормандон ваколатдоршуда ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 19. Манъи халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот

Халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар кадом шакле, ки бошад манъ аст.

Қатъ намудани фаъолияти мақомоти намояндагии кормандони ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ӯ манъ мебошад.

Корфармо, шахсони ваколатдори ӯ, ки амалҳои дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур нишондодашударо анҷом додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 20. Вазифаи корфармо нисбат ба мақомоти намояндагии кормандон

Корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ вазифадоранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

1) ба фаъолияти мақомоти намоляндагии кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;

2) қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо мақомоти намояндагии онҳо машварат кунанд;

3) пешниҳоди мақомоти намояндагии кормандонро сари вақт баррасиӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи хеш иттилои асоснок диҳанд;

4) ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон барои бемамониат ба ҷои кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, рафтани онҳо иҷозат диҳанд;

5) ба мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ройгон маълумоти зарури диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

6) барои иҷрои вазифаҳояшон ба мақомоти намояндагии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;

7) барои фаъолияти мақомоти намояндагии кормандон бино, воситаҳои нақлиётӣ, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;

8) дар муносибат бо мақомоти намояндагии кормандон дигар вазифаҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 21. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон

Ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоят аз ҳар гуна шакли таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки бинобар интихоб шуданашон ба мақомоти намояндагӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷои кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷои кор мавҷуд набошад, ҷои корӣ (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.

Моддаи 22. Мақомоти намояндагии корфармоён

Корфармоён ҳуқуқ доранд дар иттифоқҳо, ассотсиасияҳо, конгрессҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён чун ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибони молу мулк, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо мақомоти намояндагии кормандон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 3. ШАРТНОМАҲО ВА СОЗИШНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

Моддаи 23. Мақсади бастани шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 24. Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ

Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.

Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мӯҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои он дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ҳисобот медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 25. Масъулият барои иҷро накардани қонунгузорӣ оид ба шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Масъулиятро барои саркашӣ аз иштирок дар гуфтушунид, барои вайрон намудан ва иҷро накардани шартнома ва созишномаи коллективӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 4. ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 26. Мафуми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ- созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Моддаи 27. Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳсолагӣ расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, метавонанд тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, қисми дуюм) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ банданд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Инҳо метавонанд чун корфармо, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошанд:

1) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин намояндагӣ ва филиалҳои он (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

2) шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар барои эҳтиёҷи хоҷагии истеъмолии худ ба қайд гирифта шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 28. Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд.

Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26, аз 26.12.2011 № 778).

Рад кардани беасоси бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо кормандоне, ки аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квота, брон ба кормандон фиристода шудааст, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, манъ мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Рад кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.

Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

Пеш аз бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад шартҳои иловагӣ гузошта шавад (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 28(1) Муқаррароти умуми оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан - тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати аз тарафи корманд дар баробар ва дар давраи фориғи аз кори (мансаби) асоси иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда.

Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асоси талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ӯ ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 1 ва 3 қисми дуюми моддаи 32 ҳамин Кодекс муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломати зараровару хатарноки шароити меҳнати қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд ӯҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва характери шароити меҳнат дар ҷои кори асоси маълумот пешниҳод намояд.

Хусусиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгори, тиббию дорусози, фарҳанг) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 29. Кафолатҳо ҳангоми қабул кардан ба кор

Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Рад кардани беасоси қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зайл ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

-шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

-шахсоне, ки корфармо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад (маъюбон ва ашхоси синнашон аз ҳаждаҳ поёнтар, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни сесола доранд, мутаносибан бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо), дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар сурати рад кардани қабул ба кор корфармо вазифадор аст бо талаби корманд дар мӯҳлати 3 рӯз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оиди чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 29(1) Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Дар ташкилотҳои давлати дар ду вазифаи роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузори ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то 18-сола, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнатии зарарнок дошта, агар кори асоси низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ карда мешавад.

Дар ду (якчанд) ҷой дар ташкилотҳои давлати ҳамроҳ кор кардани хешовандоне, ки таҳти итоату назорати бевоситаи ҳамдигари қарор доранд, манъ аст (моддаи 29.2 ҳамин Кодекс).

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, ҳамчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнати ё пардохти ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 29(2) Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Дар як ташкилоти давлати (воҳидҳои таркиби) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутабори (волидон, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони волидон, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигари алоқаманд бошад, манъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158).

Маҳдудиятҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк дар ташкилотҳои ғайридавлати низ муқаррар карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 30. Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ

Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ ва шартномаи коллективӣ муайян мекунанд.

Дар матни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ бояд ҷои кор ( ташкилот ва ё воҳидҳои муайян), вазифаи меҳнатии корманд, рӯзи оғози кор мӯҳлати амалӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корӣ, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароитҳои меҳнат нишон дода шавад.

Сатҳи ҳуқуқҳо ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуданд, ҳангоми бастани шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ паст кардан мумкин нест.

Моддаи 31. Мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлатҳои зайл баста мешаванд:

1) ба мӯҳлатҳои номуайян;

2) ба мӯҳлати муайян - на камтар аз як сол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи бандҳои 3), 4) ва 5) қисми якуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

3) барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷои кораш нигоҳ дошта мешавад;

4) ба мӯҳлати иҷрои кори муайян;

5) барои иҷрои корҳои мавсимӣ;

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Агар дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мӯҳлати амали он нишон надода шуда бошад, пас шартнома ба мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб гардида, бидуни розигии корманд аз нав барои мӯҳлати муайян баста намешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавнд, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои мӯҳлати номуайян имконпазир бошад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158).

Моддаи 32. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода, аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд,

1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);

3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;

4) барои ӯҳдадорони ҳарбӣ - билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

Корфармо ҳуқуқ надорад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ба кор қабул намудан бо фармони (амри) ташкилот ё шахси ваколатдори ӯ ба расмият дароварда мешавад. Ба кор қабул намудани кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683, аз 26.12.2011 № 778).

Фармон (амр) ба корманд бо гузаштани имзо эълон карда мешавад.

Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корманд дар сурати мавҷуд набудани шартномаи (қарордоди) хаттии меҳнатӣ бо огоҳии корфармо амалан ба кор шурӯъ карда бошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози кор баимзорасида ҳисоб шуда, бояд дар давоми се рӯзи оғози кор ба расмият дароварда шавад.

Моддаи 33. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созишномаи тарафайн муқаррар гардида ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар давраи санҷиш амали санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат ба корманд татбиқ мегардад.

Санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудани шахсони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида, мутахассисони ҷавон, ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар, инчунин ҳангоми тибқи озмун ба кор қабул намудан муқаррар карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набуд, ба ҳисоби мӯҳлати санҷиш дохил намегардад.

Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани қайд чунин ҳисоб мешавад, ки корманд бидуни санҷиши пешакӣ ба кор қабул карда шудааст.

Агар пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ изҳороте надиҳанд, пас амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ роҳ дода мешавад.

Моддаи 34. Шартномаи шогирдӣ

Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор мекобанд, барои мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида барои таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омӯхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома бо шахсоне, ки омӯзишро хатм намудаанд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад.

Музди меҳнат ҳангоми таълим тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 35. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

Ба дигар кори доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.

Розигии корманд барои дар худи ҳамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам, бояд ба таври хаттӣ гирифта шавад.

Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ҳисоб карда ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад.

Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба кори дигар гузаронидан ҳисобида нашуда, бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии онҳо, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 981).

Агар давом додани кор аз рӯи вазифаи меҳнатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективи, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ қатъ гардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 36. Тағйир ёфтани шароити меҳнат

Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.

Дар шартномаҳои коллективӣ метавонад машварати пешакӣ бо мақомоти ҳифзкунандаи манфиати кормандони ташкилот оид ба тағйироти шароити меҳнат барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.

Корфармо вазифадор аст кормандонро оид ба тағйирёбии ояндаи шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ӯ барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона маблағ пардохта шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд арз кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо вазифадор аст исбот кунад, ки нигоҳ доштани шароити пештари меҳнат имконнопазир аст.

Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷои корӣ ҳуқуқ дорад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот, бидуни риояи мӯҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.

Моддаи 37. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати

бекористӣ

Дар сурати бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар, бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба мӯҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошд.

Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.

Моддаи 38. Муваққатан боздоштани истеҳсолот

Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро ҳис намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот кори воҳидҳои (цехҳо, участкаҳо, бригадаҳои) алоҳидаро бидуни гузаронидани чораҳои ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боз дорад.

Муваққатан боздоштани ташкилот чун бекористии бидуни гуноҳи корманд ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар дар ҳаҷми маблағи моҳона (маош) ҳақ дода мешавад.

Муваққатан боз доштани кор бидуни додани ҳаққи бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

Моддаи 39. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда кормандони ихтисоснокро бидуни розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

Моддаи 40. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати

истеҳсолӣ ва бекористӣ

Бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ кормандро бидуни розигии ӯ ба мӯҳлати то як моҳ ба кори дигар муваққатан гузаронидан мумкин аст. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ӯ мебошад, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан гузаронидан ба корманд аз рӯи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара ҳақ дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсоли мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин ҳаҷми мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 41. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо ташаббуси ташкилот

Хоҳиши корманд дар бораи гузаронидан ба кори дигар бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонда шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.

Номгӯи сабабҳои узрнокро барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин тартиби пардохти музди меҳнатро ҳангоми гузаронидан ҳамин Кодекс, шартномаи коллективӣ агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.

Моддаи 42. Вазифаи корфармо оиди пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо вазифадор аст, бо розигии мақоми намояндагии кормандони ташкилот ва мақоми дахлдори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, бинанд:

1) маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (чанд) ҷой кор мекунанд;

2) маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақтҳои муқаррарӣ;

3) тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми чоруми моддаи 36 ҳамин Кодекс;

4) муваққатан боз доштани истеҳсолот тибқи моддаи 38 ҳамин Кодекс;

5) давра ба давра озод кардани кормандон;

6) дигар чорабиниҳо, агар онҳоро шартномаи коллективӣ пешбинӣ карда бошад.

Моддаи 43. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани молик ва аз нав ташкил кардани ташкилот

Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин аз нав ташкил кардани (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо шудан ва дигаргун сохтани) он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардидаи онҳо мумкин аст.

Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи молик ҳақ дорад шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатиро, ки молики пештара бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот ба ҷо меоваранд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақом ба тобеияти мақоми дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи (қарордоди) меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

Моддаи 44. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:

1) бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома (қарордод) ҳар вақт қатъ карда шавад;

2) бо ташаббуси корманд;

3) бо ташаббуси корфармо;

4) бо гузаштани мӯҳлат;

5) бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда.

Моддаи 45. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Корманд ҳақ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Баъди гузаштани мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро супорида, бо ӯ ҳисобу китобро баробар кунад.

Бо хоҳиш ва розигии корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба итмом расидани мӯҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар мӯҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.

Дар давоми мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пас гашта гирад, агар ба ҷои кори ӯ ба таври гузарондан, корманди дигар даъват нашуда бошад.

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ӯ, ки барои аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.

Корманд ҳақ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома (қарордод) корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷои кор ба ӯ хабари нодуруст дода аст ё ӯҳдадориашро оиди таъмини шароитҳои солим ва бехавфи меҳнат дар ҷои кор вайрон кардааст, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бидуни огоҳии пешакии корфармо бекор кунад.

Моддаи 46. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бояд асоснок бошад. Инҳо асос шуда метавонанд:

1) барҳам хӯрдани ташкилот; қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;

2) ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё кори иҷро мекардагиаш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё аҳволи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

3) бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ӯ гузоштааст, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад.

4) прогул (аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор ) бидуни сабабҳои узрнок;

5) ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомила ва таваллуд, агар қонунгузорӣ мӯҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷои корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхӯрии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

6) дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;

7) дуздидани молу мулки корфармо дар ҷои кор, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

8) қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардондани кор дар чанд ҷой;

9) қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;

10) вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;

11) аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳгоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медиҳад;

12) аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;

13) вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Санадҳои қонунгузорӣ, оинномаҳо ва низомномаҳои оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 1 (бағайр аз барҳам хӯрдани ташкилот) ва 2 ҳамин модда, банди 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ӯ ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии мувақкатӣ (бағайр аз озодкунӣ аз рӯи банди 5 ҳамин модда) ва дар давраи дар рухсатӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти соҳибкор, роҳ дода намешавад.

Моддаи 47. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дар сурати бекор шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бино бар тағйир ёфтанишумораи (штати) кормандон ё шароити меҳнат

Дар сурати бекор шудан шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми корҳо, ки боиси тағйири шумораи (штати) кормандон ё тағйири хусусияти корҳо гардидааст, ҳуқуқи имтиёзнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.

Дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:

- ба кормандоне, ки ду ва аз ин зиёд хӯранда доранд;

- ба шахсоне, ки дар оилаашон дигар кормандони дорои музди меҳнати мустақилона мавҷуд нестанд;

- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи тӯлонии кор доранд;

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбҳои техникиро ба итмом расондаанд, ба шарте ки баъди хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рӯи ихтисос кор кунанд;

- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

- ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар;

- ба шахсоне, ки ба касалии шуоъ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо паҳншавии нури радиационӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки алоқамандии, маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ муқаррар шудааст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳи зикршуда эвакуация ё кӯчонда шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;

- ихтироъкорон.

Дар шартномаи (қарордоди) коллективӣ метавонад дигар ҳолатҳое, пешбинӣ карда шавад, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

Моддаи 48. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигармақоми намояндагии кормандон

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) баъди пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома ва созишномаи меҳнатӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо танҳо бо розигии пешакии иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон дар бораи қарори қабулшуда доир ба масъалаи ризоят барои бо корманд қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дорад, дар шакли хаттӣ ба корфармо бояд хабар диҳад.

Корфармо ҳақ дорад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қатъ намояд.

Моддаи 49. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, дар мӯҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳонад:

1) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моҳ;

2) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардагиаш мувофиқ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё аҳволи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз ба кор набарояд ва музди кораш нигоҳ дошта шавад.

Бо созишномаи тарафҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад аз рӯи асосҳои зикршуда то ба охир расидани мӯҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи рӯзона барои ҳар рӯзи боқимондаи то ба охир расидани ин мӯҳлат бекор карда шавад.

Корфармо вазифадор аст дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақоми дахлдори давлатии шуғли аҳолӣ маълумот диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 50. Кафолату имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

1) кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

2) нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақоми шуғли аҳолӣ, агар корманд дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақом муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

3) ҳуқуқ барои як сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, бо кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд мӯҳлати аз ин дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи ба кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Моддаи 51. Қатъ кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баробари ба итмом расидани мӯҳлати он қатъ мегардад. Агар баъди гузаштани мӯҳлат муносибатҳои меҳнатӣ давом кунад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мӯҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба мӯҳлати номаълум идомадошта ҳисобида мешавад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ӯ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи ба кор баргаштани ин корманд қатъ мегардад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъди ба охир расидани он қатъ мешавад.

Моддаи 52. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани мӯҳлат

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ, ки дар бандҳои 2 ва 4 моддаи 31 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани мӯҳлат аз рӯи асосҳои пешбиникардаи моддаи 43 ва 44 ҳамин Кодекс бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.

Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар вазифаҳои меҳнатии худро вайрон кардани корманд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад.

Моддаи 53. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд, қатъ карда мешавад:

1) ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683);

4) бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ, ҳамчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо - шахси воқеӣ (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

6) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 54. Аз кор дур кардан

Корфармо ӯҳдадор аст бо талаби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории ҷумҳурӣ кормандро аз кор дур кунад.

Корфармо ҳақ надорад, ки корманди дар ҳолати мастӣ аз шароб, моддаҳои нашъаовар ва ё токсикӣ ба кор ҳозиршударо дар ҳамон рӯзи (сменаи) корӣ ба кор роҳ диҳад.

Дар давраи аз кор дур кардан музд дода намешавад.

Моддаи 55. Кӯмакпӯли дар вақти аз кор рафтан

Ба корманд дар сурати қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои аз кор рафтан кӯмакпулӣ дода мешавад:

- бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11, қисми 1 моддаи 46 ҳамин Кодекс;

- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истиснои ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд (банди 3 моддаи 53 ҳамин Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан бо роҳи зарб задани чоряки музди миёнаи моҳона ба шумораи солҳои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз ҳаҷми музди миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Моддаи 56. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд

(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683)

Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Корфармо вазифадор аст ба ҳаммаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд. Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор кайд карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфамо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.

Моддаи 57. Вазифаи корфамо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот

Корфармо вазифадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рӯи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамон ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа, вақти кор ва ҳаҷми музди меҳнат маълумотнома диҳад.

Моддаи 58. Роҳ надодани ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.

Ҳангоми баррасии баҳс дар суд ба зиммаи корфармо вазифа гузошта мешавад, ки зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

Агар дар шартномаи коллективӣ пешакӣ гирифтани розигии мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бо ташаббуси корфармо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ суд дар қатори дигар далелҳо розигии мақомоти мазкурро ба ҳисоб мегирад.

Моддаи 59. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Ҳангоми аз ҷониби суд ба кор барқарор намудани корманд ба зиммаи корфармо оиди ҷуброни зарари ба корманд расонидашуда вазифа гузошта мешавад.

Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

1) ҳатман пардохтани вақти прогули маҷбурӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди аз даст дода;

2) ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти бурдани кори парванда);

3) имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи ҳармоҳаи корманд камтар буда наметавонад.

БОБИ 5. ВАҚТИ КОР

Моддаи 60. Мафҳуми вақти кор. Давомнакии мӯътадил вақти кор

Вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд.

Давомнокии мӯтъдили вақти кор дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.

Моддаи 61. Давонокии кӯтоҳии вақти кор

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:

1) ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд (моддаи 17 ҳамин Кодекс);

2) ба кормандони маъюб (моддаи 152 ҳамин Кодекс);

3) ба кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид (моддаи 62 ҳамин Кодекс) машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд (моддаи 63 ҳамин Кодекс).

Моддаи 62. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар ҷараёни меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд. Рӯйихати истеҳсолот, цехҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти кор ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 63. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, педагогҳо ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддатӣ баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии вақти кор дар як ҳафта на бештар аз 35 соат муқаррар карда мешавад.

Номгӯи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кори онҳоро санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 64. Вақти нопурраи кор

Бо созишномаи байни корманд ва корфармо чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ минбъад рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад.

Корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муқаррар намояд.

Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Кор дар шароити вақти нопурраи кор барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.

Моддаи 65. Навъҳои ҳафтаи кор. Низоми вақти кор

Навъҳои ҳафтаи кор (ҳафтаи кори панҷрӯза бо ду рӯзи истироҳат ё ҳафтаи кори шашрӯза бо як рӯзи истироҳат, ҳафтаи кор бо рӯзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти кор (давомнокии вақти кори ҳамарӯза (смена), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи смена дар як шабонарӯз, иваз намудани рӯзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як смена ба сменаи дигар) дар ташкилот тибқи тартиби дохилии меҳнат, дигар санади маҳдуди меъёрӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо , тибқи созишномаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 66. Кори сменавӣ

Ҳангоми кори сменавӣ давомнокии кори ҳамарӯза (смена) тибқи ҷадвали сменавӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон тасдиқ карда мешавад, муқаррар гардида, дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.

Кормандон якдигарро дар смена баробар иваз мекунанд. Аз як смена ба дигар смена гузаштан мутобиқи ҷадвали кори сменавӣ сурат мегирад.

Паи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду смена манъ аст.

Моддаи 67. Давомнокии вақти кор

Дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кори муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) набояд аз ин зиёд бошад:

- дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи корӣ муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

- барои кормандони синни аз 15 то 16 - 5 соат, аз 16 то 18 - 7 соат;

- барои хонандагони муассисаҳои маълумоти умумӣ (мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд - синни аз 14 то 16 - 2,5 соат, синни аз 16 то 18 - 3,5 соат;

- барои маъюбон - 6 соат;

- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - нисфи давомнокии мӯътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 60-67 ҳамин Кодекс муайян шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи кор агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

Моддаи 68. Ба қисмҳо тақсим кардани рӯзи кор

Дар корҳои дорои хусусияти хоси меҳнат агар зарур шавад, рӯзи кор бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, ба шарте, ки давомнокии умумии вақти кор аз давомнокии муқарраргардидаи кори ҳаррӯза зиёд набошад.

Намуди корҳое, ки дар онҳо рӯзи кор ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит шартнома ва созишномаи коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 69. Давомноки кор дар арафаи рӯзҳои ид

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар арафаи рӯзҳои ид (ғайрикорӣ, моддаи 83 ҳамин Кодекс) барои ҳамаи кормандон на камтар як соат кӯтоҳ карда мешавад.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) пеш аз рӯзи ид дар ҳолатҳое, ки агар пеш аз рӯзи ид рӯзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кӯтоҳи ҳафтаи кор муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.

Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза дар рӯзҳои пеш аз ид имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ ба мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ прдохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 70. Давомнокии вақти кори шабона

Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад.

Давомнокии кори шабона бо мутаносибан кӯтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи кор як соат кӯтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррӯзаи (смена) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.

Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар вақти шабона имкопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёд аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудаст, ҷуброн карда мешавад.

Ба кори шабона ҷалб намудани кормандон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки моддаҳои 152, 161, 162, 181 ҳамин Кодекс муқаррар кардаанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 71. Якҷоя ба ҳисоб гирифтани вақти кор

Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти корро риоя кардан мумкин нест, метавонад баҳисобгирии якҷояи вақти кор ҷорӣ карда шавад, ба шарте, ки давомнокии вақти кор дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи мӯътадили соатҳои кор (моддаҳои 67-70 ҳамин Кодекс) зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии кори ҳаррӯза (смена) аз 12 соат зиёд бошад. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти корро шартномаи меҳнатӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфамо баъди маслиҳат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муқаррар менамоянд.

Моддаи 72. Изофакорӣ

Изофакорӣ коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кори давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.

Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 73 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо вазифадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити мӯътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.

Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдуддиятҳое, ки моддаҳои 152, 162, 163, 181 ҳамин Кодек муқаррар намудаанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорӣ манъ аст.

Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ин бошад;

- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

- чор соат дар дигар корҳо.

Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Моддаи 73. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоанд:

а) иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатар зарур аст;

б) иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти мӯътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

в) зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки онро бинобар сабабҳои техникӣ ғайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ иҷро кардан имкон надорад, дар сурате, ки зимнан қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад;

г) иҷрои корҳои муваққатӣ оиди таъсир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайронии онҳо боиси қатъ шудани кори бисёр коркунон мегардад;

д) давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчӣ чораҳои фаврӣ андешад;

е) иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ғуншавии бор дар нуқтаҳои борфиристию боргирӣ ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

Моддаи 74. Ҳисобкунии вақти корӣ

Корфамо вазифадор аст вақти кореро, ки ҳар корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт аниқ ҳисоб кунад.

БОБИ 6. ВАҚТИ ДАМГИРӢ

Моддаи 75. Мафҳуми вақти дамгирӣ ва намудҳои он

Вақти дамгирӣ вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Навъҳои вақти дамгирӣ инҳоянд:

а) танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ;

б) танаффусҳо байни рӯзҳои (сменаи) корӣ;

в) рӯзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);

г) рӯзҳои ид;

д) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;

е) рухсатиҳои иҷтимоӣ (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 76. Танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ

Дар давоми рӯзи корӣ (смена) ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус дода шавад.Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори сменаҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Чун қоида танаффус бояд камаш баъди чаҳор соати шурӯи дода шаавад.

Ин гуна танаффусҳо ба вақти кор дохил намешаванд ва ба онҳо музд дода намешавад ва давомнокии онҳо набояд аз ду соат зиёд бошад.

Дар корҳое, ки аз рӯи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироҳат ва таомхӯрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё кунад. Номгӯи чунин корҳо дар қарордодҳои коллективӣ (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муайян мегардад), ҷои истироҳат ва таомхӯрӣ аз тарафи корфамо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 77. Танаффусҳои дохили сменавӣ. Танаффусҳои махсус барои гармшавӣ ва дамгирӣ

Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилисменавӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамояд. Навъи ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар қарордодҳои коллективӣ тасдиқ карда мешавад (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошандбо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии коркунони ташкилот, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).

Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармшаванда кор мекунанд, борбардороне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурӯҳи коркунон мувофиқи шароит ва тартибе, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳо оид ба меҳнат пешбинӣ намудаанд, барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани тифл (моддаи 166 ҳамин Кодекс) танаффусҳои махсус барои истироҳат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Чунин танаффусҳо ба ҳисоби вақти кор дохил гардида, музди онҳо пардохта мешаванд. Корфармо вазифадор аст биноҳоеро, ки ҷиҳати гармшавӣ ва ё салқиншавӣ, инчунин истироҳати кормандон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.

Моддаи 78. Давомнокии истироҳати ҳаррӯза

Ба кормандон бояд танаффуси байни рӯзҳои корӣ (сменаҳо) бо давомнокии на камтар аз 12 соат дода шавад.

Моддаи 79. Рӯзҳои истироҳат

Ба ҳамаи кормандон рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад. Дар ҳафтаи панҷрӯзаи кор ба кормандон дар ҳафта ду рӯзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрӯзаи корӣ - як рӯз истироҳат дода мешавад.

Рузӣ истироҳати умумӣ , якшанбе мебошад. Рӯзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ, тибқи ҷадвали кори ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рӯзи истироҳат, чун қоида паи ҳам дода мешавад.

Моддаи 80. Рӯзҳои истироҳат дар ташкилотҳои муттасил коркунанда ва ташкилотҳое, ки кор дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ қатъ намегардад

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рӯзҳои истироҳат дар рӯзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурӯҳ кормандон мувофиқи ҷадвали сменаҳо, ки корфармо бо машварати пешакии мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муқаррар кардааст, дода мешавад.

Дар ташкилотҳое, ки фаъолият дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ вобаста ба зарурати таъминоти аҳолӣ (театр, музей, магазин, ташкилотҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ қатъ намегардад, рӯзҳои истироҳат бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 81. Манъи кор дар рӯзҳои истироҳат. Мавридҳои истисноии ҷалби кормандон ба кор дар рӯзҳои истироҳат

Дар рӯзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.

Дар рӯзҳои исироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормадони ташкилот дар ҳолатҳои истисноии зайл иҷозат дода мешавад:

- барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаҳи истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо;

- барои пешгирии ҳодисаҳои фоҷиавӣ, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мӯътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи маҳдудиятҳои муайяннамудаи моддаҳои 152, 162, 181 ҳамин Кодекс ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 82. Ҷу брони кори рӯзҳои истироҳат

Кори рӯзҳои истироҳат мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рӯзи истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 105 ҳамин Кодекс ҷуброн мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 83. Рӯзҳои ид

Рузҳои ид, ки рузҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар рӯзҳои ид корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил амалкунанда) номумкин аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.

Кор дар рӯзҳои ид тибқи муқаррароти моддаи 105 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали корӣ баъди рӯзи ид гузаронида мешавад.

Дигар рӯзҳои ид, ки бидуни рӯзи истироҳат қайд карда мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 84. Мафҳум ва намудҳои рухсатиҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсати муддати вақти нисбатан тӯлониест, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо шарти нигоҳдошташавии ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнати озод буда, аз он баҳри фароғат ва барқарор намудани қобилияти меҳнати, ҳамчунин қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳо истифода менамояд.

Дар зери мафҳуми кори пештара кори иҷрошудае, ки то давраи рухсати бо ҳамон корфармо, аз рӯи ҳамон ихтисос, вазифа, касб ва дар ҳамон ҷойи кори иҷро шудааст, фаҳмида мешавад.

Ба кормандон намудҳои зерини рухсатиҳо дода мешаванд:

1) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда:

а) рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин;

б) рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;

в) рухсатии иловагии ҳарсола;

2) рухсатиҳои иҷтимои:

а) рухсатии давраи ҳомиладори ва таваллуд:

б) рухсати барои нигоҳубини тифл:

в) рухсатии таълими;

г) рухсатии эҷоди:

3) рухсатиҳои бе музди меҳнат (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 84(1) Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимои

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Кормандон ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимои (қисми дуюми моддаи 75 ҳамин Кодекс) бо мавҷуд будани асосҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳуқуқ доранд.

Иваз кардани рухсати ба ҷуброни пули мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 84(2) Ҳуқуқ ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо онҳо басташуда. шакли ташкили ва музди меҳнат ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвими дода мешавад.

Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи корфармоён ҳатми мебошад.

Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худи мӯҳлати давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтаринро аз 24 рӯзи тақвими бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё шартномаҳои (қарордоди) меҳнати зикр ёфтаанд, зиёд намояд.

Рӯзҳои иди ғайрикори, давраи корношоямии муваққати, инчунин рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намегарданд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 85(1) Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти хислат ва хусусияти функсияҳои меҳнати, синну сол, собиқаи кори, вазъи саломати ва дигар ҳолатҳо рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.

Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:

1) ба ходимони ташкилотҳои илми - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

2) ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илми, муассисаҳои таълими ва китобхонаҳои ҷумҳуриявию вилояти - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

3) ба кормандон - омӯзгорони муассисаҳои олии шакли таълимиашон рӯзонаю ғоибона. аз ҷумла доир ба тайёри, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва касби-техники - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

4) ба кормандони мактаб ва муассисаҳои кӯдаконаи томактабию берун аз мактаби - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

5) ба кормандони муассисаҳои маданию равшаннамои - аз 28 то 42 рӯзи тақвими;

6) ба ҳамшираҳои тибби, ки ба тарбияи кӯдакони синни то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои кӯдаконаи синни томактаби ва хонаи кӯдакон - 42 рӯзи тақвими;

7) ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рӯзи тақвими;

8) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсоли (таълими истеҳсоли) қабул шудаанд - 30 рӯзи тақвими (моддаи 180 ҳамин Кодекс);

9) ба кормандони маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм - 42, гурӯҳи сеюм - 35 рӯзи тақвими;

10) ба заноне, ки дар соҳаи кишоварзи кор мекунанд - на камтар аз 28 рӯзи тақвими;

11) ба дигар гурӯҳҳои кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар зербандҳои 1) - 5) қисми дуюми моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 86. Рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола

Корфармо вазифадор аст ба инҳо рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад;

- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин кор мекунанд (моддаи 87 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- ба кормандоне, ки корашон характери махсус дорад (моддаи 88 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- ба кормандоне, ки дар шароти номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд (моддаи 89 - уми ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 89.1 ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26);

- дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ, шартномаҳои коллективии меҳнатӣ (қарордод) пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 87. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зараноку вазнини меҳнат

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кӯҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кӯҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию химявӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Рухсатии иловагии мазкур танҳо бо яке аз асосҳои дар номгӯи пешбинигардида дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 88. Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор

Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рӯзи тақвимӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои характери махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.

Номгӯи касбу, вазифаи кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои характери махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 89. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Давомнокии мушаххаси рухсатӣ ва шарти додани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 89(1) Рухсатии иловагии кормандон бо рӯзи кории ба меъёр гирифтанашуда

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории мӯътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловаги на камтар аз 10 рӯзи тақвими дода мешавад.

Давомнокии мушаххаси чунин рухсати барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлати фаъолиятдошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони ташкилотҳои ғайридавлати дар шартномаи (созишномаи) коллективи ва дар сурати мавҷуд набудани он тибқи созиши тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешавад.

