ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот
(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 26.11.1992 № 413, аз 19.02.1993 № 81, аз 02.04.1993 № 133, аз 10.06.1993 № 257, аз 23.02.1996 № 92)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992 № ФП-80 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот" Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 15 маи с.1992 нархҳои озоди чаканаи матоъҳои тайёри пахтагӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, ба ҳисоби миёна 40 фоиз, ҷӯроб, либосу либоси таги трикотажии аз ресмони пахтагин ва дар таносуби дигари нахҳо истеҳсолшаванда ба ҳисоби миёна 30 фоиз паст карда шаванд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани молҳои мазкур бо пешниҳоди паспорт сурат мегирад ().
2. Концерни давлатии "Пахтаи тоҷик" нархҳои озоди яклухти нахи пахтаеро, ки аз тарафи корхонаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида барои истеҳсоли маҳсулот истифода шуда, дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, 30 фоиз паст кунад ва фурӯши он бояд мувофиқи нархҳои то 10 январи с.1992 амалкунанда бо коэффициенти афзояндаи 3,5 сурат гирад ().
3. Муқаррар карда шавад, ки аз 15 маи с.1992 нархҳои озоди фурӯши ришта, матоъҳои дурушт, тайёри пахтагӣ, чӯроб, либос ва либоси таги трикотажии аз ресмони пахтагин ва дар таносуби дигар нахҳо истеҳсолшаванда, бо назардошти даромаднокии ниҳоии то 20 фоиз муайян мегарданд ва корхонаҳои савдо нисбати нархҳои озоди фурӯши (яклухти) маҳсулоти мазкур ба андозаи на бештар аз 15 фоиз дар ноҳияҳои дурдаст бошад, на бештар аз 30 фоиз, иловапулии савдоро истифода мебаранд.
Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо концернҳои "Тоҷиклегпром" ва "Саноати маҳаллӣ", Вазорати савдою захираҳои моддӣ ва Тоҷикматлубот дар мӯҳлати як моҳ манбаҳои пӯшонидани маблағи арзоншавиеро, ки дар корхонаю муассисаҳои савдо дар натиҷаи муқаррар кардани нархҳои нави маҳсулоту молҳои боқимондаи аз нахи пахта истеҳсолшаванда ба вуҷуд омадаанд, муайян намояд ().
4. Ба руйхати маҳсулоти ширие, ки мувофиқи нархҳои танзимшаванда ба фурӯш мераванд, қаймоқ, твороги равғавдор ва панири кандини творогӣ дохил карда шаванд ва коэффициенти ниҳоиро нисбат ба нархҳои чаканаи то 10 январи с.1992 амалкунанда ба ҳисоби миёна ба андозаи 9 (бо андози арзиши иловашуда) муқаррар карда шавад ().
5. Андози ставкаи акцизҳо ба ҳисоби фоиз нисбати арзиши маҳсулоти зерин бо нархҳои фурӯш ба тариқи зайл муқаррар карда шавад:
равғани эфир - 9 фоиз;
маводи шаробпазӣ, ба ғайр аз маводе, ки онҳоро корхонаҳои шаробпазии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли маҳсулоти шаробпазӣ мефурӯшанд - 45,0 фоиз ();
сигаретҳои бефильтр - 14 фоиз ().
Аз 1 январи с.1992 сар карда, ставкаи акцизҳо ба спирти нӯшокӣ, нахи пахта ва алюминии аввалияи дар ҷумҳурӣ истифодашавандае, ки дар замимаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 1992 №7 пешбинӣ гардидааст, истифода нашавад.
6. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нархномаи зерини нархҳои ниҳоии чакана зимни баланд бардоштани дараҷаи мавҷудаи онҳо нашр намуда, аз 1 июни с.1992 ба амал татбиқ намояд;
- орд (ғайр аз навъи олӣ), нон ва маҳсулоти нону бӯлка (ғайр аз ширмол) - ба ҳисоби миёна 90 фоиз. Дар айни замон фурӯши орд (ғайр аз навъҳои олӣ) дар моҳҳои апрель-маи соли ҷорӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бо нархҳои то 1 июни соли ҷорӣ амалкунанда ва аз рӯи меъёрҳои моҳи июнь ва минбаъда бошадмувофиқи нархҳои аз нав ҷоришаванда анҷом дода мешавад;
- шир ва маҳсулоти ширӣ ба ҳисоби миёна 70 фоиз;
- арақ ба ҳисоби миёна 2,5 маротиба.
Тахфифҳои савдо нисбати молҳои номбаршуда ҷиҳати паст кардани андозаҳояшон аз нав баррасӣ шаванд ().
7. Аз 1 июни с.1992 банди 5 ва замимаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти с.1992 № 96 дар бобати тасдиқи нархҳои ҳисобии шир аз эътибор соқит дониста шавад.
Зимни муқаррар намудани нархҳои яклухти (фурӯши) маҳсулоти ширӣ арзиши ашьёи хом бо назардошти нархҳои фурӯши шир муайян мегардад. Фарқи байни нархҳои ниҳоии чаканаю якдухти (фурӯши) шир ва маҳсулоти ширӣ, ки аз рӯи нархҳои танзимшаванда ба фурӯш меравад, аз ҳисоби буҷет талофӣ мегардад ().
8. Вазорати савдою захираҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикматлубот, Ширкати давлатии саҳҳомию холдингии "Нон", Тоҷикпищепром ва Ассоциацияи "Тоҷикмясомолпром" боқимондаҳои орд (ғайр аз навъи олӣ), нон ва маҳсулоти нону бӯлка (ғайр аз ширмол), шир ва маҳсулоти ширӣ ва арақро мувофиқи тартиби муқарраршуда аз рӯи мӯҳлати ҷорӣ намудани нархҳои нави ниҳоии чакана аз нав нархгузорӣ кунанд.
50 фоизи маблағҳои нархи иловашуда ба пурра намудани маблағҳои худии гардони ташкилоту корхонаҳо ва 50 фоиз ба буҷети ҷумҳурӣ ирсол гардад ().
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ю. Эгамбердиев
аз 1 маи с.1992, № 142
ш. Душанбе