Номгӯи кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлати аз ҷоннби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи коллективи ё дигар санади меъёрии дохилии ташкилот муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26, аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 89(2) Рухсатии иловаги барои собиқаи кории давомнок

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандоне, ки дар соҳаҳои алоҳида машғул буда, дорои собиқаи кории давомнок дар як ташкилот мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвими дода мешавад.

Номгӯи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои давомнокии собиқаи кор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 90. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои ҳарсола

Давомнокии рухсатиҳо бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Рӯзҳои ид, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд ва рӯзи корӣ намебошанд, мувофиқи моддаи 83 ҳамин Кодекс ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки мӯҳлати онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳо мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.

Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рӯзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рӯз ба инобат гирифта намешавад.

Моддаи 90(1). Соли корӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Соли корие, ки барои он рухсатии меҳнати дода мешавад, фосилаи вақтест, ки баробар бо давомнокии соли тақвими буда, барои ҳар як корманди алоҳида аз рӯзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 91. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад

Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад инҳо дохил мешаванд:

- вақти кори воқеӣ дар давоми сол;

- вақте, ки корманд амалан кор накардаву вале ҷои кораш (вазифааш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст;

- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;

- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), қарордодҳои коллективӣ ва дигар санадҳои алоҳидаи ташкилот, шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.

Агар дар шартномаи коллективӣ, дигар шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки ба рухсатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:

- вақти бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набудани корманд;

- вақти рухсатиҳои бемаош барои нигоҳубини кӯдак то ба синни муайяннамудаи қонун расидани ӯ;

- вақти рухсатиҳои бемаош, ки ба хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рӯзи тақвимӣ дода шудааст.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 91(1). Ҳуқуқи корфармо оиди тағйир додани соли кори

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Агар маҷмӯи давраҳое, ки тибқи моддаи 91 ҳамин Кодекс ба соли кори дохил мешаванд, аз дувоздаҳ моҳи пурраи тақвими кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 92. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои соли аввали кори на барвақттар аз ёздаҳ моҳи кори аз ҷониби корфармо дода мешавад.

То ба итмом расидани ёздаҳ моҳи кори корфармо вазифадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнати пешниҳод намояд:

1) ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ё баъди он;

2) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;

3) ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;

4) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат дар истироҳатгоҳу санатория роҳхат доранд;

5) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асоси дар давраи то ёздаҳ моҳи кори аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;

6) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълими, касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;

7) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;

8) ба заноне, ки соҳиби ду ва зиёда кӯдаки синни то чордаҳсола ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳсола мебошанд;

9) ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, шӯъбаҳои шабонаю ғоибонаи муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус ва аспирантураҳо таълим мегиранд;

10) дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективи ё шартномаи (қарордоди) меҳнати муайяншуда.

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнати баъди гузаштани се моҳ дода мешавад.

Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарби бо хоҳишаш рухсатии меҳнати дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.

Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1-9 қисми дуюм, қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда нишондодашуда рухсати мутаносибан ба рӯзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рӯзи тақвими дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 92(1).Шартҳои додани рухсатии меҳнати барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори ҳар вақти соли кори мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнати дода мешавад, агар дар ҳамин Кодекс ҳолатҳои дигар пешбини нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 93. Додани рухсатии ҳарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд

Рухсатиҳои ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, барои муддати кори воқеӣ дар ҷои кори охирин дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 94. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати бо тартиби пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) коллективи ва ё шартномаи (қарордоди) меҳнати, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнати, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё байни корфармо ва корманд мувофиқа гардидааст, муайян карда мешаванд.

Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳати барои соли тақвими тибқи мӯҳлатҳои муқарраргаштаи шартномаи (созишномаи) коллективи тартиб дода мешавад, ки он бо корфармою иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.

Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсати, ҳуқуқҳои кормандоне, ки барои гирифтани рухсати имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

дар давраи тобистон ва дигар вақти муносиб:

1) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;

2) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимии касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;

3) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;

4) ба заноне, ки ду ва зиёда кӯдаки синнашон то ҳаждаҳсола доранд;

5) ба кормандоне, ки бемории нурҳои радиоактивиро аз сар гузаронидаанд;

6) ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил иштирок кардаанд;

7) дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683);

дар давраи муайян:

1) ба кормандоне, ки аз истеҳолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, миёнаи махсус ва оли, аспирантураҳо - қабл аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргашта, иҷрои корҳои лаборатори ё таълими, супурдани имтиҳонот ё санҷишҳо ба омӯзиш машғуланд;

2) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асоси.

Оиди вақти пешниҳоди рухсати ба корманд бояд 15 рӯз пеш аз саршавии рухсати хабар дода шавад.

Ба мардони корманд мувофиқи хоҳишашон дар давраи рухсатии ҳамсарашон барои ҳомиладори ва таваллуд рухсатии ҳарсолаи меҳнати пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 94(1). Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд, чун қоида, дар давоми ҳар як соли кори (ҳар сол) рухсатии меҳнати пешниҳод намояд.

Дар ҳолатҳои истиснои, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнати ба корманд дар соли ҷори ба ҷараёни мӯътадили кори ташкилот, соҳибкори инфироди таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд як қисми рухсатии ӯро ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.

Қисми боқимондаи рухсатии меҳнати набояд аз даҳ рӯзи тақвими кам бошад ва он то охири соли кори ба корманд дода мешавад.

Қисми рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи кори ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсати мавриди истифода қарор мегирад.

Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳсола нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнини зараровари меҳнати кор мекунанд, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнати иҷозат дода намешавад.

Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатии меҳнати манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 95. Ҳуқуқи корманд оиди ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани мӯҳлати рухсатии меҳнати дар давоми соли кори

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати метавонад ба дигар вақт гузаронида ё дароз карда шавад:

1) ҳангоми корношоямии муваққатии корманд;

2) ҳангоми фаро расидани мӯҳлати рухсати барои ҳомиладори ва таваллуд;

3) ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнати бо рухсати барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнати ва ё дар вақти рухсатии меҳнати ва баъд аз даъвати муассисаи таълими ба расмият дароварда бошад);

4) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлати ё ҷамъияти, агар санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбини карда бошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

5) ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар мӯҳлати муқаррарнамуда барои рухсати;

6) бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.

Дар ҳолатҳое, ки ин гуна сабабҳо дар давраи рухсати ба миён омада бошанд, рухсати ба муддати он рӯзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мӯҳлати дигари соли равони кори гузаронида мешавад.

Агар сабабҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнати ба вуҷуд омада бошанд, рухсати бо хоҳиши корманд ба вақти дигари соли кори бо розигии байни корманду корфармо гузаронида мешавад.

Корманд ӯҳдадор аст корфарморо аз сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсати дар мӯҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсати монеъ мешаванд, огоҳ созад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 95(1). Оқибати бе асоси қонуни ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнати аз ҷониби корманд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Агар рухсатии меҳнати бо риояи тартиботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мӯҳлати муайяншудаи он то охири соли кори бе асоси қонуни рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пули ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 100 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд".

Моддаи 96. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатӣ. Бозхонд аз рухсатӣ

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо рухсатиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он қисмҳо бояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар набошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Аз рухсатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Ба ин иртибот қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 94(1) ҳамин Кодекс илова гардад агар ҳолатҳои дигар дар шартномаи коллективи пешбини нашуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26, аз 26.12.2011 № 778).

Аз рухсатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар ё хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, ҳамчунин дигар ашхос дар ҳолатҳои дар қонунгузори пешбинишуда мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 97. Пардохти рухсатии асосии ҳарсола

Дар давраи рухсатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.

Пардохти рухсатӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале ба ҳар ҳол на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.

Моддаи 97(1) Воситаҳои пардохти рухсатиҳо

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Пардохти рухсатиҳои меҳнати ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс) ва нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165,166 ҳамин Кодекс) аз ҳисоби воситаҳои худи корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, аз ҳисоби воситаҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбини гардидаанд, амали карда мешавад.

Пардохти рухсати аз рӯи ҳомиладори ва таваллуд, рухсатии нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои амали карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 98. Рухсатии иҷтимои

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии иҷтимои ба кормандон барои фаъолияти эҷоди (моддаи 98(1) ҳамин Кодекс), давраи ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс), нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс) ва таҳсил бе ҷудошави аз истеҳсолот (моддаҳои 186,187,188 ҳамин Кодекс) дода мешавад.

Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимои аз давомноки, ҷой ва намуди кор, номгӯи ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.

Дар вақти рухсатии иҷтимои ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё шартномаи коллективи (созишнома) пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

Рухсатии иҷтимои илова ба рухсатии меҳнати дода мешавад.

Рухсатии иҷтимои барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.

Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимои дар соли ҷории тақвими он ба соли дигари кори гузаронида намешавад ва бо маблағи пули ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 98(1) Рухсатии эҷоди

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии эҷоди бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолави, навиштани китобҳои дарси ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори муайян намудааст, дода мешавад.

Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро қонун муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 99. Рухсатии бемузди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ба корманд, бинобар вазъи оилави ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бе музди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии онро мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.

Рухсатии бе музди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатми ба инҳо дода мешавад:

1) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;

2) ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;

3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;

4) ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рӯзи тақвими;

5) ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнати ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рӯзи тақвими;

6) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат роҳхати санаторию истироҳати доранд, ки мӯҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнати зиёд аст - ба мӯҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи мӯҳлати рухсатии меҳнати истифода шуда бошад, ба мӯҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);

7) ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳоноти дохилшави ба муассисаҳои оли, миёнаи махсуси таълими иҷозат дода шудаанд - мутобиқан 15 ва 10 рӯзи тақвими, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълими;

8) ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва дар онҳо бе ҷудошави аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳони дохилшави, номзади ва кори рисолави;

9) дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.

Рухсатиҳои дар бандҳои 1-3-юми қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар даврае дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст. Узрнок будани сабабҳои дода шудани рухсатии меҳнатии иҷтимоиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар муқаррар нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 99(1) Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Бо сар задани зарурати муваққатан боздоштани кор ё ҳангоми кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо, бо мақсади пешгири намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё штат, ҳуқуқ дорад бо ризоияти корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдори ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Андозаи музди меҳнати пардохтшаванда дар ин сурат аз рӯи мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи маоши корманд кам буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 100. Амали кардани ҳуқуқи рухсати ҳангоми аз кор озод намудан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми аз кор озод намудан новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпули дода мешавад.

Бо хоҳиши корманд ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати бо ташаббуси ӯ рухсатиҳои истифоданашуда бо шарти пас аз ба итмом расидани рухсати аз кор озод кардан дода шуда метавонанд. Дар ин ҳолат таърихи аз кор озод шудан рӯзи охирини рухсати ҳисоб карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати рухсати бо шарти баъди рухсати аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, ки агар мӯҳлати рухсати пурра ё қисман аз мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи (қарордоди) меҳнати то ба охир расидани рухсати дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.

Ҷубронпули барои рухсатии пурраи меҳнати дар сурате пардохта мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан дар тамоми соли кори кор карда бошад. Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли кори меҳнат карда бошад, ҷубронпули мутаносибан ба вақти кор кардашуда пардохта мешавад.

Ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкуни пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 100(1). Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсати

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо бо назардошти фикри коллективи меҳнати метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркуни ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо муносиб рухсати диҳад.

Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад) ва дар мувофиқа бо шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати корфармо ҳуқуқ дорад:

1) барои кор аз рӯи ҷадвали ҳафтаи кории муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбасти) ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;

2) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнати, иҷрои корҳои махсусан вазнин ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;

3) андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимои, пеш аз ҳама рухсатиҳои бо давраи ҳомиладори ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, фаъолияти эҷоди ва таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;

4) кормандонеро, ки рухсатии худро дар санаторияҳо, пансионатҳо, хонаву базаҳои истироҳати, дар санаторияҳои профилактики ва дигар муассисаҳои табобатии истироҳати гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро мустаҳкам мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то истироҳатгоҳ ҳавасманд гардонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 7. МУЗДИ МЕҲНАТ

Моддаи 101. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасони) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифи ва коэффитсиентҳои байнидараҷави, мувофиқи комёбии сатҳи техники, технологи ва ташкили истеҳсолот, дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити мӯътадили кор муқаррар мекунад.

Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (моддаи 103 ҳамин Кодекс) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.

Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифи, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:

1) барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

2) барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузори аз буҷети давлати ва аз фаъолияти соҳибкори) - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин, шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

3) барои кормандони дигар ташкилотҳо - шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо, шартномаҳои (қарордоди) меҳнати.

Корфармо ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандони ташкилот низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 102. Кафолати пардохти музди меҳнат

Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, вазифадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардозад.

Поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо вазифадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш як хел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.

Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи муқаррарнамудаи шартномаҳо камтар буда наметавонад.

Моддаи 102(1). Кафолати давлати оиди пардохти музди меҳнати кормандон

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Низоми кафолати давлати инҳоро дар бар мегирад:

1) низоми тарифи, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифи (маошҳо), ҷадвали тарифи, коэффитсиентҳои тарифи. Мушкилоти иҷроиши кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифи аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён сурат мегирад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

2) андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат - меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифи (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурӯҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

5) миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёри фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рӯзҳои истироҳатию идҳо, зиёда аз вақти муқаррари кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлими доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;

6) чораҳо барои нигоҳдории сатҳи ҳақиқии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбанди аз даромад;

8) назорати давлатии пардохти саривақтии музди меҳнат ва амали намудани кафолатҳои давлати оиди қисмати андозаи он;

9) ҷавобгарии корфармоён барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи оиди музди меҳнат.

Кафолати давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнати ва шартҳои кироя бо корфармоёни ҳама гуна шакли моликият мебошанд, тааллуқ доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 102(2). Музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат - маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пули ё дар шакли асли ҳисобкардашудае мебошад, ки корфармо бояд онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти кори дохил мешавад, пардохт намояд.

Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доими ва тағйирёбанда иборат мебошад.

Ҳнссаи доимии музд аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифи (маош) иборат аст.

Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи кори, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илми ва ғайра) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 103. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳадди ақали музди меҳнат - миқдори давлатии ҳатмии ҳадди ақали пардохти пулие мебошад. ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити мӯътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси мазкур муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд.

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.

Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловаги, изофапули, пардохти ҳавасмандсози, инчунин пардохти барзиёдати, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан (моддаҳои 105, 106 ҳамин Кодекс) дода мешаванд, дохил намегарданд.

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳияви, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд (моддаи 104 ҳамин Кодекс), андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.

Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбини карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиетҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.

Номгӯи минтақаҳое, дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тариби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 104(1). Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рӯи вазифа иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.

Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои тафриқаи музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рӯи коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба барои тафриқаи ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи музди меҳнат, ҳамчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рӯзбайъ ва ғайраҳо, ки бо дарназардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(2). Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифи пардохта мешавад, кн онҳоро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Ба дараҷаи мушаххаси тарифи (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рӯи тартибе сурат мегирад, ки онро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.

Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассуси дар навбати аввал дода мешавад.

Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ӯ дараҷаи баландтари тахассуси диҳад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(3). Музди меҳнате, ки дар шароитҳои махсус истифода карда мешавад

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароитҳои меҳнатии зарарнок ва махсусан зарарнок аз рӯи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори он, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(4). Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкуни ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективи ва шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешаванд.

Шаклҳо ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлати ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо қонун муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Шаклҳо ва низоми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Тафриқабандии андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккаби ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(5). Тағйир додани шартҳои музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд, тағйир дода мешаванд.

Тағйири шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ӯ роҳ дода намешавад. Дар ҳолати зерини истиснои чунин тағйирот мумкин аст:

- ҳангоми тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат, ки шартҳои музди меҳнати пешинаро нигоҳ доштан имкон надорад.

Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ пеш огоҳ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(6). Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рӯи кори дараҷаи баландтари тахассуси дода мешавад.

Ба кормандони корбайъ аз рӯи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.

Дар ҷое, ки аз рӯи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷави пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(7). Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани вазифаи кормандони ба кор ҳозирнабуда

 (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи (қарордоди) меҳнати тасдиқшудаи худ аз рӯи ихтисос, дараҷа ва вазифа дар муддати бо қонунгузори муқарраркардаи давомнокии рӯзи кори (басти кори) бе озодшави аз кори асоси корҳои иловагиро аз рӯи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапули дода мешавад.

Андозаи иловапули барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапули бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(8). Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Дар вақти муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағгузори мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии бо ҷадвали штати (бе илова ва зиёдшави) пешниҳодшуда пардохта мешавад.

Корманди ивазкунанда аз рӯи шарт ва ба андозаи барои вазифаи корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.

Шарт ва тартиби музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи дигар корманд дар дигар ташкилотҳо кор кардан аз тарафи корфармо муқаррар гашта, дар шартномаи (созишномаи) коллективи пешбини мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 105. Пардохти изофакори, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррари чунин пардохта мешавад:

1) ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;

2) ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифави мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.

Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррари кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст.

Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 ҳамин Кодекс) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81 ҳамин Кодекс) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти кори кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рӯзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рӯзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад.

Барои кори зиёда аз вақти муқаррари, дар рӯзҳои ид ва истироҳат мукофот аз рӯи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рӯи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.

Дар шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррари низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 105(1). Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнати пардохта мешавад.

Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёри, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.

Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳияви ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо дарназардошти ҳамин иловапулиҳо пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 106. Пардохти музди кори шабона

Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробаи меъёри муқарраршуда пардохта мешавад.

Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.

Андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористи, ҳамчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва аз кор бозистодан, ки бо айби корманд сар назадааст, музди миёнаи моҳонаи ӯ пардохта мешавад.

Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рӯи кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.

Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористи, ки бо айби корманд сар задааст , музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъди маслиҳат ва мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян мекунад, пардохта мешавад.

Нуқси маснуот, дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳони дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъди қабули маснуот аз ҷониби мақомотн назорати техники маълум гардидааст, баробар бо маснуоти коршоям пардохта мешавад.

Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи коллективи, қарордоди меҳнати муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108. Мӯҳлатҳои додани музди меҳнат

Мӯҳлати пардохти музди меҳнатро қарордодҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамояд, вале он дар ҳар ниммоҳа камтар аз як маротиба буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар сурати мутобиқ омадани рӯзи пардохти музди меҳнат ба рӯзҳои истироҳат ё ид, маош дар арафаи чунин рӯзҳо пардохта мешавад.

Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи пулҳои ӯ дар рӯзи охирини кор пардохта мешаванд.

Музди меҳнате, ки коргар то рӯзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ӯ ё шахсе дода мешавад. ки хароҷоти дафнро тибқи андозаи талабот ба зимма гирифтаанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26);

Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз мӯҳлати муқарраргардида дертар пардохта шавад, ӯ вазифадор аст ба андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Кормандоне, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 108(1). Шаклҳои пардохти музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат танҳо дар шакли воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Бо розигии корманд ба ивази пардохти пули қисман ба пардохти асли (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад. Пардохти асли ба ҷойи пардохти пули бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахси мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ӯ фоиданок бошад.

Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.

Пардохти музди меҳнат дар шакли ӯҳдадориҳои қарзи, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(2). Ҷойи пардохти музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат ба корманд чун қоида бевосита дар ҷойи иҷрошудаи кор (дар ташкилот) пардохта мешавад.

Агар корманд дар рӯзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизмати, дар курсҳои такмили ихтисос ва ғайра), он гоҳ бо хоҳиши корманд, корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ӯ музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро ба шахсони бовариноки корманд супорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ӯ гузгаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(3). Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи принсипн ҳисоби хоҷаги фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба даст омада буда, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(4). Фонди захиравии музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисоби мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузори, шартномаҳои коллективи ва меҳнати пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхурии ташкилот, қатъ гаштани фаъолияти соҳибкори инфироди ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори пешбинишуда корфармо вазифадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнат таъсис диҳад.

Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109. Нигоҳдоштани маблағ аз музди меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати кормандон барои ҷуброни қарзҳояшон дар назди корфармо бо супориши корфармо амали карда мешавад:

1) барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

2) барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисобу китоби нодуруст зиёдати дода шудааст;

3) барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва саривақт барнагардонидае, ки барои сафари хизмати ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷои дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидори дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозиги баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини мӯҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

4) ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнати гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсати. Агар корманд бо асосҳои дар бандҳои 1, 2 ва 5 қисми якуми моддаи 46 ва банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикршуда аз кор озод шуда бошад. инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолатҳое, ки дар рӯзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рӯзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;

5) ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (банди 1 моддаи 135 ҳамин Кодекс).

Музди меҳнате, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисобу китоби нодуруст, аз корманд руёнидан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо ӯҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақди нигоҳ дорад.

Барои ҳама гуна музди меҳнат андозаи умумии маблағе, ки нигоҳ дошта мешавад, аз 20 фоизи он бештар буда наметавонад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун 50 фоизи музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷроия бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.

Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкуни ва руёниданн алимент барои кӯдакони ноболиғ, ҷуброни зарари ба саломати расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда ҷори намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳ дошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.

Ба нигоҳ доштани маблағ аз кӯмакпулиҳои яквақта, ҷубронпули ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 7.1 МЕЪЁРҲОИ МЕҲНАТ ВА НАРХНОМАИ КОРБАЙЪ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Моддаи 109(1). Меъёрҳои меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Меьёрҳои меҳнат - меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасони, шумора, супоришҳои ба меъёр гирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техники, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологи, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.

Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат метавонанд меъёрҳои калонтар ва комплексии меҳнат истифода шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109(2). Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки иттифоқҳои касаба сурат мегирад,

Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд на дертар аз як моҳ пештар хабардор карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109(3). Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифи (маош) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.

Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109(4). Таъмини шароити мӯътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо ӯҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнати шароити мӯътадил фароҳам намояд.

Ба шароити мӯътадил дохил мешаванд:

1)таъмини фармоишоту ҳаҷми корҳо;

2)ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;

3)таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техники;

4)сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;

5)таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳои истифодаи барқи:

6)шароити бехатар ва солими меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатари, равшании зарури, гарми, шамолдиҳи, бартараф кардани оқибати садоҳои зараровар, нурафкани, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии корманд таъсири манфи мерасонанд) (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 8. ПАРДОХТҲОИ КАФОЛАТӢ ВА ҶУБРОНӢ

Моддаи 110. Кафолатҳо ҳангоми вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро иҷро кардани кормандон

Корфармо вазифадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рухсат дода, ҷои кораш (вазифааш)-ро нигоҳ дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Мақоми давлатӣ ё ташкилоти ҷамъиятӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб мекунад, дар ин муддат музди миёнаи меҳнаташро мепардозад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 110(1). Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии мӯҳлатнок

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Кормандоне, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарби аз кор озод карда мешаванд (банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс), баъди ба анҷом расидани мӯҳлати хизмат бо ҷои кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 111. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати кормандони ташкилотанд

Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилотанд, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат қарордоди коллективӣ ё корфармо тибқи мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 112. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

Ҳангоми дар ташкилоти худ ба кори дигари доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати собиқаи ӯ дар давоми ду моҳи аз рӯзи гузаронида шуданаш ва ҳангоми гузаронидан мутобиқи хулосаи тиббӣ ба муносибати осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин саломатиаш зиён дидааст - дар тамоми давраи кор ё то муйян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 113. Кафолат барои кормандоне, ки ҷиҳати ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешаванд

Дар давраи ҷиҳати ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани кормандон, ки бояд аз чунин ташхис гузаранд, музди меҳнати моҳонаи онҳо дар ҷои корашон нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 880).

Ҳангоми ташхиси кормандон дар марказҳои бемории касбӣ музди меҳнати моҳонаи онҳо дар тамоми давраи дар марказ буданашон нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 880).

Моддаи 114. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоваранд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Ҳангоми қатъ намудани қарордод бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракуниро дар ташкилот анҷом медиҳанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик вазифадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати думоҳа ҷубропулӣ диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778, аз 01.08.2012 № 880).

Моддаи 115. Кафолатҳо барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон

Кафолатҳо ба гурӯҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтирокорону навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва дигарон тибқи тартиби муқарранамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 116. Ҳисоби музди меҳнат

Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди мӯҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 880).

Моддаи 117. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ ҳамчунин шартномҳои (қарордоди) меҳнатӣ ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Андозаи ҳадди ақали ҷубронпулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 117(1). Сафари хизмати

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Сафари хизмати сафари корманд тибқи супориши корфармо ба мӯҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои вазифаҳои хизмати берун аз ҷои кори доими ҳисоб мешавад.

Сафари корманде, ки кораш ба таври доими дар роҳ мегузарад ё характери ҳаракаткунандаю сайёр дорад, ҳамчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизмати ҳисобида намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 117(2). Роҳхат, барасмиятдарори, низоми вақти кори ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизмати

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Фиристонидани корманд ба сафари хизмати бо фармон (амр)-и корфармо ва додани шаҳодатномаи сафарии хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.

Ба кормандоне, ки дар сафари хизмати мебошанд, низоми вақти кори ва истироҳати дар маҳалли сафари хизмати муқарраргардида ҷорй мешавад, аммо музди миёнаи меҳнат дар ҳама рӯзҳои кории хафта аз рӯи ҷадвали ҷои кори доими нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 117(3). Мӯҳлати дар сафари хизмати будан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Мӯҳлати воқеии дар сафари хизмати будан аз рӯи қайд дар шаҳодатномаи сафарии хизмати бо рӯзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.

Ба мӯҳлати зиёда аз 30 рӯзи тақвими ба сафари хизмати фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Рӯзи рафтан ба сафари хизмати рӯзи ба роҳ баромадани (омадани) қатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии ба сафари хизмати фиристодашаванда ҳисобида шуда, рӯзи бозгашт - рӯзи омадани нақлиёт ба ҷои кори доими ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадани нақлиёт то соати 24 рӯзи рафтан ба шабонарӯзи ҷорй ҳисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарӯзи оянда дохил мешавад.

Вақти тамомшавии кор дар рӯзи рафтан тибқи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар ҳолати омадан то анҷоми рӯзи кори масъалаи вақти ҳозир шудан ба кор дар худи ҳамин рӯз бо ҳамин тартиб ҳал карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизмати

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми сафари хизмати хароҷоти зерин ҷуброн карда мешавад:

1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доими (рӯзмарра);

2) хароҷоти роҳкиро;

3) хароҷоти кирои манзили истиқомати;

4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.

Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.

Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизмати рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизмати нигоҳ дошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 118(1). Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори)

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Барои кормандоне, ки ба сохтмон, энергетика, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, кофтукови, иктишофи геологи, корҳои топографию геодези, экспедитсияҳои илми, ҳамчунин ҳамлу нақли нафту газ ва нигоҳдории шоҳроҳҳо машғул мебошанд, барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори), корҳои доими дар роҳ, корҳо берун аз ҷойи истиқомати доими иловапули (ҳақмузди ризоятии саҳрои) дода мешавад.

Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рӯи корҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбини шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешаки, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:

1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кӯдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарор дошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизмати фиристода мешавад;

2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобили ё роҳи оҳан (истифодаи умуми) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);

3) хароҷоти шабонарӯзи барои ҳар як рӯзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизмати пешбини шудааст;

4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифи дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.

Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифи дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.

Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисоби мешавад, пеш аз мӯҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.

Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисоби карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 119(1). Ҷубронпули барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешаки ба маҳалли дигар

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешаки бо корфармо ба маҳалли дигар ба вай тибқи муқаррароти моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷубронпули дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохта мешавад.

Агар корманд ба мӯҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ӯ наоянд, он гоҳ тибқи розигии тарафҳо ба ӯ хароҷоти зисти муваққати дар ҷойи нав метавонад пардохта шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарузи зиёд набошад.

Андозаи аниқи ҷубронпули бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муқарраргаштаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, кам бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 119(2). Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26)

Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 119 ва 119(1) ҳамин Кодекс пешбини шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки ба ӯ корманд гузаронида мешавад. равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.

Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузори кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурӯъ накунад;

2) то тамомшавии мӯҳлати кор, ки қонунгузори дар бораи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнати пешбини намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбини кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани мӯҳлати муайян бошад - то пурра шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳкорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузори барои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнати асос шудаанд.

Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркаши намудан корманд вазифадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, баргардонад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 120. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати хаттии корфармо (шартнома, амр, фармоиш) ба манфиати корфармо истифода шавад, бояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

1) истеҳлоки (фарсудашавии) асбобу афзор;

2) истеҳлоки нақлиёти шахсӣ ва хароҷоти истифодаи он;

3) истеҳлок ва хароҷоти истифодаи воситаҳои дигари техникии корманд ҷуброн карда шаванд.

Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

БОБИ 9. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

Моддаи 121. Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот. Оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат. ӯҳдадориҳои корфармо ва корманд

Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии дахлдори кормандон тасдиқ менамояд муайян карда мешавад.

Барои категорияҳои алоҳидаи кормандон оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат, ки ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амал мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳар корманд бояд қаблан ба қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат шинос карда шавад.

Корфамо вазифадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки ба ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд вобаста нест, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё ашхоси дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шарафи корманд шахсони дигарро паст мезананд, талаб нанамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корманд бояд қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои техникии муқарраршуда, талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, амру дастурҳои корфаморо, ки ба ӯҳдадориҳои меҳнатии ӯ дохил мешаванд, риоя намояд, бо кофармо, бо аъзои коллективи меҳнатӣ, муштариёни ташкилот, дигар шахсоне, ки дар ҷараёни кор бо онҳо тамос мегирад, ҳалимона муносибат намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 122. Ҳавасмандгардонии меҳнат

Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

1) эълони раҳматнома;

2) додани мукофот;

3) мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;

5) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор.

Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Кормандон барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Моддаи 123. Муҷозоти интизомӣ

Корфармо ҳақ дорад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне бо гуноҳи корманд иҷро нашудан ё ба таври лозима иҷро нашудани ӯҳдадориҳояш муҷозоти зерини интизомиро истифода намояд.

1) сарзаниш;

2) танбеҳ;

3) аз вазифа озод кардан (бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11 қисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)

Бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон дигар навъҳои муҷозот низ пешбинӣ шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Истифодаи чораҳои таъсиррасонии интизомие, ки бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ё низомномаи интизом пешбинӣ нашудаанд, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 124. Тартиби истифодаи муҷозоти интизомӣ

Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.

Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди ошкор шудани кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683).

Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рӯи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мӯҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.

Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ӯ дар зераш имзо мегузорад.

Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.

Моддаи 125. Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ

Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ аз рӯи татбиқи он зиёда аз як сол буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба муҷозоти нави интизомӣ гирифтор нашавад. Дар ин сурат ӯ муҷозотногирифта ҳисобида мешавад.

Корфармое, ки муҷозоти итизомиро татбиқ кардааст, ҳақ дорад бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд бо тавсияи мақоми намояндагии дахлдори кормандони ташкилот ё роҳбари бевоситаи корманд муҷозотро пеш аз мӯҳлати яксола беэътибор гардонад.

БОБИ 10. ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 126. ӯҳдадории тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба тарафи дигар расонида шудааст

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бинобар иҷрои ӯҳдадории соҳаи меҳнат ба тарафи дигар зиён расонидааст, ин зиёнро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё созишномаи хаттии иловагии он басташаванда, ҳамчунин аҳдномаи коллективӣ метавонанд, ки ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро мушаххас намоянд. Ҳамзамон бо ин масъулияти шартномавии корфармо дар назди корманд набояд камтар ва масъулияти корманд дар назди корфармо набояд бештар аз он бошад, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Қатъи муносибатҳои меҳнатӣ баъди расонидани зиён тарафи шартнома (қарордод)- ро аз ҷавобгарии моддии пешбиникардаи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намесозад.

Моддаи 127. Шартҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар шудани тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои расонидани зиён

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои зиёне, ки ба тарафи дигари ин шартнома дар натиҷаи рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқии худ (амал ё беамалӣ) ва ба алоқаи байни рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқӣ ва зиёни расонидашуда ба тарафи дигар расонидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мешавад.

Ҷавобгарии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда истисно мегардад, агар зиён дар натиҷаи қувваи рафънопазир, таваккали асосноки хоҷагӣ, зарурати ниҳоӣ ё мудофиаи зарурӣ ба миён омада бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 128. Зиёне, ки ба корманд ҷуброн карда мешавад

Корфармо ба корманд ҳама гуна зиён (аз ҷумла зиёни маънавӣ)- ро, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пурра ҷуброн мекунад.

Зиёни маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад, дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.

Моддаи 129. ӯҳдадории корфармо дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ расидааст

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд маоши нагирифтаашро дар ҳама ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ вақте ба миён меояд, ки корманд маоши худро дар натиҷаи:

1) ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, аз кор дур кардан, ба кори дигар гузаронидан, ё аз кор озод кардан;

2) қарори мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатиро дар бораи кори собиқа барқарор намудан сари вақт иҷро накардан;

3) дер додани дафтарчаи меҳнатӣ;

4) бо ҳар роҳ паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, нагирифтааст.

Корфармо дар ин ҳолат вақте ҷавобгар мешавад, ки корманди аз кор озод кардашуда ҳангоми ба кори дигар қабул шудан ба мушкилӣ дучор ояд.

Моддаи 130. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зиёне, ки ба молу мулки корманд расидааст

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Корфармое, ки дар натиҷаи ғайри қобили қабул иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба асбобу анҷоми шахсӣ ё дигар молу мулки корманд зиён расонидааст, онро пурра ҷуброн мекунад. Андозаи зиён бо нархи бозор, ки дар маҳалли мазкур дар лаҳзаи ҷуброни зиён амал мекунад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Бо мувофиқаи тарафайн ё бо қарори суд зиён метавонад бо мол ҷуброн карда шавад.

Моддаи 131. Тартиби баррасии парвандаҳо оиди ҷуброни зиёне, ки ба корманд расонида шудааст

Корманд дар бораи ҷуброни зиён ба корфармо ариза менависад. Корфармо вазифадор аст, ки аризаи расидаро баррасӣ намояд ва дар давоми даҳ рӯзи баъди расидани он қарори дахлдор қабул кунад.

Агар корманд бо қарори корфармо розӣ набошад ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҷавоб нагирад, ӯ метавонад ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатиро баррасӣ мекунад, муроҷиат намояд.

Моддаи 132. Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Корманд вазифадор аст, ки зиёни воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар санади меъёрии дохилӣ (локалӣ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Новобаста аз зиёни расонидашуда даромади бадастнаомада (самараи аздастрафта) аз корманд рӯёнида намешавад.

Зиёни воқеӣ ин воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини ин молу мулк масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 133. Ҳуқуқи корфармо дар мавриди сарфи назар кардан аз ситонидани товони зиён

Корфармо бо назардошти ҳолатҳои мушаххасе, ки бар асари онҳо ба ӯ зиён расидааст, ҳамчунин бо назардошти аҳволи моддии корманд ҳақ дорад аз пурра ё қисман ситонидани товони зиён даст кашад.

Дар ташкилотҳои давлатӣ қарори мазкурро корфармо бо мувофиқаи мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот қабул мекунад ва товони зиён дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағи ташкилот дода мешавад.

Моддаи 134. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш ҷавобгарии моддӣ дорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҷавобгарии моддии зиёда аз моҳонаи миёна танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 136 Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.

Моддаи 135. Ҷавобгарии маҳдуди моддии корманд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Мутобиҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҷавобгарии маҳдуди моддӣ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

1) кормандон - ба андозаи зиёни расонидаашон, вале на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон барои аз беэҳтиёти вайрон ё нобуд кардани масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми истеҳсоли онҳо. Барои аз беэҳтиётӣ вайрон ё нобуд кардани афзор, олоти андозагирӣ, либоси махсус ва дигар чизҳое, ки ташкилот ба корманд ҷиҳати истифода додааст, кормандон ба ҳамин андоза ҷавобгарии моддӣ доранд:

2) роҳбарони ташкилотҳо ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони бахшҳои таркибии ташкилотҳо ва муовинони онҳо ба андозаи зиёни расондаашон, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон, ба шарте, ки дар натиҷаи зиён ташкилот ба пардохтҳои иловагӣ маҷбур шавад ё зиён дар натиҷаи пешбурди нодурусти ҳисоб ва сариштаи арзишҳои моддӣ ва пулӣ, наандешидан чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дуздӣ, нобуд ва хароб кардани арзишҳои моддӣ ва пулӣ расонида шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

3) шахсони масабдор - дар ҳолатҳо ва ҳудуде, ки дар моддаи 203юми Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 136. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии кормандон

Ҷавобгарии пурраи моддии корманд аз ӯҳдадории корманд дар мавриди ҷуброни пурраи зиён иборат аст.

Ҷавобгарии моддӣ ба андозаи пурраи зиёни расонидашуда ба зиммаи корманд дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

1) барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсуси хаттӣ супорида шудаанд:

2) барои камомади арзишҳое, чи бо санадҳои якдафъавӣ қабул карда шудаанд:

3) дар асоси санадҳои қонунгузории дахлдор (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

4) барқасдона расонидани зиён;

5) расондани зиён дар ҳолати мастӣ аз шароб ё аз моддаҳои нашъадор ё токсикӣ;

6) расонидани зиён дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи корманд, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст;

7) расонидани зиён ҳангоми ба ҷо наовардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

8) барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд. Ҳангоми барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ корманд ба кофармо инчунин даромадҳои ба даст наомада (фоидаи аз даст рафта) - ро, ки корфармо дар сурати поймол нашудани ҳуқуқҳояш соҳиб шуда метавонист, ҷуброн мекунад;

9) дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи, зиёни ҳангоми иҷрои вазифа расондаи корманд мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ба зимааш гузошта шудааст.

Ҷавобгарӣ дар ҳаҷми пурраи зиёни расондашуда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар шуда метавонад.

Моддаи 137. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсус супорида шудаанд

Корманде, ки бо пул ё арзишҳои молӣ сарукор дорад, барои камомади онҳо, ки ба ӯ дар асоси шартномаи мхсус супорида шудаанд ҷавобгарии пурраи моддӣ дорад.

Бо корманде, ки ба синнӣ ҳаждаҳ расидаасту бевосита бо пулу арзишҳои молӣ сарукор дорад, ҳам дар вақти ба кор қабул кардан ва ҳам баъдан ба таври илова ба шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ шартномаи махсус баста шуданаш мумкин аст.

Номгӯи категорияҳои кормандоне, ки бо онҳо шартномаи мазкур баста шуданаш мумкин аст, бо шартномаи коллективӣ муқаррар мешавад; агар шартнома, баста нашуда бошад, номгӯи мазкур аз тарафи корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии кормандони ташкилот муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб номгӯи бахшҳои таркибие низ муқаррар карда мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми корҳои бевосита бо пул ё арзишҳои молӣ алоқамандро якҷоя ба ҷо овардани кормандон ҷавобгарии бригадавӣ ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ҷори шуданаш мумкин аст.

Шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ ва ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ӯҳдадориҳои тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро оиди эҳтиёт кардани арзишҳое, ки ба корманд (коллектив) супорида шудаанд, мушаххас месозад ва ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии иловагии онҳоро муқаррар менамояд.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ арзишҳо ба корманди мушаххас, ки барои камомади онҳо шахсан ҷавобгар аст, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ корманде, ки бо ӯ шартномаи мазкур баста шудааст, бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии моддии бригадавӣ (коллективӣ) арзишҳо ба гурӯҳи муқарраршудаи шахсон (бригада), ки барои камомади онҳо ҷавобгарии пурраи моддӣ ба дӯши ин шахсон вогузор мегардад, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ узви алоҳидаи бригада бояд бегуноҳии худро исбот созад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар ташкилотҳое, ки арзишҳо, сару кор доранд (нигоҳдорӣ, фурӯш, ҳамлу нақл, коркард) корфармо баъди машварат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот фонди таввакал (риск) таъсис карда метавонад, ки аз ҳисоби он камомад ҷуброн карда мешавад.

Ҳангоми ихтиёран ҷуброн кардани зиён (моддаи 14-уми Кодекси мазкур) андозаи гуноҳи ҳар узви бригада бо мувофиқаи ҳамаи аъзои бригада ва корфармо муайян карда мешавад. Ҳангоми бо тартибӣ судӣ ситонидани товони зиён андозаи гуноҳи ҳар узви бригадаро суд муайян мекунад.

Моддаи 138. Муайян кардани андозаи зиён

Андозаи зиёни ба корфармо расонида аз рӯи талафоти воқеӣ, дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибавӣ муайн карда мешавад.

Ҳангоми гум кардан, хароб намудан ва дуздидани молу мулки корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зиён аз рӯи нархи бозории роиҷи маҳалли мазкур дар рӯзи расонидани зиён (аммо на камтар аз арзиши балансӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии молу мулк) ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар ҳолатҳои дигар андозаи зиён бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зиён роиҷ аст, ҳисоб карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби махсуси муайян намудани андозаи товони зиён, аз ҷумла ба ҳисоби карати зиёни ба корфармо бо роҳи дуздидан, барқасдона хароб ё гум кардани навъҳои алоҳидаи молу мулк ва дигар арзишҳо расондаро, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеъии зиён аз андозаи аслии он зиёд аст, муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 139. ӯҳдадории корфармо дар мавриди муқаррар намудани андозаи зиён ва сабаби сар задани он

Корфармо вазифадор аст то қабул гардидани қарори товони зиёнро додани кормандони мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зиён ва сабабҳои сар задани он тафтиш гузаронад.

Барои чунин тафтиш корфармо ҳақ дорад бо иштироки мутаххасисони дахлдор комиссия ташкил намояд.

Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зиён ҳатмӣ мебошад.

Корманд ҳақ дорад, ки бо тамоми маводи тафтиш шинос шавад, дар тафтиш иштирок намояд.

Моддаи 140. Товони зиёнро ихтиёран додани корманд

Корманде, ки ба кофармо зиён расондааст, метавонад товони онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.

Зиён дар ҳудуди пешбиникардаи Кодекси мазкур ихтиёран ҷуброн карда мешавад.

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо товони зиёнро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зиён бо зикри мӯҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо ӯҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.

Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зиён ӯҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъи муносибатҳои меҳнатӣ зиёнро ҷуброн накунад, дар ин сурат товони зиён ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зиён ба ӯ амволи баробарқимат диҳад ё молу мулки харобшударо дуруст намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 141. Тартиби ситонидани товони зиён

Маблағи зиёне, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зиён содир шуда метавонад.

Агар маблағи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ӯ зиёд бошад ё аз рӯзи ошкор шудани зиён ду ҳафта гузашта бошад, он ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зиён ӯ ҳақ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 142. Ҷуброни зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ роҳбар расонидааст

Товони зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешавад.

Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани товони зиёнро мақоме, ки ҳаққи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳақ дорад, ки товони зиёнро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.

Моддаи 143. Аз тарафи суд кам кардани андозаи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад

Суд метавонад бо назардошти андоза ва намуди гуноҳ, ҳолатҳои мушаххас ва аҳволи моддии корманд андозаи товони зиёнеро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, кам кунад.

Агар зиён дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани товони зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 11. ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 144. Талаботи ҳифзи меҳнат

Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ аст, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.

Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

Моддаи 145. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бобати ҳифзи меҳнат

Дар вақти бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзот ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳақ дорад, инчунин аз воситаҳои ҳифозати фардӣ маълумот диҳад.

Корфармо вазифадор аст мунтазам (соле на камтар аз як бор) кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатарии меҳнат хабардор созад, ҳамчунин ин хел маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.

Ин талабҳоро риоя накардани корфамо барои ӯро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавогарӣ кашидан асос мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 146. Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон

Корфармо вазифадор аст пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ҷараёни кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар зери замин ва шабона, ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.

Кормандоне, ки дар саноати хӯрокворӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо адои хизмати аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ӯ ҳақ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.

Рӯихати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва мӯҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ӯ корфармо ҳақ дорад ӯро ба иҷрои ӯҳдадорҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.

Кормандон барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ маблағ сарф намекунанд.

Моддаи 147. Имтиёзот ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бепул шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар дода мешавад.

Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, тартиби додани онҳо, номгӯи моддаҳои химиявие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои профилактикӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар тавсия мешавад, бо санади меъёрӣ муқаррар мегарданд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ройгон хӯроки табобатию профилактикӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Рӯйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хӯроки табобатию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳад, вояи чунин хӯрок ва қоидаҳои додани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Корфармо ӯҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзоту ҷубронҳо дигар имтиёзоту ҷубронҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 148. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигенӣ

Корфармо вазифадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқараршуда бепул либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ диҳад.

Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушӯй, дезинфексия, дезактиватсия ва таъмир карда мешаванд.

Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати шахсиро ба корманд надода бошанд ё мӯҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошаду корманд ноилоҷ онҳоро ба пули худ харида гирад, корфармо ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн мекунад. Дар сурати на бо гуноҳи корманд пеш аз мӯҳлат фарсуда шудани воситаҳои ҳифозати фардӣ корфармо вазифадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои ҳифозоти фардӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ӯ хатар таҳдид намояд, вай метавонад корро бас кунад. Барои мӯҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ на бо гуноҳи корманд ҳақ дода мешавад.

Моддаи 149. Дастур додан ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Корфармо вазифадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки онҳоро ба кор мегирад, инчунин ба дигар кор мегузаронад, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехаттари кор дастур диҳад.

Барои кормандони истеҳсолоти шароити корашон хеле хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъди хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карада шаванд.

Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.

Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

Моддаи 150. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намудани хатар

Агар корманд дар ҷараёни кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳақ дорад аз ҷазои корфармо андеша накарда, корро қатъ намояд.

Корманд вазифадор аст, ки аз вазъияти хатарноки ҷараёни кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақоми ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 151. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Корфармо вазифадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро мувақкатан ё бе маҳдудияти мӯҳлат бо чунин кор гузаронида, ба андозаи зарурат ҷойҳои нави кор, сеху, қитъаҳо ташкил намояд.

Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, ба кори дигар мегузарад ё кӯмакпулии онҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо вазифадор аст барои оқилона ба кор таъмин намудани корманди мӯҳтоҷи такмили ихтисос бозомӯзии ӯро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ дар давраи мазкур, аммо на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.

Агар шароити истеҳсолот ба ташкили оқилонаи бо кор таъмин намудани корманди дар ҷараёи кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолими вобаста бо иҷрои ӯҳдадории меҳнатӣ рӯйдода имкон надиҳад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ӯ катъ карда, кӯмакпулиаш пардохта мешавад.

Андозаи кӯмакпулӣ бо ризояти ҳар ду тараф муайян карда мешавад ва ҳаҷми он набояд аз маоши миёнаи шашмоҳа камтар бошад.

Моддаи 152. Чораҳои иловагӣ дар мавриди ҳифзи меҳнати маъюбон

Корфармо вазифадор аст, маъюбонеро, ки мақомоти давлатии шуғлӣ аҳолӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, бо ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Тавсияҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоиро оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбонаро иҷро кардани корфармо ҳатмӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Барои маъюбони коркунанда рӯзи шашсоатаи кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II бо давомнокии 42 рӯзи тақвими ва барои маъюбони гурӯҳи III бо давомнокии 35 рӯзи тақвими рухсатии меҳнатӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Маъюбонро ба кори шабона, ҳамчунин ба изофакорӣ, ба кори рӯзҳои истироҳат танҳо бо ризояти худашон ва ба шарте ҷалб кардан мумкин аст, ки чунин корҳо бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 153. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

Корфармо вазифадор аст вобаста ба навъи фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон онҳоро бо оби нӯшиданӣ таъмин намояд ва хӯроки онҳоро ташкил кунад: дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ: ҷои либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занҳо, пунктҳои расонидани ёрии аввалияи тиббиро дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани кас дар ҷои кор муҷаҳҳаз созад.

Корфармо вазифадор аст, ки хадамот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (пункти тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) - ро бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

Моддаи 154. ӯҳдадориҳои корманд дар мавриди риояи меъёру қоидаҳо ва дастуурамалҳои ҳифзи меҳнат

Корманд вазифадор аст, ки талаботи меъёру қоидаҳо ва дастурамалҳоро оиди ҳифзи меҳнат, ҳамчунин фармоишҳои корфарморо доир ба бехатарии пешбурди корҳо риоя намояд, аз воситаҳои ҳифозати фардӣ истифода кунад, дар бораи ҳар гуна ҳолате, ки ба ақидаи ӯ, ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари бевосита дорад, инчунин дар хусуси ҳар гуна фалокат, ки дар ҷараёни кор ё вобаста ба он рӯй додааст, роҳбари бевоситаи худ (сардори бригада, усто, садори қитъа)- ро зуд хабардор созад.

Барои риоя накардани ӯҳдадориҳои зикршуда корманд ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 155. Баҳисобгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои фалокат дар истеҳсолот

Корфармо вазифадор аст сабабҳои фалокатро дар истеҳсолот фавран тафтиш намояд, мувофиқи намунааи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва фалокатҳои дар истеҳсолот рухдодаро саривақт ба кайд гирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо вазифадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи санади фалокатро на дертар аз се рӯзи баъди хатми тафтиш ба ӯ диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар корфармо аз тартиб додани санади фалокат саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади фалокат нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳақ дорад, ки ба мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё ба суд муроҷиат намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 156. Ҷуброни зиён бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё ғарази ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зиёнро исбот карда натавонад, бояд ин зиёнро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар корфармо исбот созад, ки зиён на бо гуноҳи ӯ расидааст, ҳангоми расидани зиён дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ӯ аз ҷуброн кардани зиён озод шуда метавонад.

Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зиёни маънавӣ бояд ҷуброн шавад.

Ҳангоми таъин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зиён музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ба корманде, ки дар натиҷаи фалокати истеҳсолӣ маъюб шудааст ва дар сурати фавти ӯ ба шахсоне, ки, таҳти саробонии ӯ мебошанд бар иловаи пардохти зиёни дар чунин ҳолатҳо муқарраршуда инчунин кӯмакпулии якдафъаина бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани товони зиён ба шахсони ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии маҳрум буданд ё то рӯзи фавти ӯ ва гирифтани маблағ аз ин корманд ҳақ доштанд, ҳамчунин тифли маҳрум, ки баъди марги ӯ таваллуд шудааст, мегузарад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зиён дохил намешавад.

Корфармо зиёни маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зиён ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардиде, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани товони зиён ҳақ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зиёни маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 157. Назорати аз тарафи корманд риоя шудани қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат

Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

Моддаи 158. Назорати ҳолати ҳифзи меҳнат

Ба ҳолати ҳифзи меҳнат мақоми давлатие назорат мекунад, ки дар фаъолияти худ ба корфармо вобаста нест.

Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ба ӯҳда доранд.

БОБИ 12. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ЗАНОН ВА ШАХСОНЕ, КИ ВАЗИФАҲОИ ОИЛАВӢ ДОРАНД

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Моддаи 159. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддории онҳо манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила ё зане, ки тифли то сесола дорад ва модарони яккаву танҳо, ки фарзандони то чордаҳсола (фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) доранд, корфармо вазифадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул ба кор ба суд муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо вазифадор аст занонеро, ки мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 160. Корҳое, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст

Занонро дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, ҳамчунин дар корҳои борбардорию боркашии дастии аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд кор фармудан манъ аст.

Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнокро, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 161. Маҳдудияти меҳнати занон дар корҳои шабона

Ба корҳои шабона ҷалб кардани занон, ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ин хеле зарур аст, манъ мебошад.

Ҳангоми ташкили корҳои наздикихтисос ба заноне, ки кӯдакони синни то чордаҳсола (кӯдакони маъюби синни то ҳаждаҳсола) доранд, бо назардошти имконияти истеҳсолот имтиёз дода шавад, ки онҳо рӯзона кор кунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Соҳаҳои мушаххаси хоҷагии халқ, истеҳсолот ва намудҳои алоҳидаи коре, ки истифодаи меҳнати шабонаи занон дар онҳо иҷозат дода мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ва шахсони дорои вазифаҳои оилавӣ ба корҳои шабона, изофакориҳо, кор дар рӯзҳои истироҳату ид ва фиристодан ба сафари хизматӣ

(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683аз 26.12.2011 № 778)

Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кор дар рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила иҷозат дода намешавад.

Занони кӯдакдор ва шахсоне, ки бинобар вазифаҳои оилавӣ нигоҳубини кӯдакро ба ӯҳда доранд, бо розигии онҳо ба изофакориҳо ҷалб карда ё ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 683, аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 163. Ба кори сабуктар гузаронидани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то якунимсола доранд

Меъёри коркард, меъёри хизматрасонии занони ҳомила мутобиқи хулосаи тиббӣ кам карда мешавад ё онҳо ба кори сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пешинаашон дода мешавад.

То ҳалли масъалаи гузаронидани зани ҳомила ба кори дигари сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ ӯ бояд аз кор озод карда, моҳонаи миёнааш барои тамоми рӯзҳои кории бо ин сабаб корнакардааш дода шавад.

Занони кӯдаконашон то якунимсола дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон щирмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедиҳад, то ба синни якунимсола расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори собиқаи онҳо дода мешавад.

Моддаи 164. Рухсатии ҳомидадорӣ ва таввалуд

Ба занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил , ҳаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёда тифл , як саду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсати дода, барояшон кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рӯзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.

Моддаи 165. Рухсатии нигоҳубини тифл

Баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва тавллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсола расиданаш рухсатӣ дода, барояш кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зан ҳамчунин барои нигоҳубини тифл то ба синни сесола расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад.

Аз рухсатии нигоҳубини тифл ҳамчунин падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воқеан нигоҳубин мекунанд, пурра ё қисман истифода карда метавонанд.

Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаад, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини тифл буданашон метавонанд рӯзи нопурараи корӣ ё дар хона кор карда, аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар давраи рухсатӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

Рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқаи умуми ва бетанаффус, ҳамчунин ба собиқаи кор аз рӯи ихтисос (ғайр аз ҳолатҳои таъини нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат) ҳисоб карада мешавад.

Вақти рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқае, ки ба рухсатии пулии минбаъда ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карад намешавад.

Моддаи 166. Рухсатии шахсоне, ки кӯдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Ба шахсоне, ки кӯдакони навзодро бевосита аз таваллудхона фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод - яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то синни якунимсола ва сесола нигоҳубин кардани кӯдакашон (моддаи 165-уми ҳамин Кодекс) рухсати иловагӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 167. Танаффус барои маконидани кӯдак

Ба заноне, ки кӯдаки то якунимсола доранд, ба ғайр аз танаффус бари истироҳат ва хӯрокхӯрӣ барои маконидани кӯдакашон танаффуси иловагӣ дода мешавад.

Ингуна танаффусҳо камаш баъди ҳар се соат ва ба муддати на камтао аз сӣ дақиқа барои ҳар як танаффус дода мешаванд. Ҳангоми ду ё зиёда аз ин будани кӯдаки то якунимсола муддати танаффус на камтар аз як соат муқаррар карда мешавад.

Танаффусҳо барои маконидани кӯдак ба вақти кори дохил карда, музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зани кӯдакдор танаффусҳои ширмаконӣ ба танаффуси истироҳат ва хӯрокхурӣ ё дар шакли ҷаъмбастшуда ба аввал ё ба охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори рӯзи (басти) корӣ илова карда мешаванд.

Моддаи 168. Муқаррар намудани вақти нопурраи корӣ барои занон ва шахсоне, ки вазифаҳои оилавӣ доранд

Ба хоҳиши зани ҳомила, зане, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) дорад, аз ҷумла онҳое, ки таҳти парастории ӯ ҳастанд ё шахсоне, ки аз рӯи хулосаи тиббӣ ба аъзои бемори оила нигоҳубин мекунанд, корфармо вазифадор аст барои онҳо рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд (моддаи 64-уми ҳамин Кодекс) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 169. Рӯзи истироҳати иловагӣ

Ба яке аз волидайн (васӣ, парастор), ки фарзанди маъюби то ҳаждаҳсоларо парасторӣ мекунад, моҳе як рӯзи истироҳати иловагӣ дода, музди он ба андозаи музди якрӯза аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 170. Имтиёзҳо барои занон ҳангоми муқаррар намудани навбати рухсатии ҳарсола

Ба занҳои ҳомила ва таваллудкарда рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоҳубини кӯдак, сарфи назар аз собиқаи кории онон дар ташкилоти мазкур дода мешавад.

Ба занҳое, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.

Моддаи 171. Рухсатии бепул барои заноне, ки фарзандони то чордаҳсола доранд

Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола (ё фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) доранд, бо хоҳиши онҳо, ҳар сол ба муддатӣ на камтар аз чордаҳ рӯз рухсатии бепул дода мешавад. Ин рухсатиро ба рухсатии ҳарсола илова карда ё дар даврае, ки бо мувофиқаи корфармо муқаррар шудааст, алоҳида (пурра ё қисм ба қисм) истифода кардан ммкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 172. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола (модарони танҳо - ҳангоми доштани фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) доранд, бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хӯрдани ташкилот, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баъди ҳатман ба кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Занони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхӯрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кӯмакпулиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо ин занонро ҳамчунин дар ҳолати қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар гузаштани мӯҳлати он ҳатман бо кор таъмин мекунад. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи хатми мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 173. Кафолату имтиёзот ба шахсоне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Кафолату имтиёзоти зани кӯдакёфта (маҳдуд кардаи кори шабона ва изофакориҳо, ба кори рӯзҳои истироҳат ҷалб накардан ва ба сафари хизмати нафиристодан, додани рухсатии иловагӣ, муқаррар намудани низоми имтиёзноки меҳнат ва дигар кафолату имтиёзоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муқаррар шудаанд) ба падароне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), ҳамчунин ба васии (парастори) ноболиғон татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 13. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Моддаи 174. Синни қабул кардан ба кор

Шахсони аз понздаҳсола хурд ба кор қабул карада намешавад. Барои омода кардани ҷавонон ба кори истеҳсолот талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро ҷиҳати иҷрои кори сабуке, ки ба салоиматӣ зарар намерасонад ва ҷараёни таълимро халалдор намесозад, дар вақти холӣ, пас аз расидан аз синни чордаҳсолагӣ бо мувофиқаи падар ё модар ё шахси ивазкунандаи онҳо ба кор қабул карадан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Тамоми шахсони аз синни бисту яксола хурд ба кор танҳо баъди муоинанаи пешакии тиббӣ (моддаи 146-уми ҳамин Кодекс) қабул карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 175. Кафолатҳои бо кор таъминкунӣ барои шахсони аз ҳаждаҳсола хурд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Корфармо вазифадор аст хатмкардагони мактабҳои маълумоти умумӣ ва дигар ашхоси аз ҳаждаҳсола хурдро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳиссоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Мувофиқи квота ба кор қабул накардан манъ аст ва барои ҳалли ин кор ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқи меҳнатии ноболиғон

Шахсони аз ҳаждаҳсола хурд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо болиғон баробарҳуқуқ мебошанд, аммо дар соҳаи ҳифзи меҳнат, вақти кор, рухсатиҳо ва баъзе шароити дигари меҳнат аз имтиёзоти барои онҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳо меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 177. Корҳое, ки иҷрои онҳо барои шахсони аз ҳаждаҳсола хурд манъ аст

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминиро иҷро кардани шахсони аз ҳаждаҳсола хурд ҳамчунин корҳое, ки ба саломати ё рушди маънавии онҳо зиён расонида метавонад, манъ аст. Барои аз ҳадди барояшон муқарраршуда вазнинро бардоштан ва дастӣ кашондани ин шахсон мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Рӯихати корҳои шароиташон номусоидро ба ҷо овардани шахсони аз ҳаждаҳсола хурд ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо бо қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 178. Муддати ихтисоршудаи вақти кори шахсони аз ҳаждаҳсола хурд

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Давомнокии вақти кори кормандони синни аз понздаҳ то ҳаждаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз сиюпанҷ соат ва шахсони аз чордаҳ то понздаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз бисту чор соат муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Давомнокии вақти кори талабагоне, ки дар давоми соли таҳсил дар вақти холӣ аз таҳсил кор мекунанд, аз нисфи давомнокии ниҳоии вақти корӣ дар қисми якуми ҳамин модда барои шахсони синну соли дахлдор пешбинишуда зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 179. Додани музди меҳнатӣ кормандони аз ҳаждаҳсола хурд дар сурати кӯтоҳ будани вақти кори ҳаррӯза

Музди меҳнати кормандони аз ҳаждаҳсола хурде, ки муддати кори ҳаррӯзаашон кӯтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори муддати кори ҳаррӯзаашон пурра дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Музди меҳнати талабагоне, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.

Моддаи 180. Рухсатии ҳарсолаи кормандони аз ҳаждаҳсола хурд

Ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳар сол на камтар аз сӣ рӯзи тақвими рухсатии пулакии меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти дигари барои онҳо мувофиқ дода мешавад.

Агар соли кори, ки барои он рухсатӣ дода мешавад, давраи то ба ҳаждаҳсолагӣ расидани корманд ва баъди онро дарбар гирад, давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории то расидан ба ҳаждаҳсолагӣ аз ҳисоби сӣ рӯзи тақвими ва барои собиқаи кории баъди расидан ба ҳаждаҳсолагӣ дар асосҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 181. Манъи ба корҳои шабона, изофакориҳо ва кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодани онҳо

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардан, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодан манъ аст

Моддаи 182. Кафолатҳои иловагӣ барои кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо корманди аз ҳаждаҳсола хурд бо ташаббуси корфармо ғайр аз риояи тартиби умумӣ танҳо бо мувофиқаи мақоми давлатии шуғли аҳолӣ ва Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қатъ кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 183. Қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо талаби падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Агар идома додани кор ба саломатии шахсони аз ҳаждаҳсола хурд зарарнок ё бо зиёни дигар вобаста бшад, падару модар ва васӣ (парастор), ҳамчунин мақомоти ба ин кор ваколатдор ҳақ доранд, ки қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 14. ИМТИЁЗҲО БАРОИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР БАРОБАРИ КОР ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Моддаи 184. Муҳайё кардани шароит барои пешбурди якҷояи кор ва таҳсил

Корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.

Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асоси дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 185. Ташкили таҳсили муттасили касбии корманд

Корфармо вазифадор аст, ки касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомӯзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.

Баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурӯҳ, дараҷа, категория) - и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.

Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурӯҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Моддаи 186. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд

Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 187. Имтиёзҳо барои талабагони маълумоти умумӣ

Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд ҳафтаи кӯтоҳи кории на камтар аз як рӯзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рӯзи тақвими ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26).

Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мӯҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсати ҳақ доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 188. Имтиёзҳо барои талабагони омӯзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ

Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбию-техникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 15. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ

Моддаи 189. Тарафҳо ва мазмуни баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзим нашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 190. Мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунанд

Баҳсҳои меҳнатии фардро судҳо баррасӣ мекунанд.

Бо шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо мутобиқи моддаи 191 ҳамин Кодекс муқаррар шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 191. Тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз тарафи комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, ки дар асоси баробарии байни корфармо ва мақомоти ҳимоякунандаи манфиати кормандон таъсис дода мешаванд ё аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ интихоб мегарданд ва ё аз тарафи дигар мақомот баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилот пебинӣ шуда метавонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Таъсиси ин комиссияҳо бо шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ муайян карда, дар айни замон ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки хоҳ бо комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ муроҷиат кунад ва хоҳ бевосита ба суд. Агар дар шартнома ё созишномаҳои коллективӣ таъсиси комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилот пешбинӣ нашуда бошад, баҳсҳои меҳнатии фардие, ки дар ин ташкилот ба миён меоянд, бояд дар суд баррасӣ карда шаванд.

Моддаи 192. Баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо бо аризаи шахсони зерин баррасӣ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778):

- корманд, корфармо ё намояндагоне, ки мафиати онҳоро дар сурати розӣ набуданашон бо қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя мекунанд;

- корманд, агар комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ таъсис нашуда бошад ё комиссияи мазкур аризаи ӯро дар давоми даҳ рӯзи муқарраршуда баррасӣ накарда бошад;

- прокурор, агар қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои оид ба меҳнат мухолиф бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар судҳо бевосита чунин баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳаллу фасл мешаванд:

- оид ба барқарор кардан ба кор, сарфи назар аз асоси қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва вазифа; оид ба тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод карадан; оид ба пардохти музд дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд; оид ба ситондани маблағ барои бо гуноҳи корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарори суд дар бораи барқарор кардан ба кор;

- дар бораи аз нав бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои мӯҳлати нав ё мӯҳлати номуайян, ба шарте, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҳуқуқи афзалиятноки тамдиди он зикр шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- доир ба ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии корманд ва доир ба ҷуброни зиёди моддӣ ва маънавии ба ин муносибат ба ӯ расонидашуда;

- оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ӯ бад шудааст;

- дар бораи аз тарафи корманд ҷуброн шудани зиёни моддие, ки ба молу мулки ташкилот расидааст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Бевосита дар судҳо ҳамчунин баҳсҳои зерини меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор қабул накардани ин шахсон баррасӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

- шахсоне, ки ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- шахсоне, ки ба кор аз ташкилоти дигар даъват шудаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- шахсони дигаре, ки корфармо вазифадор аст бо онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаи меҳнатӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- шахсоне, ки корфармо аз тартиб додани санади фалокат саркашӣ кардааст ё онҳо бо мазмуни санад розӣ нестанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Судҳо баҳсҳои меҳнатии фардиро дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 193. Таъсиси комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ

Комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешаванд. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар маҷлиси умумии (конференсияи) ташкилот интихоб карда мешаванд.

Намояндагони корфармо бо фармони роҳбари ташкилот таъин карда мешаванд.

Моддаи 194. Салоҳияти комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми аввалияест, ки баҳсҳои меҳнатии фардии дар ташкилот рӯйдиҳандаро, ба истиснои ихтилофоте, ки ҷиҳати баррасии онҳо дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар шудааст, баррасӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, бахшҳои ташкилот баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонанд.

Салоҳият ва тартиби корӣ комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мӯҳлати баррасии баҳсҳо бо Низомномаи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 195. Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қабул карда мешавад.

Қарори комиссия бояд далелнок ва ба санадҳои қонунгузор ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос ёфта бошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Дар қарори комиссия оид ба талаботи маблағи пулие, ки корманд ба он ҳақдор аст, бояд аниқ нишон дода шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Қарорро раис ва котиби маҷлис имзо мекунанд. Иҷрои ин ҳатмӣ буда, ба тасдиқи он зарурат нест.

Нусхаи қарор дар давоми се рӯзи қабул шудани он ба корманд, корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон супурда мешавад.

Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рӯз ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 196. Иҷрои қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд аз тарафи корфармо дар муддати се рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати даҳрӯза, ки барои шикоят ба суд пешбинӣ шудааст, иҷро гардад.

Агар корфармо қарори комиссияро дар ин мӯҳлат иҷро накунад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд шаҳодатномае медиҳад, ки эътибори варақаи иҷроияро дорад.

Иҷрочии суд қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардиро дар асоси шаҳодатномае, ки комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд додааст ва ӯ ин шаҳодатномаро дар давоми се моҳи гирифтанаш ба суд пешниҳод кардааст, ба тариқи маҷбури ба иҷро мерасонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар корманд шаҳодатномаро бо сабабҳои узрнок дар муддати се моҳи муқарраршуда пешниҳод карда натавонад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардие, ки шаҳодатномаро додааст, ин мӯҳлатро барқарор карда метавонад.

Моддаи 197. Барқарор кардани корманд ба кори собиқа, ба ҷои собиқаи кор ва шароитҳои асосии собиқа.Ҷуброни пурраи зиёни моддие, ки дар натиҷаи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор расонида шудааст.Ҷуброни зарари маънавӣ

Агар корманд бе асоси қонунӣ ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба кори дигар гузаронида шуда бошад, бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи ихтилофоти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома (қарордод) зикр шудааст, бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба ҷои кори собиқааш барқарор карда шавад. Ҳангоми қабули қарори барқарор кардан ба кор, мақоме, ки баҳси меҳнатиро баррасӣ мекунад, ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии корманд барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё фарқи музди меҳнат дар давраи иҷрои кори каммузд, ҳамчунин оид ба ҷуброни имконпазири зиёни маънавӣ ва дигар хароҷоти иловагии вобаста ба шикоят доир ба гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод кардани ӯ қарор қабул мекунад. Мақоми баррасикунандаи баҳси меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи корманд, бар ивази ба кор барқарор кардан метавонад ба фоидаи ӯ танҳо ҷуброни дар боло нишондодашуда, зиёни моддӣ ва маънавиро ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат ситонад, тасвияи асоси аз кор озод карданро ба тарзи аз кор озод шудан бо хоҳиши худ тағйир диҳад.

Дар сурати эътирофи нодурустии тасвияи аз кор озод кардан ё ба Кодекси мазкур ва ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ дигар мувофиқ набудани он мақомоте, ки баҳси меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, вазифадор аст онро тағйир диҳад ва дар қарор сабаби аз кор озод карданро мутобиқи тасвияи лозима ва истинод ба моддаи дахлдори санади қонунгузорӣ аниқ нишон диҳад. Агар тсвияи нодурусти аз кор озод кардан, ки дар дафтарчаи меҳнатӣ сабт шудааст, барои ба кори нав қабул шудани корманд монеъа ба вуҷуд оварда бошад, мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии ӯ барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ҷуброни зиёни маънавӣ қарор қабул менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 198. Ҳисоб кардан ва ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор

Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор он бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон индексасия карда шавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор дар ҳолати ғайриқонунӣ аз кор озод кардан, аз кор дур намудан, тасвияи нодурусти сабаби аз кор озод кардан, ки барои қабул шудан ба кори дигар монеа ба вуҷуд овардааст, маблағҳои зерини гирифтани корманд ҳисоб карда мешаванд: кӯмакпулии аз кор рафтан, музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи бо кор таъмин шудан нигоҳ дошта мешавад, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, стипендияи давраи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, пардохти музд барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, музди меҳнат барои иҷрои кори нав дар ташкилоти дигар, ки корманд дар ҳудуди мӯҳлати ғайриҳозирии пулакӣ ба он қабул шудааст.

Ҳангоми ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, ба кори дигар гузаронидан, тағйири шартҳои асосии меҳнати корманд бо қарори комиссияи баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ фарқи музди меҳнати тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд пардохта мешавад.

Моддаи 199. Мӯҳлати мурур

Кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешудаанд, ба комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ фардӣ муроҷиат намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Барои муроҷиат кардан ба суд мӯҳлатҳои зерин муқаррар мешаванд:

- аз рӯи баҳсҳои ба кор барқарор намудан - як моҳ аз рӯзи ба корманд супорида шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан (ба кори дигар гузаронидан) ё дафтарчаи меҳнатӣ;

- аз рӯи баҳсҳои ҷуброни зиёнии моддие, ки корманд ба ташкилот расонидааст, як сол аз рӯзе, ки корфармо зиёни расонидашударо ошкор сохтааст;

- аз рӯи баҳсҳои дигари меҳнатии фардӣ - се сол аз рӯзе, ки корманд вайрон шудани ҳуқуқи худро фаҳмидааст ё бояд мефаҳмид.

Мӯҳлати мурури даъво ба даъвоҳои зерин дахл надоранд:

- ба даъвоҳо оиди муҳофизати ҳуқуқии шахсии ғайримолумулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778);

- ба даъво оиди талофии зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонида шудааст. Аммо даъвоҳое, ки баъди се соли ҳуқуқдор шудан ба талофии чунин зиён пешниҳод мешаванд, барои на зиёдтар аз се соли пеш аз пешниҳоди даъво қонеъ мешаванд.

Ҳангоми гузаштани мӯҳлати мурури даъво бо сабабҳои узрнок суд ва ё комиссияи оид баҳсҳои меҳнатии фардӣ метавонанд мӯҳлати гузаштаро барқарор намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 200. Озод намудани корманд аз хароҷоти суд

Ҳангоми бо масъалаҳои меҳнатӣ ба суд муроҷиат кардан корманд пардохти хароҷоти суд ба фоидаи давлат озод карда мешавад.

Моддаи 201. Иҷрои бетаъхири баъзе қарорҳои суд оид ба парвандаҳои меҳнатӣ

Қарори суд дар бораи ба кор барқарор намудан, ҳамчунин дар бораи тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод кардани корманд бояд бетаъхир иҷро шавад.

Ҳангоми аз тарафи корфармо бо таъхир иҷро шудани чунин қарор суд таъинот мебарорад, ки музди миёнаи меҳнат ё фарқи музди миёнаи меҳнати корманд барои тамоми давраи ба таъхир андохтани иҷрои қарор пардохта шавад. Ҳамчунин қарори суд дар бораи ситонидани музди меҳнат бояд бетаъхир, аммо дар давоми на зиёдтар аз се моҳ иҷро гардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Суд метавонад иҷрои бетаъхири қарорҳо оид ба дигар парвандаҳои меҳнатиро пурра ё қисман талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 202. Қонеъ сохтани даъвоҳои пулии корманд

Даъвоҳои асосноки пулии кормандро мақоме, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, пурра қонеъ мегардонад.

Моддаи 203. Ба ӯҳдаи шахси мансабдор гузоштани ҷавобгарии моддие, ки дар қатъи ғайриқонунии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё ба ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд гунаҳгор аст

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Дар сурати аз тарафи шахси мансабдор ба корфармо расонида шудани зиёни марбуд ба пардохти музди меҳнат ба корманде, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст ё ба корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, суд ҷуброни зиёнро ба ӯҳдаи шахси мансабдор мегузорад. Агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳи ошкоро вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ шуда, корманд ба кори дигар гузаронда шуда бошад ва ё шахси мансабдор иҷрои қарори судро дар бораи ба кор барқарор кардани корманд ба таъхир андохта бошад, ӯҳдадории ҷуброни зиён ба зиммаи шахси мансабдор вогузор мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Андозаи ҷуброни зиён аз маоши семоҳаи шахси масабдор зиёд буда наметавонад.

Моддаи 204. Маҳдудият дар мавриди баргардонидани иҷрои қарор оиди парвандаҳои меҳнатӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Иҷрои қарори судро доир ба парвандаҳои меҳнатӣ (дар бораи ба кор барқарор кардан, қонеъ баргардонидани даъвоҳои пулӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳангоми ба тариқи назорати судӣ бекор карда шудани қарори суд танҳо дар ҳолати ба маълумоти бардурӯғи корманд ё санади қалбакии аз тарафи ӯ пешниҳодшуда асос ёфтани қарори бекоркардашуда баргардонидан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 16. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЕКТИВӢ

Моддаи 205. Маҳфуми баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва тартиби ҳаллу фасли онҳо

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ - мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ танзим мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 206. Пешниҳоди талабҳои кормандон

Ба пешниҳоди талабҳо кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.

Талабҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро таъин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Намояндагони кормандон талабҳояшонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақоми намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Талабҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

Моддаи 207. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар мақомоти намояндагие, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон таъсис додааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассосиасияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 208. Миёнаравӣ

Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ӯ дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Миёнарав ҳақ дорад барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.

Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд.

Қоидаи миёнаравиро тарафҳо бо ризоияти миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъди кӯшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар ҳеҷ кадоми тарафҳо дар давоми даҳ рӯз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.

Моддаи 209. Ҳакамияти меҳнатӣ

Агар дар комиссияи оштидиҳӣ тарафҳои баҳси (низои) меҳнатии коллективӣ дар давоми даҳ рӯз созиш намоянд, бо иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳайати ҳакамияти меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс (низои) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси ҳакамияти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумла аъзои ҳамин ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳайати ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомоти оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.

Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунад.

Ҳакамяти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.

Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст.

Тарафҳо ва мақомоти оштидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои меҳнатии коллективӣ гаштаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.

Агар комиссияи оштидиҳӣ ва ҳакамияти меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим гардонида натавонад, сабабҳои инро ба коллективи меҳнатӣ ё иттифоқи касаба навишта мефиристад. Дар ин ҳолат коллективи меҳнатӣ ё иттифоқи касаба ҳақ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 206-уми ҳамин Кодекс дар миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро то худи пурра ё қисман бас кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани вазифаҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкилот корпартоӣ (коршиканӣ)-ро истифода барад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 210. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо бояд дар суд барраси гардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин Кодекс барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқарар шудаанд, истифода мегарданд.

Моддаи 211. Корпартоӣ

Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштидиҳӣ ҳаллу фасл нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштидиҳӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти ҳаллу фасли баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳақ доранд, ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс (гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои дигар)-ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнатӣ - корпартоиро истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Қарори корпартоӣ кардан дар маҷлиси (конференсияи) колективи меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории ин қарор камаш аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференция намояндагони коллективӣ меҳнатӣ, дар сурати дар маҷлис мавҷуд будани кворуми аз нисф зиёди аъзои коллективи меҳнатӣ (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ва ё аз се ду ҳиссаи вакилони конфиренция овоз дода бошанд, он қабул мегардад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корпартоиро як шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективӣ меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Корфармо аз оғози корпартоӣ ва мӯҳлати имконпазири он камаш ду ҳафта пеш бояд хатти огоҳ карда шавад.

Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобиляти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, ҳуқуқи корпартоӣ метавонад маҳдуд карда шавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи корпартоӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

Моддаи 212. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд

Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ кас наметавонад ба ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбур карда шавад.

Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат баррасӣ шуда ё барои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад.

Маоши кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз ҳадди ҳолати бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳкор нест, дода мешавад.

Агар дар шартнома оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ барои давраи корпартои музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда дода намешавад.

Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми дахлдори намояндагии кормандон ҳақ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, ҳамчунин фонди махсуси суғурта таъсис диҳад,

Моддаи 213. Ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар дар бораи баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Аз корфармое, ки дар комиссияи оштидиҳӣ иштирок кардан намехоҳад ё барои таъхир ёфтани иҷрои қарорҳои мақомоти оштидиҳӣ гунаҳгор аст, барои ҳар рӯз баъди гузаштани мӯҳлати муқарраргардида то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Аз корфармое, ки барои иҷро накардани ӯҳдадории созишномаи дар натиҷаи чораи оштидиҳӣ ҳосилгардида ё худ барои ба ҷо наовардани қарори суд оиди баҳси меҳнатии коллективӣ гунаҳкор аст, то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Бо талаби иттифоқи касаба, мақоми дигари намояндагии кормандон мақоми идораи хоҷагӣ вазифадор аст, ки то худи аз вазифа озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ баҳси меҳнатии коллективӣ рӯй додааст, чораи таъсирбахш андешад.

Моддаи 214. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст, ё худ иштирок дар он вайрон кардани интизоми меҳнат буда, боиси андешидани чораҳои муҷозоти интизомии пешбиникардаи қонунгузорӣ шуда метавонад.

Шахсоне, ки кормандонро бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур месозанд, тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Зиёни ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз фонди истеъмолии ташкилот аз тариқи суд ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба гузаронида шуда бошад, зиён бо назардошти молу мулки иттифоқи касаба ба андозаи муайяннамудаи суд аз ҳисоби он ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Шахсоне, ки ҳомии манфиати тарафҳо буда, қоидаҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишударо вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

БОБИ 17. СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 215. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар ду шакл сурат мегирад: суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.

Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бидуни истисно ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунанд, дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, маблағҳои аз буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳои муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбад. Кормандон ҳиссаи худро ба фонди суғурта бо тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта метавонад, амалӣ мегардад.

Моддаи 216. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кӯмакпулиҳо (кӯмакпулиҳои корношоямии муввақатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кӯмакпулиҳои оилавӣ ва дигар кӯмакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд) дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе категорияҳои кормандон, барои табобат дар санаторияву курорт, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи полиси суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакарадаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Аз фонди суғурта қарздор будани корфармо кормандро аз ҳуқуқи таъмини ӯ аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.

Дар созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, ҳамчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Моддаи 217. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 218. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 219. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 220. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 221. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 222. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 223. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

Моддаи 224. Хориҷ карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 158)

БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Моддаи 225. Мақомоти назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи мақоми давлатии махсус ваколатдоршуда ва нозироти дар фаъолияти худ ба корфармо тобеънабуда ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 26, аз 26.12.2011 № 778).

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ назорати дохилиидоравии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро аз ҷониби сохторҳо ва ташкилотҳои тобеашон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 226. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳоро дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар баробари бозрасии техникии иттифоқи касаба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 227. Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат бар зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин бар души нозирон ва комиссияҳои мақоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё мақоми дигари намояндагии кормандон аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Назорати ҷамъиятии санитарӣ ба зиммаи инспекторони ҷамъятии санитарии ташкилот мебошад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

Моддаи 228. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778)

Шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 778).

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Аз 15 маи соли 1997 беэътибор дониста шаванд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1972 "Дар бораи тсдиқ кардани Кодекси Қоунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1972, № 12, моддаи 90);

Моддаи 3 Фасли II Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 "Дар бораи ҷавогарӣ барои ноустувор гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии республика" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 150);

Фасли IV Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 "Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);

Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 18, моддаи 244);

Фасли II Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1992 ,Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 2, моддаи 12);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 "Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 141);

Фасли I Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон";

Моддаи 1 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1993 "Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"; (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 536);

Моддаи 1 Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 1994 "Дар бораи даровардани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон"; (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, моддаи 50);

Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 9-12, моддаи 184);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 "Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 270);

Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 1994 "Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1944, № 19-20, моддаи 415);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 ,Оиди тасдиқи фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1994 "Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24, моддаи 466).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе, 15 маи соли 1997, № 417

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

2. То мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси мазкур санадҳои қонунгузорию меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хилофи Кодекси мазкур нестанд, амал мекунанд.

3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳ:

а) таклифҳояшро доир ба мутобиқ намудани қонунгузории амалкунандаи ҷорӣ бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барраси ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

б) қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад;

в) аз тарафи вазоратҳо ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кардани санадҳои меъёриашонро, ки хилофи Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таъми намоянд;

г) Низомномаро "Дар бори комиссияҳо оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ" барои баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов

ш. Душанбе, 15 маи соли 1997, № 418

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 718, аз 14.05.1999 № 756, аз 3.05.2002 № 10, 17.05.2004 № 26, аз 3.03.2006 № 158, аз 29.04.2006 № 182)

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунгузории меҳнат танзим менамояд

Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи ашхоси воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин ашхосе, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрӣ оид ба меҳнат танзим мегардад.

Моддаи 2. Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста

Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста инҳо мебошанд:

1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Кодекси мазкур;

3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ;

5) Санадҳо , созишномаҳо: созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);

6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар доираи салоҳияти худ мебарорад);

7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.

Моддаи 3. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

Сатҳи ҳаддӣ ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд. Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба муқарароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд. Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд. Масъалаҳое, ки бо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо тавассути шартномаҳои меҳнатӣ ҳаллу фасл мегарданд. Дар сурати байни онҳо ба даст наомадани созиш тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва ё инфиродӣ мутобиқан муқаррар гардидаанд, ҳаллу фасл мешаванд.

Моддаи 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳақ дорад. Давлат ба ҳар як корманд ҳуқуқро барои инҳо кафолат медиҳад:

1) хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;

3) мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;

4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгӯ бошад;

5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

6) иштирок дар идора намудани ташкилот;

7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон - хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;

8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кӯчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунҳо;

9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё амволи ӯ расидааст;

10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;

11) корпартоӣ;

12) ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ;

13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун;

14) ҳимоя аз бекорӣ;

Корманд вазифадор аст:

1) мутобиқи шартномаи (қарордди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;

2) интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;

3) бо амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд;

Моддаи 5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии корфармо

Корфармо ҳуқуқ дорад:

1) ташкилотро идора кунад ва дар доираи салоҳияти худ қарор қабул намояд;

2) шартномаҳои (қарододҳои) меҳнатӣ бандад ва онҳоро бекор кунад;

3) шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;

4) дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҷузъии ҳуқуқӣ қабул намояд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист;

5) кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;

6) аз кормандон иҷрои қоидаҳои таритиботи дохилии меҳнатӣ, дигар қоидаҳо ва муқаррарот, инчунин шартномаҳои меҳнатиро талаб намояд. Дар сурати вайрон кардани (аз ҷониби корманд роҳ додан ба амали ғайриинтизомӣ) интизоми меҳнатӣ кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ кашад;

7) якҷоя бо дигар корфармоён барои ҳимояи манфиатҳои касбии хеш иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкил диҳад ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад.

Корфармо ӯҳдадор аст:

1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкури меҳнат, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар ташкилот риоя гардидани қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарияи истеҳсолӣ ва ҳимоя аз сӯхторро таъмин намояд;

2) ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандро бо шартномаи коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ ташкилот шинос намояд;

3) музди меҳнати кормандро сари вақт пардозад;

4) ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.

Моддаи 6. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон

Амали Кодекси меҳнат ба ҳамаи кормандон татбиқ мегардад.

Меҳнати гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон вобаста ба шакли моликияти ташкилот, ки корманд бо он муносибати меҳнатӣ дорад, шароит ва характери меҳнат, характери алоқаи меҳнатии корманд бо ташкилот, шароити табиию иқлимӣ ва дигар омилҳои объективӣ метавонад дорои хусусиятҳои хос бошад ва бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Дар айни замон сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳгои меҳнатӣ набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад.

Моддаи 7. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ ранги пӯст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.

Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба ашхосе, ки мӯҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ намебошад.

Ашхосе, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд.

Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ

Меҳнати маҷбурӣ манъ аст.

Чунин корҳо меҳнати маҷбурӣ намебошанд:

1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонун оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

2) корҳое, ки иҷрои онҳо дар шароти ҳолатҳои фавқулодда, ҳангоми таҳти хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

3) корҳое, ки дар натиҷаи эътибор пайдо намудани ҳукми суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешаванд.

Дар ин сурат кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида, ширкатҳои хусусӣ гузоштан мумкин нест.

Моддаи 9. Ҳифзи ҳуқуқии меҳнатии кормандон

Ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз тарафи мақомоти назорат ба риояи қонунҳо оид ба меҳнат, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ ва суд ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 10. Идораи давлатӣ дар соҳаи меҳнат

Мақоми давлатӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он идораи давлатии соҳаи меҳнатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда барои таҳия, татбиқ ва ҳамҳангсозии сиёсат дар соҳаи мазкур, ки шароити меҳнат ва шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, ҳиҷрати меҳнатии онҳоро дар бар мегирад, масъулият доранд.

Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нисбат ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҷумҳурӣ оид ба меҳнат қоидаҳои бештар имтиёзнокро барои кормандон муқаррар карда бошанд, дар ин ҳолат қоидаҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд.

Моддаи 12. Татбиқи қонунҳои меҳнат нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва ташкилотҳои хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, метавонанд, ба сифати коргар ва хизматчӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳо кор кунанд ва ё дар асос ва тибқи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, бо фаъолияти дигари меҳнатӣ машғул шаванд.

Амали қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат ба ашхосе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, вале тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, агар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегардад.

Дар ташкилотҳое, ки пурра ва ё қисман ба ашхоси ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ мансубанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо илова ва истисноҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст, муқаррар намоянд, татбиқ мегарданд.

Моддаи 13. Баҳисобгирри мӯҳлате, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст

Мӯҳлате, ки Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рӯзи дигари баъди санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешвад.

Мӯҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири мӯҳлат ба охир мерасанд. Ба мӯҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рӯзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рӯзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.

Агар рӯзи охирини мӯҳлат ба рӯзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рӯзи аввали кории минбаъда рӯзи ба охир расидани мӯҳлат ба ҳисоб меравад.

Моддаи 14. Амали замонии қонунҳо оид ба меҳнат

Санадҳои қонунгузорӣ амали баръакс надоранд ва ба муносибатҳои пас аз ба амал ҷорӣ шудани он ба миён омада татбиқ мегарданд.

Амали Қонун ба муносибатҳое, ки то ҷорӣ гардидани он ба миён омадаанд, танҳо дар ҳолатҳои дар Қонун бевосита пешбинишуда татбиқ мегардад.

Агар баъди бастани шартнома қонуне қабул шавад, ки он барои тарафҳо назар ба шартҳои ҳангоми бастани шартнома мавҷуд буда, шартҳои дигари ҳатмиро муқаррар менамояд, он гоҳ шартҳои шартномаи имзошуда эътибори худро нигоҳ медоранд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қонун ба муносибатҳои аз шартномаҳои пештар баста шуда ба миён омада татбиқ гардидани амали он муқаррар шудааст.

Моддаи 15. Мафҳумҳои асоси (конун аз 17.05.2004 № 26)

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

1) санадҳои меъёрии дохили (локали) - санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунанд;

2) тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати - корфармо ва корманди кироя;

3) корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати, шахси ҳуқуқи, ҳамчунин намояндаги ва филиалҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузори дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнати мебошанд;

4) корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнати бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад:

5) намояндаи ваколатдори шахси корфармо - роҳбари (муовинони ӯ) ташкилот (воҳиди таркиби), усто, мутахассис ё корманди дигаре, ки қонунгузори ё корфармо ба ӯ ҳуқуқи қабули ҳамаи қарорҳо ё қарорҳои ҷудогонаро, ки аз муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо вобаста бармеоянд. додааст;

6) ташкилот - шахси ҳуқуқи, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидори;

7) воҳидҳо - коргоҳ, қитъа, бригада, шӯъба, идора ва дигар бахшҳои таркибии ташкилот;

8) омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнати - андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти кори, рухсати ва дигар шартҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин созишномаи тарафҳо муқаррар намудаанд;

9) омилҳои истеҳсолии меҳнати - шароитҳои техники, санитарию гигиени, истеҳсолию маиши ва дигар шароитҳое, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муайян намудаанд;

10) шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсоли дар ҷараёни фаъолияти меҳнати;

11) шартҳои муҳими кор - низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи кори, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгӯи вазифаҳо;

12) касб - навъи фаъолияти меҳнати, ки донишу малакаи тавассути омӯзиш ва таҷриба андӯхтаро тақозо менамояд;

13) дараҷаи тахассус - сатҳи омодагии умуми ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузори муқарраргардида (номаи камол, диплом, шаҳодатнома ва ғайра) тасдиқ мешавад;

14) ихтисос - маҷмӯи дониш, кордони ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кори андӯхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнати дар доираи касби мазкур зарур аст;

15) вазифа - мавқеи хизматии корманд буда, ба доираи ӯҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифави ва хусусиятҳои масъулияти ӯ вобастаги дорад;

16) кормандони мавсими - кормандоне, ки вобаста ба шароити табиию иқлими дар тамоми давраи соли тақвими корро иҷро карда наметавонанд ва фақат дар давоми давраи (мавсими) муайян корро иҷро мекунанд;

17) мутахассисони ҷавон - шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабҳои оли ва миёнаи махсус аз рӯи роҳхати муассисаҳои мазкур ба кор қабул шудаанд;

18) брон (ҷудо карда мондан) - таъмини кор аз ҳисоби ҷойҳои холии кор барои гурӯҳи муайяни кормандон;

19) квота - ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидори барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳимояи иҷтимои эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;

20) шахсоне, ки аъзо ё иштирокчии ташкилот мебошанд - ҳаммолик ва соҳибони амвол, ки бо ин ташкилот муносибатҳои меҳнати доранд;

21) мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат - такроран гунаҳкорона вайрон кардани ӯҳдадориҳои меҳнати дар давраи амали ҷазои интизомии ба ӯ додашуда;

22) дағалона вайрон кардани интизоми меҳнати - ба ҷои кор дар ҳолати масти, нашъаманди ё токсикомани ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар ҷои кор набудан (аз ҷумла. зиёда аз 3 соати рӯзи кори набудан), дар ҷои кор қасдан вайрон намудан ва дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатари, бехатари аз сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла ҷароҳат, садама ё сӯхтор гаштааст;

23) иттифоқи касаба - ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфнатҳои умумиашон ҳам дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсоли ва ҳам ғайриистеҳсоли барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд;

24) иттиҳодияи корфармоён - ташкилоти ғайритиҷоратии ихтиёрона созмондодаи корфармоён баҳри намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни он дар доираи шарикии иҷтимои (конун аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 2. КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ. НАМОЯНДАГИИ МАНФИАТҲОИ КОРМАНДОН

Моддаи 16. Коллективи меҳнатӣ

Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатии ташкилотро ташкил медиҳанд.

Ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онро қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи меҳнатӣ ва Оинномаи (Низомномаи) ташкилот муайян мекунанд.

Моддаи 17. Намояндагии кормандон дар ташкилот

Намояндагони кормандон дар ташкилотҳо ашхосе мебошанд, ки аз тарафи мақомоти меҳнаткашони ташкилотҳо мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.

Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи мнфиатҳои онҳоро иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳо дар ташкилот, дигар мақомоти аз тарафи кормандон интихобшуда ба амал бароварда метавонанд.

Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён Қонун, созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

Кормандон худашон он мақомеро, ки намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.

Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.

Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон оиди амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.

Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.

Моддаи 18. Ҳуқуқҳои мақомоти намояндагӣ дар ташкилот

Мақомоти намояндагии кормандони ташкилот ҳуқуқ доранд:

1) гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрии меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадро пешниҳод кунанд;

2) дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;

3) ба риояи қонунҳо оид ба меҳнат, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ назорат кунанд;

4) дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;

5) дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ӯ, агар қарор хилофи санади қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

6) тибқи тартиби пешбинамудаи қонунҳо корпартоӣ эълон кунанд;

7) ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амалӣ қонуниро анҷом диҳанд;

Ҳамаи мақомоти намояндагии аз тарафи кормандон ваколатдоршуда ҳуқуқи баробар доранд.

Моддаи 19. Манъи халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот

Халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар кадом шакле, ки бошад манъ аст. Қатъ намудани фаъолияти мақомоти намояндагии кормандони ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ӯ манъ мебошад.

Корфармо, ашхоси ваколатдори ӯ, ки амали дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нишондодашударо анҷом додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.

Моддаи 20. Вазифаи корфармо нисбат ба мақомоти намояндагии кормандон

Корфармо ва ашхоси ваколатдори ӯ вазифадоранд:

1) ба фаъолияти мақомоти намоляндагии кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;

2) қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо мақомоти намояндагии онҳо машварат кунанд;

3) пешниҳоди мақомоти намояндагии кормандонро сари вақт баррасиӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи хеш иттилои асоснок диҳанд;

4) ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон барои бемамониат ба ҷои кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, рафтани онҳо иҷозат диҳанд;

5) ба мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ бепул маълумоти зарури диҳанд;

6) барои иҷрои вазифаҳояшон ба мақомоти намояндагии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;

7) барои фаъолияти мақомоти намояндагии кормандон бино, воситаҳои нақлиётӣ, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;

8) дар муносибат бо мақомоти намояндагии кормандон дигар вазифаҳоро, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд.

Моддаи 21. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон

Ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоят аз ҳар гуна шакли таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки бинобар интихоб шуданашон ба мақомоти намояндагӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷои кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷои кор мавҷуд набошад, ҷои корӣ (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.

Моддаи 22. Мақомоти намояндагии корфармоён

Корфармоён ҳуқуқ доранд дар иттифоқҳо, ассосиасияҳо, конгрессҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён чун созмонҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибони амвол, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо мақомоти намояндагии меҳнаткашон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад.

БОБИ 3. ШАРТНОМАҲО ВА СОЗИШНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

Моддаи 23. Мақсади бастани шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.

Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 24. Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ

Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо амалӣ мегардад.

Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.

Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мӯҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ҳисобот медиҳанд.

Моддаи 25. Масъулият барои иҷро накардани қонунҳо оид ба шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ

Масъулиятро барои саркашӣ аз иштирок дар гуфтушунид, барои вайрон намудан ва иҷро накардани шартнома ва созишномаи коллективӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн мекунад.

БОБИ 4. ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 26. Мафуми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ- созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Моддаи 27. Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шаҳрванде, ки ба синни 15 расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, метавонанд тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, қисми дуюм) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ банданд.

Инҳо метавонанд чун корфармо, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошанд:

1) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин намояндагӣ ва филиалҳои он;

2) шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун ба сифати соҳибкори фардӣ ва ё ба сифати истифодабарандаи меҳнати ашхоси дигар барои эҳтиёҷи хоҷагии истеъмолии худ ба қайд гирифта шудааст.

Моддаи 28. Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд.

Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар қонунҳо ва ё ӯҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест (конун аз 17.05.2004 № 26).

Рад кардани беасоси бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо кормандоне, ки аз ҷониби хадамоти шуғли давлатӣ аз ҳисоби квота, брон ба кормандон фиристода шудааст, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳо муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

Рад кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.

Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

Пеш аз бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун метавонад шартҳои иловагӣ гузошта шавад (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа).

Моддаи 28(1) Муқаррароти умуми оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан - тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати аз тарафи корманд дар баробар ва дар давраи фориғи аз кори (мансаби) асоси иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда.

Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асоси талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ӯ ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 1 ва 3 қисми дуюми моддаи 32 ҳамин Кодекс муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломати зараровару хатарноки шароити меҳнати қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд ӯҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва характери шароити меҳнат дар ҷои кори асоси маълумот пешниҳод намояд.

Хусусиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгори, тиббию дорусози, фарҳанг) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 29. Кафолатҳо ҳангоми қабул кардан ба кор

Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Рад кардани беасоси қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани ашхоси зайл ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:

-ашхосе, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;

-ашхосе, ки корфармо мутобиқи Қонун вазифадор аст бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад (маъюбон ва ашхоси синнашон аз ҳаждаҳ поёнтар, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни сесола доранд, мутаносибан бо сабаби ҳомила ва ё кӯдак доштани онҳо), дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо.

Дар сурати рад кардани қабул ба кор корфармо вазифадор аст бо талаби корманд дар мӯҳлати 3 рӯз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оиди чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 29(1) Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Дар ташкилотҳои давлати дар ду вазифаи роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузори ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.

Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то 18-сола, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнатии зарарнок дошта, агар кори асоси низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ карда мешавад.

Дар ду (якчанд) ҷой дар ташкилотҳои давлати ҳамроҳ кор кардани хешовандоне, ки таҳти итоату назорати бевоситаи ҳамдигари қарор доранд, манъ аст (моддаи 29.2 ҳамин Кодекс).

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, ҳамчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнати ё пардохти ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (конун аз 17.05.2004 №26).

Моддаи 29(2) Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик (конун аз 17.05.2004 № 26)

Дар як ташкилоти давлати (воҳидҳои таркиби) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутабори (волидон, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони волидон, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигари алоқаманд бошад, манъ карда мешавад (конун аз 3.03.2006 № 158).

Маҳдудиятҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк дар ташкилотҳои ғайридавлати низ муқаррар карда шаванд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 30. Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ

Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ ва шартномаи коллективӣ муайян мекунанд.

Дар матни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ бояд ҷои кор ( ташкилот ва ё воҳидҳои муайян), вазифаи меҳнатии корманд, рӯзи оғози кор мӯҳлати амалӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корӣ, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароитҳои меҳнат нишон дода шавад.

Сатҳи ҳуқуқҳо ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуданд, ҳангоми бастани шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ паст кардан мумкин нест.

Моддаи 31. Мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлатҳои зайл баста мешаванд:

1) ба мӯҳлатҳои номуайян;

2) ба мӯҳлати муайян (на бештар аз 5 сол);

3) барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷои кораш нигоҳ дошта мешавад;

4) ба мӯҳлати иҷрои кори муайян;

5) барои иҷрои корҳои мавсимӣ;

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

Агар дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мӯҳлати амали он нишон надода шуда бошад, пас шартнома ба мӯҳлати номуайян басташуда ҳисоб гардида, бидуни розигии корманд аз нав барои мӯҳлати муайян баста намешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мӯҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавнд, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун бастани шартнома барои мӯҳлати номуайян имконпазир бошад (конун аз 3.03.2006 № 158).

Моддаи 32. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи меҳнатӣ метавонад хаттӣ ва ё шифоҳӣ баста шавад, қарордод бошад танҳо ба шакли хаттӣ баста мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатии дар шакли хаттӣ басташуда дар ду нусха тартиб додашуда, ба он тарафҳо имзо мегузоранд. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода мешавад, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;

1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);

3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;

4) барои ӯҳдадорони ҳарбӣ , билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.

Корфармо ҳуқуқ надорад, агар дар Қонун тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар санадро талаб кунад.

Ба кор қабул намудан бо фармони (амри) ташкилот ё шахси ваколатдори ӯ ба расмият дароварда мешавад.

Фармон (амр) ба корманд бо гузаштани имзо эълон карда мешавад.

Амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Корманд дар сурати мавҷуд набудани шартномаи (қарордоди) хаттии меҳнатӣ бо огоҳии корфармо амалан ба кор шурӯъ карда бошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯзи оғози кор баимзорасида ҳисоб шуда, бояд дар давоми се рӯзи оғози кор ба расмият дароварда шавад.

Моддаи 33. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созишномаи тарафайн муқаррар гардида ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.

Дар давраи санҷиш амали санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат ба корманд татбиқ мегардад.

Санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудани ашхоси синнашон ба ҳаждаҳ нарасида, мутахассисони ҷавон, ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар, инчунин ҳангоми тибқи озмун ба кор қабул намудан муқаррар карда намешавад.

Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набуд, ба ҳисоби мӯҳлати санҷиш дохил намегардад.

Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани қайд чунин ҳисоб мешавад, ки корманд бидуни санҷиши пешакӣ ба кор қабул карда шудааст.

Агар пас аз гузашти мӯҳлати санҷиш ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ изҳороте надиҳанд, пас амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ роҳ дода мешавад.

Моддаи 34. Шартномаи шогирдӣ

Корфармо ҳуқуқ дорад ба ашхосе, ки кор мекобанд, барои мӯҳлати дар шартнома муқарраргардида барои таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирд бо мақсади омӯхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.

Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома бо ашхосе, ки омӯзишро хатм намудаанд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад.

Музди меҳнат ҳангоми таълим тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 35. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

Ба дигар кори доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рӯи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.

Розигии корманд барои дар худи ҳамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам, бояд ба таври хаттӣ гирифта шавад.

Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ҳисоб карда ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад.

Агар давом додани кор аз рӯи вазифаи меҳнатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективи, ки Қонун пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ қатъ гардад.

Моддаи 36. Тағйир ёфтани шароити меҳнат

Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.

Дар шартномаҳои коллективӣ метавонад машварати пешакӣ бо мақомоти ҳифзкунандаи манфиати кормандони ташкилот оид ба тағйироти шароити меҳнат барои гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.

Корфармо вазифадор аст кормандонро оид ба тағйирёбии ояндаи шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ӯ барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона маблағ пардохта шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд арз кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо вазифадор аст исбот кунад, ки нигоҳ доштани шароити пештари меҳнат имконнопазир аст.

Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷои корӣ ҳуқуқ дорад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот, бидуни риояи мӯҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.

Моддаи 37. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати бекористӣ

Дар сурати бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар, бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба мӯҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошд.

Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.

Моддаи 38. Муваққатан боздоштани истеҳсолот

Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро ҳис намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот кори воҳидҳои (цехҳо, участкаҳо, бригадаҳои) алоҳидаро бидуни гузаронидани чораҳои ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боз дорад.

Муваққатан боздоштани ташкилот чун бекористии бидуни гуноҳи корманд ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар дар ҳаҷми маблағи моҳона (маош) ҳақ дода мешавад.

Муваққатан боз доштани кор бидуни додани ҳаққи бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

Моддаи 39. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда кормандони ихтисоснокро бидуни розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

Моддаи 40. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ

Бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ кормандро бидуни розигии ӯ ба мӯҳлати то як моҳ ба кори дигар муваққатан гузаронидан мумкин аст. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ӯ мебошад, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан гузаронидан ба корманд аз рӯи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара ҳақ дода мешавад.

Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсоли мӯҳлатҳои ниҳоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин ҳаҷми мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 41. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо ташаббуси ташкилот

Хоҳиши корманд дар бораи гузаронидан ба кори дигар бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонда шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.

Номгӯи сабабҳои узрнокро барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин тартиби пардохти музди меҳнатро ҳангоми гузаронидан ҳамин Кодекс, шартномаи коллективӣ агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.

Моддаи 42. Вазифаи корфармо оиди пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо вазифадор аст, бо розигии мақоми намояндагии кормандони ташкилот ва мақоми дахлдори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, бинанд:

1) маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (чанд) ҷой кор мекунанд;

2) маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақтҳои муқаррарӣ;

3) тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми чоруми моддаи 36 ҳамин Кодекс;

4) муваққатан боз доштани истеҳсолот тибқи моддаи 38 ҳамин Кодекс;

5) давра ба давра озод кардани кормандон;

6) дигар чорабиниҳо, агар онҳоро шартномаи коллективӣ пешбинӣ карда бошад.

Моддаи 43. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани молик ва аз нав ташкил кардани ташкилот

Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин аз нав ташкил кардани (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо шудан ва дигаргун сохтани) он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардидаи онҳо мумкин аст.

Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи молик ҳақ дорад шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатиро, ки молики пештара бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот ба ҷо меоваранд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақом ба тобеияти мақоми дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи (қарордоди) меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

Моддаи 44. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:

1) бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома (қарордод) ҳар вақт қатъ карда шавад;

2) бо ташаббуси корманд;

3) бо ташаббуси корфармо;

4) бо гузаштани мӯҳлат;

5) бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда.

Моддаи 45. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

Корманд ҳақ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро, ки ба мӯҳлати номаълум баста шудааст, бекор кунад.

Баъди гузаштани мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро супорида, бо ӯ ҳисобу китобро баробар кунад.

Бо хоҳиш ва розигии корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба итмом расидани мӯҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар мӯҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.

Дар давоми мӯҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пас гашта гирад, агар ба ҷои кори ӯ ба таври гузарондан, корманди дигар даъват нашуда бошад.

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ӯ, ки барои аз рӯи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.

Корманд ҳақ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома (қарордод) корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷои кор ба ӯ хабари нодуруст дода аст ё ӯҳдадориашро оиди таъмини шароитҳои солим ва бехавфи меҳнат дар ҷои кор вайрон кардааст, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бидуни огоҳии пешакии корфармо бекор кунад.

Моддаи 46. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бояд асоснок бошад. Инҳо асос шуда метавонанд:

1) барҳам хӯрдани ташкилот; қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;

2) ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё кори иҷро мекардагиаш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё аҳволи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад;

3) бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ӯ гузоштааст, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад.

4) прогул (аз ҷумла дар давоми рӯзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор ) бидуни сабабҳои узрнок;

5) ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомила ва таваллуд, агар қонунгузорӣ мӯҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷои корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхӯрии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

6) дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;

7) дуздидани амволи корфармо дар ҷои кор, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст;

8) қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардондани кор дар чанд ҷой;

9) қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;

10) вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;

11) аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳгоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медиҳад;

12) аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;

13) вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонун ҳангоми қабул ба кор.

Қонунҳо, оинномаҳо ва низомномаҳои оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рӯи асосҳое, ки дар бандҳои 1 (бағайр аз барҳам хӯрдани ташкилот) ва 2 ҳамин модда, банди 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ӯ ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии мувақкатӣ (бағайр аз озодкунӣ аз рӯи банди 5 ҳамин модда) ва дар давраи дар рухсатӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хӯрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти соҳибкор, роҳ дода намешавад.

Моддаи 47. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дар сурати бекор шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бино бар тағйир ёфтанишумораи (штати) кормандон ё шароити меҳнат

Дар сурати бекор шудан шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми корҳо, ки боиси тағйири шумораи (штати) кормандон ё тағйири хусусияти корҳо гардидааст, ҳуқуқи имтиёзнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.

Дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:

- ба кормандоне, ки ду ва аз ин зиёд хӯранда доранд;

- ба шахсоне, ки дар оилаашон дигар кормандони дорои музди меҳнати мустақилона мавҷуд нестанд;

- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи тӯлонии кор доранд;

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда ихтисоси худро аз рӯи тахассуси дахлдор дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбҳои техникиро ба итмом расондаанд, ба шарте ки баъди хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рӯи ихтисос кор кунанд;

- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

- ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар;

- ба шахсоне, ки ба касалии шуоъ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо паҳншавии нури радиационӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки алоқамандии, маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ муқаррар шудааст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳи зикршуда эвакуация ё кӯчонда шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурӯҳ баробар карда шудаанд;

- ихтироъкорон.

Дар шартномаи (қарордоди) коллективӣ метавонад дигар ҳолатҳое, пешбинӣ карда шавад, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

Моддаи 48. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигармақоми намояндагии кормандон

Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) баъди пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома ва созишномаи меҳнатӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо танҳо бо розигии пешакии иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.

Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон дар бораи қарори қабулшуда доир ба масъалаи ризоят барои бо корманд қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мӯҳлати даҳ рӯзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дорад, дар шакли хаттӣ ба корфармо бояд хабар диҳад.

Корфармо ҳақ дорад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қатъ намояд.

Моддаи 49. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати номуайян баста шудааст, дар мӯҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳонад:

1) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар барҳам хӯрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моҳ;

2) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардагиаш мувофиқ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё аҳволи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷӯи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рӯз ба кор набарояд ва музди кораш нигоҳ дошта шавад.

Бо созишномаи тарафҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад аз рӯи асосҳои зикршуда то ба охир расидани мӯҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи рӯзона барои ҳар рӯзи боқимондаи то ба охир расидани ин мӯҳлат бекор карда шавад.

Корфармо вазифадор аст дар мӯҳлати муқарраркардаи Қонун дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақоми дахлдори хадамоти шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.

Моддаи 50. Кафолату имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

1) кӯмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

2) нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақоми шуғли аҳолӣ, агар корманд дар мӯҳлати даҳ рӯзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақом муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

3) ҳуқуқ барои як сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рӯи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, бо кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.

Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд мӯҳлати аз ин дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи ба кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

Моддаи 51. Қатъ кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баробари ба итмом расидани мӯҳлати он қатъ мегардад. Агар баъди гузаштани мӯҳлат муносибатҳои меҳнатӣ давом кунад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мӯҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба мӯҳлати номаълум идомадошта ҳисобида мешавад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ӯ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рӯзи ба кор баргаштани ин корманд қатъ мегардад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъди ба охир расидани он қатъ мешавад.

Моддаи 52. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани мӯҳлат

Шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ, ки дар бандҳои 2 ва 4 моддаи 31 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани мӯҳлат аз рӯи асосҳои пешбиникардаи моддаи 43 ва 44 ҳамин Кодекс бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.

Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар вазифаҳои меҳнатии худро вайрон кардани корманд пеш аз мӯҳлат бекор карда шавад.

Моддаи 53. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд, қатъ карда мешавад:

1) ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмнома, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд;

4) бинобар вафот кардани корманд;

5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

6) дар ҳолатҳои дигаре, ки Қонун пешбинӣ кардааст.

Моддаи 54. Аз кор дур кардан

Корфармо ӯҳдадор аст бо талаби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории ҷумҳурӣ кормандро аз кор дур кунад.

Корфармо ҳақ надорад, ки корманди дар ҳолати мастӣ аз шароб, моддаҳои нашъаовар ва ё токсикӣ ба кор ҳозиршударо дар ҳамон рӯзи (сменаи) корӣ ба кор роҳ диҳад.

Дар давраи аз кор дур кардан музд дода намешавад.

Моддаи 55. Кӯмакпӯли дар вақти аз кор рафтан

Ба корманд дар сурати қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои аз кор рафтан кӯмакпулӣ дода мешавад:

- бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11, қисми 1 моддаи 46 ҳамин Кодекс;

- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истиснои ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукмномаи суд (банди 3 моддаи 53 ҳамн Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 ҳамин Кодекс).

Ҳаҷми кӯмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан бо роҳи зарб задани чоряки музди миёнаи моҳона ба шумораи солҳои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз ҳаҷми музди миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

Моддаи 56. Дафтарчаи меҳнатӣ

Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ҳуҷҷати асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамояд. Тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаҳои меҳнатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Корфармо вазифадор аст ба ҳаммаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рӯз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд.

Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор кайд карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рӯзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфамо ба корманд барои ҳар рӯзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.

Моддаи 57. Вазифаи корфамо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот

Корфармо вазифадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рӯи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамон ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа, вақти кор ва ҳаҷми музди меҳнат маълумотнома диҳад.

Моддаи 58. Роҳ надодани ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.

Ҳангоми баррасии баҳс дар суд ба зиммаи корфармо вазифа гузошта мешавад, ки зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

Агар дар шартномаи коллективӣ пешакӣ гирифтани розигии мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бо ташаббуси корфармо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ суд дар қатори дигар далелҳо розигии мақомоти мазкурро ба ҳисоб мегирад.

Моддаи 59. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Ҳангоми аз ҷониби суд ба кор барқарор намудани корманд ба зиммаи корфармо оиди ҷуброни зарари ба корманд расонидашуда вазифа гузошта мешавад.

Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

1) ҳатман пардохтани вақти прогули маҷбурӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди аз даст дода;

2) ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти бурдани кори парванда);

3) имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи ҳармоҳаи корманд камтар буда наметавонад.

БОБИ 5. ВАҚТИ КОР

Моддаи 60. Мафҳуми вақти кор. Давомнакии мӯътадил вақти кор

Вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд.

Давомнокии мӯтъдили вақти кор дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.

Моддаи 61. Давонокии кӯтоҳии вақти кор

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кӯтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:

1) ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд (моддаи 17 ҳамин Кодекс);

2) ба кормандони маъюб (моддаи 152 ҳамин Кодекс);

3) ба кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид (моддаи 62 ҳамин Кодекс) машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд (моддаи 63 ҳамин Кодекс).

Моддаи 62. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

Давомнокии кӯтоҳи вақти кор на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар ҷараёни меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд. Рӯйихати истеҳсолот, цехҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кӯтоҳи вақти кор ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

Моддаи 63. Давомнокии кӯтоҳи вақти кор барои кормандне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад

Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, педагогҳо ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддатӣ баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии вақти кор дар як ҳафта на бештар аз 35 соат муқаррар карда мешавад.

Номгӯи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кори онҳоро ташкилот қонунгузорӣ ва дигар ташкилот мехёрии ҳуқуқии оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 64. Вақти нопурраи кор

Бо созишномаи байни корманд ва корфармо чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ минбъад рӯзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад.

Корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муқаррар намояд.

Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи Қонун камтар бошад.

Кор дар шароити вақти нопурраи кор барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.

Моддаи 65. Навъҳои ҳафтаи кор. Низоми вақти кор

Навъҳои ҳафтаи кор (ҳафтаи кори панҷрӯза бо ду рӯзи истироҳат ё ҳафтаи кори шашрӯза бо як рӯзи истироҳат, ҳафтаи кор бо рӯзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти кор (давомнокии вақти кори ҳамарӯза (смена), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи смена дар як шабонарӯз, иваз намудани рӯзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як смена ба сменаи дигар) дар ташкилот тибқи тартиби дохилии меҳнат, дигар санади маҳдуди меъёрӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо , тибқи созишномаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 66. Кори сменавӣ

Ҳангоми кори сменавӣ давомнокии кори ҳамарӯза (смена) тибқи ҷадвали сменавӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон тасдиқ карда мешавад, муқаррар гардида, дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.

Кормандон якдигарро дар смена баробар иваз мекунанд. Аз як смена ба дигар смена гузаштан мутобиқи ҷадвали кори сменавӣ сурат мегирад.

Паи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду смена манъ аст.

Моддаи 67. Давомнокии вақти кор

Дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кори муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) набояд аз ин зиёд бошад:

- дар сурати ҳафтаи панҷрӯзаи кор давомнокии кори ҳаррӯза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи корӣ муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.

- барои кормандони синни аз 15 то 16 ,5 соат, аз 16 то 18 - 7 соат;

- барои хонандагони муассисаҳои маълумоти умумӣ (мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд - синни аз 14 то 16 - 2,5 соат, синни аз 16 то 18 - 3,5 соат;

- барои маъюбон - 6 соат;

- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - нисфи давомнокии мӯътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 60-67 ҳамин Кодекс муайян шудаанд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Ҳангоми ҳафтаи шашрӯзаи кор агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррӯза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

Моддаи 68. Ба қисмҳо тақсим кардани рӯзи кор

Дар корҳои дорои хусусияти хоси меҳнат агар зарур шавад, рӯзи кор бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, ба шарте, ки давомнокии умумии вақти кор аз давомнокии муқарраргардидаи кори ҳаррӯза зиёд набошад.

Намуди корҳое, ки дар онҳо рӯзи кор ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит шартнома ва созишномаи коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян менамояд.

Моддаи 69. Давомноки кор дар арафаи рӯзҳои ид

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар арафаи рӯзҳои ид (ғайрикорӣ, моддаи 83 ҳамин Кодекс) барои ҳамаи кормандон на камтар як соат кӯтоҳ карда мешавад.

Давомнокии кори ҳаррӯза (смена) пеш аз рӯзи ид дар ҳолатҳое, ки агар пеш аз рӯзи ид рӯзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кӯтоҳи ҳафтаи кор муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.

Дар истеҳсолоти муттасил ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза дар рӯзҳои пеш аз ид имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ ба мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ прдохта мешавад.

Моддаи 70. Давомнокии вақти кори шабона

Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад.

Давомнокии кори шабона бо мутаносибан кӯтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи кор як соат кӯтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррӯзаи (смена) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.

Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кӯтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррӯза (смена) дар вақти шабона имкопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёд аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудаст, ҷуброн карда мешавад.

Ба кори шабона ҷалб намудани кормандон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки моддаҳои 152, 161, 181 ҳамин Кодекс муқаррар кардаанд, сурат мегирад.

Моддаи 71. Якҷоя ба ҳисоб гирифтани вақти кор

Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти корро риоя кардан мумкин нест, метавонад баҳисобгирии якҷояи вақти кор ҷорӣ карда шавад, ба шарте, ки давомнокии вақти кор дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи мӯътадили соатҳои кор (моддаҳои 67 - 70 ҳамин Кодекс) зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии кори ҳаррӯза (смена) аз 12 соат зиёд бошад. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти корро шартномаи меҳнатӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфамо баъди маслиҳат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муқаррар менамоянд.

Моддаи 72. Изофакорӣ

Изофакорӣ коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррӯзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кори давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.

Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 73 ин Кодекс муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.

Корфармо вазифадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити мӯътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.

Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдуддиятҳое, ки моддаҳои 152, 163, 181 ин Кодекс муқаррар намудаанд, сурат мегирад.

Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорӣ манъ аст.

Изофакорӣ набояд дар давоми ду рӯз пай дар пай беш аз ин бошад;

- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад;

- чор соат дар дигар корҳо.

Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

Моддаи 73. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоанд:

а) иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатар зарур аст;

б) иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти мӯътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

в) зарурати ба охир расонидани корҳои шурӯъгардида, ки онро бинобар сабабҳои техникӣ ғайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ иҷро кардан имкон надорад, дар сурате, ки зимнан қатъи кори шурӯъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад;

г) иҷрои корҳои муваққатӣ оиди таъсир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайронии онҳо боиси қатъ шудани кори бисёр коркунон мегардад;

д) давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчӣ чораҳои фаврӣ андешад;

е) иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ғуншавии бор дар нуқтаҳои борфиристию боргирӣ ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

Моддаи 74. Ҳисобкунии вақти корӣ

Корфамо вазифадор аст вақти кореро, ки ҳар корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт аниқ ҳисоб кунад.

БОБИ 6. ВАҚТИ ДАМГИРӢ

Моддаи 75. Мафҳуми вақти дамгирӣ ва намудҳои он

Вақти дамгирӣ вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи Қонун аз иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад.

Навъҳои вақти дамгирӣ инҳоянд:

а) танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ;

б) танаффусҳо байни рӯзҳои (сменаи) корӣ;

в) рӯзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);

г) рӯзҳои ид;

д) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;

е) рухсатиҳои иҷтимоӣ (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 76. Танаффус барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ

Дар давоми рӯзи корӣ (смена) ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хӯрокхӯрӣ танаффус дода шавад.Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори сменаҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Чун қоида танаффус бояд камаш баъди чаҳор соати шурӯи дода шаавад.

Ин гуна танаффусҳо ба вақти кор дохил намешаванд ва ба онҳо музд дода намешавад ва давомнокии онҳо набояд аз ду соат зиёд бошад.

Дар корҳое, ки аз рӯи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хӯрокхӯрӣ имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироҳат ва таомхӯрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё кунад. Номгӯи чунин корҳо дар қарордодҳои коллективӣ (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муайян мегардад), ҷои истироҳат ва таомхӯрӣ аз тарафи корфамо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 77. Танаффусҳои дохили сменавӣ. Танаффусҳои махсус барои гармшавӣ ва дамгирӣ

Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилисменавӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамояд. Навъи ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар қарордодҳои коллективӣ тасдиқ карда мешавад (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошанд - бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии коркунони ташкилот, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).

Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пӯшидаи гармшаванда кор мекунанд, борбардороне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурӯҳи коркунон мувофиқи шароит ва тартибе, ки қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳо оид ба меҳнат пешбинӣ намудаанд, барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани тифл (моддаи 166 ҳамин Кодекс) танаффусҳои махсус барои истироҳат дода мешавад.

Чунин танаффусҳо ба ҳисоби вақти кор дохил гардида, музди онҳо пардохта мешаванд. Корфармо вазифадор аст биноҳоеро, ки ҷиҳати гармшавӣ ва ё салқиншавӣ, инчунин истироҳати кормандон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.

Моддаи 78. Давомнокии истироҳати ҳаррӯза

Ба кормандон бояд танаффуси байни рӯзҳои корӣ (сменаҳо) бо давомнокии на камтар аз 12 соат дода шавад.

Моддаи 79. Рӯзҳои истироҳат

Ба ҳамаи кормандон рӯзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад. Дар ҳафтаи панҷрӯзаи кор ба кормандон дар ҳафта ду рӯзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрӯзаи корӣ - як рӯз истироҳат дода мешавад.

Рузӣ истироҳати умумӣ , якшанбе мебошад. Рӯзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрӯзаи корӣ, тибқи ҷадвали кори ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рӯзи истироҳат, чун қоида паи ҳам дода мешавад.

Моддаи 80. Рӯзҳои истироҳат дар ташкилотҳои муттасил амалкунанда ва ташкилотҳое, ки кор дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ қатъ намегардад

Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рӯзҳои истироҳат дар рӯзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурӯҳ кормандон мувофиқи ҷадвали сменаҳо, ки корфармо бо машварати пешакии мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муқаррар кардааст, дода мешавад.

Дар ташкилотҳое, ки фаъолият дар рӯзҳои истироҳати умумӣ низ вобаста ба зарурати таъминоти аҳолӣ (театр, музей, магазин, ташкилотҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ қатъ намегардад, рӯзҳои истироҳат бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 81. Манъи кор дар рӯзҳои истироҳат. Мавридҳои истисноии ҷалби кормандон ба кор дар рӯзҳои истироҳат

Дар рӯзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.

Дар рӯзҳои исироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормадони ташкилот дар ҳолатҳои истисноии зайл иҷозат дода мешавад:

- барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаҳи истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо;

- барои пешгирии ҳодисаҳои фоҷиавӣ, ҳалокат ва нобудшавии амвол;

- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мӯътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.

Дар рӯзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи маҳдудиятҳои муайяннамудаи моддаҳои 152, 162, 181 ин Кодекс ба амал бароварда мешавад.

Моддаи 82. Ҷу брони кори рӯзҳои истироҳат

Кори рӯзҳои истироҳат мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рӯзи истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 105 ин Кодекс ҷуброн мегардад.

Моддаи 83. Рӯзҳои ид

Ташкилотҳо дар рӯзҳои идҳои зерин кор намекунанд:

1 январ - Соли нав;

8 март - Рӯзи байналмилалии занон (конун аз 17.05.2004 № 26)

21-24 март - ҷашни Наврӯз (конун аз 03.05.2002 №10, аз 29.04.2006 № 182);

1 май - Рӯзи ҳамраъии байналмилалӣ меҳнаткашон;

9 май - Рӯзи Ғалабаи халқҳо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

27 июн - Рӯзи Вахдати милли (конун аз 13.11.1998 № 718)

9 сентябр - Рӯзи истиқлолиятӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

6 - ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Иди Рамазон - як рӯз ҳар сол, рӯзе, ки рост меояд;

Иди Қурбон - як рӯз ҳар сол, рӯзе, ки рост меояд.

Дар рӯзҳои ид корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил амалкунанда) номумкин аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.

Кор дар рӯзҳои ид тибқи муқаррароти моддаи 105 ин Кодекс ҷуброн карда мешавад.

Агар рӯзи истироҳат ба рӯзи ид рост ояд, рӯзи истироҳат ба рӯзи аввали корӣ баъди рӯзи ид гузаронида мешавад.

Рӯзҳои хотиравии зайл бидуни истироҳат ид карда метавонанд:

- 22 июл - Рӯзи забони тоҷикӣ;

- иди Меҳргон;

- иди Сада.

Моддаи 84. Мафҳум ва намудҳои рухсатиҳо (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсати муддати вақти нисбатан тӯлониест, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо шарти нигоҳдошташавии ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнати озод буда, аз он баҳри фароғат ва барқарор намудани қобилияти меҳнати, ҳамчунин қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳо истифода менамояд.

Дар зери мафҳуми кори пештара кори иҷрошудае, ки то давраи рухсати бо ҳамон корфармо, аз рӯи ҳамон ихтисос, вазифа, касб ва дар ҳамон ҷойи кори иҷро шудааст, фаҳмида мешавад.

Ба кормандон намудҳои зерини рухсатиҳо дода мешаванд:

1) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда:

а) рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин;

б) рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;

в) рухсатии иловагии ҳарсола;

2) рухсатиҳои иҷтимои:

а) рухсатии давраи ҳомиладори ва таваллуд:

б) рухсати барои нигоҳубини тифл:

в) рухсатии таълими;

г) рухсатии эҷоди:

3) рухсатиҳои бе музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 84 (1) Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимои (конун аз 17.05.2004 № 26)

Кормандон ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимои (қисми дуюми моддаи 75 ҳамин Кодекс) бо мавҷуд будани асосҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳуқуқ доранд.

Иваз кардани рухсати ба ҷуброни пули мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 84(2) Ҳуқуқ ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда (конун аз 17.05.2004 № 26)

Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо онҳо басташуда. шакли ташкили ва музди меҳнат ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвими дода мешавад.

Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи корфармоён ҳатми мебошад.

Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худи мӯҳлати давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтаринро аз 24 рӯзи тақвими бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё шартномаҳои (қарордоди) меҳнати зикр ёфтаанд, зиёд намояд.

Рӯзҳои иди ғайрикори, давраи корношоямии муваққати, инчунин рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намегарданд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 85(1) Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти хислат ва хусусияти функсияҳои меҳнати, синну сол, собиқаи кори, вазъи саломати ва дигар ҳолатҳо рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.

Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:

1) ба ходимони ташкилотҳои илми - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

2) ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илми, муассисаҳои таълими ва китобхонаҳои ҷумҳуриявию вилояти - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

3) ба кормандон - омӯзгорони муассисаҳои олии шакли таълимиашон рӯзонаю ғоибона. аз ҷумла доир ба тайёри, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва касби-техники - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

4) ба кормандони мактаб ва муассисаҳои кӯдаконаи томактабию берун аз мактаби - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;

5) ба кормандони муассисаҳои маданию равшаннамои - аз 28 то 42 рӯзи тақвими;

6) ба ҳамшираҳои тибби, ки ба тарбияи кӯдакони синни то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои кӯдаконаи синни томактаби ва хонаи кӯдакон - 42 рӯзи тақвими;

7) ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рӯзи тақвими;

8) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсоли (таълими истеҳсоли) қабул шудаанд - 30 рӯзи тақвими (моддаи 180 ҳамин Кодекс);

9) ба кормандони маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм - 42, гурӯҳи сеюм35 рӯзи тақвими;

10) ба заноне, ки дар соҳаи кишоварзи кор мекунанд - на камтар аз 28 рӯзи тақвими;

11) ба дигар гурӯҳҳои кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар зербандҳои 1) - 5) қисми дуюми моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 86. Рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола

Корфармо вазифадор аст ба инҳо рӯхсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад;

- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин кор мекунанд (моддаи 87 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки корашон характери махсус дорад (моддаи 88 ин Кодекс);

- ба кормандоне, ки дар шароти номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд (моддаи 89 - уми ин Кодекс);

- ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 89.1 ҳамин Кодекс) (конун аз 17.05.2004 № 26);

- дар мавридҳои дигаре, ки дар қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ, шартномаҳои коллективии меҳнатӣ (қарордод) пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 87. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зараноку вазнини меҳнат

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рӯзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кӯҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кӯҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию химявӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

Номгӯи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Рухсатии иловагии мазкур танҳо бо яке аз асосҳои дар номгӯи пешбинигардида дода мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 88. Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор

Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рӯзи тақвимӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои характери махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.

Номгӯи касбу, вазифаи кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои характери махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 89. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рӯзи тақвимӣ дода мешавад.

Давомнокии мушаххаси рухсатӣ ва шарти додани онро қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи муайян мекунанд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 89(1) Рухсатии иловагии кормандон бо рӯзи кории ба меъёр гирифтанашуда (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории мӯътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловаги на камтар аз 10 рӯзи тақвими дода мешавад.

Давомнокии мушаххаси чунин рухсати барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлати фаъолиятдошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони ташкилотҳои ғайридавлати дар шартномаи (созишномаи) коллективи ва дар сурати мавҷуд набудани он тибқи созиши тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешавад.

Номгӯи кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлати аз ҷоннби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони зайли ташкилотҳои дар асоси воситаҳои худи фаъолиятдошта бо шартномаи коллективи ё дигар санади меъёрии дохилии ташкилот муқаррар карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 89(2) Рухсатии иловаги барои собиқаи кории давомнок (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандоне, ки дар соҳаҳои алоҳида машғул буда, дорои собиқаи кории давомнок дар як ташкилот мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвими дода мешавад.

Номгӯи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои давомнокии собиқаи кор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 90. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои ҳарсола

Давомнокии рухсатиҳо бо рӯзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Рӯзҳои ид, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд ва рӯзи корӣ намебошанд, мувофиқи моддаи 83 ин Кодекс ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки мӯҳлати онро Қонун муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.

Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳо мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.

Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рӯзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рӯз ба инобат гирифта намешавад.

Моддаи 90(1). Соли кори (конун аз 17.05.2004 № 26)

Соли корие, ки барои он рухсатии меҳнати дода мешавад, фосилаи вақтест, ки баробар бо давомнокии соли тақвими буда, барои ҳар як корманди алоҳида аз рӯзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад (конун аз

17.05.2004 № 26) .

Моддаи 91. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад.

Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад инҳо дохил мешаванд:

- вақти кори воқеӣ дар давоми сол;

- вақте, ки корманд амалан кор накардаву вале ҷои кораш (вазифааш) барои ӯ нигоҳ дошта шудааст;

- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;

- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), қарордодҳои коллективӣ ва дигар санадҳои алоҳидаи ташкилот, шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.

Агар дар шартномаи коллективӣ, дигар шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки ба рухсатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:

- вақти бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набудани корманд;

- вақти рухсатиҳои бемаош барои нигоҳубини кӯдак то ба синни муайяннамудаи қонун расидани ӯ;

- вақти рухсатиҳои бемаош, ки ба хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рӯзи тақвимӣ дода шудааст.

Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба меҳнат метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.

Моддаи 91(1). Ҳуқуқи корфармо оиди тағйир додани соли кори (конун аз 17.05.2004 № 26)

Агар маҷмӯи давраҳое, ки тибқи моддаи 91 ҳамин Кодекс ба соли кори дохил мешаванд, аз дувоздаҳ моҳи пурраи тақвими кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 92. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнати барои соли аввали кори (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои соли аввали кори на барвақттар аз ёздаҳ моҳи кори аз ҷониби корфармо дода мешавад.

То ба итмом расидани ёздаҳ моҳи кори корфармо вазифадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнати пешниҳод намояд:

1) ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ё баъди он;

2) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;

3) ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;

4) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат дар истироҳатгоҳу санатория роҳхат доранд;

5) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асоси дар давраи то ёздаҳ моҳи кори аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;

6) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълими, касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;

7) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;

8) ба заноне, ки соҳиби ду ва зиёда кӯдаки синни то чордаҳсола ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳсола мебошанд;

9) ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, шӯъбаҳои шабонаю ғоибонаи муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус ва аспирантураҳо таълим мегиранд;

10) дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективи ё шартномаи (қарордоди) меҳнати муайяншуда.

Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнати баъди гузаштани се моҳ дода мешавад.

Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарби бо хоҳишаш рухсатии меҳнати дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.

Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1-9 қисми дуюм, қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда нишондодашуда рухсати мутаносибан ба рӯзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рӯзи тақвими дода мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 92(1).Шартҳои додани рухсатии меҳнати барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори ҳар вақти соли кори мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнати дода мешавад, агар дар ҳамин Кодекс ҳолатҳои дигар пешбини нашуда бошанд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 93. Додани рухсатии ҳарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд

Рухсатиҳои ҳарсола ба ашхосе, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, барои муддати кори воқеӣ дар ҷои кори охирин дода мешавад.

Моддаи 94. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати (конун аз 17.05.2004 № 26)

Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати бо тартиби пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) коллективи ва ё шартномаи (қарордоди) меҳнати, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнати, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё байни корфармо ва корманд мувофиқа гардидааст, муайян карда мешаванд.

Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳати барои соли тақвими тибқи мӯҳлатҳои муқарраргаштаи шартномаи (созишномаи) коллективи тартиб дода мешавад, ки он бо корфармою иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.

Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсати, ҳуқуқҳои кормандоне, ки барои гирифтани рухсати имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

дар давраи тобистон ва дигар вақти муносиб:

1) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;

2) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимии касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;

3) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;

4) ба заноне, ки ду ва зиёда кӯдаки синнашон то ҳаждаҳсола доранд;

5) ба кормандоне, ки бемории нурҳои радиоактивиро аз сар гузаронидаанд;

6) ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил иштирок кардаанд;

7) дар дигар ҳолатҳое, ки дар шартномаи (созишномаи) коллективи ё шартномаи (қарордоди) меҳнати пешниҳод гаштааст;

дар давраи муайян:

1) ба кормандоне, ки аз истеҳолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, миёнаи махсус ва оли, аспирантураҳо - қабл аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргашта, иҷрои корҳои лаборатори ё таълими, супурдани имтиҳонот ё санҷишҳо ба омӯзиш машғуланд;

2) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асоси.

Оиди вақти пешниҳоди рухсати ба корманд бояд 15 рӯз пеш аз саршавии рухсати хабар дода шавад.

Ба мардони корманд мувофиқи хоҳишашон дар давраи рухсатии ҳамсарашон барои ҳомиладори ва таваллуд рухсатии ҳарсолаи меҳнати пешниҳод карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 94(1). Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он (конун аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд, чун қоида, дар давоми ҳар як соли кори (ҳар сол) рухсатии меҳнати пешниҳод намояд.

Дар ҳолатҳои истиснои, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнати ба корманд дар соли ҷори ба ҷараёни мӯътадили кори ташкилот, соҳибкори инфироди таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд як қисми рухсатии ӯро ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.

Қисми боқимондаи рухсатии меҳнати набояд аз даҳ рӯзи тақвими кам бошад ва он то охири соли кори ба корманд дода мешавад.

Қисми рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи кори ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсати мавриди истифода қарор мегирад.

Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳсола нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнини зараровари меҳнати кор мекунанд, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнати иҷозат дода намешавад.

Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатии меҳнати манъ аст (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 95. Ҳуқуқи корманд оиди ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани мӯҳлати рухсатии меҳнати дар давоми соли кори (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии меҳнати метавонад ба дигар вақт гузаронида ё дароз карда шавад:

1) ҳангоми корношоямии муваққатии корманд;

2) ҳангоми фаро расидани мӯҳлати рухсати барои ҳомиладори ва таваллуд;

3) ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнати бо рухсати барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнати ва ё дар вақти рухсатии меҳнати ва баъд аз даъвати муассисаи таълими ба расмият дароварда бошад);

4) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлати ё ҷамъияти, агар қонунҳо ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбини карда бошанд;

5) ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар мӯҳлати муқаррарнамуда барои рухсати;

6) бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.

Дар ҳолатҳое, ки ин гуна сабабҳо дар давраи рухсати ба миён омада бошанд, рухсати ба муддати он рӯзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мӯҳлати дигари соли равони кори гузаронида мешавад.

Агар сабабҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнати ба вуҷуд омада бошанд, рухсати бо хоҳиши корманд ба вақти дигари соли кори бо розигии байни корманду корфармо гузаронида мешавад.

Корманд ӯҳдадор аст корфарморо аз сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсати дар мӯҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсати монеъ мешаванд, огоҳ созад (конун аз 17.05.2004 № 26)

Моддаи 95(1). Оқибати бе асоси қонуни ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнати аз ҷониби корманд (конун аз 17.05.2004 № 26)

Агар рухсатии меҳнати бо риояи тартиботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мӯҳлати муайяншудаи он то охири соли кори бе асоси қонуни рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пули ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 100 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд".

Моддаи 96. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатӣ. Бозхонд аз рухсатӣ

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо рухсатиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он қисмҳо бояд аз 14 рӯзи тақвимӣ камтар набошад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Аз рухсатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Ба ин иртибот қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 94 (1) ин Кодекс илова гардад агар ҳолатҳои дигар дар шартномаи коллективи пешбини нашуда бошанд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Аз рухсатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар ё хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, ҳамчунин дигар ашхос дар ҳолатҳои дар қонунгузори пешбинишуда мумкин нест (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 97. Пардохти рухсатии асосии ҳарсола

Дар давраи рухсатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.

Пардохти рухсатӣ дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале ба ҳар ҳол на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.

Моддаи 97(1) Воситаҳои пардохти рухсатиҳо (конун аз 17.05.2004 № 26)

Пардохти рухсатиҳои меҳнати ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс) ва нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165,166 ҳамин Кодекс) аз ҳисоби воситаҳои худи корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, аз ҳисоби воситаҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбини гардидаанд, амали карда мешавад.

Пардохти рухсати аз рӯи ҳомиладори ва таваллуд, рухсатии нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои амали карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 98. Рухсатии иҷтимои (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии иҷтимои ба кормандон барои фаъолияти эҷоди (моддаи 98(1) ҳамин Кодекс), давраи ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс), нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс) ва таҳсил бе ҷудошави аз истеҳсолот (моддаҳои 186,187,188 ҳамин Кодекс) дода мешавад.

Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимои аз давомноки, ҷой ва намуди кор, номгӯи ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.

Дар вақти рухсатии иҷтимои ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё шартномаи коллективи (созишнома) пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

Рухсатии иҷтимои илова ба рухсатии меҳнати дода мешавад.

Рухсатии иҷтимои барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.

Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимои дар соли ҷории тақвими он ба соли дигари кори гузаронида намешавад ва бо маблағи пули ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 98(1) Рухсатии эҷоди (конун аз 17.05.2004 № 26)

Рухсатии эҷоди бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолави, навиштани китобҳои дарси ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори муайян намудааст, дода мешавад.

Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро қонун муқаррар мекунад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 99. Рухсатии бемузди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ба корманд, бинобар вазъи оилави ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бе музди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии онро мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.

Рухсатии бе музди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатми ба инҳо дода мешавад:

1) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;

2) ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;

3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;

4) ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рӯзи тақвими;

5) ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнати ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рӯзи тақвими;

6) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат роҳхати санаторию истироҳати доранд, ки мӯҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнати зиёд аст - ба мӯҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи мӯҳлати рухсатии меҳнати истифода шуда бошад, ба мӯҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);

7) ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳоноти дохилшави ба муассисаҳои оли, миёнаи махсуси таълими иҷозат дода шудаандмутобиқан 15 ва 10 рӯзи тақвими, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълими;

8) ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва дар онҳо бе ҷудошави аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳони дохилшави, номзади ва кори рисолави;

9) дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.

Рухсатиҳои дар бандҳои 1-3-юми қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар даврае дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст. Узрнок будани сабабҳои дода шудани рухсатии меҳнатии иҷтимоиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар муқаррар нашуда бошад (конун аз 17.05.2004 №

26).

Моддаи 99(1) Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок (конун аз 17.05.2004 № 26)

Бо сар задани зарурати муваққатан боздоштани кор ё ҳангоми кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо, бо мақсади пешгири намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё штат, ҳуқуқ дорад бо ризоияти корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдори ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Андозаи музди меҳнати пардохтшаванда дар ин сурат аз рӯи мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи маоши корманд кам буда наметавонад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 100. Амали кардани ҳуқуқи рухсати ҳангоми аз кор озод намудан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми аз кор озод намудан новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпули дода мешавад.

Бо хоҳиши корманд ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати бо ташаббуси ӯ рухсатиҳои истифоданашуда бо шарти пас аз ба итмом расидани рухсати аз кор озод кардан дода шуда метавонанд. Дар ин ҳолат таърихи аз кор озод шудан рӯзи охирини рухсати ҳисоб карда мешавад.

Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати рухсати бо шарти баъди рухсати аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, ки агар мӯҳлати рухсати пурра ё қисман аз мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи (қарордоди) меҳнати то ба охир расидани рухсати дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.

Ҷубронпули барои рухсатии пурраи меҳнати дар сурате пардохта мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан дар тамоми соли кори кор карда бошад. Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли кори меҳнат карда бошад, ҷубронпули мутаносибан ба вақти кор кардашуда пардохта мешавад.

Ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкуни пардохта мешавад (конун аз 17.05.2004 №

26).

Моддаи 100(1). Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсати (конун аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо бо назардошти фикри коллективи меҳнати метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркуни ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо муносиб рухсати диҳад.

Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад) ва дар мувофиқа бо шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати корфармо ҳуқуқ дорад:

1) барои кор аз рӯи ҷадвали ҳафтаи кории муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбасти) ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;

2) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнати, иҷрои корҳои махсусан вазнин ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;

3) андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимои, пеш аз ҳама рухсатиҳои бо давраи ҳомиладори ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, фаъолияти эҷоди ва таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;

4) кормандонеро, ки рухсатии худро дар санаторияҳо, пансионатҳо, хонаву базаҳои истироҳати, дар санаторияҳои профилактики ва дигар муассисаҳои табобатии истироҳати гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро мустаҳкам мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то истироҳатгоҳ ҳавасманд гардонад (конун аз 17.05.2004 № 26).

БОБИ 7. МУЗДИ МЕҲНАТ

Моддаи 101. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасони) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифи ва коэффитсиентҳои байнидараҷави, мувофиқи комёбии сатҳи техники, технологи ва ташкили истеҳсолот, дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити мӯътадили кор муқаррар мекунад.

Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (моддаи 103 ҳамин Кодекс) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.

Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифи, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:

1) барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд - қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи;

2) барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузори аз буҷети давлати ва аз фаъолияти соҳибкори) - қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин, шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо;

3) барои кормандони дигар ташкилотҳо - шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо, шартномаҳои (қарордоди) меҳнати.

Корфармо ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандони ташкилот низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 102. Кафолати пардохти музди меҳнат

Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, вазифадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардозад.

Поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо вазифадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш як хел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.

Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи муқаррарнамудаи шартномаҳо камтар буда наметавонад.

Моддаи 102(1). Кафолати давлати оиди пардохти музди меҳнати кормандон (конун аз 17.05.2004 № 26)

Низоми кафолати давлати инҳоро дар бар мегирад:

1) низоми тарифи, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифи (маошҳо), ҷадвали тарифи, коэффитсиентҳои тарифи. Мушкилоти иҷроиши кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифи аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён сурат мегирад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

2) андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат - меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифи (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурӯҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

5) миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёри фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рӯзҳои истироҳатию идҳо, зиёда аз вақти муқаррари кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлими доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;

6) чораҳо барои нигоҳдории сатҳи ҳақиқии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбанди аз даромад;

8) назорати давлатии пардохти саривақтии музди меҳнат ва амали намудани кафолатҳои давлати оиди қисмати андозаи он;

9) ҷавобгарии корфармоён барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи оиди музди меҳнат.

Кафолати давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнати ва шартҳои кироя бо корфармоёни ҳама гуна шакли моликият мебошанд, тааллуқ доранд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 102(2). Музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат - маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пули ё дар шакли асли ҳисобкардашудае мебошад, ки корфармо бояд онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти кори дохил мешавад, пардохт намояд.

Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доими ва тағйирёбанда иборат мебошад.

Ҳнссаи доимии музд аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифи (маош) иборат аст.

Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи кори, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илми ва ғайра) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 103. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳадди ақали музди меҳнат - миқдори давлатии ҳатмии ҳадди ақали пардохти пулие мебошад. ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити мӯътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси мазкур муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд.

Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.

Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловаги, изофапули, пардохти ҳавасмандсози, инчунин пардохти барзиёдати, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан (моддаҳои 105, 106 ҳамин Кодекс) дода мешаванд, дохил намегарданд.

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳияви, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд (моддаи 104 ҳамин Кодекс), андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.

Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбини карда шавад (конун аз 17.05.2004 №

26).

Моддаи 104. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиетҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.

Номгӯи минтақаҳое, дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тариби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 104(1). Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рӯи вазифа иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.

Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои тафриқаи музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рӯи коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба барои тафриқаи ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи музди меҳнат, ҳамчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рӯзбайъ ва ғайраҳо, ки бо дарназардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.

Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(2). Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифи пардохта мешавад, кн онҳоро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба дараҷаи мушаххаси тарифи (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рӯи тартибе сурат мегирад, ки онро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.

Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассуси дар навбати аввал дода мешавад.

Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ӯ дараҷаи баландтари тахассуси диҳад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(3). Музди меҳнате, ки дар шароитҳои махсус истифода карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26)

Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароитҳои меҳнатии зарарнок ва махсусан зарарнок аз рӯи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори он, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(4). Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкуни ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективи ва шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешаванд.

Шаклҳо ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлати ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо қонун муқаррар мекунад.

Шаклҳо ва низоми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Тафриқабандии андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккаби ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(5). Тағйир додани шартҳои музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд, тағйир дода мешаванд.

Тағйири шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ӯ роҳ дода намешавад. Дар ҳолати зерини истиснои чунин тағйирот мумкин аст:

- ҳангоми тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат, ки шартҳои музди меҳнати пешинаро нигоҳ доштан имкон надорад.

Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ пеш огоҳ карда шавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(6). Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рӯи кори дараҷаи баландтари тахассуси дода мешавад.

Ба кормандони корбайъ аз рӯи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.

Дар ҷое, ки аз рӯи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷави пардохта мешавад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(7). Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани вазифаи кормандони ба кор ҳозирнабуда (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи (қарордоди) меҳнати тасдиқшудаи худ аз рӯи ихтисос, дараҷа ва вазифа дар муддати бо қонунгузори муқарраркардаи давомнокии рӯзи кори (басти кори) бе озодшави аз кори асоси корҳои иловагиро аз рӯи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапули дода мешавад.

Андозаи иловапули барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапули бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 104(8). Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Дар вақти муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағгузори мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии бо ҷадвали штати (бе илова ва зиёдшави) пешниҳодшуда пардохта мешавад.

Корманди ивазкунанда аз рӯи шарт ва ба андозаи барои вазифаи корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.

Шарт ва тартиби музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи дигар корманд дар дигар ташкилотҳо кор кардан аз тарафи корфармо муқаррар гашта, дар шартномаи (созишномаи) коллективи пешбини мешавад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 105. Пардохти изофакори, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррари чунин пардохта мешавад:

1) ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;

2) ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифави мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.

Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррари кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст.

Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 ҳамин Кодекс) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81 ҳамин Кодекс) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти кори кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рӯзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рӯзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад.

Барои кори зиёда аз вақти муқаррари, дар рӯзҳои ид ва истироҳат мукофот аз рӯи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рӯи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.

Дар шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррари низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбини шудаанд (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 105(1). Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнати пардохта мешавад.

Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёри, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.

Ба шахсони .дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳияви ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо дарназардошти ҳамин иловапулиҳо пардохта мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 106. Пардохти музди кори шабона

Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробаи меъёри муқарраршуда пардохта мешавад.

Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.

Андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.

Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористи, ҳамчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва аз кор бозистодан, ки бо айби корманд сар назадааст, музди миёнаи моҳонаи ӯ пардохта мешавад.

Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рӯи кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.

Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористи, ки бо айби корманд сар задааст , музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъди маслиҳат ва мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян мекунад, пардохта мешавад.

Нуқси маснуот, дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳони дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъди қабули маснуот аз ҷониби мақомотн назорати техники маълум гардидааст, баробар бо маснуоти коршоям пардохта мешавад.

Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи коллективи, қарордоди меҳнати муайян карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108. Мӯҳлатҳои додани музди меҳнат

Мӯҳлати пардохти музди меҳнатро қарордодҳои коллективӣ ва ё дигар санади ҷузъии меъёрӣ муқаррар менамояд, вале он дар ҳар ниммоҳа камтар аз як маротиба буда наметавонад.

Дар сурати мутобиқ омадани рӯзи пардохти музди меҳнат ба рӯзҳои истироҳат ё ид, маош дар арафаи чунин рӯзҳо пардохта мешавад.

Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи пулҳои ӯ дар рӯзи охирини кор пардохта мешаванд.

Музди меҳнате, ки коргар то рӯзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ӯ ё шахсе дода мешавад. ки хароҷоти дафнро тибқи андозаи талабот ба зимма гирифтаанд (конун аз 17.05.2004 № 26);

Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз мӯҳлати муқарраргардида дертар пардохта шавад, ӯ вазифадор аст ба андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Кормандоне, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат гунаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Моддаи 108(1). Шаклҳои пардохти музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат танҳо дар шакли воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Бо розигии корманд ба ивази пардохти пули қисман ба пардохти асли (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад. Пардохти асли ба ҷойи пардохти пули бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахси мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ӯ фоиданок бошад.

Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.

Пардохти музди меҳнат дар шакли ӯҳдадориҳои қарзи, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(2). Ҷойи пардохти музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Музди меҳнат ба корманд чун қоида бевосита дар ҷойи иҷрошудаи кор (дар ташкилот) пардохта мешавад.

Агар корманд дар рӯзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизмати, дар курсҳои такмили ихтисос ва ғайра), он гоҳ бо хоҳиши корманд, корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ӯ музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро ба ашхоси бовариноки корманд супорад.

Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ӯ гузгаронида мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(3). Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи принсипн ҳисоби хоҷаги фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба даст омада буда, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 108(4). Фонди захиравии музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисоби мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузори, шартномаҳои коллективи ва меҳнати пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхурии ташкилот, қатъ гаштани фаъолияти соҳибкори инфироди ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори пешбинишуда корфармо вазифадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнат таъсис диҳад.

Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109. Нигоҳдоштани маблағ аз музди меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати кормандон барои ҷуброни қарзҳояшон дар назди корфармо бо супориши корфармо амали карда мешавад:

1) барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

2) барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисобу китоби нодуруст зиёдати дода шудааст;

3) барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва саривақт барнагардонидае, ки барои сафари хизмати ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷои дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидори дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозиги баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини мӯҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

4) ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнати гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсати. Агар корманд бо асосҳои дар бандҳои 1, 2 ва 5 қисми якуми моддаи 46 ва банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикршуда аз кор озод шуда бошад. инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолатҳое, ки дар рӯзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рӯзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;

5) ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (банди 1 моддаи 135 ҳамин Кодекс).

Музди меҳнате, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонун, ба истиснои ҳолатҳои ҳисобу китоби нодуруст, аз корманд руёнидан мумкин нест.

Корфармо ӯҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақди нигоҳ дорад.

Барои ҳама гуна музди меҳнат андозаи умумии маблағе, ки нигоҳ дошта мешавад, аз 20 фоизи он бештар буда наметавонад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун 50 фоизи музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷроия бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.

Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкуни ва руёниданн алимент барои кӯдакони ноболиғ, ҷуброни зарари ба саломати расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда ҷори намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳ дошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.

Ба нигоҳ доштани маблағ аз кӯмакпулиҳои яквақта, ҷубронпули ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад (конун аз 17.05.2004 №

26).

"БОБИ 7.1 МЕЪЁРҲОИ МЕҲНАТ ВА НАРХНОМАИ КОРБАЙЪ (конун аз 17.05.2004 № 26)

Моддаи 109(1). Меъёрҳои меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Меьёрҳои меҳнат - меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасони, шумора, супоришҳои ба меъёр гирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техники, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологи, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.

Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат метавонанд меъёрҳои калонтар ва комплексии меҳнат истифода шаванд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 109(2). Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки иттифоқҳои касаба сурат мегирад,

Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд на дертар аз як моҳ пештар хабардор карда шаванд (конун аз 17.05.2004 № 26) .

Моддаи 109(3). Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ (конун аз 17.05.2004 № 26)

Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифи (маош) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.

Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз, муайян карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26) .

Моддаи 109(4).Таъмини шароити мӯътадил барои иҷрои меъёри меҳнат (конун аз 17.05.2004 № 26)

Корфармо ӯҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнати шароити мӯътадил фароҳам намояд.

Ба шароити мӯътадил дохил мешаванд:

1)таъмини фармоишоту ҳаҷми корҳо;

2)ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;

3)таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техники;

4)сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;

5)таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳои истифодаи барқи:

6)шароити бехатар ва солими меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатари, равшании зарури, гарми, шамолдиҳи, бартараф кардани оқибати садоҳои зараровар, нурафкани, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии корманд таъсири манфи мерасонанд) (конун аз 17.05.2004 №

26).

БОБИ 8. ПАРДОХТҲОИ КАФОЛАТӢ ВА ҶУБРОНӢ

Моддаи 110. Кафолатҳо ҳангоми вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро иҷро кардани кормандон

Корфармо вазифадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонун аз кор рухсат дода, ҷои кораш (вазифааш)-ро нигоҳ дорад.

Мақоми давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ки мутобиқи қонун кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб мекунад, дар ин муддат музди миёнаи меҳнаташро мепардозад.

Моддаи 110(1). Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии мӯҳлатнок (конун аз 17.05.2004 № 26)

Кормандоне, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарби аз кор озод карда мешаванд (банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс), баъди ба анҷом расидани мӯҳлати хизмат бо ҷои кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 111. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати кормандони ташкилотанд.

Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилотанд, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат қарордоди коллективӣ ё корфармо тибқи мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муқаррар мекунад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 112. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

Ҳангоми дар ташкилоти худ ба кори дигари доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати собиқаи ӯ дар давоми ду моҳи аз рӯзи гузаронида шуданаш ва ҳангоми гузаронидан мутобиқи хулосаи тиббӣ ба муносибати осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин саломатиаш зиён дидааст , дар тамоми давраи кор ё то муйян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 113. Кафолат барои кормандоне, ки ҷиҳати ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешаванд

Дар давраи ҷиҳати ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани кормандон, ки бояд аз чунин ташхис гузаранд, музди миёнаи меҳнати онҳо дар ҷои корашон нигоҳ дошта мешавад.

Ҳангоми ташхиси кормандон дар марказҳои бемории касбӣ музди миёнаи меҳнатӣ онҳо дар тамоми давраи дар марказ буданашон нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 114. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идораи ташкилотро ба ҷо меоваранд.

Ҳангоми қатъ намудани қарордод бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идориро дар ташкилот анҷом медиҳанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик вазифадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати шашмоҳа ҷубропулӣ диҳад.

Моддаи 115. Кафолатҳо барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон

Кафолатҳо ба гурӯҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтирокорону навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва дигарон тибқи тартиби муқарранамудаи қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дода мешаванд.

Моддаи 116. Ҳисоби музди меҳнат.

Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди мӯҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар, ҳангоми ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ғайра), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 117. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ ҳуқуқ ҳамчунин шартномҳои (қарордоди) меҳнатӣ ҷуброн намояд.

Андозаи ҳадди ақали ҷубронпулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Моддаи 117(1). Сафари хизмати (конун аз 17.05.2004 № 26)

Сафари хизмати сафари корманд тибқи супориши корфармо ба мӯҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои вазифаҳои хизмати берун аз ҷои кори доими ҳисоб мешавад.

Сафари корманде, ки кораш ба таври доими дар роҳ мегузарад ё характери ҳаракаткунандаю сайёр дорад, ҳамчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизмати ҳисобида намешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 117(2).Роҳхат, барасмиятдарори, низоми вақти кори ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизмати (конун аз 17.05.2004 № 26)

Фиристонидани корманд ба сафари хизмати бо фармон (амр)-и корфармо ва додани шаҳодатномаи сафарии хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.

Ба кормандоне, ки дар сафари хизмати мебошанд, низоми вақти кори ва истироҳати дар маҳалли сафари хизмати муқарраргардида ҷорй мешавад, аммо музди миёнаи меҳнат дар ҳама рӯзҳои кории хафта аз рӯи ҷадвали ҷои кори доими нигоҳ дошта мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 117(3). Мӯҳлати дар сафари хизмати будан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Мӯҳлати воқеии дар сафари хизмати будан аз рӯи қайд дар шаҳодатномаи сафарии хизмати бо рӯзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.

Ба мӯҳлати зиёда аз 30 рӯзи тақвими ба сафари хизмати фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

Рӯзи рафтан ба сафари хизмати рӯзи ба роҳ баромадани (омадани) қатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии ба сафари хизмати фиристодашаванда ҳисобида шуда, рӯзи бозгашт - рӯзи омадани нақлиёт ба ҷои кори доими ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадани нақлиёт то соати 24 рӯзи рафтан ба шабонарӯзи ҷорй ҳисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарӯзи оянда дохил мешавад.

Вақти тамомшавии кор дар рӯзи рафтан тибқи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар ҳолати омадан то анҷоми рӯзи кори масъалаи вақти ҳозир шудан ба кор дар худи ҳамин рӯз бо ҳамин тартиб ҳал карда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизмати (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми сафари хизмати хароҷоти зерин ҷуброн карда мешавад:

1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доими (рӯзмарра);

2) хароҷоти роҳкиро;

3) хароҷоти кирои манзили истиқомати;

4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.

Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.

Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизмати рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизмати нигоҳ дошта мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 118(1). Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори) (конун аз 17.05.2004 № 26)

Барои кормандоне, ки ба сохтмон, энергетика, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, кофтукови, иктишофи геологи, корҳои топографию геодези, экспедитсияҳои илми, ҳамчунин ҳамлу нақли нафту газ ва нигоҳдории шоҳроҳҳо машғул мебошанд, барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори), корҳои доими дар роҳ, корҳо берун аз ҷойи истиқомати доими иловапули (ҳақмузди ризоятии саҳрои) дода мешавад.

Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рӯи корҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбини шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешаки, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:

1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кӯдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарор дошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизмати фиристода мешавад;

2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобили ё роҳи оҳан (истифодаи умуми) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);

3) хароҷоти шабонарӯзи барои ҳар як рӯзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизмати пешбини шудааст;

4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифи дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.

Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифи дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.

Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисоби мешавад, пеш аз мӯҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.

Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисоби карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд (конун аз 17.05.2004 №

26).

Моддаи 119(1). Ҷубронпули барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешаки ба маҳалли дигар (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешаки бо корфармо ба маҳалли дигар ба вай тибқи муқаррароти моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷубронпули дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохта мешавад.

Агар корманд ба мӯҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ӯ наоянд, он гоҳ тибқи розигии тарафҳо ба ӯ хароҷоти зисти муваққати дар ҷойи нав метавонад пардохта шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарузи зиёд набошад.

Андозаи аниқи ҷубронпули бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муқарраргаштаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, кам бошад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 119(2). Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан (конун аз 17.05.2004 № 26)

Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 119 ва 119(1) ҳамин Кодекс пешбини шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки ба ӯ корманд гузаронида мешавад. равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.

Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузори кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурӯъ накунад;

2) то тамомшавии мӯҳлати кор, ки қонунгузори дар бораи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнати пешбини намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбини кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани мӯҳлати муайян бошад - то пурра шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳкорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузори барои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнати асос шудаанд.

Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркаши намудан корманд вазифадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, баргардонад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 120. Ҷуброни хароҷоти истифодаи амволи шахсии корманд

Агар амволи шахсии корманд бо иҷозати хаттии корфармо (шартнома, амр, фармоиш) ба манфиати корфармо истифода шавад, бояд:

1) истеҳлоки (фарсудашавии) асбобу афзор;

2) истеҳлоки нақлиёти шахсӣ ва хароҷоти истифодаи он;

3) истеҳлок ва хароҷоти истифодаи воситаҳои дигари техникии корманд ҷуброн карда шаванд.

Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

БОБИ 9. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

Моддаи 121. Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот. Оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат. ӯҳдадориҳои корфармо ва корманд

Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии дахлдори кормандон тасдиқ менамояд муайян карда мешавад.

Барои категорияҳои алоҳидаи кормандон оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат, ки ба тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ карда шудаанд, амал мекунанд.

Ҳар корманд бояд қаблан ба қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат шинос карда шавад.

Корфамо вазифадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намояд, қонунҳои меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки аз ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд нест, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё ашхоси дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шарафи корманд ашхоси дигарро паст мезананд, талаб нанамояд.

Корманд бояд қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои техникии муқарраршуда, талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, амру дастурҳои корфаморо, ки аз вазифаҳои меҳнатии ӯянд, риоя намояд, бо кофармо, бо аъзои коллективи меҳнатӣ, муштариёни ташкилот, дигар ашхосе, ки дар ҷараёни кор бо онҳо тамос мегирад, ҳалимона муносибат намояд.

Моддаи 122. Ҳавасмандгардонии меҳнат

Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:

1) эълони раҳматнома;

2) додани мукофот;

3) мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;

5) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор .

Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Кормандон барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.

Моддаи 123. Муҷозоти интизомӣ

Корфармо ҳақ дорад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне бо гуноҳи корманд иҷро нашудан ё ба таври лозима иҷро нашудани ӯҳдадориҳояш муҷозоти зерини интизомиро истифода намояд.

1) сарзаниш;

2) танбеҳ;

3) аз вазифа озод кардан (бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11 қисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)

Бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон дигар навъҳои муҷозот низ пешбинӣ шуда метавонанд.

Истифодаи чораҳои таъсиррасонии интизомие, ки бо Қонун, оиннома ё низомномаи интизом пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

Моддаи 124. Тартиби истифодаи муҷозоти интизомӣ

Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.

Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди содири кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ӯ татбиқ мегардад.

Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рӯи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мӯҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.

Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.

Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.

Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ӯ дар зераш имзо мегузорад.

Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.

Моддаи 125. Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ

Мӯҳлати амали муҷозоти интизомӣ аз рӯи татбиқи он зиёда аз як сол буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба муҷозоти нави интизомӣ гирифтор нашавад. Дар ин сурат ӯ муҷозотногирифта ҳисобида мешавад.

Корфармое, ки муҷозоти итизомиро татбиқ кардааст, ҳақ дорад бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд бо тавсияи мақоми намояндагии дахлдори кормандони ташкилот ё роҳбари бевоситаи корманд муҷозотро пеш аз мӯҳлати яксола беэътибор гардонад.

БОБИ 10.

ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ

Моддаи 126. ӯҳдадории тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба тарафи дигар расонида шудааст

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бинобар иҷрои ӯҳдадории соҳаи меҳнат ба тарафи дигар зиён расонидааст, ин зиёнро мутобиқи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё созишномаи хаттии иловагии он басташаванда, ҳамчунин аҳдномаи коллективӣ метавонанд, ки ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро мушаххас намоянд. Ҳамзамон бо ин масъулияти шартномавии корфармо дар назди корманд набояд камтар ва масъулияти корманд дар назди корфармо набояд бештар аз он бошад, ки дар Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Қатъи муносибатҳои меҳнатӣ баъди расонидани зиён тарафи шартнома (қарордод)- ро аз ҷавобгарии моддии пешбиникардаи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намесозад.

Моддаи 127. Шартҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар шудани тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои расонидани зиён

Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои зиёне, ки ба тарафи дигари ин шартнома дар натиҷаи рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқии худ (амал ё беамалӣ) ва ба алоқаи байни рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқӣ ва зиёни расонидашуда ба тарафи дигар расонидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мешавад.

Агар дар натиҷаи қувваи бартарафнашаванда, таваккали қобили қабули хоҷагидорӣ, зарурати шадид ё муҳофизати зарурӣ ба корфармо зиён расад, дар ин сурат корманд масъулият надорад.

Моддаи 128. Зиёне, ки ба корманд ҷуброн карда мешавад

Корфармо ба корманд ҳама гуна зиён (аз ҷумла зиёни маънавӣ)- ро, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пурра ҷуброн мекунад.

Зиёни маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад, дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.

Моддаи 129. ӯҳдадории корфармо дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ расидааст

Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд маоши нагирифтаашро дар ҳама ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ӯ ҷуброн намояд. Чунин ӯҳдадорӣ вақте ба миён меояд, ки корманд маоши худро дар натиҷаи:

1) ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, аз кор дур кардан, ба кори дигар гузаронидан, ё аз кор озод кардан;

2) қарори мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатиро дар бораи кори собиқа барқарор намудан сари вақт иҷро накардан;

3) дер додани дафтарчаи меҳнатӣ;

4) бо ҳар роҳ паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, нагирифтааст.

Корфармо дар ин ҳолат вақте ҷавобгар мешавад, ки корманди аз кор озод кардашуда ҳангоми ба кори дигар қабул шудан ба мушкилӣ дучор ояд.

Моддаи 130. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зиёне, ки ба амволи корманд расидааст

Корфармое, ки дар натиҷаи ғайри қобили қабул иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба асбобу анҷоми шахсӣ ё дигар амволи корманд зиён расонидааст, онро пурра ҷуброн мекунад. Андозаи зиён бо нархи бозор, ки дар маҳалли мазкур дар лаҳзаи ҷуброни зиён амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.

Бо мувофиқаи тарафайн ё бо қарори суд зиён метавонад бо мол ҷуброн карда шавад.

Моддаи 131. Тартиби баррасии парвандаҳо оиди ҷуброни зиёне, ки ба корманд расонида шудааст

Корманд дар бораи ҷуброни зиён ба корфармо ариза менависад. Корфармо вазифадор аст, ки аризаи расидаро баррасӣ намояд ва дар давоми даҳ рӯзи баъди расидани он қарори дахлдор қабул кунад.

Агар корманд бо қарори корфармо розӣ набошад ё дар мӯҳлати муқарраршуда ҷавоб нагирад, ӯ метавонад ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатиро баррасӣ мекунад, муроҷиат намояд.

Моддаи 132. Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёне, ки ба корфармо расидааст

Корманд вазифадор аст зиёни воқеии бевоситаи ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте, ки дар Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Зиёни воқеии бевосита маънии кам ё вайрон кардани амволи нақди корфармо (аз ҷумла амволе, ки корфармо аз ашхоси дигар ба киро гирифтааст), ҳамчунин зарурати барои корфармо харидан ё барқарор кардани амвол ва ё пардохти маблағи иловагиро дорад.

Корманд барои зиёни бевоситаи воқеӣ, ки чӣ мустақиман ба корфамо расидааст ва чӣ бо гуноҳи ӯ ба корфармо дар натиҷаи зиёни дигар шахсонро ҷуброн карданаш расидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мебошад.

Моддаи 133. Ҳуқуқи корфармо дар мавриди сарфи назар кардан аз ситонидани товони зиён

Корфармо бо назардошти ҳолатҳои мушаххасе, ки бар асари онҳо ба ӯ зиён расидааст, ҳамчунин бо назардошти аҳволи моддии корманд ҳақ дорад аз пурра ё қисман ситонидани товони зиён даст кашад.

Дар ташкилотҳои давлатӣ қарори мазкурро корфармо бо мувофиқаи мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот қабул мекунад ва товони зиён дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағи ташкилот дода мешавад.

Моддаи 134. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

Корманде, ки бо гуноҳи ӯ ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни бевоситаи воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш ҷавобгарии моддӣ дорад.

Ҷавобгарии моддии зиёда аз моҳонаи миёна танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 136 Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.

Моддаи 135. Ҷавобгарии моддии корманд

Мутобиҳи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҷавобгарии ҷузъии моддӣ доранд:

1) кормандон - ба андозаи зиёни расонидаашон, вале на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон барои аз беэҳтиёти вайрон ё нобуд кардани масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми истеҳсоли онҳо. Барои аз беэҳтиётӣ вайрон ё нобуд кардани афзор, олоти андозагирӣ, либоси махсус ва дигар чизҳое, ки ташкилот ба корманд ҷиҳати истифода додааст, кормандон ба ҳамин андоза ҷавобгарии моддӣ доранд:

2) роҳбарони ташкилотҳо ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони бахшҳои таркибии ташкилотҳо ва муовинони онҳо ба андозаи зиёни расондаашон, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон, ба шарте, ки дар натиҷаи зиён ташкилот ба пардохтҳои иловагӣ маҷбур шавад ё зиён дар натиҷаи пешбурди нодурусти ҳисоб ва сариштаи арзишҳои моддӣ ва пул, наандешидан чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дуздӣ, нобуд ва хароб кардани арзишҳои моддӣ ва пул расонида шавад;

3) ашхоси масабдор - дар ҳолатҳо ва ҳудуде, ки дар моддаи 203юми Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.

Моддаи 136. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии кормандон

Ҷавобгарии пурраи моддии корманд аз ӯҳдадории корманд дар мавриди ҷуброни пурраи зиён иборат аст.

Ҷавобгарии моддӣ ба андозаи пурраи зиёни расонидашуда ба зиммаи корманд дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:

1) барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсуси хаттӣ супорида шудаанд:

2) барои камомади арзишҳое, чи бо санадҳои якдафъавӣ қабул карда шудаанд:

3) дар асоси санади махсуси қонунӣ;

4) барқасдона расонидани зиён;

5) расондани зиён дар ҳолати мастӣ аз шароб ё аз моддаҳои нашъадор ё токсикӣ;

6) расонидани зиён дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи корманд, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст;

7) расонидани зиён ҳангоми ба ҷо наовардани ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

8) барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд. Ҳангоми барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ корманд ба кофармо инчунин даромадҳои ба даст наомада (фоидаи аз даст рафта) - ро, ки корфармо дар сурати поймол нашудани ҳуқуқҳояш соҳиб шуда метавонист, ҷуброн мекунад;

9) дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи, зиёни ҳангоми иҷрои вазифа расондаи корманд мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ба зимааш гузошта шудааст.

Ҷавобгарӣ дар ҳаҷми пурраи зиёни расондашуда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ӯ ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар шуда метавонад.

Моддаи 137. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои камомади арзишҳое, ки ба ӯ дар асоси шартномаи махсус супорида шудаанд

Корманде, ки бо пул ё арзишҳои молӣ сарукор дорад, барои камомади онҳо, ки ба ӯ дар асоси шартномаи мхсус супорида шудаанд ҷавобгарии пурраи моддӣ дорад.

Бо корманде, ки ба синнӣ ҳаждаҳ расидаасту бевосита бо пулу арзишҳои молӣ сарукор дорад, ҳам дар вақти ба кор қабул кардан ва ҳам баъдан ба таври илова ба шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ шартномаи махсус баста шуданаш мумкин аст.

Номгӯи категорияҳои кормандоне, ки бо онҳо шартномаи мазкур баста шуданаш мумкин аст, бо шартномаи коллективӣ муқаррар мешавад; агар шартнома, баста нашуда бошад, номгӯи мазкур аз тарафи корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии кормандони ташкилот муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб номгӯи бахшҳои таркибие низ муқаррар карда мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми корҳои бевосита бо пул ё арзишҳои молӣ алоқамандро якҷоя ба ҷо овардани кормандон ҷавобгарии бригадавӣ ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ҷори шуданаш мумкин аст.

Шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ ва ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ӯҳдадориҳои тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро оиди эҳтиёт кардани арзишҳое, ки ба корманд (коллектив) супорида шудаанд, мушаххас месозад ва ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва ҷавобгарии иловагии онҳоро муқаррар менамояд.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ арзишҳо ба корманди мушаххас, ки барои камомади онҳо шахсан ҷавобгар аст, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ корманде, ки бо ӯ шартномаи мазкур баста шудааст, бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии моддии бригадавӣ (коллективӣ) арзишҳо ба гурӯҳи муқарраршудаи ашхос (бригада), ки барои камомади онҳо ҷавобгарии пурраи моддӣ ба дӯши ин ашхос вогузор мегардад, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ узви алоҳидаи бригада бояд бегуноҳии худро исбот созад.

Дар ташкилотҳое, ки арзишҳо, сару кор доранд (нигоҳдорӣ, фурӯш, ҳамлу нақл, коркард) корфармо баъди машварат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот фонди таввакал (риск) таъсис карда метавонад, ки аз ҳисоби он камомад ҷуброн карда мешавад.

Ҳангоми ихтиёран ҷуброн кардани зиён (моддаи 14-уми Кодекси мазкур) андозаи гуноҳи ҳар узви бригада бо мувофиқаи ҳамаи аъзои бригада ва корфармо муайян карда мешавад. Ҳангоми бо тартибӣ судӣ ситонидани товони зиён андозаи гуноҳи ҳар узви бригадаро суд муайян мекунад.

Моддаи 138. Муайян кардани андозаи зиён

Андозаи зиёни ба корфармо расонида аз рӯи талафоти воқеӣ, дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибавӣ муайн карда мешавад.

Ҳангоми гум кардан, хароб намудан ва дуздидани амволи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зиён аз рӯи нархи бозории роиҷи маҳалли мазкур дар рӯзи расонидани зиён (аммо на камтар аз арзиши балансӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии амвол) ҳисоб карда мешавад.

Дар ҳолатҳои дигар андозаи зиён бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рӯзи расонида шудани зиён роиҷ аст, ҳисоб карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби махсуси муайян намудани андозаи товони зиён, аз ҷумла ба ҳисоби карати зиёни ба корфармо бо роҳи дуздидан, барқасдона хароб ё гум кардани навъҳои алоҳидаи амвол ва дигар арзишҳо расондаро, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеъии зиён аз андозаи аслии он зиёд аст, муқаррар менамояд.

Моддаи 139. ӯҳдадории корфармо дар мавриди муқаррар намудани андозаи зиён ва сабаби сар задани он

Корфармо вазифадор аст то қабул гардидани қарори товони зиёнро додани кормандони мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зиён ва сабабҳои сар задани он тафтиш гузаронад.

Барои чунин тафтиш корфармо ҳақ дорад бо иштироки мутаххасисони дахлдор комиссия ташкил намояд.

Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зиён ҳатмӣ мебошад.

Корманд ҳақ дорад, ки бо тамоми маводи тафтиш шинос шавад, дар тафтиш иштирок намояд.

Моддаи 140. Товони зиёнро ихтиёран додани корманд

Корманде, ки ба кофармо зиён расондааст, метавонад товони онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.

Зиён дар ҳудуди пешбиникардаи Кодекси мазкур ихтиёран ҷуброн карда мешавад.

Бо мувофиқаи корманд ва корфармо товони зиёнро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зиён бо зикри мӯҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо ӯҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.

Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зиён ӯҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъи муносибатҳои меҳнатӣ зиёнро ҷуброн накунад, дар ин сурат товони зиён ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зиён ба ӯ амволи баробарқимат диҳад ё амволи харобшударо дуруст намояд.

Моддаи 141. Тартиби ситонидани товони зиён

Маблағи зиёне, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зиён содир шуда метавонад.

Агар маблағи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ӯ зиёд бошад ё аз рӯзи ошкор шудани зиён ду ҳафта гузашта бошад, он ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зиён ӯ ҳақ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 142. Ҷуброни зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ роҳбар расонидааст

Товони зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешавад.

Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани товони зиёнро мақоме, ки ҳаққи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳақ дорад, ки товони зиёнро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.

Моддаи 143. Аз тарафи суд кам кардани андозаи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад

Суд метавонад бо назардошти андоза ва намуди гуноҳ, ҳолатҳои мушаххас ва аҳволи моддии корманд андозаи товони зиёнеро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, кам кунад.

Агар зиён бо ғарази ҷиноят расонида шуда бошад, ба кам кардани товони зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.

БОБИ 11. ҲИФЗИ МЕҲНАТ

Моддаи 144. Талаботи ҳифзи меҳнат

Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ аст, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.

Талаботи ҳифзи меҳнат бо қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

Моддаи 145. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бобати ҳифзи меҳнат

Дар вақти бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзот ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳақ дорад, инчунин аз воситаҳои ҳифозати фардӣ маълумот диҳад.

Корфармо вазифадор аст мунтазам (соле на камтар аз як бор) кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатарии меҳнат хабардор созад, ҳамчунин ин хел маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ӯ гузорад.

Ин талабҳоро риоя накардани корфамо барои ӯро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавогарӣ кашидан асос мешавад.

Моддаи 146. Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон

Корфармо вазифадор аст пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ҷараёни кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар зери замин ва шабона, ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.

Кормандоне, ки дар саноати хӯрокворӣ, соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо адои хизмати аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ӯ ҳақ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.

Рӯихати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва мӯҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ӯ корфармо ҳақ дорад ӯро ба иҷрои ӯҳдадорҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.

Кормандон барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ маблағ сарф намекунанд.

Моддаи 147. Имтиёзот ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бепул шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар дода мешавад.

Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, тартиби додани онҳо, номгӯи моддаҳои химиявие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои профилактикӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар тавсия мешавад, бо санади меъёрӣ муқаррар мегарданд.

Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда бепул хӯроки табобатию профилактикӣ дода мешавад.

Рӯйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хӯроки табобатию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳад, вояи чунин хӯрок ва қоидаҳои додани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Корфармо ӯҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзоту ҷубронҳо дигар имтиёзоту ҷубронҳои пешбиникардаи қонунҳоро диҳад.

Моддаи 148. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигенӣ

Корфармо вазифадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқараршуда бепул либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ диҳад.

Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушӯй, дезинфексия, дезактиватсия ва таъмир карда мешаванд.

Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати шахсиро ба корманд надода бошанд ё мӯҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошаду корманд ноилоҷ онҳоро ба пули худ харида гирад, корфармо ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн мекунад. Дар сурати на бо гуноҳи корманд пеш аз мӯҳлат фарсуда шудани воситаҳои ҳифозати фардӣ корфармо вазифадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои ҳифозоти фардӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ӯ хатар таҳдид намояд, вай метавонад корро бас кунад. Барои мӯҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ на бо гуноҳи корманд ҳақ дода мешавад.

Моддаи 149. Дастур додан ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

Корфармо вазифадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки онҳоро ба кор мегирад, инчунин ба дигар кор мегузаронад, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехаттари кор дастур диҳад.

Барои кормандони истеҳсолоти шароити корашон хеле хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъди хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карада шаванд.

Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.

Ашхосе, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.

Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

Моддаи 150. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ӯ таҳдид намудани хатар

Агар корманд дар ҷараёни кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳақ дорад аз ҷазои корфармо андеша накарда, корро қатъ намояд.

Корманд вазифадор аст, ки аз вазъияти хатарноки ҷараёни кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақоми ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 151. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

Корфармо вазифадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро мувақкатан ё бе маҳдудияти мӯҳлат бо чунин кор гузаронида, ба андозаи зарурат ҷойҳои нави кор, сеху, қитъаҳо ташкил намояд.

Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, ба кори дигар мегузарад ё кӯмакпулии онҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо вазифадор аст барои оқилона ба кор таъмин намудани корманди мӯҳтоҷи такмили ихтисос бозомӯзии ӯро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ дар давраи мазкур, аммо на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.

Агар шароити истеҳсолот ба ташкили оқилонаи бо кор таъмин намудани корманди дар ҷараёи кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолими вобаста бо иҷрои ӯҳдадории меҳнатӣ рӯйдода имкон надиҳад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ӯ катъ карда, кӯмакпулиаш пардохта мешавад.

Андозаи кӯмакпулӣ бо ризояти ҳар ду тараф муайян карда мешавад ва ҳаҷми он набояд аз маоши миёнаи шашмоҳа камтар бошад.

Моддаи 152. Чораҳои иловагӣ дар мавриди ҳифзи меҳнати маъюбон

Корфармо вазифадор аст, маъюбонеро, ки хадамоти шуғлӣ аҳолӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, бо ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Тавсияҳои Комиссияи экспертии тиббии меҳнатро оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбонаро иҷро кардани корфармо ҳатмӣ мебошад.

Барои маъюбони коркунанда рӯзи шашсоатаи кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

Ба маъюбони гурӯҳҳои I ва II бо давомнокии 42 рӯзи тақвими ва барои маъюбони гурӯҳи III бо давомнокии 35 рӯзи тақвими рухсатии меҳнатӣ дода мешавад (аз 17.05.2004 № 26).

Маъюбонро ба кори шабона, ҳамчунин ба изофакорӣ, ба кори рӯзҳои истироҳат танҳо бо ризояти худашон ва ба шарте ҷалб кардан мумкин аст, ки чунин корҳо бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад (конун аз

17.05.2004 № 26).

Моддаи 153. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

Корфармо вазифадор аст вобаста ба навъи фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон онҳоро бо оби нӯшиданӣ таъмин намояд ва хӯроки онҳоро ташкил кунад: дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ: ҷои либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рӯҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занҳо, пунктҳои расонидани ёрии аввалияи тиббиро дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани кас дар ҷои кор муҷаҳҳаз созад.

Корфармо вазифадор аст, ки хадамот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (пункти тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) - ро бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

Моддаи 154. ӯҳдадориҳои корманд дар мавриди риояи меъёру қоидаҳо ва дастуурамалҳои ҳифзи меҳнат

Корманд вазифадор аст, ки талаботи меъёру қоидаҳо ва дастурамалҳоро оиди ҳифзи меҳнат, ҳамчунин фармоишҳои корфарморо доир ба бехатарии пешбурди корҳо риоя намояд, аз воситаҳои ҳифозати фардӣ истифода кунад, дар бораи ҳар гуна ҳолате, ки ба ақидаи ӯ, ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари бевосита дорад, инчунин дар хусуси ҳар гуна фалокат, ки дар ҷараёни кор ё вобаста ба он рӯй додааст, роҳбари бевоситаи худ (сардори бригада, усто, садори қитъа)- ро зуд хабардор созад.

Барои риоя накардани ӯҳдадориҳои зикршуда корманд ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба ҷавогарии ҷиноӣ кашида мешавад.

Моддаи 155. Баҳисобгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои фалокат дар истеҳсолот

Корфармо вазифадор аст сабабҳои фалокатро дар истеҳсолот фавран тафтиш намояд, мувофиқи намунааи муқарраршуда акт тартиб диҳад ва фалокатҳои дар истеҳсолот рухдодаро саривақт ба кайд гирад.

Корфармо вазифадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи акти фалокатро на дертар аз се рӯзи баъди хатми тафтиш ба ӯ диҳад.

Агар корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар акти фалокат нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳақ дорад, ки ба мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 156. Ҷуброни зиён бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё ғарази ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зиёнро исбот карда натавонад, бояд ин зиёнро бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

Агар корфармо исбот созад, ки зиён на бо гуноҳи ӯ расидааст, ҳангоми расидани зиён дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ӯ аз ҷуброн кардани зиён озод шуда метавонад.

Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зиёни маънавӣ бояд ҷуброн шавад.

Ҳангми таъин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зиён музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.

Ба корманде, ки дар натиҷаи фалокати истеҳсолӣ маъюб шудааст ва дар сурати фавти ӯ ба ашхосе, ки, таҳти саробонии ӯ мебошанд бар иловаи пардохти зиёни дар чунин ҳолатҳо муқарраршуда инчунин кӯмакпулии якдафъавӣ бо тартиб ва андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани товони зиён ба ашхоси ғайри қобили кор, ки таҳти саробонии маҳрум буданд ё то рӯзи фавти ӯ ва гирифтани маблағ аз ин корманд ҳақ доштанд, ҳамчунин тифли маҳрум, ки баъди марги ӯ таваллуд шудааст, мегузарад.

Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зиён дохил намешавад.

Корфармо зиёни маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зиён ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардиде, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани товони зиён ҳақ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зиёни маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 157. Назорати аз тарафи корманд риоя шудани қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат

Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

Моддаи 158. Назорати ҳолати ҳифзи меҳнат

Ба ҳолати ҳифзи меҳнат мақоми давлатие назорат мекунад, ки дар фаъолияти худ ба корфармо вобаста нест.

Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ба ӯҳда доранд.

БОБИ 12. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ЗАНОН ВА АШХОСЕ, КИ ВАЗИФАҲОИ ОИЛАВӢ ДОРАНД

Моддаи 159. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддории онҳо манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила ё зане, ки тифли то сесола дорад ва модарони яккаву танҳо, ки фарзандони то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, корфармо вазифадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Ашхоси мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

Корфармо вазифадор аст занонеро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Моддаи 160. Корҳое, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст

Занонро дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, ҳамчунин дар корҳои борбардорию боркашии дастии аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд кор фармудан манъ аст.

Номгӯи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнокро, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст ва ҳадди ниҳонии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 161. Маҳдудияти меҳнати занон дар корҳои шабона

Ба корҳои шабона ҷалб кардани занон, ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ин хеле зарур аст, манъ мебошад.

Ҳангоми ташкили корҳои наздикихтисос ба заноне, ки кӯдакони то 14 , сола (кӯдакони маъюби то 16- сола) доранд, бо назардошти имконияти истеҳсолот имтиёз дода шавад, ки онҳо рӯзона кор кунанд.

Соҳаҳои мушаххаси хоҷагии халқ, истеҳсолот ва намудҳои алоҳидаи коре, ки истифодаи меҳнати шабонаи занон дар онҳо иҷозат дода мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ба изофакориҳо ва кори рӯзҳои истироҳат ва идҳо, фиристодан ба сафари хизматӣ

Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кори рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то сесола доранд, иҷозат дода намешавад.

Занони фарзандонашон аз се то чордаҳсола (фарзандони маъюбашон то шонздаҳсола) , ро танҳо бо ризоияти худашон ба изофакориҳо ҷалб кардан ё ба сафари хизматӣ фиристодан мумкин аст.

Моддаи 163. Ба кори сабуктар гузаронидани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то якунимсола доранд

Меъёри коркард, меъёри хизматрасонии занони ҳомила мутобиқи хулосаи тиббӣ кам карда мешавад ё онҳо ба кори сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори пешинаашон дода мешавад.

То ҳалли масъалаи гузаронидани зани ҳомила ба кори дигари сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ ӯ бояд аз кор озод карда, моҳонаи миёнааш барои тамоми рӯзҳои кории бо ин сабаб корнакардааш дода шавад.

Занони кӯдаконашон то якунимсола дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кӯдакашон щирмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедиҳад, то ба синни якунимсола расидани кӯдакашон ба кори дигар гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рӯи кори собиқаи онҳо дода мешавад.

Моддаи 164. Рухсатии ҳомидадорӣ ва таввалуд

Ба занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рӯзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил , ҳаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёда тифл , як саду даҳ) рӯзи тақвимӣ рухсати дода, барояшон кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рӯзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.

Моддаи 165. Рухсатии нигоҳубини тифл

Баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва тавллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кӯдак то ба синни якунимсола расиданаш рухсатӣ дода, барояш кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зан ҳамчунин барои нигоҳубини тифл то ба синни сесола расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад.

Аз рухсатии нигоҳубини тифл ҳамчунин падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воқеан нигоҳубин мекунанд, пурра ё қисман истифода карда метавонанд.

Бо хоҳиши зан ё ашхосе, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаад, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини тифл буданашон метавонанд рӯзи нопурараи корӣ ё дар хона кор карда, аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кӯмакпулӣ гиранд.

Дар давраи рухсатӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.

Рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқаи умуми ва бетанаффус, ҳамчунин ба собиқаи кор аз рӯи ихтисос (ғайр аз ҳолатҳои таъини нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат) ҳисоб карада мешавад.

Вақти рухсатии нигоҳубини кӯдак ба собиқае, ки ба рухсатии пулии минбаъда ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карад намешавад.

Моддаи 166. Рухсатии ашхосе, ки кӯдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Ба ашхосе, ки кӯдакони навзодро бевосита аз таваллудхона фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кӯдаки навзод , яксаду даҳ) рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таваллуди кӯдак барояшон рухсатӣ дода, кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то синни якунимсола ва сесола нигоҳубин кардани кӯдакашон (моддаи 165-уми ҳамин Кодекс) рухсати иловагӣ дода мешавад.

Моддаи 167. Танаффус барои маконидани кӯдак

Ба заноне, ки кӯдаки то якунимсола доранд, ба ғайр аз танаффус бари истироҳат ва хӯрокхӯрӣ барои маконидани кӯдакашон танаффуси иловагӣ дода мешавад.

Ингуна танаффусҳо камаш баъди ҳар се соат ва ба муддати на камтао аз сӣ дақиқа барои ҳар як танаффус дода мешаванд. Ҳангоми ду ё зиёда аз ин будани кӯдаки то якунимсола муддати танаффус на камтар аз як соат муқаррар карда мешавад.

Танаффусҳо барои маконидани кӯдак ба вақти кори дохил карда, музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.

Бо хоҳиши зани кӯдакдор танаффусҳои ширмаконӣ ба танаффуси истироҳат ва хӯрокхурӣ ё дар шакли ҷаъмбастшуда ба аввал ё ба охири рӯзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори рӯзи (басти) корӣ илова карда мешаванд.

Моддаи 168. Муқаррар намудани вақти нопурраи корӣ барои занон ва шахсоне, ки вазифаҳои оилавӣ доранд

Ба хоҳиши зани ҳомила, зане, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) дорад, аз ҷумла онҳое, ки таҳти парастории ӯ ҳастанд ё шахсоне, ки аз рӯи хулосаи тиббӣ ба аъзои бемори оила нигоҳубин мекунанд, корфармо вазифадор аст барои онҳо рӯзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд (моддаи 64-уми ҳамин Кодекс).

Моддаи 169. Рӯзи истироҳати иловагӣ

Ба яке аз волидайн (васӣ, сарпараст), ки фарзанди маъюби то шонздаҳсоларо парасторӣ мекунад, моҳе як рӯзи истироҳати иловагӣ дода, музди он ба андозаи музди якрӯза аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.

Моддаи 170. Имтиёзҳо барои занон ҳангоми муқаррар намудани навбати рухсатии ҳарсола

Ба занҳои ҳомила ва таваллудкарда рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоҳубини кӯдак, сарфи назар аз собиқаи кории онон дар ташкилоти мазкур дода мешавад.

Ба занҳое, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.

Моддаи 171. Рухсатии бепул барои заноне, ки фарзандони то чордаҳсола доранд

Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола (ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, бо хоҳиши онҳо, ҳар сол ба муддатӣ на камтар аз чордаҳ рӯз рухсатии бепул дода мешавад. Ин рухсатиро ба рухсатии ҳарсола илова карда ё дар даврае, ки бо мувофиқаи корфармо муқаррар шудааст, алоҳида (пурра ё қисм ба қисм) истифода кардан ммкин аст.

Моддаи 172. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола (модарони танҳо , ҳангоми доштани фарзанди маъюби то шонздаҳсола) доранд, бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хӯрдани ташкилот, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баъди ҳатман ба кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Занони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхӯрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кӯмакпулиҳои муқарраркардаи қонун таъмин менамояд.

Корфармо ин занонро ҳамчунин дар ҳолати қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар гузаштани мӯҳлати он ҳатман бо кор таъмин мекунад. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи хатми мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Моддаи 173. Кафолату имтиёзот ба ашхосе, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд

Кафолату имтиёзоти зани кӯдакёфта (маҳдуд кардаи кори шабона ва изофакориҳо, ба кори рӯзҳои истироҳат ҷалб накардан ва ба сафари хизмати нафиристодан, додани рухсатии иловагӣ, муқаррар намудани низоми имтиёзноки меҳнат ва дигар кафолату имтиёзоте, ки бо қонунҳо ва дигар санади меъёри оид ба меҳнат муқаррар шудаанд) ба падароне, ки кӯдаконро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кӯдакро парасторӣ карда натавонистани модар), ҳамчунин ба васиёни (сарпарасторони) ноболиғон татбиқ мешаванд.

БОБИ 13. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ҶАВОНОН

Моддаи 174. Синни қабул кардан ба кор

Ашхоси аз понздаҳсола хурд ба кор қабул карада намешавад. Барои омода кардани ҷавонон ба кори истеҳсолот талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро ҷиҳати иҷрои кори сабуке, ки ба салоиматӣ зарар намерасонад ва ҷараёни таълимро халалдор намесозад, дар вақти холӣ, пас аз расидан аз синни чордаҳсолагӣ бо мувофиқаи яке аз волидан ё шахси ивазкунандаи онҳо ба кор қабул карадан мумкин аст.

Тамоми ашхоси аз синни бисту яксола хурд ба кор танҳо баъди муоинанаи пешакии тиббӣ (моддаи 146 , уми ҳамин Кодекс) қабул карда мешаванд.

Моддаи 175. Кафолатҳои бо кор таъминкунӣ барои ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд

Корфармо вазифадор аст хатмкардагони мактабҳои маълумоти умумӣ ва дигар ашхоси аз ҳаждаҳсола хурдро, ки хадамоти шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳиссоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

Мувофиқи квота ба кор қабул накардан манъ аст ва барои ҳалли ин кор ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 176. Ҳуқуқи меҳнатии ноболиғон

Ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо болиғон баробарҳуқуқ мебошанд, аммо дар соҳаи ҳифзи меҳнат, вақти кор, рухсатиҳо ва баъзе шароити дигари меҳнат аз имтиёзоти барои онҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Моддаи 177. Корҳое, ки иҷрои онҳо барои ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд манъ аст

Корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминиро иҷро кардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд ҳамчунин корҳое, ки ба саломати ё рушди маънавии онҳо зиён расонида метавонад, манъ аст. Барои аз ҳадди барояшон муқарраршуда вазнинро бардоштан ва дастӣ кашондани ин ашхос мумкин нест.

Рӯихати корҳои шароиташон номусоидро ба ҷо овардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо бо қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 178. Муддати ихтисоршудаи вақти кори ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд

Давомнокии вақти кори кормандони синни аз понздаҳ то ҳаждаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз сиюпанҷ соат ва ашхоси аз чордаҳ то понздаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз бисту чор соат муқаррар карда мешавад.

Давомнокии вақти кори талабагоне, ки дар давоми соли таҳсил дар вақти холӣ аз таҳсил кор мекунанд, аз нисфи давомнокии ниҳоии вақти корӣ дар қисми якуми ҳамин модда барои ашхоси синну соли дахлдор пешбинишуда зиёд буда наметавонад.

Моддаи 179. Додани музди меҳнатӣ кормандони аз ҳаждаҳсола хурд дар сурати кӯтоҳ будани вақти кори ҳаррӯза

Музди кори кормандони аз ҳаждаҳсола хурде, ки муддати кори ҳаррӯзаашон кӯтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори муддати кори ҳаррӯзаашон пурра дода мешавад.

Музди меҳнати талабагоне, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.

Моддаи 180. Рухсатии ҳарсолаи кормандони аз ҳаждаҳсола хурд

Ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳар сол на камтар аз сӣ рӯзи тақвими рухсатии пулакии меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти дигари барои онҳо мувофиқ дода мешавад.

Агар соли кори, ки барои он рухсатӣ дода мешавад, давраи то ба ҳаждаҳсолагӣ расидани корманд ва баъди онро дарбар гирад, давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории то расидан ба ҳаждаҳсолагӣ аз ҳисоби сӣ рӯзи тақвими ва барои собиқаи кории баъди расидан ба ҳаждаҳсолагӣ дар асосҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад.

Моддаи 181. Манъи ба корҳои шабона, изофакориҳо ва кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардани ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодани онҳо

Кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардан, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодан манъ аст

Моддаи 182. Кафолатҳои иловагӣ барои кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ

Шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо корманди аз ҳаждаҳсола хурд бо ташаббуси корфармо ғайр аз риояи тартиби умумӣ танҳо бо мувофиқаи мақоми маҳалли меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва комиссияи оид ба корҳои ноболиғон қатъ кардан мумкин аст.

Моддаи 183. Қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо талаби волидайн, васиён (сарпарастон) ё мақомоти ваколатдор

Агар идома додани кор ба саломатии ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд зарарнок ё бо зиёни дигар вобаста бшад, волидайн ва васиён (сапарастон), ҳамчунин мақомоти ба ин кор ваколатдор ҳақ доранд, ки қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд.

БОБИ 14.

ИМТИЁЗҲО БАРОИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР БАРОБАРИ КОР ТАҲСИЛ МЕКУНАНД

Моддаи 184. Муҳайё кардани шароит барои пешбурди якҷояи кор ва таҳсил

Корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.

Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асоси дода мешаванд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 185. Ташкили таҳсили муттасили касбии корманд

Корфармо вазифадор аст, ки касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомӯзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.

Баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурӯҳ, дараҷа, категория) - и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.

Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурӯҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.

Моддаи 186. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд

Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрӣ ҳақ доранд.

Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санади меъёрии ҷузъии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд.

Моддаи 187. Имтиёзҳо барои талабагони маълумоти умумӣ

Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд ҳафтаи кӯтоҳи кории на камтар аз як рӯзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кӯтоҳ кардани рӯзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рӯзи тақвими ҳангоми шаш рӯз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрӯза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рӯз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.

Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мӯҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсати ҳақ доранд (конун аз 17.05.2004 № 26).

Моддаи 188. И мтиёзҳо барои талабагони омӯзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ

Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омӯзишгоҳҳои касбию-техникӣ ё ҳамин хел омӯзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рӯзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

Дар сурати аз панҷ рӯз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рӯзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.

Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи қонунҳо ё дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

БОБИ 15. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ

Моддаи 189. Тарафҳо ва мазмуни баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзим нашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст.

Моддаи 190. Мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунанд

Баҳсҳои меҳнатии фардро судҳо баррасӣ мекунанд.

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби пеш аз суд дар ташкилотҳо баррасӣ кардани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пешбинӣ шуда метавонад (моддаи 191 - уми ҳамин Кодекс).

Моддаи 191. Тартибӣ пеш аз суд баррасӣ кардани баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз тарафи комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, ки дар асоси баробарии байни корфармо ва мақомоти ҳимоякунандаи манфиати кормандон таъсис дода мешаванд ё аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ интихоб мегарданд ва ё аз тарафи дигар мақомот пеш аз суд дар ташкилот баррасӣ шудани баҳсҳои меҳнатии фардӣ пебинӣ шуда метавонад.

Таъсиси ин комиссияҳо бо шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ муайян карда, дар айни замон ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки хоҳ бо комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ муроҷиат кунад ва хоҳ бевосита ба суд. Агар дар шартнома ё созишномаҳои коллективӣ таъсиси комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилот пешбинӣ нашуда бошад, баҳсҳои меҳнатии фардие, ки дар ин ташкилот ба миён меоянд, бояд дар суд баррасӣ карда шаванд.

Моддаи 192. Баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо бо аризаи касони зерин баррасӣ мешаванд:

- корманд, корфармо ё намояндагоне, ки мафиати онҳоро дар сурати розӣ набуданашон бо қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя мекунанд;

- корманд, агар комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ таъсис нашуда бошад ё комиссияи мазкур аризаи ӯро дар давоми даҳ рӯзи муқарраршуда баррасӣ накарда бошад;

- прокурор, агар қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ бо қонунҳо ё дигар санади меъёрӣ ва созишномаҳои оид ба меҳнат мухолиф бошад.

Дар судҳо бевосита чунин баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳаллу фасл мешаванд:

- оид ба барқарор кардан ба кор, сарфи назар аз асоси қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва вазифа; оид ба тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод карадан; оид ба пардохти музд дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд; оид ба ситондани маблағ барои бо гуноҳи корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарори суд дар бораи барқарор кардан ба кор;

- дар бораи аз нав бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои мӯҳлати нав ё мӯҳлати номуайян, ба шарте, ки дар қонун ё шартнома ҳуқуқи афзалиятноки тамдиди он зикр шуда бошад;

- доир ба ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии корманд ва доир ба ҷуброни зиёди моддӣ ва маънавии ба ин муносибат ба ӯ расонидашуда;

- оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ӯ бад шудааст;

- дар бораи аз тарафи корманд ҷуброн шудани зиёни моддие, ки ба амволи ташкилот расидааст.

Бевосита дар судҳо ҳамчунин баҳсҳои зерини меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор қабул накардани ин касон баррасӣ мешавад.

- ашхосе, ки ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд;

- ашхсе, ки ба кор аз ташкилоти дигар даъват шудаанд;

- ашхоси дигаре, ки корфармо вазифадор аст бо онҳо мутобиқи қонунҳо ё созишномаи меҳнатӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад;

- ашхосе, ки корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кардааст ё онҳо бо мазмуни акт розӣ нестанд.

Судҳо баҳсҳои меҳнати фардиро низ дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо баррасӣ менамоянд.

Моддаи 193. Таъсиси комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ

Комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешаванд. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар маҷлиси умумии (конференсияи) ташкилот интихоб карда мешаванд.

Намояндагони корфармо бо фармони роҳбари ташкилот таъин карда мешаванд.

Моддаи 194. Салоҳияти комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми аввалияест, ки баҳсҳои меҳнатии фардии дар ташкилот рӯйдиҳандаро, ба истиснои ихтилофоте, ки ҷиҳати баррасии онҳо дар Кодекси мазкур ва дигар санади меъёрӣ тартиби дигар муқаррар шудааст, баррасӣ мекунад.

Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, бахшҳои ташкилот баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонанд.

Салоҳият ва тартиби корӣ комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мӯҳлати баррасии баҳсҳо бо Низомномаи тасдиқнамудаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 195. Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қабул карда мешавад.

Қарори комиссия бояд далелнок ва ба конунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос ёфта бошад.

Дар қарори комиссия оид ба масъалаҳои пул маблағе, ки корманд ба он ҳақдор аст, бояд аниқ нишон дода шавад.

Қарорро раис ва котиби маҷлис имзо мекунанд. Иҷрои ин ҳатмӣ буда, ба тасдиқи он зарурат нест.

Нусхаи қарор дар давоми се рӯзи қабул шудани он ба корманд, корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон супурда мешавад.

Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рӯз ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 196. Иҷрои қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд аз тарафи корфармо дар муддати се рӯзи баъди гузаштани мӯҳлати даҳрӯза, ки барои шикоят ба суд пешбинӣ шудааст, иҷро гардад.

Агар корфармо қарори комиссияро дар ин мӯҳлат иҷро накунад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд шаҳодатномае медиҳад, ки эътибори варақаи иҷроияро дорад.

Иҷрокунандаи судӣ қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардиро дар асоси шаҳодатномае, ки комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд додааст ва ӯ ин шаҳодатномаро дар давоми се моҳи гирифтанаш ба суд пешниҳод кардааст, ба тариқи маҷбури ба иҷро мерасонад.

Агар корманд шаҳодатномаро бо сабабҳои узрнок дар муддати се моҳи муқарраршуда пешниҳод карда натавонад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардие, ки шаҳодатномаро додааст, ин мӯҳлатро барқарор карда метавонад.

Моддаи 197. Барқарор кардани корманд ба кори собиқа, ба ҷои собиқаи кор ва шароитҳои асосии собиқа.Ҷуброни пурраи зиёни моддие, ки дар натиҷаи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор расонида шудааст.Ҷуброни зарари маънавӣ

Агар корманд бе асоси қонунӣ ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба кори дигар гузаронида шуда бошад, бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи ихтилофоти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома (қарордод) зикр шудааст, бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба ҷои кори собиқааш барқарор карда шавад. Ҳангоми қабули қарори барқарор кардан ба кор, мақоме, ки баҳси меҳнатиро баррасӣ мекунад, ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии корманд барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё фарқи музди меҳнат дар давраи иҷрои кори каммузд, ҳамчунин оид ба ҷуброни имконпазири зиёни маънавӣ ва дигар хароҷоти иловагии вобаста ба шикоят доир ба гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод кардани ӯ қарор қабул мекунад. Мақоми баррасикунандаи баҳси меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи корманд, бар ивази ба кор барқарор кардан метавонад ба фоидаи ӯ танҳо ҷуброни дар боло нишондодашуда, зиёни моддӣ ва маънавиро ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат ситонад, тасвияи асоси аз кор озод карданро ба тарзи аз кор озод шудан бо хоҳиши худ тағйир диҳад.

Дар сурати эътирофи нодурустии тасвияи аз кор озод кардан ё ба Кодекси мазкур ва ё қонуни дигар мувофиқ набудани он мақомоте, ки баҳси меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, вазифадор аст онро тағйир диҳад ва дар қарор сабаби аз кор озод карданро мутобиқи тасвияи лозима ва истинод ба моддаи марбутаи қонун аниқ нишон диҳад. Агар тсвияи нодурусти аз кор озод кардан, ки дар дафтарчаи меҳнатӣ сабт шудааст, барои ба кори нав қабул шудани корманд монеъа ба вуҷуд оварда бошад, мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии ӯ барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ҷуброни зиёни маънавӣ қарор қабул менамояд.

Моддаи 198. Ҳисоб кардан ва ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор

Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор он бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ мутобиқи қонун индексасия карда шавад.

Ҳангоми ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор дар ҳолати ғайриқонунӣ аз кор озод кардан, аз кор дур намудан, тасвияи нодурусти сабаби аз кор озод кардан, ки барои қабул шудан ба кори дигар монеа ба вуҷуд овардааст, маблағҳои зерини гирифтани корманд ҳисоб карда мешаванд: кӯмакпулии аз кор рафтан, музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи бо кор таъмин шудан нигоҳ дошта мешавад, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, стипендияи давраи касбомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, пардохти музд барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, музди меҳнат барои иҷрои кори нав дар ташкилоти дигар, ки корманд дар ҳудуди мӯҳлати ғайриҳозирии пулакӣ ба он қабул шудааст.

Ҳангоми ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, ба кори дигар гузаронидан, тағйири шартҳои асосии меҳнати корманд бо қарори комиссияи баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ фарқи музди меҳнати тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд пардохта мешавад.

Моддаи 199. Мӯҳлати мурур

Кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешудаанд, ба комиссияи ба баҳсҳои меҳнатӣ фардӣ муроҷиат намоянд.

Барои муроҷиат кардан ба суд мӯҳлатҳои зерин муқаррар мешаванд:

- аз рӯи баҳсҳои ба кор барқарор намудан , як моҳ аз рӯзи ба корманд супорида шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан (ба кори дигар гузаронидан) ё дафтарчаи меҳнатӣ;

- аз рӯи баҳсҳои ҷуброни зиёнии моддие, ки корманд ба ташкилот расонидааст, як сол аз рӯзе, ки корфармо зиёни расонидашударо ошкор сохтааст;

- аз рӯи баҳсҳои дигари меҳнатии фардӣ - се сол аз рӯзе, ки корманд вайрон шудани ҳуқуқи худро фаҳмидааст ё бояд мефаҳмид.

Мӯҳлати мурури даъво ба даъвоҳои зерин дахл надоранд:

- ба даъвоҳо оиди муҳофизати ҳуқуқии шахсии ғайриамволӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонун;

- ба даъво оиди талофии зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонида шудааст. Аммо даъвоҳое, ки баъди се соли ҳуқуқдор шудан ба талофии чунин зиён пешниҳод мешаванд, барои на зиёдтар аз се соли пеш аз пешниҳоди даъво қонеъ мешаванд.

Ҳангоми гузаштани мӯҳлати мурури даъво бо сабабҳои узрнок суд ва ё комиссияи баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ метавонанд мӯҳлати гузаштаро барқарор намоянд.

Моддаи 200. Озод намудани корманд аз хароҷоти суд

Ҳангоми бо масъалаҳои меҳнатӣ ба суд муроҷиат кардан корманд пардохти хароҷоти суд ба фоидаи давлат озод карда мешавад.

Моддаи 201. Иҷрои бетаъхири баъзе қарорҳои суд оид ба парвандаҳои меҳнатӣ

Қарори суд дар бораи ба кор барқарор намудан, ҳамчунин дар бораи тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод кардани корманд бояд бетаъхир иҷро шавад.

Ҳангоми аз тарафи корфармо бо таъхир иҷро шудани чунин қарор суд таъинот мебарорад, ки музди миёнаи меҳнат ё фарқи музди миёнаи меҳнати корманд барои тамоми давраи ба таъхир андохтани иҷрои қарор пардохта шавад. Ҳамчунин қарори суд дар бораи ситонидани музди меҳнат бояд зуд, аммо дар давоми на зиёдтар аз се моҳ иҷро гардад.

Суд метавонад иҷрои бетаъхири пурра ё қисм ба қисми қарроро оиди дигар парвандаҳои меҳнатӣ талаб намояд.

Моддаи 202. Қонеъ сохтани даъвоҳои пулии корманд

Даъвоҳои асосноки пулии кормандро мақоме, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, пурра қонеъ мегардонад.

Моддаи 203. Ба ӯҳдаи шахси мансабдор гузоштани ҷавобгарии моддие, ки дар қатъи ғайриқонунии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё ба ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд айбдор аст

Дар сурати аз тарафи шахси мансабдор ба корфармо расонида шудани зиёни марбуд ба пардохти музди меҳнат ба корманде, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст ё ба корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, суд ҷуброни зиёнро ба ӯҳдаи шахси мансабдор мегузорад. Агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳи ошкоро вайрон кардани қонун қатъ шуда, корманд ба кори дигар гузаронда шуда бошад ва ё шахси мансабдор иҷрои қарори судро дар бораи ба кор барқарор кардани корманд ба таъхир андохта бошад, ӯҳдадории ҷуброни зиён ба зиммаи шахси мансабдор вогузор мешавад.

Андозаи ҷуброни зиён аз маоши семоҳаи шахси масабдор зиёд буда наметавонад.

Моддаи 204. Маҳдудият дар мавриди гардонидани иҷрои қарор оиди парвандаҳои меҳнатӣ

Иҷрои қарори судро доир ба парвандаҳои меҳнатӣ (дар бораи ба кор барқарор кардан, қонеъ гардонидани даъвоҳои пулӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳангоми ба тариқи назорати судӣ бекор карда шудани қарори суд танҳо дар ҳолати ба маълумоти бардурӯғи корманд ё санади қалбакии аз тарафи ӯ пешниҳодшуда асос ёфтани қарори бекоркардашуда гардонидан мумкин аст.

БОБИ 16. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЕКТИВӢ

Моддаи 205. Маҳфуми баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва тартиби ҳаллу фасли онҳо

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ - мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқаррароти қонунҳо ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ мебошанд.

Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо ҳамин Кодекс, қонун, шартномаю созишномаҳои коллективӣ танзим мешавад.

Моддаи 206. Пешниҳоди талабҳои кормандон

Ба пешниҳоди талабҳо кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.

Талабҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро таъин мекунанд.

Намояндагони кормандон талабҳояшонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақоми намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.

Талабҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

Моддаи 207. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар мақомоти намояндагие, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон таъсис додааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.

Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассосиасияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.

Моддаи 208. Миёнаравӣ

Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ӯ дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад.

Миёнарав ҳақ дорад барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.

Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд.

Қоидаи миёнаравро тарафҳо бо ризоияти миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъди кӯшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад.

Агар ҳеҷ кадоми тарафҳо дар давоми даҳ рӯз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.

Моддаи 209. Ҳакамияти меҳнатӣ

Агар дар комиссияи оштидиҳӣ тарафҳои баҳси (низои) меҳнатии коллективӣ дар давоми даҳ рӯз созиш намоянд, бо иштироки ҳукумати ноҳия ё шаҳр ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад.

Ҳайати ҳакамияти меҳнатиро аз рӯи ҳар баҳс (низоъ) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси ҳакамяти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумла аъзои ҳамин ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

Ба ҳайати ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомоти оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.

Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунад.

Ҳакамяти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рӯзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.

Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст.

Тарафҳо ва мақомоти оштидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои меҳнатии коллективӣ гаштаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.

Агар комиссияи оштидеҳ ва ҳакамияти меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим гардонида натавонад, сабабҳои инро ба коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба навишта мефиристад. Дар ин ҳолат коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба ҳақ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 206-уми ҳамин Кодекс дар миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунро то худи пурра ё қисман бас кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани вазифаҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкилот корпартоӣ (коршиканӣ)-ро истифода барад.

Моддаи 210. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо бояд дар суд барраси гардад.

Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин Кодекс барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқарар шудаанд, истифода мегарданд.

Моддаи 211. Корпартоӣ

Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштидиҳӣ ҳаллу фасл нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштидиҳӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти ҳаллу фасли баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳақ доранд, ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс (митинг, намоиш ва иқдомҳои дигари оммавӣ) - ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнатӣ , корпартоиро истифода баранд.

Қарори корпартоӣ кардан дар маҷлиси (конференцияи) колективи меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории ин қарор камаш аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференция намояндагони коллективӣ меҳнатӣ, дар сурати дар маҷлис мавҷуд будани кворуми аз нисф зиёди аъзои коллективи меҳнатӣ (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ва ё аз се ду ҳиссаи вакилони конфиренция овоз дода бошанд, он қабул мегардад.

Корпартоиро як шахс ё гурӯҳи ашхосе, ки аз тарафи коллективӣ меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд.

Корфармо аз оғози корпартоӣ ва мӯҳлати имконпазири он камаш ду ҳафта пеш бояд хатти огоҳ карда шавад.

Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобиляти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, ҳуқуқи корпартоӣ метавонад маҳдуд карда шавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи корпартоӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

Моддаи 212. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд

Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ кас наметавонад ба ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбур карда шавад.

Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат баррасӣ шуда ё барои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад.

Маоши кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз ҳадди ҳолати бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳкор нест, дода мешавад.

Агар дар шартнома оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ барои давраи корпартои музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда дода намешавад.

Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми дахлдори намояндагии кормандон ҳақ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, ҳамчунин фонди махсуси суғурта таъсис диҳад,

Моддаи 213. Ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани қонун дар дар бораи баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Аз корфармое, ки дар комиссияи оштидиҳӣ иштирок кардан намехоҳад ё барои таъхир ёфтани иҷрои қарорҳои мақомоти оштидиҳӣ гунаҳгор аст, барои ҳар рӯз баъди гузаштани мӯҳлати муқарраргардида то даҳ маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Аз корфармое, ки барои иҷро накардани ӯҳдадории созишномаи дар натиҷаи чораи оштидиҳӣ ҳосилгардида ё худ барои ба ҷо наовардани қарори суд оиди баҳси меҳнатии коллективӣ гунаҳкор аст, то сад маоши ҳадди ақал аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.

Бо талаби иттифоқи касаба, мақоми дигари намояндагии кормандон мақоми идораи хоҷагӣ вазифадор аст, ки то худи аз вазифа озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ӯ баҳси меҳнатии коллективӣ рӯй додааст, чораи таъсирбахш андешад.

Моддаи 214. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст, ё худ иштирок дар он вайрон кардани интизоми меҳнат буда, боиси андешидани чораҳои муҷозоти интизомии пешбиникардаи қонунгузорӣ шуда метавонад.

Шахсоне, ки мардумро бо роҳи зӯрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур месозанд, тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Зиёни ба мулкдор аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз фонди истеъмолии ташкилот аз тариқи суд ҷуброн карда мешавад.

Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба гузаронида шуда бошад, зиён бо назардошти амволи иттифоқи касаба ба андозаи муайяннамудаи суд аз ҳисоби он ҷуброн карда мешавад.

Шахсоне, ки ҳомии манфиати тарафҳо буда, қоидаҳои дар ин Кодекс пешбинишударо вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории амалкунанда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

БОБИ 17. СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ

Моддаи 215. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар ду шакл сурат мегирад: суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.

Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бидуни истисно ба тамоми ашхосе, ки бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунанд, дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, мадохилот аз буҷети давлатӣ ва дигар мадохилоти муайянкардаи қонун ташаккул меёбад. Кормандон ҳиссаи худро ба фонди суғурта бо тартиб ва андозаи муайянкардаи Қонун мепардозанд.

Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта метавонад, амалӣ мегардад.

Моддаи 216. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кӯмакпулиҳо (кӯмакпулиҳои корношоямии муввақатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кӯмакпулиҳои оилавӣ ва дигар кӯмакпулиҳое, ки қонун ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд) дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе категорияҳои кормандон, барои табобат дар санаторияву курорт, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хӯроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи полиси суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакарадаи қонун манъ аст.

Аз фонди суғурта қарздор будани корфармо кормандро аз ҳуқуқи таъмини ӯ аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.

Дар созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, ҳамчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

Моддаи 217. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 218. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 219. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 220. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 221. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 222. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 223. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)
Моддаи 224. Хорич карда шуд (конун аз 3.03.2006 № 158)

БОБИ 18. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ МЕҲНАТ

Моддаи 225. Мақомоти назорати риоя шудани қонунҳои меҳнат

Назорати давлатии риояи қонунҳои меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи мақоми давлатии махсус ваколатдоршуда ва инспексияҳои дар фаъолияти худ ба корфармо тобеънабуда ба амал бароварда мешавад (конун аз 17.05.2004 № 26).

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои вакилони халқи ВМБК, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва тамоми ҳукуматҳо риоя шудани қонунҳои меҳнатро бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд.

Вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ риоя шудани қонунҳои меҳнатро дар ташкилотҳои тобеашон бо мақомоти худ назорат мекунанд.

Аниқ ва якхела иҷро гардидани қонунҳои меҳнатро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои поёнии тобеи ӯ мукаммал назорат мекунанд.

Моддаи 226. Назорати давлатии пешбурди бехатарии кор дар саноат

Ба риоя шудани қоидаҳои пешбурди бехатарии кор дар соҳаҳои алоҳидаи саноат ва баъзе объектҳо (дар баробари инспекцияи техникии иттифоқҳои касаба) Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати пешбурди бехатарии кор дар саноат ва назорати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии он назорати давлатӣ мекунад.

Ин назорат дар соҳаҳо ва корҳои ҷудогона бо муқаррароти муайяннамуда дар бораи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати пешбурди бехатарии кор дар саноат ва назорати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Моддаи 227. Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунҳои меҳнат

Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунҳои меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат бар зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин бар души инспекторон ва комиссияҳои мақоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё мақоми дигари намояндагии кормандон аст.

Назорати ҷамъиятии санитарӣ ба зиммаи инспекторони ҷамъятии санитарии ташкилот мебошад.

Моддаи 228. Масъулияти риоя накардани қонунхои меҳнат

Шахсони мансабдоре, ки ба риоя накардани қонунҳои меҳнат гунаҳкоранд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.